
Салмон Султонзода бо таъкид бар ин ки мо бояд вазъияти Амриддинро дарк кунем ва бидонем, ки ӯ маҷбур аст чунин бигӯяд, зеро агар нагӯяд, на танҳо вай, балки аҳлу оилаашро озору азият мекунанд, гуфт: “Баъзеҳо мегӯянд, ки мо набояд ба қазияи Бадахшон дахолат кунем. Дар ҳоле, ки мо, тоҷикҳо ҳама якем, қазияи Бадахшон қазияи ҳамаи мост, бинобар ин, агар як бадахшониро озор диҳанд, мани истаравшаниро низ озор додаанд ва аз ин пас, миёни мо, тоҷикҳо ҷудоӣ нааандозед, ҳамаи мо якем!”
Салмон Султонзода, аз мухолифони ҳукумати кунунии Тоҷикистон ва узви Шӯрои раҳбарии Анҷумани Озодандешони Тоҷик, дар як навори видеоӣ, бо ишора ба қазияи Амриддин Аловатшоев, ки аз Русия рабуда шуда, тавассути мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон ба Душанбе оварда шудааст ва ду бор ӯро маҷбур карданд, ки баромади телевизионӣ дошта бошад, гуфт, мухотаби Амриддин дар баромади ахираш Алим Шерзамонов буд ва ӯро хитоб қарор дода сӯҳбат кардааст ва ӯ аз Шерзамонов хост, ки дигар ба қазияи вай дахолат накунад ва ӯ ва хонаводаашро тинҷ гузорад ва фикри ҳамсар ва падару модари ӯро намояд.
Султонзода изҳор дошт, Амриддин дар ин муроҷиатҳои видеоӣ, ба мо мехоҳад бирасонад, ки ӯ ва хонаводааш гаравгон ҳастанд; гаравгони режими Эмомалӣ Раҳмон.
Салмон Султонзода дар идома хотирнишон кард, ки Амриддин дар баромади аввалаш бемор менамуд, вале дар муроҷиати дуввумаш солим бе назар расид. Султонзода афзуд, ки ба Амриддин дар баромади аввал зоҳиран моддаи беҳушкунанда дода буданд, то инсон надонад чӣ мегӯяд ва чӣ кор мекунад ва ин, аз видео мушаххас аст, вале дар баромади дуввум, ки зоҳиран солим аст, Амриддин ба мо мехоҳад бигӯяд, ки ӯ ва хонаводааш зери хатар ҳастанд, онҳо гаравгони режими Раҳмон мебошанд ва мавриди озору азияти ин режим қарор мегиранд.
Султонзода изҳор дошт, ин як сигнал ба мову шумо аз сӯи Амриддин аст; Амриддин мехоҳад бигӯяд, ӯ ва оилааш гаравгони ҳукумат ҳастанд.
Ин узви Шӯрои раҳбарии Анҷумани Озодандешони Тоҷик таъкид кард, ки мо набояд гумон кунем, Амриддин дигар таслим шудааст ва изҳори пушаймонӣ мекунад, мо бояд ӯро хуб фаҳмем ва вазъияташро дарк намоем.
Султонзода хотирнишон кард, ки Амриддин таслим нашудааст ва ҳаргиз таслим ҳам намешавад, балки ӯ аз фурсати баромади телевизионӣ истифода карда, ба мову шумо сигнал додааст; сигнал додааст, ки ин ҳукуматро шиносед; ҳукумате, ки ҳеч раҳме ба касе намекунад ва барои мақсадҳои сиёсии худ, аз оилаи инсон – аз зану кӯдаку пиронсолҳо – истифода мекунад.
Ин узви Шӯрои раҳбарии Анҷумани Озодандешони Тоҷик ва фаъоли Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, дар идома ёдовар шуд: “Ман медонам, ин режим чӣ хел бо мухолифони худ рафтор мекунад. Медонам, чӣ хел гаравгон мегирад. Медонам, барои мақсадҳои хеш на кӯдак мешиносад ва на пир ва на ҷавон, аз ҳама суистифода мекунад. Ман ин режимро мешиносам. Мехоҳад, мухолифи худро шиканад. Аз ҳамаи роҳҳо барои шикастани инсон истифода мебарад. Бо ман чунин карда буданд.”
Султонзода бо баёни ин ки режими Раҳмон бадтар аз нозиҳо ва бадтар аз Чингиз аст, гуфт, ки режим ҷавонмард нест, ба ҳама кор даст мезанад, барои расидан ба мақсад, омода аст ҳамаи касофаткориҳоро муртакиб шавад.
Салмон Султонзода дар бахше дигар аз суханони худ, хитоб ба мухолифон гуфт, ки мо бояд вазъияти Амриддинро дарк кунем ва бидонем, ки ӯ маҷбур аст чунин бигӯяд, зеро агар нагӯяд, на танҳо вай, балки аҳлу оилаашро озору азият мекунанд.
Ӯ гуфт, баъзеҳо мегӯянд, ки мо набояд ба қазияи Бадахшон дахолат кунем. Султонзода дар ҷавоб ба ин одамҳо таъкид кард, ки мо, тоҷикҳо ҳама якем, қазияи Бадахшон қазияи ҳамаи мост, бинобар ин, агар як бадахшониро озор диҳанд, мани истаравшаниро низ озор додаанд ва аз ин пас, миёни мо, тоҷикҳо ҷудоӣ нааандозед, ҳамаи мо якем!
Султонзода дар поён, аз ҳама даъват кард, ки бо Амриддин бошанд ва барои озодии ӯ талош кунанд.
Видеои комили Салмон Султонзода:
Рубрики:Дидгоҳ, Ҳуқуқи башар