Мақолаҳо

Камон аз даст бигзоред!

Лоиқ Шералӣ

“Камонмардон!

Ҳама тире, ки дар тирдон доред,

Ба қалби ман бияндозед.

Ба ҷони ман фурӯ резед,

Ҳамин як қалби ман омоҷгоҳи тиратон бошад,

Валекин ҷони мардум дар амон бошад.

Агар як ман бимирам, ҳеҷ боке нест,

Фардо Модари Тоҷик-

Ҳазорон Лоиқи лоиқтаре аз ман биёрад боз,

Басо мушфиқ, басо ошиқ,

Басе содиқтаре аз ман биёрад боз.

Камонмардон!

Худо дар синаҳотон раҳм андозад,

Камон аз дӯш бигзоред,

Ба ёди куштагони дӯш бигзоред.

Ҳама тиру камон бинҳед,

Ба мо тири амон бидҳед.

Ҳама тиру камон бинҳед,

Ба мо давру замон бидҳед.

Камонмардон!

Яқин донед:

Ки ин Тоҷик куштан аз ду ҷониб,

Дар ду дунё қаҳрамони нест!

Ки чун ин ҷанги нангини Шумо,

Дар ҳеҷ таърихи ҷаҳонӣ нест!

Ва аз ин шумтар, аз ин табаҳтар достоне нест!

Шумо чун хуни ҳамдигар ҳамерезед,

Душман мешавад пирӯз бар мо бесилоҳу ҷанг.

Шумо чун тухми ҳамдигар ҳамесӯзед,

Душман мешавад пирӯзтар беҳангу бесарҳанг.

Агар ҳоло намефаҳмед,

Рӯзе нек мефаҳмед, ки тире аз камон рафтаст.

Ва рӯзе нек мефаҳмед ҳартире, ки афкандед,

Ба мағзи устухони тоҷикон рафтаст.

Шумо як рӯз мефаҳмед,

Ки худ ёри ба душман кардаед, эй вой!

Ки худ бунёди меҳан кандаед, эй вой!

Камонмардон!

Агар хоҳед фардоро ба даст оред,

Камон аз даст бигзоред!

Агар хоҳед рӯҳеро наёзоред,

Камон аз даст бигзоред!”

Манбаъ: Сафҳаи Темур Варқӣ дар Фейсбук

#Ҳафтаидифоъаз_Бадахшон

#БадахшонТоҷикистонастваТоҷикистон_Бадахшон!

#Badakhshan_is_Tajikistan_and_Tajikistan_is_Badakhshan!

#БадахшанэтоТаджикистанаТаджикистанэтоБадахшан!

#Басастзулмватерроралайҳимардуми_Бадахшон!

#Enough_oppression_and_terror_against_the_people_of_Badakhshan!

#ХватитугнетенияитеррорапротивнародаБадахшана!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s