Мақолаҳо

Қиёми Ӯротеппа (1)

Салмон Султонзода

Ишора: Пештар ваъда дода будам, ки дар бораи таърихи #қиёмимардуми #Ӯротеппа (Истаравшан) бар зидди зулми қӯмандонҳои “#фронтихалқӣ” матлабе нашр кунам. Сабаби ин тасмим, мақолае дар сомонаи “Паёми Истаравшан” буд, ки он қиёми мардумиро дасти кори “гурӯҳҳои алоҳида” номид ва ношармида хост, мардуми сарбаланди ин шаҳри бостониро ҳамчун исёнгару вайронкор ба номоиш гузорад. Дар зимн, ҳар хабаре ё маълумоте оиди он рӯзҳо дар даст дошта бошед, хоҳишмандам ба ман ирсол кунед ё худ нависед, то таърих таҳриф нашавад ва миллат аз он рӯзҳо бохабар бошад.

Бахши аввал

Баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ҳукумат ба дасти яроқбадастони “Фронти халқӣ”, ки аз ҷониби Ӯзбакистон ва Русия таъсис дода шуда буд, гузашт. Он замон задухӯрдҳои мусаллаҳона қариб дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ба ғайр аз вилояти онвақтаи Ленинобод (Суғди ҳозира) шуда мегузашт. Аммо дар шимоли Тоҷикистон, ки маркази иқтисодии кишвар буд, задухӯрдҳо байни “клан”-ҳо ва қӯмандонҳои “Фронти халқӣ” барои ба даст овардани нуқтаҳои муҳимми иқтисодӣ авҷ гирифта буд. Қӯмандонҳои хуношоми “Фронти халқӣ” мехостанд, нуфузи худро дар ин минтақа мустаҳкам кунанд ва дар ин роҳ аз ҳеч қонуншиканӣ ва ваҳшоният парҳез намекарданд.

Соли 1994 ба ноҳияи #Зафаробод капитани милиса Кукузов Тоҳир ном шахс сардори ШКД таъин гардид. Ин афсари “наркобарон” махсус ин ноҳияи сарҳадиро интихоб карда буд. Ноҳияи Зафаробод аз се тараф бо Ҷумҳурии Ӯзбакистон ҳамсарҳад аст. Ин сардори милиса бо “телех”-и худ бо номи “Тоҳири кал” Зафарободро ба “перевалочная база”, яъне пойгоҳи интиқолдиҳии маводди мухаддир ба Ӯзбакистон ва аз он ба Русия табдил дода буданд.

Замони сардории Кукузов дар Зафаробод, нашъамандӣ ба авҷи худ расида буд. Бар замми ин, сардори милиса болои мардум алалхусус тоҷирон, зулм ҳам мекард, ҳатто худи кормандони милиса аз зулми ин сардорашон паноҳ меҷустанд. Он замон садҳо оила аз мардуми вилояти Қӯрғонтеппа ва шаҳри Душанбе ба Зафаробод кӯч баста, аз ҷанги шаҳрвандӣ инҷо паноҳ ёфта буданд. Аммо ин ҳайвони одамшакл, фиристодаи махсуси Эмомалӣ Раҳмонов, мардуми муҳоҷирро ончунон латукӯб мекард, ки бечароҳо дигар намедонистанд дардашонро ба кӣ гӯянд. Аз ин зулмовариҳо ҷавонони Зафаробод ҷон ба лаб омада мехостанд, эътирози худро ба роҳ андозанд. Аммо ин сардори маккор бо роҳи ба бизнеси маводди мухаддир ҷалб кардану задану зиндон кардани ҷавонони бонуфузи ноҳия, он муқовиматро аз байн бурд.

Дар натиҷа, мо ҷавонони 17-18 солаи он вақтҳо ҳаррӯза хабаре мешунидем, ки имрӯз фалонӣ дар Тошканд ё Русия ба даст афтидасту дигарӣ аз “передозировка” мурдааст.

Хулласи калом, Тоҳир Кукузов, сардори милисаи Зафаробод, тавонист “бизнес”-и худро, яъне овардани маводди мухаддир аз ҷануби Тоҷикистон ба шимол яъне Зафаробод ва интиқоли он ба дигар кишварҳоро муваффақона ба роҳ монад.

Кукузов дар ду соли фаъолият дар Зафаробод, минтақаро хеле хуб “разведка” кард, дақиқтараш пойгоҳи худро мустаҳкам кард ва ба мақсади асосии равон шуданаш ба шимоли кишварро заминагузорӣ кард.

