Дидгоҳ

Ноҳияҳои хурдро бояд муттаҳид кард

(Тағйиру иловаҳо дар сохторҳои давлатӣ ва Қонуни асосии Тоҷикистон ба манфиати кист? (9))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз”(22)

5) Муттаҳид намудани ноҳияҳо.

Ноҳияҳои хурдро бо ҳам муттаҳид намуда, баъзеи онҳоро ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе ҳамроҳ карда шавад. Масалан ба Агломератсияи шаҳри Хуҷанд — шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон, Истиқлол ва ноҳияи Б. Ғафуров. Шаҳракҳое, ки дар қаламрави дигар ноҳияҳо буда, ба тобеияти ҳамон ноҳияҳо дода шавад, ба монанди шаҳраки Адрасмон ва Наугарзан.

Баъзе деҳаҳои ноҳияи Б. Ғафуровро аз сабаби наздик будан, ба ноҳияи Мастчоҳ ҳамроҳ карда шавад. Чаро? Чунки якчанд деҳаҳои шимолии кӯҳи Муғул нисбати маркази ноҳияи Б. Ғафуров ба маркази ноҳияи Мастчоҳ ду се маротиба наздиктар аст.

Сабаб: Аввалан шаҳрҳои номбаршуда ба шаҳри Хуҷанд наздик шуда ва ҳатто пайваст шуда истодаанд. Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар шаҳри Бӯстон. Стансияи роҳи оҳани шаҳри Хуҷанд дар маркази ноҳияи Б.Ғафуров ҷойгир шудааст. Дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроқум) нерӯгоҳи барқи обии “Дустии халқҳо” барои шаҳри Хуҷанд сохта шуда буд, шаҳри Гулистон ва Бӯстон ба шаҳри Хуҷанд хеле наздик шудааст ва ҳоказо.

Сониян, буҷаи панҷ воҳиди маъмурӣ якҷоя карда шавад, барои рушди соҳаҳои саноат, сохтмон, нақлиёт, роҳҳои нақлиёти автомобилгард равона карда мешавад. Барои таъмини аҳолии шаҳри Хуҷанд истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби заминҳои кишти пахтаи ноҳияи Б. Ғафуров ба зироатҳои аввалияи мардум ва боғдорӣ, токпарварӣ бар гардонда мешавад. Ва барои ташкили ду фермаи калони чорводории моли калони шохдори 500 сари модагов дошта, дар назди шаҳри Хуҷанд шароит пайдо мешавад, ки ҳам барои пайдоиши ҷои корӣ ва ҳам мардуми шаҳри Хуҷанд ва атрофи онро ба маҳсулоти ширию гӯштӣ таъмин карда мешавад.

Ҳаминтавр ноҳияи Ҷ. Расулов бо ноҳияи Спитамен;

— ноҳияи Шаҳристонро ба ноҳияи Истаравшан;

— ноҳияи Масчоҳ бо ноҳияи К. Масчоҳ муттаҳид карда мешавад.

Дар ин тақсимбандии маъмурӣ, 18 воҳиди маъмуриро ба 11 адад воҳиди маъмури тақсимбандӣ поён оварда мешавад.

Ҳамчунин ба Агломератсияи шаҳри Душанбе ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакиро (ба ҷуз қисмати ҷанубӣ- ғарбиаш), қисми ҷанубӣ-ғарбии ноҳияи Рӯдакиро ба ноҳияи Ҳисор ҳамроҳ намуда, аз қисми шарқии ноҳияи Ҳисор ба шаҳри Душанбе дохил намуда, ба се ноҳияи шаҳри Душанбе тақсим карда мешавад. Аз ҳисоби заминҳои кишти пахта, зироатҳои талаботи ҳаррӯза ба монанди сабзавоту меваҷот ва маҳсулоти ширию гӯштӣ баргардонда мешавад. Ва дар қисмҳои шарқӣ, ҷанубӣ ва ғарбии шаҳр аз ҳисоби заминҳои кишти пахта се фермаи комплексии чорводории моли калони шохдорӣ то 1000 сар модагови зоти шири дошта ташкил карда шавад, то ки аҳолии шаҳрро бо маҳсулоти ширии экологӣ таъмин намояд. Пас аз як ду сол фермаҳои бурдоқипарварии моли калони шохдор ба роҳ монда мешавад, то ки таъмини аҳолии шаҳри Душанбе бо гӯшти сифатнок беҳтар шавад.

Дар ноҳияи кӯҳӣ, яъне ноҳияи Варзоб, нишебиҳои ҷанубӣ ва шимолии қаторкӯҳи Ҳисор фермаҳои — рамаҳои моли хурди шохдор, яъне бузу гӯсфандро ташкил намуда, шумораи онҳо ба таъмини чарогоҳҳо нигаронда мешавад.

Дар минтақаи кӯҳии шаҳр сохтмонҳои саноатӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва нуқтаҳои профилактикӣ, санаторияҳо, ҷойҳои истироҳатӣ, шифохонаҳо, истгоҳҳои фароғатӣ-варзишӣ, варзишӣ-сайёҳиро ташкил намуда, аҳолӣ аз ҳисоби буҷаи шаҳр истироҳат ва муолиҷа мекунанд.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳур ва вилояти Хатлон ҳамчунин тақсимбандии маъмурӣ гузаронда шавад, то ки воҳиди ноҳияҳои маъмурии Тоҷикистонро аз 62 воҳид ба 30-35 адад воҳиди маъмурӣ фароварда шавад. Яъне он ноҳияҳое, ки якунимбаробари буҷаи ноҳиявӣ даромад надоранд, ҳатман ба дигар ноҳияҳо ҳамроҳ карда шавад. Воҳиди маъмурии ноҳияҳо чӣ қадар кам шавад ҳамон қадар ба фоидаи миллат ва давлат аст.

