#қиёми_мардуми #Ӯротеппа
#фронтихалқӣ #Кукузов #ФаттоҳСаидов
Салмон Султонзода
Бахши севвум
12-уми майи соли 1996. Ӯротеппа. Назди бинои шӯъбаи корҳои дохилӣ. Мардум баъд аз ба оташ кашидани бинои ҳукумати шаҳри Ӯротеппа (Истаравшани имрӯза), роҳ ба сӯи ШКД-и шаҳр мегиранд. Издиҳоми аз ҷабру зулми мақомот ба дод омада, хиёбони марказиро пур карда буд.
Вақте майори милиса Фаттоҳ Саидов аввалин шуда ба сӯи мардум тир мекушояд, тир ба қафаси синаи ҷавоне бо номи Ҷамшед мерасад. Ҷамшед дар сафи пеши издиҳоми мардум буд. Тир бадани Ҷамшедро шикоф карда, аз зери тахтапушташ як ваҷаб ҷойро даронда мебарояд. Ҳарчанд мардум зуд ӯро ба мошини тиббӣ мерасонанд, аммо мутаассифона ин ҷавон барвақт шаҳди шаҳодатро чашида буд. (Худо раҳмат кунад!)
Баъд аз ин дигар милисаҳо низ ба ҳаво тир мекушоянд. Мардум худро ба чор тараф мепартоянд, то аз тир паноҳ ёбанд. Издиҳом қафо мегирад.
Ҳамон шаб аз ҳисоби афроди бонуфузи шаҳр бо иштироки Комиссари ҳарбии шаҳр полковник Мухторов ва депутати шаҳрӣ Баҳодур Воситов дар бинои Комисариати ҳарбӣ “Штаби мардумӣ” таъсис меёбад. Роҳбарияти штаб аз чанд нафар ташкил ёфта, қувваи асосиро варзишкорони мактаби варзишии шаҳр ба ӯҳда мегиранд; ҷавононе, ки ба “Баччаҳои ДСШ (Детская Спортивная Школа)” маъруф буданд. Ин ҷавонон ҳамагӣ аз гуштингирон иборат буда ва он замонҳо як қувваи бузург ба ҳисоб мерафтанд. Болои он, ин гурӯҳ байни мардум аз обрӯи хосса бархӯрдор буданд, чун солҳои охири Шӯравӣ низ мардум назди онҳо додхоҳӣ мерафтанд.

Саҳари барвақт 13-уми майи соли 1996 мардум боз роҳ ба сӯи милисахонаро мегиранд, аммо ин дафъа бо тобути Ҷамшеди хунинкафан дар сари даст. Тобутро назди дарвозаи милисахона гузошта, сардори милисаи шаҳр полковник Кукузовро ба берун мехонанд. Вақте Кукузов пайдо намешавад, мардуми ба ғазаб омада ва бе яроқ ба милисахона ҳуҷум мекунанд. Агарчи милисаҳо ҳама бо яроқ мусаллаҳ буданд, аммо мардум дигар аз баҳри ҷони худ гузашта буданд.
“Гушна ба шер задаст” мегӯянд дар урфият, аммо инҷо мардум гушна набуд, мардум дар ғазаб аз ноадолатиҳо буд, мардум ташнаи адолат буд ва барои ҳимояи ору номуси худ ба майдон рехта буд.
Он соату он дақиқаҳо ҳама дигар мисли як тан, як механизми воҳид ҳаракат мекарданд. Мардум наъразанон худро аз панҷараи оҳанини атрофи милисахона ба дарун мепартофтанд. Дар як лаҳза мардум дарвозаро шикаста, вориди ҳавлӣ ва бинои ШКД-и шаҳри Ӯротеппа шуданд. Милисаҳо дигар муқобилат намекарданд, баръакс ҳар кас ба ҳар тараф мегурехтанд. Ва касе ба дасти мардум меафтид, мавриди латукӯб қарор мегирифт.
Як ҳолати бебандуборӣ (хаос) ва бетартибии оммавӣ ба вуҷуд омад. Яроқу аслиҳа ба дасти мардум гузашт, бинои шӯъбаи корҳои дохили пурра ба оташ кашида шуд. Аз полковник Тоҳир Кукузов, майор Фаттоҳ Саидов ва дигар ҳамроҳонаш хабаре набуд. Ба назар мерасид, онҳо барвақт шаҳрро тарк карда буданд.
