Ораз Вазирбеков, яке аз раҳбарони бадахшониҳои муқими Маскав, бо пахши баёнияи видеоӣ эълом кард, ҷонаш дар маърази хатар қарор дорад ва аз мақомоти Русия хост, аз ӯ ва хонаводааш ҳимоят кунанд.
Ба гузориши сомоани Паём, ӯ гуфт, дар ҳудуди Русия беш аз 20 сол аст, ки зиндагӣ дорад ва соли 2006 бо гузаштани ҳамаи зинаҳои қонунӣ, шаҳрвандии Русияро дарёфт кардааст. Аммо гуфт, “тибқи маълумоти бадастомада, мақомоти Тоҷикистон шикори маро эълон кардаанд ва мехоҳанд шаҳрвандии маро лағв шуда, маро ба Тоҷикистон, ки шаҳрвандаш нестам, истирдод кунанд”.
Вазирбеков шиносномаи Русияро нишон дод ва гуфт, дар муддати будубоши тӯлониаш дар Русия ҳеч қонуншикание анҷом надодааст. Ба гуфтаи ӯ, агар мақомоти Тоҷикистон муваффақ ба лағв кардани шаҳрвандии русиягии ӯ нашаванд, имкони ҳар фитнаи дигар, аз ҷумла нобудсозии ҷисмониаш вуҷуд дорад.
Ӯ гуфт, як соҳибкори инфиродӣ аст ва ба фаъолияти ҷамъиятӣ, ки ба ҳимояи бадахшониҳои сокини Маскав бастагӣ дорад машғул аст.
Ба гуфтаи Вазирбеков, сабаби дар пайи таъқибаш шудани мақомоти Тоҷикистон, мавқеъи ӯ дар мавриди ҳамлаи эҳтимолии ҳукумат ба Бадахшон аст.
Вазирбеков эълон кард, ҳадафи сафар ба Тоҷикистонро надорад ва агар рӯзе онҷо пайдо шуд, пас мақомоти Тоҷикистон ӯро дуздидаанд. Ва аз мақомоти интизомиву амниятии Русия хост, ӯро чун шаҳрванди ин кишвар муҳофизат кунанд.
Қаблан Андрей Серенко, коршиноси рус, бо истинод ба манобеи худ навишта буд, ки ҷони Ораз Вазирбеков дар хатар аст. Ба гуфтаи ӯ, ду гурӯҳ аз Тоҷикистон ғайриқонунӣ вориди Федератсияи Русия шудаанд, ки вазифаашон аз байн бурдани Вазирбеков аст.
Серенко навишт, ин ду гурӯҳ аз ҷониби кормандони воҳидҳои вижаи ВКД ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба кор ҷалб шудаанд.
Рубрики:Хабарҳо, Ҳуқуқи башар, Ҷомеа
1 ответ »