Инҷо як лаҳзаи таърихиро дар шакли мухтасар ба рӯи қоғаз меорам.

Дар давраи Ҳокимияти Шӯравӣ баъзе шахсони мансабталабу мансабталош барои хостаҳои худро амалӣ намудан, ноҳияи Ғармро ба ду ноҳияи алоҳидаи Ғарм ва Тоҷикобод тақсим намудан талош меварзанд. Хело талошҳои зиёдеро анҷом медиҳанд.

Масъулони КМ ҲКТ барои халосӣ аз ин роҳи интихобкардаи мансабталошон, ба сарварони ду хоҷагии калони вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд), ба хоҷагиҳои ба номи “Москва” (ҳоло С. Ӯрунхуҷаев), ноҳияи Хуҷанд, (ҳоло Бобоҷон Ғафуров) ба Саидхуҷа Ӯрунхуҷаев ва ба раиси хоҷагии ба номи “Ленин” (ҳоло А. Самадов)-и ноҳияи Пролетар (ҳозира Ҷ. Расулов) ба Абдуғаффор Самадов ва ба Котиби якуми Ҳизби коммунистии ноҳияи Ғарм супориш дода мешавад.

Оиди даромади солонаи хоҷагиҳои худ гузориш омода намоянд. Пас маҷлиси солонаи ҳисоботӣ — ноҳиявӣ даъват карда мешавад.

Дар маҷлис намояндаи КМ ҲКТ масъулони ноҳиявӣ, хоҷагиҳо, мансабталошон, С. Ӯрунхуҷаев ва А. Самадов иштирок мекунанд. Дар навбати аввал ба Котиби якуми Ҳизби коммунисти ноҳиявӣ оиди даромади солонаи ноҳия сухан дода мешавад ва баромадкунанда нуқта ба нуқта аз даромади солонаи ноҳия гузориш медиҳад. Баъд ба раиси хоҷагии ба номи “Москва”, С. Ӯрунхуҷаев ва ба раиси хоҷагии ба номи “Ленин”, А. Самадов оиди дастовардҳои солонаи хоҷагии худ гузориш медиҳанд. Аз рӯи хоҷагиҳои зикршуда маълум мешавад, ки даромади солонаи хоҷагиҳои зикршуда ҳар яке дар алоҳидагӣ аз даромади солонаи ноҳияи Ғарм баланд будааст. (Ҳоло дар боло зикр кардем, ноҳияи Ғарме, ки баробари як хоҷагии колхозӣ даромад надошт, ба ду райони алоҳида тақсим шудааст, ки раиси яке аз ин ноҳияҳо ба чанд кори зишт даст задааст, ки шумо худ аз шабакаи иҷтимоии “Ислоҳ тв” огоҳ гашта будед.)

Баъд аз хотимаи маҷлис мансабталошонро ба шаҳри Душанбе даъват мекунанд.

Якчанд сухан оиди яке аз сарварони хоҷагӣ донишманд, кордон, ғамхор С. Ӯрунхуҷаев чанд нуқтаро иншо менамоям. Бо пешниҳоди С. Ӯрунхуҷаев пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ 22 хоҷагии хурдро ба як хоҷагии нисбатан бузург муттаҳид карда мешавад. Пас аз чанд соли муттаҳидшавӣ аз ҳисоби даромади хоҷагӣ бинои боҳашамати “Қасри Арбоб” аз рӯи лоиҳаи муҳандисони петербургӣ сохта ба истифода дода шуд. (Дар ин қаср ҷаласаи “таърихӣ”-и 16-уми сессияи Шӯрои олӣ баргузор шуда буд.) Боз мактаб интернат бо хобгоҳаш барои 600 нафар хонанда, санатория дар мавзеи Ҳавотоғ (дар ноҳияи Истаравшан), беморхона, 3 дармонгоҳ, 16 бунгоҳи тиббӣ, боғчаҳои бачагона сохта ба истифода дода шудааст.

Ин марди меҳнатдӯст, хоксору нотакрорро бо сабаби меҳнати шоёнашон ду маротиба бо унвони “Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ” мукофотонида шуд. Худованди маннон манзили охираташонро ҷаннатул фирдавс гардонида бошад!

Дар интиҳои ин банд сухани хотимавии худро бо сухани арзишманди хонум Ҳалимаи Яъқуб, раисиҷумҳури Сингопур ба интиҳо мерасонам. Вақте, ки дар масдари қудрат қарор гирифт, фасодро дар Сингопур ба сифр расонд. Ӯ мегуяд:

Хатарноктарин фард барои як ҷомеа ва як кишвар касе аст, ки бихоҳад мудом дар қудрат бимонад. Ӯ ватанфурӯш ва хоинтарин шахс аст, чаро ки бо иҷозат надодан дар ба қудрат расидани дигарон, фурсати хидмати нухбагон ва афкори тозаву пешрафтаро аз он ҷомеа ва аз он кишвар ҷудо мекунад. Бо чунин касе ба монанди як душман мубориза кард. Ман Ҳалима Яъқуб, бандае аз бандагони Худо ҳастам ва аз Худо метарсам. Ҳар касе мехоҳад бо ман барои мардумӣ Сингопур кор кунад, ман ба хотири Худо хоҳари ӯ ҳастам…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s