Хабарҳо

Вазъи ташвивовари Хоруғ дар шаби 17 феврал

Ба гузориши сомонаи “Паём”, шаби 17 феврал дар манотиқи Хоруғ вазъият ташвишовар шуда, нерӯҳои мусаллаҳи амниятӣ дар гирду атрофи шаҳр, ба хусус дар он ҷойҳое, ки маъмулан сокинони ҷавони Хоруғ шабона ҷамъ меоянд ва дар остонаи амалиёти вижа навбатдорӣ мекунанд, гаштугузор доштанд.

Дар ин бора Андрей Серенко, коршиноси умури сиёсии кишварҳои Осиёи миёна ва Афғонистон дар канали телеграмияш хабар дод.

Манбаъ менависад: “Солмандони маҳал то қадри имкон талош мекунанд, ки аз иғвои мардуми осоишта пешгирӣ кунанд, аммо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шабона зери садои мусиқии баланд мошин меронанд, осудагии мардуми минтақаро халалдор месозанд, гӯё махсус мехоҳанд дар атрофи он нуқтаҳое, ки сокинон ҷамъ мешаванд, онҳоро ба таҳрика андозанд.”

Pamir Daily News менависад, яке аз сокини Хоруғ гуфт: “Боиси тааҷҷуб ин аст, ки кормандони ВКД, бахусус, ОМОН, пулиси роҳ чунин рафторро муносиб намебинанд, аммо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳадафмандона иғвогарӣ мекунанд.”

Ба замми ин, дар вилояти ВМКБ кормандони муассисаҳои давлатиро иҷборан водор мекунанд, то ба забонхатте имзо гузоранд, ки дар он вазифадор мешаванд дар гирдиҳамоиҳо, навбатдории шабона ширкат накунанд ва “ба роҳбарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ пуштибонӣ накунанд”. 

Дар хабар омадааст, нафароне, ки аз имзо дар забонхатт сарпечӣ мекунанд, аз кор озод карда мешаванд.

Гуфта мешавад, чунин талабнома ва имзои зери он аз лиҳози ҳуқуқӣ ягон хел эътибори қонунӣ надорад. Ба ақидаи коршинсон, истифодаи чунин усулҳои найрангӣ бо ҳадафи паст кардани руҳияи мардум ва баъдан гузаштан ба зуҳури осони амалиёти махсус нигаронида шудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s