Баёнияҳо

Баёнияи ПМТ дар хусуси кӯмак ба убури муҳоҷирон аз Украина ба Лаҳистон ва ҷойгор кардани онҳо

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) бо судури баёнияе, аз убури муҳоҷирони зиёд аз ҷумла тоҷикистониҳо аз Украина ба Лаҳистон хабар дода, тасреҳ кард, ки барои ин кор ПМТ ситоди вежаеро ташкил кард ва ин ситод дар чанд рӯзи гузашта кӯмакҳои лозимро расондааст.

Баёнияи Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ба шарҳи зерин аст:

Бо назардошти вазъи Украина, бо дастури роҳбарияти Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), рӯзи 23-юми феврали соли ҷорӣ Ситоди Украина ташкил карда шуд. Шоҳнаими Карим, муовини раиси ҲНИТ раиси Ситод таъйин гардид. Ҳамчунин дар Ситод 15 нафар афроди ботаҷрибаи корӣ дар заминаи ҳуқуқӣ, дипломатӣ ва расонаӣ аз ҷумла аз кишварҳои Лаҳистон, Олмон, Литва, Утриш ва Фаронса ба кор шурӯъ карданд.

Вазифаи Ситод дар марҳилаи аввал иборат аз инҳо буд:

1- Омӯзиши сареъи вазъи Украина;

2- Тартиб додани омори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина;

3- Барқарории иртибот бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина.

Баъд аз омӯзиши вазъи Украина ва ҳамлаи Русия ба ин кишвар дар таърихи 24–уми феврал, Ситод ба хулосае омад, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қасди хориҷ шудан аз Украинаро доранд, кӯмак намояд. Бинобар ин:

1- Листи шаҳрвандони Тоҷикистон таҳия шуд;

2- Ба ҳамаи онҳо мавшварат дода шуд, ки ҳарчӣ зудтар тариқи яке аз марзҳои Украин ба ҷои амн хориҷ шаванд.

Сипас, Департаменти Равобити хориҷии ПМТ ба роҳбарияти умумии марзбонии Лаҳистон нома фиритода, хоҳиш намуд, ки ба муҳоҷироне, ки қасди ворид шудан ба Лаҳистонро доранд, кӯмак намянд.

Якбора рӯзи 25–уми ферал баъди муташанниҷ шудани вазъ, даҳҳо ҳазор шаҳрвандони Украина ва шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, ки бо сабабҳои мухталиф дар кишвари Украина ба сар мебурданд, ба марзҳо ҳуҷум оварданд. Баъд аз зуҳри рӯзи 25-уми феврал аввалин муҳоҷирони тоҷик ба марзи Краковиетс–Корчоваи байни Украина ва Лаҳистон расиданд.

Ҳамин тариқ, хориҷ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Украина оғоз шуд. Дар ин миён аз шаҳрвандони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон ҳам, ки ба трафи марзи Лаҳистон омада буданд, талаби кӯмак шуд.

Вақте аксари муҳоҷирони тоҷик ба марзҳо расиданд, аз таърихи 26-уми феврал бо тасими Ситоди Паймони Миллии Тоҷикистон, дар кишвари Лаҳистон Ситоди қабули муҳоҷирони Украина ташкил карда шуда, Исломҷон Саидов масъули намояндагии ПМТ дар Лаҳистон раиси Ситод таъйин шуд. Ситод бо имконоти зерин:

— 35 узви кории фаъол;

— 10 мошини сабукрав;

— Беш аз 20 хонаи истиқоматӣ

корро шурӯъ кард.

Тибқи гузориши Ситоди қабули муҳоҷирон дар Лаҳистон то рӯзи 28-уми феврал 131 нафар шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, бо раҳнамоӣ ва кӯмаки Ситоди мазкур вориди Лаҳистон шудааст, ки аз ин теъдод 29 нафар кӯдак, 37 нафар зан ва 65 нафар мард мебошанд. Ин 131 нафар, ки 10 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон, 2 – нафар шаҳрванди Украина ва бақия шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, дар 20 хонаи истиқоматӣ ҷой дода шудаанд. Ҳамчунин барои 50 нафари дигар дар ҳостелҳо ҷой гирифта шудааст. Баъзе аз муҳоҷирон ба мудддати 1 то 3 рӯз дар Лаҳистон монда, сипас Лаҳистонро ба мақсади кишварҳои дигари Иттиҳодяи Аврупо тарк кардаанд.

Тибқи иттилоъи Ситоди қабули муҳоҷирони намояндагии ПМТ дар Лаҳистон, баъд аз ташкили Ситод даҳҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба масъулон ва аъзои кории Ситод занг зада талаби кумак ва раҳнамоӣ кардаанд ва ин раванд то бегоҳи рузи 28 – уми феврал идома доштааст.

Гузориш ва иттилоияи муфассали фаъолияти Ситод дар рӯзҳои баъдӣ нашр хоҳад шуд.

Паймони Миллии Тоҷикистон

01.03.2022

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s