Дидгоҳ

Тағйиру иловаҳо дар сохторҳои давлатӣ ва Қонуни асосии Тоҷикистон ба манфиати кист? (3)

“Назарбоев бо аҳли хонаводааш ҳам дар Қазоқистон ва ҳам дар хориҷи кишвар, дороиҳои ҳангуфте дорад, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ шуда истодаед. Дар урфият мегӯянд, “Нафси бад балои ҷон!“ Дар охир ӯ аз тамоми вазифаҳо барканор ва аз он имтиёзҳо маҳрум шуд ва қонуни ҷорӣ кардааш ҳам ба кор наомад…”

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз”(17)

Се давлат дар Осиёи Марказӣ раҳбар ба номҳои Элбаси, Пешво ва Аркадаг доранд ва кишварҳояшон аз ҷиҳати захираҳои табиӣ ва канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ бойтарин кишварҳо ба шумор мераванд. Ин “пешво”-ҳо захираҳоро ба манфиати хеш ва аҳли оилаи худ истифода мебаранд; яке истифода бурд, дуи дигаре истифода бурда истодаанд ва на танҳо худашон, балки духтарҳо, домодҳо ва писарҳо аз ҳисоби захираҳои табиӣ, моликияти давлатӣ, боҷи гумрукӣ, буҷа, дуздӣ ва дар умум ғорати миллат, соҳиби миллиардҳо доллар шуданд.

Онҳо аз тарси аз даст нарафтани моликияти ҷамъ кардаашон, дар ҷустуҷӯи роҳи чора ҳастанд. Раисиҷумҳури Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, ки калонсолтар, донотар, маккортар ва бойтар буд, роҳи чораро дар тағйири қонун дид. Ҳанӯз дар соли 2000 дар Қазоқистон Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи Президенти нахустини Ҷумҳурии Қазоқистон” — Элбаси қабул шуда буд, ки дахлнопазирии комил ба ӯ ва хонаводаашро кафолат медиҳад ва дар соли 2010 ба қонуни мазкур тағйиру иловаҳо намуда мансаби президент — Элбасиро комилтар гардонд.

Қонуни конститутсионии мазкур “Дар бораи Президенти нахустини Ҷумҳурии Қазоқистон” тасреҳ кардааст, ки Элбаси (Пешвои миллат) дахлнопазирӣ дорад ва набояд барои аъмоле, ки дар замони президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон буданаш содир кардааст, ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Аввалин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон — Элбаси мувофиқи мақоми худ унвони “Қаҳрамони халқӣ” бо ҷоизаи махсус — Ситораи тиллоӣ ва ордени “Отан” сарфароз гардонида шудааст.

Қонун барои Аввалин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон — Элбаси ҳуқуқи интихоб шуданро ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон маҳдуд намекунад.

Аввалин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон — Элбаси тибқи рисолати худ ҳуқуқ дорад:

1) Муроҷиат ба халқи Қазоқистон, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои муҳимтарини сохтори давлатӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, амнияти мамлакат, ки бояд аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ ва шахсони мансабдор баррасӣ мешавад, ӯ ҳуқуқ дорад, суханронӣ ва пешниҳод намояд;

2) Дар назди Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон ва палатаҳои он, дар маҷлисҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои барои мамлакат муҳим баромад мекунад:

— Шӯрои Ассамблеяи халқҳои Қазоқистонро роҳбарӣ мекунад;

— раиси доимии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад;

— узви Шӯрои конститутсионии Ҷумҳурии Қазоқистон интихоб мешавад.

Ташаббусҳое, ки дар самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат муҳокима мешаванд, бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон — Элбаси мувофиқа карда мешавад.

Монеъа шудан ба фаолияти қонунии Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон — Элбаси, таҳқири оммавӣ ва дигар намудҳои таҳқир ба шаъну шарафи Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон — Элбаси ва ҳамчунин таҳқири тасвирӣ иҷозат дода намешавад ва тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Пас аз рафтани раисҷумҳури аввал аз мақоми сарвари давлат, ӯ низ набояд барои амалҳои содиркардааш ҳамчун президенти нахустини Ҷумҳурии Қазоқистон — Элбаси ҷавобгар бошад. Ӯро ба ҳабс гирифтан, ҳабс кардан, пурсидан ва кофтукови шахсӣ гузарондан, дар ҳабс нигоҳ доштан қатъиян манъ аст.

Илова бар ин, тамоми молу мулке, ки ба ҳуқуқи моликияти хусусӣ ба Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон — Элбаси ва аъзои оилааш, ки бо ӯ зиндагӣ мекунанд таъаллуқ дорад, дахлнопазиранд.

Боз имтиёзҳои хеле зиёд дорад: ба монанди муҳофизон, ҳифзи табобатӣ ва иҷтимоӣ, нафақаи даҳкарата, нақлиёт ва ҳоказо.

Назарюоев аз мансаб истифода бурда, барои худаш ва фарзандону домодҳояш ба ғорати захираҳои табиӣ ва моликияти давлатӣ иҷозат додааст. Танҳо ду мисол меорам:

1) Яке, фонди хайриявӣ, ки дорои ширкатҳо, фабрикаҳо, меҳмонхонаҳои 5-6 ситорадору самолётҳои 100 миллион долларӣ, ки танҳо дар як соли 2020 ба фонд 500 000 $ фоида ворид кардааст. Ҳоло фонд зиёда аз ҳашт миллиард доллар дороӣ дорад, ки худи Назарбоев роҳбари мекунад;

2) Дар наздикии шаҳри Алмаато қариб 500 млн м² заминро аз худ намуда, бо чор қисм, ба духтарҳояш — Дарига, Динара, Алия ва худаш тақсим кардааст.

Барои худаш дар майдони 2350 м² қаср пӯшидааст, ки чанд сол аст, ки дар он ҳеч нафаре зиндагӣ намекунад.

Саволе пайдо мешавад, ки ин ҳама дороӣ аз куҷо ва барои кӣ?

Ичунин бо аҳли хонаводааш ҳам дар Қазоқистон ва ҳам дар хориҷи кишвар, дороиҳои ҳангуфт дорад, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ шуда истодаед.

Дар урфият мегӯянд, “Нафси бад балои ҷон!“

Дар охир ӯ аз тамоми вазифаҳо барканор ва аз он имтиёзҳо маҳрум шуд ва қонуни ҷорӣ кардааш ҳам ба кор наомад.

Худованд оқибати корро ба хайр гардонад!

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s