Мақсади асосии равон кардани ин хунхор ва наркобарон ба шимоли кишвар, шаҳри Ӯротеппа (Истаравшани имрӯза) буд. Роҳбарони “Фронти халқӣ” хуб медонистанд, ки онҳо ба осонӣ метавонанд, ба тамоми вилоят соҳибӣ ва зӯргӯӣ кунанд, аммо на ба Ӯротеппа. Ӯротеппаро ба даст овардан кори осон набуд. Онро намешавад на ба зар тобеъ кард ва на ба зӯр. Танҳо роҳи ба даст овардани ин шаҳри бостонӣ, андохтани фитна байни худи мардуми Ӯротеппа буд, аниқтараш байни нухбагони он.

Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадори барҷастаи собиқи тоҷик, бародари Қурбон Тӯраев

Ӯротеппаи онрӯза яке аз марказҳои асосии тиҷоратӣ на танҳо Тоҷикистон, балки метавон гуфт, Осиёи Марказӣ низ буд. Қурби асъори хориҷӣ барои “бозори сиёҳ”-и минтақа инҷо муайян мешуд. Дорувориро ба тамоми Тоҷикистон ва Ӯзбакистон тоҷирони ин шаҳр мерасонданд. Нарху навои чӯбу тахта, равғану орд ва ҳатто молу чорворо бозори ин шаҳр барои минтақа муайян мекард. Ҳатто диктатори Ӯзбакистон, Ислом Каримов, дар маҷлиси ҳукуматаш аз кормандони мақомоти қудратӣ суол мекунад, ки “ин чӣ хел шуд, ки пули нав ба муомила баровардаи мо ҳоло ба дасти мардум нарасида, аллакай дар бозори Ӯротеппа пайдо ва қурби он онҷо муайян мешудаст?

Он замон ҳар касе бозори Ӯротеппаро идора кунад, ӯ метавонист, бозори минтақаро идора кунад. Аз ин лиҳоз, Раҳмонови нав ба ҳукумат расида орзу мекард идораи ин шаҳрро ба даст оварад. Ва замина ҳам барои ин омода карда буд, аммо танҳо як монеъа вуҷуд дошт.

Он рӯзҳо яъне баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, Қурбон Тӯраев — яке аз шахсиятҳои шинохтаи шаҳр ва намояндаи хонадони бонуфузи Тӯраевҳо, раиси шаҳр таъин шуда буд. Раҳмонов хуб медонист, ки то рӯзе, ки Тӯраев раиси шаҳр аст, “Фронти халқӣ” ба боигариҳои шаҳр ва мардумаш даст нахоҳанд ёфт.

Қурбон Тӯраев

Бо мақсади дур кардани монеъа аз сари роҳи худ, Эмомалӣ Раҳмонов соли 1994 Қурбон Тӯраевро вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад. Ба ҷои ӯ, Салоҳиддин Ҳасанов раиси шаҳр таъин мегардад.

Салоҳиддин Ҳасанов замони Шӯравӣ аз роҳбарони баландмақоми Ҳизби коммунист дар вилояти Кӯлоб буд; ҳамон солҳое, ки Эмомалӣ Раҳмонов раиси колхоз дар ноҳияи Данғара буд. Аммо баъд бо сабаби даст ба фасод задан бо қазияи бо номи “Делои тоҷикон”, Ҳасанов зиндон мешавад. Баъдан пас аз пошхӯрии Шӯравӣ, аз зиндон озод шуда, ба Ӯротеппа меояд ва дар вазифаи раиси “Агропром” кор мекунад.

Аксари коршиносон Ҳасановро устоди Раҳмонов медонанд ва сабаби ба вазифаи раиси шаҳри Ӯротеппа таъин шуданашро дар ҳамин мебинанд. Ин фарзия албатта воқеият дорад, аммо сабаби асосие, ки дар тақдири Ҳасанов нақш бозид ин домоди ӯ, аниқтараш дӯстони домодаш буданд. Домоди Ҳасанов яке аз нафарҳои пулдори минтақаи Кӯлоб бо номи Абӯалӣ буд, ӯ тиҷорати тилло ва спирт, ресторан ва марказҳои тиҷоратӣ дошт ва бо дӯсти наздики Раҳмонов, Фаттоҳ Саидов робитаи хуб дошт. Ҳамин робита сабаби асосии таъин шудани Ҳасанов ба вазифаи раиси шаҳри Ӯротеппа гардид. Бар замми ин, фарқ аз Тӯраеви бонуфуз, Ҳасанов ҳеч нуфузе байни мардум надошт ва комилан зери итоати Эмомалӣ Раҳмонов ва Фаттоҳ Саидов буд.

Хулоса, бо мақсади пурра ба итоати худ даровардани шаҳр, Раҳмонов ба Ӯротеппа устоди худ собиқ, раиси Обкоми вилояти Кӯлоб, Салоҳиддин Ҳасановро раис таъин карда буд. Ин буд оғози фитна.

Идома дорад

Бахши дуввум

Бахши севвум

»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s