
Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигори тоҷик, дар вокуниш ба ёддошти рӯзноманигор Сафват Бурҳонов, ки гуфтааст, “Президенти Тоҷикистон ҳақ дорад, ки ҳар касро бахшад… Муҳаммадбоқир (-ро) аз пайгарду фишор озод кунад”, таъкид кардааст: “Ҳар рафтори нораво, ки имрӯз ба Маҳмадбоқир нисбат медиҳанд, ҳанӯз ҷуз даъвое беш нест. Мақомот чизҳое аз хиёли худ мегӯянду далоили бофта низ доранд.”
Вай, бо баёни ин ки “ин далелҳо тадқиқи мӯйшикофона ва мунсифона мехоҳанд ва мутаассифона, муфаттишон ин маҳоратро надоранд ё дидаву дониста онро яксӯ гузоштаанд”, ёдовар шудааст: “Пеш аз он ки гапи “бахшидан” ба миён ояд, мебояд “гуноҳ” исбот шавад, чунки гуноҳи исботнашударо бахшидан ҳам ғайримантиқист, ҳам ғайриимкон ва аз назари ҳуқуқӣ ҳам, дар марҳилаи тафтишу тадқиқ Президент наметавонад аз ҳуқуқи афв истифода кунад.”
Матни пурраи Рустами Ҷонӣ ба шарҳи зерин аст:
“Журналист Сафват Бурҳонов навиштааст: “Ӯ ҳамчун Президенти Тоҷикистон ҳақ дорад, ки ҳар касро бахшад… Муҳаммадбоқир (-ро) аз пайгарду фишор озод кунад.”
Дар бораи бахшиш:
Ҳар рафтори нораво, ки имрӯз ба Маҳмадбоқир нисбат медиҳанд, ҳанӯз ҷуз даъвое беш нест.
Мақомот чизҳое аз хиёли худ мегӯянду далоили бофта низ доранд. Ин далелҳо тадқиқи мӯйшикофона ва мунсифона мехоҳанд.
Мутаассифона, муфаттишон ин маҳоратро надоранд ё дидаву дониста онро яксӯ гузоштаанд.
Пеш аз он ки гапи “бахшидан” ба миён ояд, мебояд “гуноҳ” исбот шавад. Чунки гуноҳи исботнашударо бахшидан ҳам ғайримантиқист, ҳам ғайриимкон.
Аз назари ҳуқуқӣ ҳам, дар марҳилаи тафтишу тадқиқ Президент наметавонад аз ҳуқуқи афв истифода кунад.
Даъвои сардори раёсати маориф Лутфулло Наврӯз бояд дар як суди мунсифона ва боз баррасӣ шавад. Дар сурати ошкор шудани айби Маҳмадбоқир, ӯ ҷазо мегирад, ё ҳамин Наврӯзов аз даъвояш мегузарад.
Ҷои ба “психушка” равон кардани Маҳмадбоқир, генерал Навҷувонов аз тарафи ҳукумат тадқиқи соф ва суди беғаразро кафолат диҳад.
Ингуна даъвоҳо дар судҳо ҳазорҳо маротиба баррасӣ шудаанд ва бештари онҳо бе ҳабси пешакӣ сурат мегирад.
Дар ҳич куҷо нашунидам ва надидам, ки барои ҳабси гумонбар дар чунин айбҳо ин қадар нерӯи низомиро ба кор андозанд.
Рӯшан ва фаҳмост, ки “қазияи маорифчӣ”-ро мақомот барои лиқои инсонӣ бахшидан ба аъмоли ношоями хеш пеш кашидаанд.
Маҳмадбоқирро чу озордиҳандаи муаллим таҷассум кардан, афкорзост, таъсири бештар дорад. Ба ин васила гумон доранд, дили мардумро меёбанд.
Ҳар рӯз, қариб дар ҳар минтақаи Тоҷикистон омӯзгоре аз тарафи мақомот таҳқиру озор мебинад. Надидем ҳукумат дар ҳалли онҳо ин қадар часпу талош кунад, ки ҳоло дар Помир нишон медиҳад.
Мисоли рӯшани он ҳам, худи ҳамин аъмоли Лутфулло Наврӯзов аст, ки бо суистифода аз ваколатҳои худ, омӯзгорони вилояти Бадахшонро таҳқиру таҳдид ва онҳоро маҷбур мекард, ки нишондодҳои дурӯғ диҳанд, аз тариқи телевизор бӯҳтон зананд.
Ба чашми прокурорҳои “қонундӯст” ин чиз наметобад. Ҳамчунин, ҳоло маълум нест, даъвои ӯ дар ҳаққи Маҳмадбоқир рост аст ё дурӯғ.
Ин ки Сафват навиштааст, Президент метавонад, “Муҳаммадбоқир (-ро) аз пайгарду фишор озод кунад,” рост аст.
Президент агар хоҳад, метавонад.”
Карикатура аз сайти БгиДега
Рубрики:Нақду назар, Ҳуқуқи башар