Дидгоҳ

Дар дохили он кишваре, ки артиши кишвари дигар ҷойгир аст, истиқлолият маънои худро гум мекунад

“Дар дохили он кишваре, ки артиши кишвари дигар ҷойгир аст, истиқлолият маънои худро гум мекунад. Ҳукумати ҷумҳурӣ оиди ин масъала набояд бетараф бошад, нооромӣ рӯз аз рӯз афзуда истодааст, то ки дер нашавад, коре кунед, ки ба манфиати миллат бошад…”

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (14)

(Вазорати дифоъ ислоҳот мехоҳад (Бахши ҳаштум))

14 (в). Дар солҳои охир аз барои чанд ваҷаб замин байни тоҷику қирғиз хунрезӣ шуда истодааст. Танҳо дар ду рӯзи хунин, дар рӯзҳои 28-29 апрели 2021, ба иддаои ҷониби Қирғизистон, дар ин ҳодиса 36 нафар кушта ва 189 нафар шаҳрвандони ин кишвар захмӣ шудаанд. Ҷониби Тоҷикистон ба таври ғайрирасмӣ аз 16 нафар кушта ва беш аз 150 нафар захмӣ хабар додааст.

Инҷо баъзе миллатҳоро мисол меорам, ки барои хоки кишвари худ ҷон медиҳанд, вале заминро не.

Қисса мекунанд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд писаракеро дид, ки аз гуруснагӣ решаҳои хоколуди растаниҳоро мехӯрд. Вақте аз модари кӯдак сабабро пурсид, зан бо исрор гуфт: “Аз гуруснагӣ хок мехӯрем, вале хокамонро намедиҳем!” Ин қаҳрамонии зан Масъудро ба гиря овард. Ва ин дар ҳолест, ки шаҳид Масъуд – ба нақл аз худаш — дар ҷангҳои шадид ҳам гиря накарда будааст.

Мамлакати Фаластин барои замини бобоёнашон бо Исроил зиёда 70 сол аст, ки меҷанганд. Исроил дорои навтарин яроқҳост ва аз ҳама муҳиммаш, дар ҳимояти Амрикост. Фаластиниҳо яроқҳои лозим надоранд, ҳатто хӯроквории серӣ надоранд, аҳолии назди марзӣ оромӣ надоранд, аз хонаҳои зисти худ маҳруманд ва ғайра. Вале бо як руҳияи баланд замини худро ҳимоя мекунанд.

Масъалаи дигаре, ки мехоҳам баррасӣ намоям, ин масълаи сарбозон ва афсарони пойгоҳи низомии 201-уми Русия аст. (Номи расмии он пойгоҳи ҳарбии дукарата “Байрақи Сурхдор” ва ордени Жуков доштаи 201-уми Гатчино мебошад.)

Артиши Русия дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва Бохтар ҷойгир шуда, баробари шаҳрвадони Тоҷикистон баробарҳуқуқанд. Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишнома бо Русия дар бораи мақом ва шароити ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар ин кишварро бе пардохти иҷора ба тасвиб расондааст. Аз 59 нафар аъзои МН МО 57 нафар ба тарафдории тасвиби созишнома овоз доданд. Танҳо ду нафар зид. Созишномаи миёни ҷонибҳо аз ҷониби президентҳои Русия В. Путин ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид. Дар ин санад тамдиди мӯҳлати будубоши пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 пешбинӣ шудааст. Солҳои охир Ҳукумати Русия ва вакилони Думаи давлатии он борҳо пешниҳод карда истодаанд, ки ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон дар ихтиёри онҳо бошад. Ин аз як тараф. Аз тарафи дигар Эмомалӣ Раҳмон аз Давлати Аморати Афғонистон тарс дорад, ки мардуми Тоҷикистон аз кишвари Чин хавф доранд. Ва дар оинномаи СПАД, моддаи 8-уми сархати сеюм одадааст:

Давлатҳои узви СПАД, дар соҳаи ҲИФЗИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ, табодули иттилоот, амнияти иттилоотӣ, ҳифзи аҳолӣ ва қаламрав, аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, инчунин аз хатарҳое, ки дар натиҷаи амалиётҳои ҳарбӣ ба вуҷуд меояд, ҳамшариканд.”

Аз ин лиҳоз ман, як шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон, пешниҳод менамоям, ки ба хотири ҳифзи қаламрав аз Чин ва пурзӯр намудани мубориза, бар зидди гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, сарҳади давлатии Тоҷикистону Афгонистон ва Чин аз тарафи артиши миллии Русия дар сатҳи баланди ҳукуматӣ ва МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шавад. Албатта дар асоси шартномаи тарафайн.

Шояд нафароне суол диҳанд, ки истиқлолият чӣ мешавад?

Ҷавоб: Дар дохили он кишваре, ки артиши кишвари дигар ҷойгир аст, истиқлолият маънои худро гум мекунад. Ҳукумати ҷумҳурӣ оиди ин масъала набояд бетараф бошад, нооромӣ рӯз аз рӯз афзуда истодааст, то ки дер нашавад, коре кунед, ки ба манфиати миллат бошад.

Тоҷикистон бо Русия ду шартномаи низомӣ дорад. Яке созишномаи байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 15 июли соли 1993, дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ ба имзо расидааст. Дуюм бо дастури Президенти Русия Владимир Путин, Ҳукумати Русия созишнома миёни Русия ва Тоҷикистонро дар бораи таъсиси системаи ягонаи дифои зиддиҳавоиро соли 2021 ба тасвиб расонд. (Бо дастури В. Путин)

Барои муҷаҳҳаз намудани Артиши миллии Тоҷикистон бо техникаи ҳарбӣ, сохтани инфрасохторҳо, иншоотҳои ҳарбӣ мамлакатҳои Русия, ИМА, Чин, Иттиҳоди Аврупо ва Ҳиндустон кӯмаки техникӣ ва молӣ расонда истодаанд.

Барои бозсозии Артиши миллӣ аз рӯи маълумоти нашрияи “Время Востока”, Русия дар тӯли то соли 2025-ум ба Тоҷикистон то 1 миллиарду 590 миллион доллари амрикоӣ кӯмаки молӣ мерасонад. Моҳи октябри соли 2019 Русия бо арзиши зиёда 300 миллион доллар техникаи ҳарбӣ ҷудо намуд, ки аз ҷумла Артиши миллии Тоҷикистон дорои комплекси С-300 мешавад.

Соли 2021 Русия барои базаи ҳарбии 201-ум 30 танкҳои муосири Т-72 БЗМ, зиреҳпӯшҳои муосири БМП-2М, установкаҳои сайёри мушакӣ “Верба”, автоматҳои калашников, снайперҳо ва пулемётҳои муосир таҳвил дод, ки ин ҳама барои ҳимояи сарҳадоти Тоҷикистон мебошад. Дар соли 2022 ҳам эълон шуд, ки овардани техникаҳои ҳарбии муосир идома меёбад.

Бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон ва Русия шарики стратегӣ ҳастанд, аз ин лиҳоз Вазорати дифои Тоҷикистон бо Вазорати дифои ФР дар якҷоягӣ ба ҷои машқҳои муштараки ҳарбии сермасраф, бо истеҳсоли техникаи ҳарбӣ (масалан қисмҳои эҳтиётии барои техникаи ҳарбии Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, тир барои яроқҳои оташфишонӣ ва ғайра) дар қаламрави Тоҷикистон сару кор бигиранд, то ки саноат рушд кунад ва ба миллат фоидаовар бошад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s