Баъд аз оташ задани бинои шӯъбаи корҳои дохилии шаҳр, қисме аз мардум ба хонаи Неъмат ном “уголовний розиск” меравад, хонаи ӯро низ ба оташ мекашанд. Қисме дигар ба хонаи мақомдори ҳукумати шаҳр Одилов Кароматулло дар мавзеи Қӯрғонча рафта, хонаи ӯро низ ба ҳам рехта, ба оташ мекашанд.
Баъди пурра ба дасти мардум гузаштани шаҳр, мардум ба сӯи хонаи раиси шаҳр, Ҳасанов рафта, онро низ ба ҳам мерезанд.
Шаҳр умуман ба ҳеч кас итоат намекард, беҳокимиятии мутлақ шаҳрро фаро гирифта буд. Қисме аз ҷавонон барои пайдо кардани Кукузов ба ноҳияи Зафаробод мераванд, қисме роҳи сӯи ағбаи Шаҳристонро зери идораи худ мегиранд.
Ин замон ҷавонони боғайрати Хуҷанд низ аз қазия огоҳ шуда, фурудгоҳи Хуҷандро назорат мекунанд, то Кукузовро пайдо кунанд. Он рӯзҳо дар Хуҷанд гурӯҳи 300-нафараи яроқбадастони “Фронти халқӣ” махсус барои идораи шаҳри Хуҷанд фиристода шуда буданд, аммо он рӯз онҳо гӯё умуман вуҷуд надоштанд; маълум буд, ки аз тарси қасоси мардум берун намебаромаданд.
Баъдан тахминҳое зада шуданд, ки Кукузов ба воситаи деҳаи Ниҷонии ноҳияи Ӯротеппа, ба хоки Ӯзбакистон паноҳ бурда, баъд, аз онҷо Душанбе рафтааст.
Шаҳр акнун на раис дошт, на прокурор, на амниятӣ, на сардори ШКД, умуман шаҳр бе роҳбарияти расмӣ монда буд. Ягона ниҳоди идоракунанда ин “Штаби мардумӣ” буд, ки дар бинои Комисариати ҳарбӣ қарор дошт.
Ба ин сабаб, ки яроқҳои шӯъбаи корҳои дохилӣ ба дасти мардум гузашта буд, комисари ҳарбии шаҳр полковник Мухторов дар шаҳр ҳолати фавқулъода эълон кард. Вакилони маҳаллаҳо ба бинои Комисариати ҳарбии шаҳр фаро хонда шуданд. Вакилон қариб аз ҳамаи маҳаллаҳо онҷо ҳузур доштанд. Бисёртар намояндагони маҳаллаҳои “Садовая”, “Битонка”, “Таги чинор”, “Гузари 41” ва маркази шаҳр ва дигарон онҷо фаъол буданд.
Ҳамон шаби 13-ум ба 14-уми майи соли 1996, бо маслиҳати комисар полковник Мухторов ва депутати шаҳрӣ Воситов, “Ситоди ихтиёрии ҷавонони шаҳри Ӯротеппа” таъсис дода мешавад. Аъзоёни ситод депутат Воситов Баҳодурро сардори Ситод интихоб мекунанд. Ҷонишинҳои сардори “Ситоди ихтиёрии ҷавонони шаҳри Ӯротеппа” Сайидисоев Илҳомхон, Хуршед Пӯлотов, Ҳайитбой Султонов ва сардори “ДСШ” муаллим Маҳмуд (Абдуҳамид) Қосимов интихоб мешаванд.
Роҳбарияти штаб бо зудӣ барои пешгирӣ аз бетартибиҳо ва дуздию ғоратгарӣ, аз ҳисоби “Баччаҳои ДСШ” ва дигар ҷавонони фаъоли шаҳр патрул тартиб доданд. Идораи шаҳрро ситод ба дасти худ мегирад ва шурӯъ аз 14 май фаъолияти ситод оғоз меёбад.
