Дар ҳошияи мақолаи “Қиёми Ӯротеппа”
Салмон Султонзода
#қиёми_мардуми #Ӯротеппа
#Истаравшан #Сайфиддин_Тӯраев
Баъд аз ором шудани мардум ва ба ҳаёти рӯзмарраи худ гузаштани шаҳр, бо талаби мардум Қурбон Тӯраев — яке аз сиёсатмадорони варзида ва соҳибобрӯ ва инчунин намояндаи яке аз оилаҳои Тӯраевҳо; оилаи бонуфузи шаҳр, бо фармони Эмомалӣ Раҳмонов ба вазифаи раиси шаҳри Ӯротеппа таъин шуд.
Қурбон Тӯраев ва бародари он кас, Сайфиддин Тӯраевро шояд дар Тоҷикистон касе набошад, ки нашиносад ё ҳадди ақал нашунида бошад. (Ба ҳар ҳол аз калонсолон.) Ин фарзандони Истаравшан барои шаҳр, вилоят ва кишвар хеле меҳнатҳо кардаанд. Аз ин сабаб ин хонадон дар ҷумҳурӣ ва алалхусус дар Истаравшан, хеле нуфузи зиёд доштанду доранд.
Хулласи калом, баъд аз ором шудани вазъ Раҳмонов ба шаҳри Ӯротеппа (Истаравшан) сафар мекунад. Мақсади асосии сафари ӯ вохӯрдан бо падари раиси шаҳр буд. Пирамард “Амаки Тӯра”-ро қариб аксари сокинони ин шаҳр мешиносанд. Раҳмонов медонист, ки ҳарфи ӯ ба раиси шаҳр намегузорад ва агар гузашт ҳам, ҷуз як амалӣ расмӣ хоҳад буду халос.
Раҳмонови маккор пеш аз омаданаш ба Ӯротеппа, хеле хуб шаҳру мардумро омӯхта буд. Дар даруни шаҳр одамони худро дошт, ки аз вазъият ва шароити дохил хабар медоданд. Раҳмонов дақиқ кард, ки ягона нафаре, ки ҳарфи онро раиси шаҳр ва дигар бародарони ӯ мегиранд, ин мӯйсафеди падарашон аст. Аз ин сабаб, рост ба хонаи ин мӯйсафеди нуронӣ шитофт, то дар дарозмуддат манфиатҳои худро ҳифз кунад.

Тибқи гуфтаи огоҳон, вақти дидор бо падари раиси шаҳр, Эмомалӣ Раҳмонов хитоб ба ин пирамард мегӯяд: “Падар! Манро ҳамчун фарзанди худ қабул кунед!”, ва аҳди “фарзандӣ” мекунад. Ва хоҳиш мекунад, то “Амаки Тӯра” ба фарзандони худаш насиҳат кунад, ки ба ӯ яъне Раҳмонов эътимод кунанд ва зидди ӯ ҳеч ҳаракате накунанд.
Мӯйсафед, ки худ тамоми умр дар масири ҷавонмардӣ ҳаракат мекарду ҳамаи фарзандону наберагони худро дар ин роҳ обутоб дода буд, ба зарбулмасали “Мардро лафзаш ҳалол” бовар дошт, ӯ ба суханони Раҳмонов бовар кард ва ба хотири ояндаи Тоҷикистон ва мардумаш, ҳамонҷо ба фарзандонаш насиҳат кард, ки ба Раҳмонов эътимод кунанд, ӯро ҳамчун бародари тании худ шуморанд ва ва ҳеч гоҳ бар зиддаш қад алам накунанд.
Ин насиҳати падар ба фарзандонаш амонат шуд ва то имрӯз он фарзандон ба он аҳду паймони байни падарашон ва Эмомалӣ Раҳмонов пойбанд мондаанд. Аммо Раҳмонови ҳилагар ин хел аҳду паймонҳоро сари ҳар қадам мебасту мебандад ва ҷояш, ки биёяд, ба “шири модараш” ҳам қасам ёд мекард, вале фардояш хиёнат мекарду мекунад.
Он ноадолатиҳое, ки Раҳмонов ба ин хонадон кард, ҳамагон бо чашми сар дидему таърих онҳоро китобат мекунад ва имрӯзҳо низ он хиёнат давом дорад.

Ин воқеаро барои он навиштам, ки то ҳамагон хабар дошта бошем ва огоҳ аз “номардиҳои” Эмомалӣ Раҳмонов бошем. Раҳмонов баҳри нафси худ ба ҳеч аҳду паймоне пойбанд нест ва набуд. Метавон даҳҳо мисол овард. Ягона роҳи халосӣ, ин мубориза бо ин режими золим ва бешарафи Раҳмонов аст, ки Тоҷикистонро ба зиндон ва мардумашро ба ғуломон табдил додааст. Тамоми дороиҳои кишварро байни фарзандони худу хешу табораш тақсим кардаасту доим дар фикри дуздидану хӯрдану фурӯхтан ҳастанд.
Тоҷикистон, ин сарзамин, ин Ватани ману Шумо, садҳо ва ҳазорҳо ҷавонмардонро дорад, ки метавонанд ва омодаанд ин сарзаминро барои мардум барои миллат обод кунанд.
Мо танҳо бояд ҳаракат кунем ва ноумед нашавем.
Рубрики:Мақолаҳо, Нақду назар, Ҷомеа