Дидгоҳ

Тағйиру иловаҳо дар сохторҳои давлатӣ ва Қонуни асосии Тоҷикистон ба манфиати кист? (1)

“Суғдиҳо ҳам ифтихор доранд, ки Сарвазир доранд, вале намедонанд, ки аз ин Сарвазир ба Ҳукумат ва миллат чӣ фоида ё зараре? Боз қисме, аз масъалаҳои асосӣ — калидии Сарвазирро қонунӣ ва ё бо қарори Эмомалӣ Раҳмон, ба ҷонишини аввал Давлаталӣ Саид вогузор шудааст, ки ин ҳам иштибоҳи бузург аст. Яъне ту ин корро мекунӣ, ту инро…”

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (15)

Агар мо хоҳем, ки як ҷомеаи демократӣ, соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бисозем, пеш аз ҳама матбуоти озод, озодии сухан, озодии ВАО-и мустақил, озодии виҷдон ва ақида, интихоботҳои шаффоф,озод, демократӣ ва эҳтиром ба Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошем.

Яъне, на танҳо раиси ҷумҳур, депутатҳои МН МО, балки раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку ҷамоатҳо ва судяҳои ҳамаи зинаҳо (аз судяҳои шаҳру ноҳияҳо то Судӣ олӣ) бо роҳи интихобот — интихоб шаванд, то мардум аз онҳо ҳуқуқи шаҳрвандии худро талаб карда тавонанд.

Оиди воситаҳои ахбори омма фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 07.02.2009 дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводдҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма ба имзо расидааст.

Бо мустаҳкам намудани интизоми мақомоти иҷроия, баланд бардоштани нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҷомеа фармон ба имзо расидааст:

1) Фаъолияти воситаҳои ахбори омма, ки ба ҳамкории созанда ва самаранок ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба инъикоси ҷараёни дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ, дар мамлакат равона гардидааст, дастгирӣ карда шавад;

2) Роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:

— ҷиҳати вокуниш ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳо, ки дар воситаҳои ахбори омма иброз мегардад, дар мӯҳлати тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ муқаррар гардида тадбирҳои бетаъхир мушаххас андешида, аз натиҷаи баррасии онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи дахлдор иттилоъ диҳанд.

Пас аз хондани ин фармон, ба фикрам андешаҳо ва пешниҳодҳо ба вуҷуд омад, ки онро барои мутолиаи хонандагони арҷманд пешкаш менамоям:

1. Дар боби 5-уми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи Ҳукумат, моддаи 93-юми он, омада аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурӣ аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст.

Ба фикри банда, вақте ки боб боби Ҳукумат аст, бояд танҳо дар бораи Ҳукумат бошад. Раис, ҷонишинон, вазирон, раисони кумитаҳо.

Барои равшанӣ андохтан ба Сарқонуни бародари бузург — Русия рӯ меорам. Дар қонуни Федератсияи Русия омадааст: “Раиси Ҳукумат, ҷонишинон ва вазирон”. Дар Конститутсияи Тоҷикистон, ҳам раиси Ҳукумат ва ҳам Сарвазир омадааст. Дар Қонуни асосии ягон мамлакати дунё ҳам раиси Ҳукумат ва ҳам Сарвазир наомадааст. Дар тамоми мамлакатҳои соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона раиси Ҳукумат ва ё Сарвазир омадааст, на ҳар ду.

Ман дар хотир дорам оиди ин масъала рӯзноманигорон, сиёсатмадорон бисёр гуфтаанд ва гуфта истодаанд. Дар солҳои 2001 ва 2002 раисони ҳизбҳои сиёсии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии вилояти Ленинобод, (ҳозира Суғд) аз рӯи лоиҳаи ОБСЕ, бандҳои Конститутсияро, аз ҷумла банди моддаи Ҳукумат ва Сарвазирро дар синамои СМ-1 муҳокима карда буданд, ки банда ҳам аз иштироккунандагони фаоли он будам. Тартибдиҳандаи лоиҳа, марҳум Ҷумъабой Ниёзов, раиси ҳизби демократӣ дар вилояти Ленинобод ва раиси ҳизби сотсиалистӣ Ҳорисова Моҳиниссо дар вилояти Ленинобод буданд. Баранда марҳум Маҳмудҷон Додобоев.

Ба фикрам, ин масъала то ҳалли худро наёбад, сухан баланд карда мешавад.

Дар Қонуни асосии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон — дуюм вазифаи баланди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Сарвазирро бино ба моддаи 69-и Крнститутсияи Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин ва озод мекунад. (Дар қонун таъйин ва озод мешавад омадааст).