Бо ташаббус ва кафолати ситоди мазкур ҷавонони зери итоаташон буда ба хонаи милисаҳо рафта, онҳоро ба хидмат бармегардонанд. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва дигар биноҳои маъмурӣ муҳофизон таъин мешаванд. Ситод ҳатто барои таъмини патрул бо сӯзишворӣ “талон” ташкил мекунад. Тоҷирон ва мардуми саховатманд хароҷоти ситод ва патрулро таъмин мекунанд. Аз мардум яроқҳо ҷамъоварӣ карда мешавад. Дар кӯчаю бозор ва гузарҳои шаҳр як милиса бо ду ҷавони “ситод” патрул мегаштанд, то ба ҳаёти мардум дузду авбошон халал ворид накунанд.
Рӯзи 16 ва 17-уми май вазъият дар шаҳр ором мешавад. Ягона намояндагони ҳукумати расмӣ, ки ба шаҳр омада метавонистанд ин намояндагони роҳбарияти вилояти он вақт Ленинобод буданд. Аввалин намояндаи ҳукумати вилоятӣ рӯзи 15-уми май ба шаҳр меоянд.
Шаҳр наздик ба 20 рӯз зери назорати “Ситоди ихтиёрии ҷавонони шаҳри Ӯротеппа” қарор дошт.
Эмомалӣ Раҳмонов маҷбур шуд оҷилан вазири кишоварзӣ Қурбон Тӯраевро ҳамчун раиси шаҳр ба Ӯротеппа равон кунад. То омадани раиси қонунӣ, ситод тартиботи ҷамъиятиро зери назорат дошт ва ба хубӣ аз ӯҳдааш баромад. Баъд аз омадани Қурбон Тӯраев роҳбарони ситод бо ӯ вохӯрда, вазияти шаҳрро мефаҳмонанд ва бо ҳамин ситод кори худро ба охир мерасонад.
“Ситоди ихтиёрии ҷавонони шаҳри Ӯротеппа” як намунаи волои ҳукумати маҳаллӣ дар ҳолатҳои фавқулъода дар таърихи ин шаҳр мебошад.
Бо ҳамин шаҳри Ӯротеппа ба марҳилаи нави ҳаёти худ оғоз кард. Аммо ин раванд ва ин ҳодисаҳо ба Раҳмонов ҳеч маъқул набуд, ӯ аслан намехост, ки шаҳри Ӯротеппа зери контроли худи намояндагони ин шаҳр бошад ва мардум ба қудрати худ бовар дошта бошанд. Аз ин сабаб, Раҳмонов роҳҳои дигари таслим кардани шаҳрро меҷуст. Дар ин мақсад ӯ аз собиқ намояндагони Ҳизби коммунисти шаҳр хеле хуб истифода бурд. Ба ҳар ҳол онҳо дӯстон ва ҳамҳизбони худи Раҳмонов буданд.
Баъд аз Созишномаи сулҳи тоҷикон, шаҳри Истаравшан ба рӯйхати 30-фоизаи мухолифин шомил шуд. Ва бо пешниҳоди мухолифини ҳукумати Раҳмонов, раиси шаҳр аз зодагони ин шаҳр донишманди номӣ, номзади илмҳои физика, Ҳамидулло Файзуллоев таъин гардид.
То ин замон дигар мардуми шаҳр ба ҳаёти рӯзмарраи худ пурра баргашта буданд. Тоҷир тиҷорат мекард, деҳқон деҳқониашро. Қонун риоя мешуд ва зиндагии мардум бо роҳи худ мерафт.
Ҳамидулло Файзуллоев, бо ин ки муддати хеле кӯтоҳе (наздик ба 4 моҳ) раиси шаҳр буд, вале дар ин муддати кӯтоҳ корҳои муфиди бисёре анҷом дод. Аз ҷумла, мошине, ки барои ӯ ихтисос дода буданд (мошини Волга), ба ҷои истифода аз он, ба ҳукумати шаҳр дастур дод, то онро бифурӯшанд ва пулашро барои хонаи солмандон диҳанд. Ҳамчунин, чанд корхонаи хобидаро тавонист эҳё кунад. Бо ташаббуси ӯ, барои аввалин бор дар шаҳри Истаравшан озмуни кишварии ҳифз ва қироати Қуръон баргузор шуд ва устоди марҳум Саидабдуллоҳи Нурӣ шахсан дар он иштирок намуданд. Дар ин озмун аз саросари Тоҷикистон қориёни Қуръони Карим ҷамъ омада буданд. Баъзе атрофиёни Файзуллоев дар ҳукумати шаҳр, бар ин назаранд, ки агар Ҳамидулло Файзуллоев ҳадди ақал 2 сол ҳокими шаҳр мебуд, шаҳрро комилан обод ва дигаргун мекард.

