Мақолаҳо

Қиёми Ӯротеппа (2)

#қиёми_мардуми #Ӯротеппа

#фронтихалқӣ #Кукузов #ФаттоҳСаидов

Бахши дуввум

Чӣ хеле, ки дар қисми якуми ин мавод гуфта будем, соли 1994 раиси шаҳри Ӯротеппа (Истаравшани имрӯза) Ҳасанов Салоҳиддин таъин шуда буд.

Ҳасанов ки буд? Ҳасанов Салоҳиддинро муаллими партиявии Эмомалӣ Раҳмонов мегӯянд. Замоне, ки Раҳмонов дар Данғара раиси колхоз буд, Ҳасанов котиби якуми Ҳизби коммунист дар вилояти Кӯлоб буд. Дар бораи робитаҳои Раҳмонов ва Ҳасанов ва сабаби раиси шаҳр таъин шуданаш, мо муфассал дар қисми якум гуфта гузаштем.

Худи Ҳасанов зодаи Ӯротеппа буда, аз ин ҳисоб баъди ба сари қудрат расиданаш, Раҳмонов устоди худро раиси ин шаҳри “тиллоӣ” таъин карда буд. Бояд зикр кард, ки аз ин пеш Ҳасанов замони роҳбар дар вилояти Кӯлоб буданаш, бо пора ба даст афтида буд ва доғи судӣ дошт (Делои тоҷикон).

Аммо дар баробари Ҳасанов, дар соли 1994 дар шаҳри Ӯротеппа дигар нафароне аз атрофи Раҳмонов низ мансаб мегирифтанд ва раиси шаҳр як бозича дасти дигар ёрони Раҳмонов буд. Роли асосӣ барои тобеъ кардани шаҳр ба “Фронти халқӣ” ва ғорат кардани он бар зиммаи дӯсти наздиктарини Раҳмонов майор Фаттоҳ Саидов вогузор шуда буд. Бале, ҳамон Фаттоҳ Саидов, собиқ роҳбари “корупсия”, падари Шоҳрух Саидов.

Майор Фаттоҳ Саидов он вақт мисли роҳбари “ОБХСС”-и шаҳри Ӯротеппа буд. Ин ниҳод зертобеъи Вазорати корҳои дохилии кишвар буда ва ҳоло ниҳоди мубориза бо фасод ном дорад. Ин рӯбоҳи маккор тамоми воридоту содироти шаҳрро медонист. Аз ҳамаи тоҷирон ва миқдори даромади онҳо хабардор буд. Раҳмонов махсус ин дӯсташро инҷо равон карда буд, то тавонад ба осонӣ ин шаҳрро ғорат кунад. Барои иҷрои ин амалиёт, яъне ғорат кардани шаҳр, барои Фаттоҳ Саидов як нафари низомӣ, бераҳм ва фармонбардор даркор буд ва ин шахс полковники милиса ва яке аз “ҷаллодони фронти халқӣ” Кукузов Тоҳир Ҷайлабович буд.

Охири соли 1995 полковник Кукузов сардори ШКД-и шаҳри Ӯротеппа таъин мешавад ва бо ҳамин ин ду роҳзан ба тороҷи ошкори сарватмандон оғоз мекунанд. Агар то имрӯз Фаттоҳ Саидов бо роҳҳои тарсондан ва “шантаж” маблағ меситонд, акнун ошкоро бо латукӯб ва зӯрӣ мардумро ғорат мекарданд. Раиси шаҳр, устоди Раҳмонов, ки аз коммунистони сарсахт буд, ба ҷои пешгирӣ баръакс тарафдори ин амалиёт буд, чун дар зеҳни ӯ тоҷир ҳоло ҳам як “спекулянт” буд ва ин раис ҳоло ҳам дар армони КПСС рӯз мегузаронид.

Агар бо шахсияти муаллими Раҳмонов, яъне Салоҳиддин Ҳасанов, аз наздик шинос шудан хоҳед, ман ба шумо як мисол меорам ва умедворам, хонанда каме бошад ҳам назди худ хулоса мебарорад. Ман бо писари ин раис, Сулҳиддин шинос будам. Он вақтҳо ин ҷавон дар Колеҷи ҳарбии Тоҷикистон, он замон бо номи яке аз муассисони “Фронти халқӣ” Сангак Сафаров, мехонд. Сулҳиддин дар дарсҳо кам пайдо мешуд, аксар вақт ӯро дар Ӯротеппа бо як автомат дар сари китфаш ва “масту аласт” медиданд. Сулҳиддин якчанд дӯстони ҳамкурс дошт, ки фарзандони қӯмандонҳои Фронти халқӣ буданд ва онҳоро ба Ӯротеппа даъват карда, бо онҳо якҷоя дар шаҳр “рекетӣ” мекарданд. Вазифаи Сулҳиддин нишон додани манзили одамҳои сарватманд ба дӯстони роҳзанаш буд. Баъд аз роҳзанӣ, якҷоя он “даромад”-ро тақсим мекарданд ё ба ивазаш дӯстонаш барои ӯ “банг” меоварданд. Ин як касби писари раиси шаҳр буд. Яъне он замон замони зӯр ва дузду роҳзан шуд. Аз як тараф, дӯстони Раҳмонов мардумро ғорат мекарданд, аз як тараф фарзандони онҳо.

