“Аз соли 1970 инҷониб аввал се сохтори вилоятӣ, ҳоло ду сохтори вилоят фаолият дорад. Канӣ кӣ мегӯяд, ки кадом соҳаи саноат ва ё хоҷагии қишлоқ рушд кард? Баръакс, заводу фабрикаҳо фалаҷ шуданд, моликияти кишоварзӣ (махсусан техникаҳои кишоварзӣ, бузу гӯсфанд ва ҳам моли калони шохдор) ба яғмо рафтанд. Дар натиҷа, ягон соҳае намондааст, ки аҳолии худамонро таъмин карда тавонад…”
(Тағйиру иловаҳо дар сохторҳои давлатӣ ва Қонуни асосии Тоҷикистон ба манфиати кист? (7))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз”(20)
3) Дар кишваре ба монанди Тоҷикистон, ки ба бӯҳрони шадиди иқтисодӣ гирифтор шуда, ба ботлоқи бепоён ғӯтавар шудааст, боз як вилояти дигар чӣ зарурат дорад?
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн шуд мабнӣ бар ин, ки дар Кӯлоб вилояте бо номи Данғара ба роҳбарии Асадулло Раҳмон ташкил мешудааст?
Дар солҳои аввали истиқлолият яке аз депутатҳои МН МО гуфта буд, сохтори вилоятӣ ин як сохтори боздорандаи рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон аст. Агар ӯ зинда буда ва бори дигар ин сухани худро такрор мекард, хеле хуб буд. Аммо агар аз дунё гузашта бошад, Худованд ғариқи раҳмат ва шоистаи ҷаннат кунад!
Ба масъулини Ҳукумат тавсия медиҳам, ба ҷои вилояту дигар сохторҳои нав, дар назди худ мақсад гузоред, ки моҳонаи кормандони сохторҳои давлатии буҷавиро ду баробар баланд бардоред, то миллат як рӯзгори миёнаҳол дошта ва мутахассисони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ кишварро тарк накунанд. (Танҳо дар як соли 2021 дар вилояти Хатлон 2067 нафар омӯзгорон ва 160 нафар мутахассисони соҳаи тиб фаъолияти худро қатъ намудаанд.)
Вазирони ин ниҳодҳо дар вохӯриҳои матбуотии худ иддао мекунанд, ки аз рафтани мутахассисон фоҷеа насозед!.. Зоҳиран, барои вазирони мо дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ фарқ надорад, ки мутахассисон чӣ босавод бошанд ё бесавод, чӣ дорои диплом бошанд ё бедиплом, чӣ аз кӯчаи маорифу тандурустӣ гузашта бошанд ё нагузашта. Мақсади онҳо танҳо вазир будан аст.
* * *
Инҷо дар дохили қавс мехоҳам аз биноҳои таълимӣ сухан кунам. Рӯзи 11-уми феврал дар деҳаи Ваҳдати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, аз рӯи хабари Вазорати маориф ва илм, боми як синфхона ва утоқи кории директор фурӯ рехтааст. Аз рӯи омори ҳолатҳои фавқулодда, се боми синфхонаҳо фурӯ рафтааст. Аз рӯи расми бино ҳам маълум, ки болои бинои соли 1957 сохташуда пурра фурӯ рафтааст. Масъули ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, танҳо дар худи вилояти Хатлон 10 мактаби садамавӣ ба қайд гирифта шудааст.
Шукри Худованд, ки хонандагон ва муаллимон осеб надидаанд! Дар хабар омадааст, ки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, рӯзи 12-уми феврал дар пайи нашри хабари фурӯпошии боми як мактаб, сардори маркази матбуоти вазорат Эҳсон Сафарзодаро барои шиносоӣ бо вазъи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҷои ҳодиса фиристодааст.
Банда ба вазир суол медиҳам, чаро худи Шумо намеравед? То ки худ аз ҳодиса огоҳ шавед, бо чашми худ бинед, бо муаллимон ва хонандагон вохӯред, магар фурӯравии боми мактаб бозӣ аст?!
Дар вақти дарс фурӯ рафтааст… Ин амали вазирро бемасъулиятӣ нисбати вазифаи худ мешуморам.
Аз соли 2019 инҷониб ба Вазорати дифоъ пешниҳод намудааам, ки дар назди Вазорати дифоъ шӯъбаи қисми ҳарбии сохтмонӣ ташкил шавад, то ки ба сохтани иншоотҳои ҳарбӣ, барои кормандони Вазорат хонаҳои истиқоматӣ, сохтани мактабҳои нав ва таъмири мактабҳои садамавӣ машғул бошад. Тоҷикистон аз ҳисоби синну соли даъватшаванда, ки зиёда 600 000 нафарро ташкил медиҳад, ҳамагӣ 15-16 000 нафар даъват мешавад. Боз 1000 нафари дигарро даъват ва дар қисми ҳарбӣ сохтмонӣ ва чорводорӣ истифода баред?! (Барои муқоиса, Исроил 8 875 661 нафар аҳолӣ дорад, аз аҳолии Тоҷикистон 1 млн камтар аст. Вале аз 176 000 то 186 000 нафар сарбозу афсарони доимо амалкунанда дорад. Кореяи Шимолӣ 26 миллион аҳолӣ дорад, армияи доимо амалкунандааш 1 200 000 нафар аст.)
