Рустами Ҷонӣ
Дар Русия гурӯҳе пайдо шуда, ки ба дуздидан ва бурдани фаъолони помирӣ ба Тоҷикистон шурӯъ кардаанд.
“Ин гурӯҳ аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.” -мегӯяд Аслишоҳ Вазиров, аз фаъолони дигари бадахшиасл.
Ӯ аз ҳукумати Русия хост, пеши роҳи ин гурӯҳро бигирад.
“Ман ҳамчу як марди озодандеш маҷбур шудам соли 2000-ум ватани худро тарк кунам. Барои онки вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз бадтар шуд.”
Ӯ гуфт, Русияро ватани дуввуми худ интихоб кард, чунки бовар дошт инҷо орому осуда зиндагиву кор мекунад.
Ӯ нигарон аст, ки рӯзе ӯро низ бо шеваи маъмул аз шаҳрвандӣ маҳрум карда, ба Тоҷикистон истирдод мекунанд.
“Агар маро низ рӯзе бидузданд, бееэҳтиромӣ ба қонунгузории Русия хоҳад шуд.” -таъкид кард ӯ
Аслишоҳ Вазиров аз соли 2004 шаҳрванди Русия аст, аммо ҳамеша дар мавриди ҳаводиси сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон дар суҳуфоти худ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ , баёни андеша мекунад.
Нақди ӯ ҳамеша одилона ва ҳақҷуёна аст. Мекӯшад дар доираи қонун ва адаб фикрашро баён кунад.
“Ҳукумати Тоҷикистон алайҳи мардуми таҳамулгарои Бадахшон сиёсати зургӯйӣ ва фишорро пеш гирифтааст. Мардум мехоҳад аз онҳо ҳувият ва фарҳанги худро дифоъ КУНАД,” -мегӯяд ин фаъоли ҷамъиятӣ.
Аслишоҳ Вазиров ба ин ақида аст, ки Русия метавонад пеши ин тохтутозро бигирад ва тақдири мардуми Бадахшонро тағйир диҳад.
Манбаъ: Фейсбук
Рубрики:Сиёсат, Ҳуқуқи башар, Ҷомеа