Паймони Миллиии Тоҷикистон (ПМТ) рабудани Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод Маҳмадҷонов (Абдураҳмон 09)-ро аз шӯъбаи ВКД-и шаҳри Ваҳдат тавассути мақомоти кишвар ва сипас эълони айб баъди 5 рӯзи боздоштро, амали ғайриқонунӣ ҷинояткорона ва хилофи ҳама меъёрҳои ҳуқуқибашарӣ медонад.
Паймони Миллии Тоҷикистон бо таъкид бар ин ки фаъолиятҳои Шерзод Маҳмадҷонов ҳеч иртиботе ба ин эътилофи сиёсӣ надорад, амали мақомотро ғайриқонунӣ, идомаи саркубу таъқиб ва фишор ба наздикону пайвандони дигарандешон ва фаъолони расонаии тоҷик дониста, шадидан маҳкум менамояд. Тибқи ҳама қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ, пайвандони ҳеч кас, бахусус падару модар, набояд ба хотири фаъолиятҳои сиёсии фарзандону наздикони худ муҷозот шаванд, аммо ин амали нангини мақомоти тоҷик алайҳи модарону наздикони фаъолон яке аз сиёҳтарин сафаҳоти даврони ҳукмронии Э. Раҳмон маҳсуб мешавад.
Бар асоси қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон пулиси кишвар ҳақ надорад, бидуни қарори додгоҳ шаҳрвандро беш аз 72 соат нигоҳ дорад. Илова бар ин, дар куҷо нигоҳдории ин модар ва дар чӣ ҳолат буданаш то ҳанӯз эълон нашудааст ва бо эҳтимоли зиёд, ӯ дар ин муддат мавриди фишори равонӣ ва шиканҷа қарор гирифтааст.
Паймони Милли Тоҷикистон аз мақомоти кишвар талаб менамояд, ки:
1. ҳарчи зудтар аз макони будубоши шаҳрванд Маҳмадҷонова ва вазъи саломатии ӯ ба пайвандонаш ва мардуми кишвар расман маълумот пешниҳод намояд;
2. дар зудтарин фурсат ӯро озод намоянд;
3. омилони ин одамрабоӣ ба ҷомеа муаррифӣ ва муҷозот карда шаванд.
Инчунин ПМТ аз тамоми созмонҳои ҳимоят аз ҳуқуқи башар, созмонҳои ҳимоят аз ҳуқуқи занон ва созмонҳои зидди шиканҷаи дохилӣ ва хориҷӣ дархост менамояд, ки барои озодии ӯ вориди амал шаванд.
Паймони Миллии Тоҷикистон
09.02.2022
Рубрики:Баёнияҳо, Ҳуқуқи башар, Ҷомеа