(Тағйиру иловаҳо дар сохторҳои давлатӣ ва Қонуни асосии Тоҷикистон ба манфиати кист? (8))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз”(21)
4) Рӯзе расидааст, ки баъзе сохторҳое, ки масъулияти худро бояду шояд иҷро карда наметавонанд, бояд барҳам дода шавад.
Масалан, “Тоҷикматлубот” дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон кадом корҳоро иҷро менамояд? Мағозаҳои давлатӣ барҳам хӯрдааст, аз хориҷи кишвар молу коло оварда наметавонанд? Ҳатто дар дохили кишвар меваю сабзавот ва пӯсту мӯро ҳам захира намуда, ба хориҷи кишвар содиротро ҳам ба роҳ монда наметавонанд? Ё ки меваи хушкро тоҷирон ва соҳибкорон аз дохил ба хориҷи кишвар мебароранд, ҳукумат гузориш медиҳад, ки 85 000 тонна меваи хушкро содир кардем, ин мардумфиребӣ то ба кай?
Ва ё мардумро бо маҳсулоти саноатӣ ва озуқаворӣ таъмин намудан, фарсахҳо дур мондааст?
Ҳамаи ин корҳоро соҳибкорон ва тоҷирони маҳаллӣ бо мушкилоти сангин иҷро менамоянд.
Ба ҳукумат аз кадом фаъолият гузориш медиҳанд, муаммо аст?!
Онҳо гурги борон дида ҳастанд, мумкин аз ҳисоби якчанд бозорҳо ва иҷораи биноҳои дар давраи Шӯравӣ сохташуда зиндагии худро чарх занонанд.
Мумкин бигӯянд, ки дар қонун кооператсия омадааст ва Иттифоқи Тоҷикматлубот ғайридавлатӣ аст ва ғайраю ғайра, вале дар зерпояи давлатӣ ташкил шудааст. Биноҳо ва бозорҳо ҳама давлатӣ ва ё ҷамъиятӣ ҳастанд.
Инҷо ба кормандони шӯъбаҳои ин идора як маслиҳати муфид медиҳам: агар хоҳед, ки иқтисодиёти Тоҷикистон рушд кунад ва худи Шумо зиндагии обод дошта бошед, бояд дар наздиктарин вақт донишу малака ва ташкилотчигию кордонии худро истифода бурда, барои мақсади дар кооператсияи матлубот нишондодаи худро иҷро намудан, ба соҳибкорӣ даст бизанед. Ҷои корӣ ташкил намоед, яъне сехҳои коркарди маҳсулоти кишоварзиро ба роҳ монед, ба монанди консервабарории қутти банкаҳои мевагӣ, буттамевагӣ, сабзавотӣ ва сехҳои шакарбарорӣ, ордкашӣ, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, зироатҳои ғалладонагӣ, фермаҳои чорводорӣ, коркарди маҳсулоти пӯсту мӯ ва коркарди маҳсулоти ширию гӯштӣ ва он чи ки тавоноӣ доред ташкил намуда, ба бозор бароред, ана дар он сурат, ҳам ба миллат фоида меоред ва ҳам ба худ.
Аз Прокуратураи генералӣ борҳо хоҳиш кардам ва бори дигар эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки фаъолияти чунин сохторҳоро мавриди санҷиш қарор бидиҳед, то ки кормандони чунин идораҳо масъулияти давлатӣ, роҳбарӣ ва инсонии худро ҳис кунанд. Ва дар сурати фиреб додани Ҳукумат ва миллат, делои ҷиноӣ кушода шавад.
Дар солҳои охир шӯъбаи амниятии Хадамоти гумрукӣ назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди раисҷумҳур барҳам дода шуд ва барҳамдиҳӣ дар дигар сохторҳо ҳам давом дода шавад.
Дар интиҳои ин банд, барои гузарондани таҷриба, дар баъзе сохторҳои вилоятии давлатӣ пешниҳод менамоям: фаолияти сохторҳои вилоятии кооператсияи Иттифоқи Тоҷикматлубот, Раёсати нозироти андоз дар вилоятҳо, Хадамоти гумрукии вилояти, шӯъбаи маориф ва илм, шӯъбаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ — вилояти Суғд ва Хатлон ба мӯҳлати 5 сол қатъ карда шавад. Идораҳои шаҳрию ноҳиявии вилоятҳои зикршуда бевосита ба идораҳои марказии кооператсияи Иттифоқи Тоҷикматлубот, Кумитаи андоз ва Агентии гумрукӣ назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон сару кор бигиранд.
Чунин амал ду тарафи мусбӣ дорад:
— аз як тараф пули буҷа сарфа карда мешавад;
— аз тарафи дигар, хӯранда ва зулм нисбати тоҷирону соҳибкорон ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ камтар мешавад.