Хулоса, наздик ба 4 моҳи раисии намояндаи мухолифин дар Истаравшан, Эмомалӣ Раҳмонов ба раиси вилоят Қосимов супориш медиҳад, то нафареро ба мансаби раиси шаҳри Истаравшан пайдо кунад. Он шахс бояд пурра тобеи Раҳмонов бошад ва бечуну чаро фармонҳои ӯро иҷро кунад. Бо баҳонае Ҳамидулло Файзуллоевро аз вазифа гирифта, ба ҷои ӯ коммунисти рақами яки шаҳр Ҷумъа Зокировро таъин мекунанд.
Ин мард (Ҷумъа Зокиров) замони роҳбарии худ ҳамаи кадрҳои бедор ва боғайрати ин шаҳрро аз вазифаҳо ронда, ба ҷои онҳо собиқ ҳамҳизбони худро меорад. Ӯ қисми бозори марказиро ба дигар макон мекӯчонад, тоҷирони боқуватро муфлис мекунад, мактаби варзиширо ба нестӣ оварда мерасонад, бо дасисаҳои худ нухбагон ва афроди бонуфузи шаҳрро ба бало гирифтор мекунад. Хуллас аз як тараф мардум шаҳрро обод ва биноҳо нав бунёд мекарданд, аммо аз тарафи дигар ин раис ҳамон ғайрату шуҷоат ва якдилии аҳолии Ӯротеппаро мешиканад. Ӯ онҳоро комилан аз байн бурда натавонад ҳам, аммо хеле заиф мекунад. Бо ҳамин шаҳрро бо ҷомеаи шаҳрвандии заиф ба мафияи Раҳмонов месупорад.

Раиси дастгоҳи Ҷумъа Зокиров Акбар Маърупов ном шахс буд, ҳоло хато накунам сармуҳаррири рӯзномаи “Паёми Истаравшан” аст. Ин ду нафар яъне Зокиров ва Маърупов барои таслими шаҳр хеле заҳмат кашиданд.

Ва ҳоло бошад, раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода аст, ки аввал зери дасти Озода Раҳмон дар дастгоҳи раисҷумҳур кор карда буд. Аммо чуноне, ки шоҳидон менависанд ва мардум ба мо хабар медиҳанд, раиси “воқеи”-и шаҳр ҳоло домод ё ҷияни раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон С.С.Ятимов, прокурори шаҳр, Музаффарзода Шӯҳрат будааст. Яъне дар шаҳр мутаассифона боз ҳамон ворисони қӯмандонҳои “Фронти халқӣ” лона гузоштаанд. Онҳо ин дафъа мехоҳанд, шаҳри Истаравшанро бо либоси “қонун” зери зулми худ қарор диҳанд.

Инҷо, дӯстони гиромӣ, мо ба “Таърихи қиёми мардуми Ӯротеппа” хотима медиҳем. Умедворам, каме бошад ҳам, аз он рӯзҳо огоҳ шуда бошед.
Ҳама маълумотҳоро мо аз сокинони Истаравшани бостонӣ ҷамъоварӣ кардем, агар ҷое хато рафта бошад, узри моро қабул кунед.
Акнун дӯстон аз ин пас мо аз бедодгариҳои прокурори шаҳри Истаравшан ва дигар мақомдорони фосид менависем. Ба назар мерасад, шаҳри Истаравшан дар остонаи қиёми навбатӣ истодааст ва агар ба зулм болои мардуми сарбаланди ин диёр хотима дода нашавад, мо шоҳиди он қиём хоҳем шуд.
Саломат бошед!
Салмон Султонзода
26/01/2022
Порис, Фаронса
Рубрики:Мақолаҳо, Нақду назар, Ҷомеа
»