Рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ, дар ёддоште таҳти унвони “Аз Помир Гетто насозед!”, бо таъкид бар ин ки “волоияти қонун” дар фаҳми мақомот ҷуз амириву шоҳигарии овони манғития нест, навиштааст, волоияти қонун яъне “ҳар чӣ дилашон бихоҳад ҳамонро кунанд, ҳар киро хоҳанд забардаст ва ҳар киро фақиру мондаву маҳрум бикунанд.” Ӯ афзудааст: “Ин дар Тоҷикистон рафта-рафта ба одати умум табдил меёбад. Аксар ҳам ба амри “бояд чунин бошад” хӯ кардаанд, дар он барои худ як гӯшаи амн гӯё ёфтаанд.”
Машрӯҳи ёддошти Рустами Ҷонӣ ба шарҳи зерин аст:
“Се моҳ аст рағми қонун интернетро дар Хоруғ бастаанд. Фақат баргузидагон, ки аз аҳли дарбору сарбозони онанд, аз ҳаққи вуруд ба интернет бархӯрдоранд.
Ҳамчунин, он табақаи маддоҳу дурӯғпарокан, ки ба пиндорашон, муборизаи иттилоотӣ мебаранд, ҳамон гандҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳти унвони “волоияти қонун” нашр мекунанд.
Дар ин матнҳо, бо вуҷуди чунин унвони муққадасу покиза, бо камоли бехирадӣ ҳарфи қонунро олуда месозанд. Бо тамошои кирдори онҳо, дигар на ба қонун бовар мемонаду на ҳомиёнаш.
Бо вуҷуди ин, набояд хаста шавем ва ҳамеша аз таги пойи онҳо қонунро гирифта, пеши чашмонашон монем. Ин аз воҷиботи рафтор аст.
Мақомот медонанд, пеши ваҷҳҳои мардум бо дурӯғи худ пойдор намемонанд. Аз ин рӯ, ҷон канда аз ҳар ҷониб бо имконоти худ гирди Бадахшон шиғ мекашанд.
Ҳоло Бадахшонро мехоҳанд ба як ГЕТТО табдил диҳанд ва ҷомеаро бар тибқи андеша ва боварҳои худ “тағйир” ё “ислоҳ” кунанд.
Ин “тағйиру ислоҳ” аз мисоли нуқоти дигари ҷумҳурӣ маълум аст чун аст. Онро унҷоҳо ҳам “волоияти қонун” унвон карда, мардумро зери султаи як маҳалл гирифта, бадтарин рафторро бо онҳо мекунанд.
“Волоияти қонун” дар фаҳми ин тӯда мардум, ки бо амри тақдири шум аз ҳукумат намояндагӣ мекунанд, ҷуз амириву шоҳигарии овони манғития нест.
Яъне, ҳарчӣ дилашон бихоҳад ҳамонро кунанд, ҳаркиро хоҳанд забардаст ва ҳаркиро фақиру мондаву маҳрум бикунанд.
Ин дар Тоҷикистон рафта-рафта ба одати умум табдил меёбад. Аксар ҳам ба амри “бояд чунин бошад” хӯ кардаанд, дар он барои худ як гӯшаи амн гӯё ёфтаанд.
Бехабар аз онки ин гӯша то вақти дар назар уфтоданаш амн аст.
Мурод ҳам аз бастани интернету шиғ кашидани Помир ҳамин аст, ки теғу табарашонро дигар сангҳои сахти он кунд накунад…
Охир инҷо хосият санг аст ва ба қавли Мӯъминшоҳ “маъво” низ…”
Рубрики:Дидгоҳ, Нақду назар, Ҷомеа