Сабаби пешниҳодҳо, яъне се сол пай дар пай дар сохторҳои давлатӣ аз 5% то 10% ихтисор намудани зинаҳои гуногун ва тӯли панҷ сол қатъ намудани фаъолияти панҷ идораи вилояти якчанд сабаб дорад:
1) Аввалан, на ҳамаи кормандони давлатӣ бо моҳонаи 1300-1400 сомоние, ки пардохт карда мешавад, зиндагии худро ба пеш бурда наметавонанд ва фаолияти худро қатъ намуда, роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд;
2) Дуюм, сохторҳои давлатиро аз поён то боло бесаводон фаро гирифтааст, дар натиҷа, дар соли 2021, қисме аз онҳоро аз вазифа сабукдӯш карданд ва қисми дигари онҳо бо хоҳиши худ аз кор рафтанд;
3) Сеюм, моҳонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳо ду баробар баланд бардошта шавад, то ки масъулин корро тарк накунанд.
Ҷумъа Давлат, раиси Оҷонсии хадамоти давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15 феврал дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе, аз кор рафтани 3000 нафар хизматчии давлатӣ хабар дод.
Инҷо, аз рӯи омори расмии Оҷонсии хадамоти давлатии назди Президенти Тоҷикистон, кормандоне, ки аз идораҳои мақомоти давлатӣ дар соли 2021-ум аз кор рафтаанд ва ё озод карда шудаанд ифшо менамоям:
— 3000 нафар хизматчии давлатӣ бо хоҳиши худ аз кор рафтанд;
— 5501 нафар аз вазифаҳои гуногуни давлатӣ озод карда шуданд;
— аз ҷумла, 3601 нафар ба хоҷагиҳои худ гузаштанд;
— 271 нафар ба синни ниҳоии нафақа расиданд;
— 16 нафар бо амри илоҳӣ вафот карданд;
— 16 нафари дигар бо сабаби тамомшавии муддати шартномаи корӣ, фаъолияташон қатъ карда шуд;
— 37 нафар масъулини зинаи болои бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд;
— 1580 нафар аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаронда шуданд;
— 107 нафар дар натиҷаи таҷдиди сохтори нав озод ва таъин шуданд. Яъне 1687 нафар масъулин аз як идора ба идораи дигар гузаронда шуданд.
Шӯҳрат Латипов, коршиноси масоили иҷтимоӣ, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст: “Агар яке аз сабабҳои аз кор рафтани хизматчиёни давлатӣ маоши кам бошад, пас сабаби асосии он дар ивазшавии роҳбарият аст, чунки ҳар як роҳбар дар шароити кунунӣ бо кормандаи худаш меояд ва ё кормандони собиқро бо ҳар баҳона аз кор меронад ва худиҳоро таъин мекунад.”
Масалан, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Дастгоҳи президент, ММ МО, раиси шаҳри Душанбе, бонкҳо, ҷонишини бонки миллӣ, сафирҳо, захираҳои табиӣ — яъне ҳамаро аз худ кардааст. Раиси Кумитаи андоз Давлатзода Нусратулло Муқим, ҳамаи авлодашро бародарон, писару домодҳо, ҳамсояю ҳамдеҳаҳо ҳамагӣ зиёда 250 нафарони худиро ҷамъ кардааст… Чунин мисолҳо зиёданд.
Ҳатто қонун ҳаст, ки дар як идора аз як оила шахси дуюм ҳуқуқи кор карданро надорад.
Бархе соҳибназарон мегӯянд, хешутаборбозӣ, фазои номусоиди корӣ, фасод ва набудани баробарӣ барои тамоми мутахассисон сабаби аслии барканории хизматчиёни давлатӣ мебошад.
Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ба эътиқоди коршиноси иқтисодӣ Фозилҷон Фатҳуллоев, таваҷҷӯҳ ба кор дар сохторҳои “калидӣ” нисбат ба дигар ниҳодҳои давлатӣ бештар аст, зеро дар онҳо фасодкорӣ густурда буда, коргарон на танҳо ба маош, балки ба дигар манобеи даромад умед мебанданд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон 18701 нафар хизматчии давлатӣ кор мекунанд, ки аз ин шумора 24,1 фоизро занон, 48,8 фоизро ҷавонон ташкил мекунанд, ки ин шубҳаовар аст. Агар занону ҷавонон 24,1+48,8=72,9 фоизи кормандонро ташкил кунанд, мардони аз синни 35 то 70 сола ва аз ин ҳам боло ҳамагӣ 27,1 фоизро ташкил медиҳанд, ки ин аз ҳақиқат фарсахҳо дур аст.
Масъулини мӯҳтарам! Дар интихоби кадрҳо доираро убур кунед, шахсони кордон, илмомӯхта, дилсӯз, ҷавонмард, ростгӯ, фидокор, лаёқатманд, ки ба давлат самимият, садоқат ва меҳру муҳаббат дошта бошанд.
Идома дорад