Дидгоҳ

Тағйиру иловаҳо дар сохторҳои давлатӣ ва Қонуни асосии Тоҷикистон ба манфиати кист? (2)

“Рӯзи 22 майи соли 2016 бо тариқи райпурсии ”таърихии” умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, синни соли номзад ба симмати президентӣ, аз 35 сола ба 30 сола поён фароварда ва барои ”Пешвои миллат”, модомулъумр, тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Яъне ба ”Пешвои миллат” ҳуқуқ дода шуд, ки то охири умр метавонад, номзадии худро ба симмати президентӣ пешниҳод намояд. Дар интиҳои ин тағйиру иловаҳо ба қонуни асосии Тоҷикистон, сухани ислоҳотгар, сиёсатмадор, собиқ раисҷумҳури Гурҷистон, собиқ губернатори вилояти Одессаи Укроин, Михаил Саакашвилиро зарур донистам, ки инҷо биёрам. “Агар дар кишвар дуздӣ ва фасод бошад, пас ”шахси аввал” дар кишвар дузд ва фасодкор аст”…

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони ”Муаммои рӯз”(16)

Дар Тоҷикистон Конститутсияи амалкунанда рӯзи 6 ноябри соли 2004 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст. Ва ба банде, ки дар қисматҳои пешин зикр кардем ва ҷуз чанд банди дигар, боқимонда бандҳо ба манфиати миллат нигаронидашуда ва дар ҷаҳон яке аз қонунҳои беҳтарин ба шумор мерафт.

Хонандаи азиз! Инҷо, чанд банди қонуни мазкурро меорам, то ки Шумо аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ огоҳ бошед:

1) Моддаи 5. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд.

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

2) Моддаи 8. Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.

Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад…

3) Моддаи 17. Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад…

4) Моддаи 18. Ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад.

Ҳеч кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд, барои ҷинояти махсусан вазнин.

Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсони раво дида намешавад…

5) Моддаи 19. Ҳар кас кафолати ҳифзи суди дорад. Ҳар шахс Ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, барраси намояд.

Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан мумкин нест…

6) Моддаи 20. Ҳеч кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад…

Мусодираи пурраи молу мулки шахси маҳкумшуда манъ аст.

7) Моддаи 22. Манзили шахс дахлнопазир аст.

Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст.

Аз рӯи моддаҳое, ки иқтибос овардам, ба шаҳрвандон озодӣ, адолати иҷтимоӣ, зиндагии арзанда ва иштирок намудан дар ҳаёти сиёсӣ ва давлатдорӣ кафолат медиҳад. Вале раиси ҷумҳур дониста ва ё надониста ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол мекунад.

Масалан, дар яке аз баромадҳои худ, ба миллат хитоб карда мегӯяд, ки намозатонро хонед, рӯзаатонро доред, вале ба сиёсати давлатдорӣ кордор нашавед. Агар кордор шудед…

Лекин қонун иҷозат ва ҳуқуқ дода аст, ки мардум дар фаолияти сиёсати давлатдорӣ, иштирок кунанд ва фаол бошанд.

Мисол, агар мардум дар интихоботҳо иштирок накунанд номзадҳои президентӣ ва депутатҳои МН МО-ро кӣ интихоб мекунад?

Инҷо се моддаи қонуни асосиро мерам, ки бо чунин шарҳ омадааст:

1) Моддаи 27. Шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.

Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд.

2) Моддаи 29. Шаҳрванд ҳақ дорад дар маҷлис, гирдиҳамои, намоиш, раҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад…

3) Моддаи 30. Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.

Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажоди, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.

Ҳамчунин сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 10 боб ва 100 модда иборат аст. Ва аз чанд моддае, ки иқтибос овардам ва шинос шудем, маълум шуд, ки қонуни ҷумҳурӣ ба манфиати миллат нигаронида шуда, яке аз қонунҳои беҳтарин буд.

Ҳеҷ зарурате надошт, ки дар муддати 17 сол се маротиба тағйир дода шавад.

Вале, тағйири нуқта, вергул, ҳарф, калима, яъне гирифтани калимаҳо ба монанди калимаи Сарқонун ва гайраю ғайра.

Инак, мақсади асосии тағйири Конститутсияро пешкаши хонандагон менамоям.

Мақсади ягона, тағйири давраҳои интихоботи президентӣ буд:

1) Рӯзи 26 сентябри соли 1999 ду давраи интихоботи президентии панҷсоларо, ки худ беҳтарин буд, ҳар номзад, дар ду панҷсола қудрат, тавонои, маҳорат ва ислоҳотгарии худро нишон дода метавонист. Лекин ду давраи панҷсоларо ба як давраи ҳафтсола як маротиба интихоб шудан иваз карда шуд;

2) Дар тӯли ҳашт — нӯҳ соли президентӣ, шираи президентиро фаҳмидем, аз ҳеҷ чиз, миллионҳо доллар дор шудем. Худ ба худ, биё ҳамин ҳафтсоларо, ду ҳафтсола мекунем, пас он тарафашро боз мебинем…

Рӯзи 22 июни соли 2003 бо тариқи овоздиҳии умумихалқӣ, як ҳафтсолаи давраи президентиро, ба ду ҳафтсола тағйир додем;

3) Сарвари аввал боз дар қалбаш андеша намуда ба худаш гуфт, Конститутсияро ду маротиба тағйир додам мардум овозашро набаровард. Миллионҳоям миллиард шуданд. Биё боз як бори дигар дурусттар тағйирот ворид намоям…

Рӯзи 22 майи соли 2016 бо тариқи райпурсии ”таърихии” умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, синни соли номзад ба симмати президентӣ, аз 35 сола ба 30 сола поён фароварда ва барои ”Пешвои миллат”, модомулъумр, тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Яъне ба ”Пешвои миллат” ҳуқуқ дода шуд, ки то охири умр метавонад, номзадии худро ба симмати президентӣ пешниҳод намояд.

Дар интиҳои ин тағйиру иловаҳо ба қонуни асосии Тоҷикистон, сухани ислоҳотгар, сиёсатмадор, собиқ раисҷумҳури Гурҷистон, собиқ губернатори вилояти Одессаи Укроин, Михаил Саакашвилиро зарур донистам, ки инҷо биёрам.

Агар дар кишвар дуздӣ ва фасод бошад, пас ”шахси аввал” дар кишвар дузд ва фасодкор аст”.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s