“Бояд пай дар пай, се сол, дар сохторҳои давлатӣ аз 5% то 10% кормандони сохторҳои давлатиро ихтисор намуд. Албатта, бояд аз ҳисоби синну соли нафақахӯрон, бесаводон ва ғайри ихтисосҳои ин ё он ниҳод, ихтисор карда шавад ва дар айни замон, аз суханпардозӣ ба амали нек гузашт, ба ҷавонони мутахассис, донишманд, кордон, ки қатъи назар аз кадом табақаи ҷомеа ҳастанд, ба кор таъмин карда шавад…”
(Тағйиру иловаҳо дар сохторҳои давлатӣ ва Қонуни асосии Тоҷикистон ба манфиати кист? (6))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз”(19)
2) Дар як кишвари кучак тамоми сохторҳои давлатӣ васеъ шудааст, ки ин на ба манфиати ҳукумат ва на ба манфиати миллат, балки бар зарари халқ аст. Аз ин лиҳоз пешниҳод менамоям:
— бояд пай дар пай, се сол, дар сохторҳои давлатӣ аз 5% то 10% кормандони сохторҳои давлатиро ихтисор намуд. Албатта, бояд аз ҳисоби синну соли нафақахӯрон, бесаводон ва ғайри ихтисосҳои ин ё он ниҳод, ихтисор карда шавад ва дар айни замон, аз суханпардозӣ ба амали нек гузашт, ба ҷавонони мутахассис, донишманд, кордон, ки қатъи назар аз кадом табақаи ҷомеа ҳастанд, ба кор таъмин карда шавад;
— вазоратҳо, кумитаҳо, шӯъбаҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявии бо ҳам наздик муттаҳид карда шавад;
— Вазорати корҳои дохилӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод;
— Вазорати кишоварзӣ бо Вазорати хоҷагии об ва мелиоратсия, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҶТ;
— Вазорати маориф ва илм бо Вазорати фарҳанг, кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳон;
— Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бо идораҳои экологӣ ва ҳифзи муҳити зист;
— Кумитаи андоз бо Хадамоти Гумрукии назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарҳо;
— дар мақомоти идоракунии давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо чунин схема давом дода мешавад.
Ба маврид аст, ки Кумитаи андозро мисол биёрам. Дар Кумитаи андоз кормандони зиёд ҷамъ шуда, танҳо ба ҷаримабандӣ машғуланд. Дар шаҳри Хуҷанд аз дасти кормандони Кумитаи андоз даҳҳо соҳибкорон ва тоҷирони хурду миёна аз ҷаримабандӣ ба дод омада, фаъолияти соҳибкории худро қатъ намуданд. Аз рӯи маълумотҳои расмӣ, дар Тоҷикистон аз якуми январ то якуми октябри соли 2019 зиёда 260 000 соҳибкор фаъолияти худро қатъ намудааст.
Сабаб: зулм, фишор, фасод, андози баланд, ҷаримабандии ҳангуфт аз тарафи кормандони мақомоти сохторҳои давлатӣ.
Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода супориш дод, ки кормандони сохторро ихтисор намояд. Вале ба ҷои ихтисор, шумораи кормандони андоз зиёд шудааст, оиди Кумитаи андоз ва андозбандӣ мавзӯи алоҳида бахшида мешавад.
Дар интиҳои ин банд, зарур донистам, ки аз суханронӣ ва фаъолияти сарварони ду кишвари хориҷӣ иқтибос биёрам:
— Сарвазири кишвари Арманистон, Никол Пашинян, дар ҷаласаи ҳукуматаш (моҳи декабри соли 2018) дар суханронии худ қайд намуд, ки шумораи вазоратхонаҳо аз 17 адад то 12 адад кам карда мешавад, чанде аз вазоратҳо аз байн хоҳад рафт, буҷаи кишвари Арманистон 4,44 млрд доллар, аҳолиаш 2, 98 млн нафар. (Буҷаи Тоҷикистон 2, 9 млрд доллар, аҳолӣ — 9 858 000 нафар).
Тоҷикистон ва Арманистон пас аз барҳам хӯрдани ИҶШС, бе ягон мушкилот истиқлолияти нисбиро ба даст оварданд.
Ҳоло кишвареро, ки мисол меорам, ки истиқлолияти худро дар натиҷаи раъйпурсӣ ба даст овардааст. Ин кишвар — Хорватия дар нимҷазираи Балқон, ҷанубии Аврупо ҷойгир аст. Хорватия 25-уми майи соли 1991 аз Ҷумҳурии Сотсиалистии Федеративии Югославия, дар натиҷаи раъйпурсии мардумӣ бо 93, 94%-и овози худ истиқлолиятро ба даст овард.
Пас аз 14 соли истиқлолият рӯзи 19 феврали соли 2015, дар натиҷаи интихоботи шаффоф, озод, демократӣ, сиёсатмадор Колинда Грабар-Китарович, сарвари давлати Хорватия интихоб шуда, то 18 феврали соли 2020 дар симмати Президенти кору фаолият кард. Ӯ бо ҳафт забон роҳат суханронӣ мекунад.
Колинда корро аз фурӯши самолёти президентӣ ва 35 мерседеси қимматарзиши шахсони мансабдорони давлатӣ буд, оғоз кард.
Дуюм коре, ки ба анҷом расонид, Колинда моҳонаи худ ва вазиронро 30% ва маоши сафирон ва консулҳоро 60% кам кард.
Фаъолияти сеюми он моҳонаи минималии мардумро аз 400 то 540 доллари амрикоӣ боло бурд.
Чорум, ҳар соле буҷаи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иҷтимоӣ 3 фоизи афзуда истодааст.
Ин фаъолияти муддати кӯтоҳи Никол Пашинян ва Колинда Грабар–Китарович барои мо, миллати тоҷик дарс бошад! Омӯзем, андеша намоем, дар ҳаёт ва фаъолияти зиндагии худ истифода ва татбиқ намоем.
Идома дорад