Ахбори Анҷуман

Изҳороти ПМТ дар мавриди даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) аз вуқӯи муҷаддади даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзи 27-уми январи 2022 рух дод, ибрози нигаронӣ карда, хостори пешгирӣ аз вуқӯи даргириҳои ҷадид дар минтақаҳои ҷанҷолӣ аст.

Нокомии сиёсатмадорони ду кишвар дар ҳалли решаии масоили марзӣ боиси рух додани ин гуна ҳолатҳо мешавад. Чунин ба назар мерасад, ду тараф талош доранд, мушкилоти марзиро барои пӯшонидани мушкилоти дохилӣ ва амалӣ кардани сиёсатҳои популистии худ истифода намоянд.

ПМТ ба ин назар аст, ки ҳаллу фасли муноқишаи марзӣ бо кишвари бародар Қирғизистон танҳо аз тариқи музокира ва гуфтугӯи созанда имконпазир аст.

Паймони Миллӣ бо хонаводаҳо ва бозмондагони шуҳадои ин даргириҳо ҳамдардии худро иброз дошта, ба захмишудагон шифои оҷил хоҳон аст.

Паймони Миллии Тоҷикистон

30.01.2022

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s