Дар ҳолею, ки Сарвазирро таъйин намекунанд. Сарвазирро дар интихоботҳои умумихалқӣ ва ё депутатҳои МН МО (дар ҳар давлат бо номҳои гуногун омадааст) бо роҳи интихобот — интихоб мекунанд. Мамлакатҳои Сарвазир доштаро инҷо меорам: Арманистон, Итолиё, Бритониёи Кабир, Конодо, Покистон, Ҳиндустон, Ҷопон, ки дар ин мамлакатҳо сухани аввалро Сарвазир мезанад.

Раиси ҷумҳур бояд номзадии раиси Ҳукумат ва ё Сарвазирро ба МН МО пешниҳод намояд, депутатҳо бо овоздиҳии махфӣ интихоб намоянд, дар сурати намояндаи раиси ҷумҳур интихоб нашудан боз такрорӣ пешниҳод менамояд. Дар натиҷаи се маротиба номзади раиси ҷумҳур, пешниҳод намуда, овози заруриро нагирифтан, депутатҳо ба истефоъ фиристонда мешавад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақа ва шахс ба назар гирифта шудааст, ки ин хеле иштибоҳи ислоҳнашаванда аст.

Дар қабул ва эълони Конститутсия ва ҳар қонуне, ки намояндагони МО қабул мекунанд, набояд минтақа ва шахсҳои алоҳида ба назар гирифта шавад. Чаро? Чунки ба манфиати миллат набуда, балки бар зарари миллат аст.

Мансаби Сарвазир ва раиси Ҳукуматро бояд муттаҳид намуд. Бояд як нафар бошад. Агар мақсади Ҳукумат намояндагии ҳама минтақаҳоро дар назар дошта бошад, бояд ба Сарвазир қудрати воқеӣ дода шавад.

Оқил Оқилов, ки як шахсияти бомаърифат, бофарҳанг буд, ҳангоми Сарвазириаш аз ӯҳдаи ҳалли ягон масъала набаромада, дар як сӯҳбати хосса гуфтааст: “Ба мани Сарвазир лаънат!” Яъне аз нотавонӣ, беқудратӣ, беқадрии худаш худашро чунин таҳқир кардааст.

Хуб, ҳоло чӣ бояд кард?

Дар Конститутсия навишта шавад, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ аз Раис, ҷонишини аввал, ҷонишинон, вазирон ва раисони кумитаҳо иборат аст. Ин масъаларо дар сатҳи болоӣ дида, дар наздиктарин интихоботҳо ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шавад. Оиди ин масъала Раҳматилло Зойиров, таъкид мекунад, ки Президент ва раиси Ҳукумат шахсҳои алоҳида бошанд. Дар сурати як шахс раиси ҷумҳур ва ҳамзамон раиси Ҳукумат будан, Президенти Ҷумҳурӣ ҳуқуқи ба парлумон ва миллат паём доданро надорад. Президенти Русияро, мисол меорад. Яъне В. Путин паём дода метавонад, чунки раиси Ҳукумати Русия шахси дигар аст. Раиси Ҳукумат бояд соҳаҳои рушди хоҷагии халқро ба миллат гузориш диҳад. Вале ӯ аз Сарвазир талаб мекунад, ки гузориши соҳаҳои хоҷагии халқро омода сохта ба мардуми ҷумҳурӣ гузориш диҳад.

Суғдиҳо ҳам ифтихор доранд, ки Сарвазир доранд, вале намедонанд, ки аз ин Сарвазир ба Ҳукумат ва миллат чӣ фоида ё зараре? Боз қисме, аз масъалаҳои асосӣ — калидии Сарвазирро қонунӣ ва ё бо қарори Эмомалӣ Раҳмон, ба ҷонишини аввал Давлаталӣ Саид вогузор шудааст, ки ин ҳам иштибоҳи бузург аст. Яъне ту ин корро мекунӣ, ту инро…

Дар вазифаи Сарвазир, ки набошад, хоҳ ҷанубӣ, хоҳ шимолӣ, ба нафсонияташ нарасад. Танҳо барои худаш, шароити хуб дорад, ҳуҷраи корӣ хушҳаво, котиба, мошинаи хизматӣ, муҳофиз дар ҷои кор ва ҷои зист, зиндагии арзанда, агар ширкатҳои истеҳсолӣ ва ё фермаҳои чорводорӣ, замини обӣ дошта бошад, дар ҳимояи ӯ, раис ҷумҳур ҳам имконият додааст, ки якчанд нафарро ба раиси шаҳру ноҳияҳо пешниҳод намояд, то ки харҷи зиндагиро бардорад ва боз ба як қатор имтиёзҳои дигар баҳраманд аст. Вале аз ӯ, на ба Ҳукумат ва на ба миллат фоидае нест.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s