Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) иттиҳомоти ахири Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза ба ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД-ро, ки имрӯз, 2-юм феврали 2022, зимни нишасти хабарӣ ПМТ ва ҲНИТ-ро ба қасди анҷоми аъмоли террористӣ дар Тоҷикистон дар соли 2021 муттаҳам кард, шадидан маҳкум намуда, иттиҳомоти воридаро сохтагӣ, беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ медонад.
Иттиҳомоти ахири мақомоти тоҷик алайҳи ПМТ ва ҲНИТ идомаи иттиҳомоти сохтагию беасоси мақомот алайҳи шахсиятҳои бегуноҳу адолатхоҳ ва алайҳи минтақаҳост, ки ҳадафашон саркӯби ҳар гуна дигарандешӣ ва часпондани тамғаи терроризму ифротгароӣ ба ҷомеаи шаҳрвандии кишвар аст.
Мақомоти тоҷик ба ҷои ҳалли қазияҳое мисли Хоруғу Ворух ва мушкилоти иқтисодӣ ҳамеша машғули бадном кардани миллати худ бо тамғаи ифротию террористӣ дар саросари дунё мебошад.
Мақомот бо ин иттиҳомзаниҳои ботакрори худ чеҳраи миллати тоҷикро дар саросари ҷаҳон ҳамчун як миллати моил ба терроризм сиёҳ мекунанд ва ин боис мешавад, ки муҳоҷирини тоҷик дар Русияву дигар кишварҳо мавриди табъиз қарор бигиранд.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ин гуна иттиҳомоти сохтагию беасоси мақомот алайҳи мухолифини мусолиматомез шурӯъ аз соли 2015 то кунун идома дорад, аммо на танҳо ҳеч кишвар ва созмону ниҳоди байналмилалӣ ин иттиҳомотро қабул накардааст, балки бо ин иттиҳомот чеҳраи диктатории худро бар ҷаҳониён ошкортар мекунанд.
Аҷибтар ин аст, ки Шодӣ Ҳафиззода шояд аз шитобзадагӣ бидуни овардани далелу шавоҳиде гуфт, ки амалҳои террористӣ дар соли гузашта аз ҷониби ҲНИТ ва ПМТ якҷоя бо гурӯҳи “Давлати Исломӣ” (ДОЪИШ) ба нақша гирифта шуда будааст. Ин дар ҳолест, ки ҳама медонанд, гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ на танҳо тарзи фаъолияти мухолифини тоҷикро қабул надоранд, балки мухолифинро такфир мекунанд.
Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ба ин иттиҳомоти беасоси мақомот, ки ба як одати доимии онҳо табдил ёфтааст, таваҷҷӯҳ надода, барои озодӣ ва ҳукумати воқеан демократӣ, ки дар он ҳама қишрҳо ва минтақаҳои ҷомеа саҳим ҳастанд, муборизаи худро давом медиҳад.
Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ)
02.02.2022
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо, Сиёсат, Ҳуқуқи башар, Ҷомеа