Баъд аз омадани полковник Кукузов ба Ӯротеппа, ин ғоратгарӣ ба авҷи аъло расид. Дигар рӯи рост соҳибкорон ва тоҷиронро ба утоқи сардори милиса оварда латукӯб мекарданд. Ҷои “истиқомат”-и Фаттоҳ Саидов ҳам утоқи Кукузов шуд. Ин ду ғоратгар ба сари тоҷирони ӯротеппагӣ “доля” бор карданд. Рӯз то рӯз сабри мардум лабрез мешуд. Ҳар нафаре тавонад бизнесашро берун аз Тоҷикистон мебаровард, касе агар натавонад ё нахоҳад, бояд илоҷи корро пайдо мекард, яъне “ҳақ” месупорид ба намояндагони роҳбари давлат.

Охиру оқибат дар 12 майи соли 1996 тоҷирони бозори Ӯротеппа аз зулми мақомот ба дод омада, ба майдони назди бинои ҳукумати шаҳр ҷамъ омаданд, ба онҳо мардумони оддӣ низ ҳамроҳ шуданд. Мардуми ба ғазаб омада аз раиси шаҳр талаб мекарданд, то наздашон баромада ба саволҳояшон посух диҳад. Аммо раиси шаҳр Салоҳиддин Ҳасанов талаботи мардумро ба инобат намегирифт. Дар натиҷа мардум даст ба бетартибиҳо заданд. Мошинҳои кормандони ҳукумати шаҳрро оташ заданд, милисаҳои онҷо бударо аз майдон ронданд, қисме аз мардум вориди бино шуда, онро низ ба коми оташ кашиданд.

Дигар маълум буд, ки ин қиёми мардум бе роҳбар ва бе омодагӣ оғоз шуда буд, яъне худҷӯш буд. Ва агарчӣ намояндагони оилаҳои бонуфузи шаҳр мехостанд ин қиёмро идора кунанд, аммо зулми мақомот болои мардум онқадар бисёр буд, ки дигар ин мардуми озода, боғурур ва гарданшахӣ Ӯротеппа ба касе гӯш намедод.

Баъд аз оташ задани бинои ҳукумати шаҳр, мардум роҳ ба сӯи “лонаи зулм” ба тарафи бинои шӯъбаи корҳои дохилӣ пеш гирифтанд. То ин дам аллакай ба милисаҳои шаҳр вазъияти фавқулодда эълон шуда буд ва ҳамаи кормандони орган яроқ дар даст доштанд. Сардори ШКД полковник Тоҳир Кукузов ва “куратор”-и ӯ майор Фаттоҳ Саидов, дар идораи милиса қарор доштанд.

Дар ин замони кӯтоҳи бесару сомониҳо Комиссари ҳарбии шаҳри Ӯротеппа полковник Мухторов, ки худ зодаи шаҳри Ӯротеппа буд, байни мардум қарор дошт ва кӯшиш мекард, идораи издиҳомро ба даст гирад.

Бояд тазаккур дод, ки яке аз қоидаҳои нонавиштаи солҳои охир дар шаҳр он буд, ки гурӯҳи варзишкорони шаҳр доим тартиботи шаҳрро контрол мекарданд, аммо он рӯз онҳо низ ночор монда буданд. Ҳеч кас мардумро идора карда наметавонист.

Вақте мардум ба назди дарвозаи милисахона наздик шуданд, милисаҳо низ дар ҳолати шок қарор гирифтанд. Маълум буд, ки кормандони милиса ба сӯи мардуми худ тир намекушоянд, мардум ҳам нотарсона пеш мерафт.

Ин замон рӯбоҳи маккор, майор Фаттоҳ Саидов, вазъиятро “дарк” карда, якум шуда ба сӯи издиҳом тир мекушояд. Инро ҳам кормандони милиса диданд ва ҳам мардуми дар сафи пеши издиҳом буда.

Нидои “Ҷамшедро паронданд” баланд шуд. Издиҳомро чанд сония хомушӣ фаро гирифт. Хун рехта шуд, ҷавоне бо номи Ҷамшед ба қатл расонида шуд ва қотил дӯсти ҷонии Эмомалӣ Раҳмонов, Фаттоҳ Саидов буд.

Идома дорад

Бахши аввал

Бахши севвум

Аксҳо:

Ӯротеппа (Истаравшани имрӯза), Муғтеппа
Ӯротеппа (Истаравшани имрӯза), муҷассамаи Ленин дар обанбори “Шестой”
Ӯротеппа (Истаравшани имрӯза), масҷиди Муҳаммалиқболи Лоҳурӣ
Ӯротеппа (Истаравшани имрӯза), бинои ҳукумати шаҳр
Ӯротеппа (Истаравшани имрӯза), мадрасаи Султон Абдуллатиф маъруф ба Кӯҳкунбад
Ӯротеппа (Истаравшани имрӯза), масҷиди Мавлоно Усмони Чархӣ (р)
Ӯротеппа (Истаравшани имрӯза), масҷиди ҳазрати Шоҳ

»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s