“Тафтишотҳои бемавриди супоришӣ ба фирори соҳибкорон, қатъ намудани фаъолият, ба фалаҷшавии иқтисодиёти кишвар ва касри ташвишовари буҷа оварда расонд ва давом дорад. Мӯҳтарам намояндаҳои сохторҳои давлатӣ! Ҳоло дер шуда истодааст, зуд аз зулм кардан ба соҳибкорон ва аз ҷайби онҳо дасти худро бардоред! Онҳоро ба ҳоли худ гузоред, то ки зиндагиашонро бинанд…”
(Чаро андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати кишварҳои ҳамсоя ду баробар баланд аст? (1))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз”(23)
Кумитаи андоз дар кишвар бояд як маятники нигоҳдоранда ва пуркунандаи буҷа ва ба рушди иқтисодиёт таъсир гузор бошад. Вале кумитаи андоз, дар кишвари мо яке аз сохтори истисморкунанда буда, рӯз ба рӯз зулми масъулони ин кумита ба соҳибкорони хурду миёна афзуда истодааст. Дар натиҷа, ҳар сол садҳо ҳазор тоҷирону соҳибкорон кору фаъолияти худро қатъ мекунанд. Кормандони кумитаи андоз ба монанди замбӯруғӣ пас аз борони фасли баҳор сар боло карда, ки кулли онҳо фарҳанги инсониро надоранд, гӯё соҳибкорон дар назди онҳо ғулом бошанд. Вале шукр намекунанд, ки зиндагонии ширини онҳо аз ҳисоби зиндагонии талх доштаи соҳибкорон чарх зада истодааст.
Ҳатман дар ин кумита ислоҳоти — ихтисори кормандон, аз ҳисоби шахсони бесаводӣ — фарҳанги миллӣ надошта гузаронда шавад.
Зиёдшавии кормандон дар ин кумита бар зарари соҳибкорони хурду миёна буда, асосан онҳо ба ҷаримабандӣ машғуланд.
Ҷаримабандии аз ҳад зиёд соҳибкоронро аз соҳибкорӣ дилхунук карда истода, сабаби қатъ кардани фаолияти соҳибкорӣ шуда истодааст.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо рӯзноманигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, Усмон Ниёзӣ, оиди кормандони Кумитаи андоз чунин мегӯяд. “Инспектори андоз, пеш аз ҳама, маслиҳатчӣ ва роҳнамо дар ҳамон корхона ё ширкате бошад, ки ба ӯ вобаста карда шудааст. Аммо имрӯз инспектори андоз ба як шахси тарсонанда табдил ёфтааст. Вақте ки вай вориди ширкат ё корхонае мешавад, аз директор то фаррош дар тарсу ҳаросанд. Оҳ, налогчӣ ё андозчӣ омадааст, мегӯянд. Инспектори андоз баробари вориди корхона шудан, на салому алейки дуруст дорад, на як муносибати инсонӣ. Ба ҳама мисли як ҷинояткор муносибат мекунад. Гӯё шахсе аст, ки бо ин амалаш адолатро бароҳ мемонад. Ниҳоят, оқибати ин чӣ мешавад, худатон медонед…”
Бале, медонем ва ҳама медонанд, талаби “доля”.
Инҷо каме саргузашти талхи худро мухтасар иншо менамоям. Ман ҳамчун як соҳибкори кӯчак дар шаҳри Хуҷанд кору фаъолият мекардам. Дар соли 2014 сохторҳои гуногуни давлатӣ ду ошхона ва ду ҳуҷраи ба доруфурӯшӣ додаи хусусии маро, дар умум 18 маротиба, аз 1200 сомонӣ то 4000 сомонӣ ҷаримабандӣ намуданд. Яъне, кормадони Кумитаи андози шаҳрӣ ва вилоятӣ, Садорати маркази санитарию эпидемиологӣ, Стандарти давлатӣ, Идораи сӯхтор хомӯшкунӣ, экологӣ, Нозири участкавии ШКД ва ғайра, зери тафтишоти шадиди пешаки тарҳрезишуда ба назорати худ гирифтанд.
Яке аз рӯзҳои фасли тобистон, рӯзи ҷумъа корманди корхона занг зада даъват менамояд, ки аз сохторҳои гуногуни давлатӣ омада ошхонаро тафтиш карда истодаанд ва шуморо мепурсанд. Пас аз намози ҷумъа ҳозир мешавам, гуфта ҷавоб додам. Каме пас аз маъмурияти автостансия, ки ошхонаҳо онҷо ҷойгир буд, аз ҳузури комиссияҳои тафтишотӣ маро огоҳ намуданд.
Баъд аз намози ҷумъа ба ошхона омадам. Вақте ки омада огоҳӣ ёфтам, гурӯҳи тафтишотӣ аз 11 нафар иборат. Меