“Ҳукумати монархӣ хусусияти меросӣ дошта, аз насл ба насл интиқол дода мешавад ва он аз ҳеч яке аз нерӯҳои сиёсӣ, мақомотӣ ва интихобкунандагон вобаста нест. Сарвари кишвари монархиявӣ ба мӯҳлати номуайян идоракунии давлатиро ба роҳ монда, низ ба амалҳои содиркардааш ба ҷавобгарӣ кашида намешавад…”
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз”(18)
(Тағйиру иловаҳо дар сохторҳои давлатӣ ва Қонуни асосии Тоҷикистон ба манфиати кист? (5))
Қонуни конститутсионии Пешвои миллат ба қонуни конститутсионии Элбаси шабоҳати хеле наздик дорад. Дар урфият мегӯянд, ки “Ангур — ангурро дида ранг мегирад!”
Қонуни конститутсионии Тоҷикистон дар бораи Пешвои миллат аз 17 модда иборат буда, оиди дахлнопазирии ӯ ва аҳли оилааш кафолат дода аст.
Инҷо аз Қонуни конститутсионӣ чанд моддаро пешкаши Шумо, хонандаи азиз менамоям:
1) Моддаи 5. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва аъзои оилаи ӯ ҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат барои амалҳояш дар давраи иҷрои ваколатҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва салоҳияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан, кофтуков кардан ва маҷбуран овардан манъ аст.
Дахлнопазирӣ ба моликият, ҳамчунин моликияти аъзои оила, ба манзили истиқоматӣ, бинои хизматӣ, нақлиёт, воситаҳои алоқа, мукотиба ва ҳуҷҷатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ мегардад. Ба моликияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва аъзои оилаи ӯ ягон маҳдудият гузошта намешавад.
Сирри бонкӣ ва дахлнопазирии ҳисобҳои бонкии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат дахлнопазир аст.
2) Моддаи 8. Ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таҳти ҳимояи давлат қарор доранд.
Таъмини амнияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба мақомоти давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад.
Аъзои оилаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо ҳимояи давлатӣ таъмин карда мешаванд.
3) Моддаи 9. Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш қатъ гардидааст, хонаи истиқоматӣ ҳамчун моликияти хусусӣ ва бӯстонсарои давлатӣ бо хизматрасонии зарурии давлатӣ ҷудо карда мешаванд.
4) Моддаи 10. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат баъди қатъи ваколати президентиаш якумра бо автомашинаи хизматӣ ва ронанда таъмин карда мешавад.
5) Моддаи 12. Бо мақсади амалӣ намудани иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таъсис дода мешавад.
Ҳаҷми Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар буҷети давлатӣ барои соли тақвимӣ муайян карда мешавад.
(Фонди захиравии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли тақвимӣ 2022 ба 438 540 000 сомонӣ расонида шуд, ки ин ба 38 840 000 доллар баробар аст. Ин нишондод нисбати соли гузашта 34,5 млн сомонӣ бештар аст. Ҳаҷми фонди захиравии раисҷумҳур дар соли 2021 404 млн сомониро ташкил медод, ки ин ба 35,7 млн доллар баробар буд, ки аз харҷи он гузориш дода намешавад.)
6) Моддаи 14. Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат пас аз қатъи ваколати президентиаш якумра хизматрасонии ройгони тиббӣ ва табобатию истироҳатӣ, ки дар давраи иҷрои ваколати президентиаш таъмин карда мешуд, нигоҳ дошта мешавад.
7) Моддаи 15. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш қатъ гардидааст, бо нафақаи ҳармоҳа ба андозаи 80 фоизи музди меҳнати моҳонаи Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад. (Моҳонаи президент то ҳол махфӣ нигоҳ дошта мешавад.)
* * *
Хонандаи гиромӣ! Мақсад аз овардани Қонуни конститутсионии Пешвои миллат ва Элбаси дар ин аст, ки Шумо худ таҳлил намоед ва фикру андешаҳои худро бикоред.
Ҳамчунин ба хонандаи азиз!
Ду шакли давлатдориро шарҳ медиҳам: — шакли монархӣ ва ҷумҳуриявӣ:
1) Монархӣ. Давлатдории монархӣ шакли идоракуние мебошад, ки дар он ҳокимият пурра ва ё нисбатан нисбӣ дар дасти сарвари давлат нигоҳ дошта мешавад. Ҳокимияти подшоҳон, императорон, монархҳо, давлатҳои монархӣ конститутсионӣ, монархи парлумонӣ, монархии мутлақ, султонҳо ва амирон маҳз дар шакли идоракунии монархӣ ташкил карда мешавад.
Ҳукумати монархӣ хусусияти меросӣ дошта, аз насл ба насл интиқол дода мешавад ва он аз ҳеч яке аз нерӯҳои сиёсӣ, мақомотӣ ва интихобкунандагон вобаста нест. Сарвари кишвари монархиявӣ ба мӯҳлати номуайян идоракунии давлатиро ба роҳ монда, низ ба амалҳои содиркардааш ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.
Монарх мустақил буда, дар мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ салоҳияти беназир дорад.
Аммо муносибатҳои байни сарвари давлат, парлумон, ҳукумат чӣ гуна ташкил карда мешаванд, салоҳиятҳои онҳо чӣ гуна мутавозин мешаванд.
Ниҳоят, монарх аъзои Ҳукуматро таъин мекунад ва аъзои Ҳукумат низ бевосита ба ӯ итоат мекунанд.
2) Шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ. Ҷумҳурӣ (аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, respublica мебошад) шакли давлатдорие аст, ки дар он тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба муддати муайян интихоб шуда, аз ҷониби намояндагони умумимиллӣ ниҳодҳои (масалан, Маҷлисҳои намояндагони давлатӣ) ташкил карда мешавад ва шаҳрванд ҳуқуқи баробари гражданӣ — сиёсӣ дорад.
Ҳоло, се навъи идоракунии ҷумҳуриявӣ мавҷуд аст: президентӣ, парлумонӣ ва парлумонӣ-президентӣ.
Инҷо моддаи 100-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро меорам:
Қонуни асосӣ бо чунин зайл омадааст: Шакли идораи ҷумҳурӣ тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйир нопазиранд.
Ҳамчунин ин мисраи шеърро меорам, ки шахси бе ном ифшо намудааст.
Ба сад зулму ҷафоят меравӣ имрӯз ё фардо,
Ту бо кайфу сафоят меравӣ имрӯз ё фардо.
Хонандаи арҷманд ва гиромиқадр! Каме худ ин ду шакли давлатдориро таҳлил намоед ва фикру андешаҳои худро шарҳ диҳед. Тоҷикистон аз ин ду шакли идоракунии давлатдорӣ ба кадомиаш наздик аст ва ё дар қатори кадомиаш фаолият дорад?
Идома дорад