Банда ҳам дар хизмати ҳарбӣ будам, дар қисми ҳарбии сохтани роҳи оҳан хизмат мекардам. Вале рӯзҳое шуда буд, ки бо эълони ҳолати изтирорӣ, бо шумули 700 нафар сарбозону афсарон, дар як рӯз, рӯзи истироҳат, анбори калони барои вокзал заруриро сохта ба истифода медодем. Ё ки як шӯъба (отделения) бо шумори 7 нафар дар ду ҳафта, хонаи ҳаш квартирагии чӯбинро сохта, барои истифода омода мекардем.
Ҳоло ҳазорҳо нафар сарбозон, афсарон бо садҳо техникаҳои вазнини ҳарбӣ, вертолётҳо дар атрофи шаҳри Хоруғ дислокатсия шудааст. Чаро?
Ба ҷои Хоруғ ин қадар сарбозонро барои сохтмони мактабҳои нав ва таъмири мактабҳои садамавӣ истифода мебурдед, беҳтар набуд? (Оиди ин масъала ба тафсил маълумот дода шудааст.)
* * *
Ҳоло сари мавзӯи асосӣ биёем. Инҷо саволе меояд, ки ин ду вилояте, ки ҳоло бо чунин дастгоҳи бузургаш — яъне вилояти Суғд ва Хатлонро дар назар дорам – чӣ коре барои рушди кишвар доштанд?
Аз соли 1970 инҷониб аввал се сохтори вилоятӣ, ҳоло ду сохтори вилоят фаолият дорад. Канӣ кӣ мегӯяд, ки кадом соҳаи саноат ва ё хоҷагии қишлоқ рушд кард? Баръакс, заводу фабрикаҳо фалаҷ шуданд, моликияти кишоварзӣ (махсусан техникаҳои кишоварзӣ, бузу гӯсфанд ва ҳам моли калони шохдор) ба яғмо рафтанд. Дар натиҷа, ягон соҳае намондааст, ки аҳолии худамонро таъмин карда тавонад… (Ҳар соҳаро дар мавзӯҳои худаш — саноатро дар соҳаи саноат, кишоварзиро дар соҳаи кишоварзӣ шарҳ хоҳам дод.)
Шахсоне, ки барои сохтори вилоятӣ тарафдор ҳастанд, исбот намоянд, ки вилоятҳо заруранд ва ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии онро шарҳ диҳанд. Яъне ҳар соле ба буҷаи давлат чӣ қадар даромад меорад ва чанде барои нигоҳ доштани сохторҳои вилоятӣ аз буҷаи давлат сарф мешавад?
Агар ба давлат ва миллат заррае фоида дошта бошад, бояд ҳама тарафдор бошем. Ва кулли шӯъбаҳо ба мутахассисони соҳавӣ таъмин карда шавад, то ки иқтисодиёт, ҳам дар вилоятҳо ва ҳам дар ҷумҳурӣ рушду нумӯ намояд.
Дар сурати зараровар будан, ин масъала бояд дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, дар наздиктарин вақт ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шавад.
* * *
Ҳар як фарди Тоҷикистон манфиати давлат ва миллатро аз манфиати шахсиаш боло дорад. Ана дар он вақт, ҳам иқтисодиёт пеш меравад ва ҳам миллат муттаҳид мешавад. Пешравӣ дар муттаҳидӣ аст. Муттаҳидиро аз миллати чечен бояд омӯхт. Дар ҳамоиш аз се як ҳиссаи аҳолӣ, яъне дар ҳамоиши охирон ба майдон рехт ва борҳо инро исбот намуда истодааст.
Асри 21 асри интернетӣ аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар вазорату кумитаҳо мутахассисонро ба кор ҷалб кунад, то ки дар интернет, роёна (компютер) бояду шояд кор карда тавонанд.
Вақте ки интернетро мекушояд, ҳамаи маълумотҳо ва гузоришҳои моҳонаю солонаи шаҳру ноҳияҳоро дастрас менамояд. Меҳантдӯст ва ватанпарвар бошад, софдилона кору фаъолият кунад, ҳар як соати кориро самаранок истифода бурда тавонад.
Агар натавонад, ба мамлакатҳои пешрафта барои такмили ихтисос фиристонда шавад, то ки технологияи ҳозиразамон ва корбариро омӯзад.
Нагӯем, мо истиқлолиятро нав ба даст овардем. На! Мо дар давраи Шӯравӣ ҳама чизро, аз илм то саноат, сохтмонҳо ва кишоварзиро доштем, вале нигоҳ дошта натавонистем.
Агар дар байни ҷомеа раъйпурсӣ гузаронед, мардум ба мамлакати собиқ Шӯравӣ бо хурсандӣ овоз медиҳад. Дар раъйпурсии охирон, барои нигоҳ доштани собиқ мамлакати Шӯравӣ 98 дар сади мардуми Тоҷикистон овоз дода буд.
Идома дорад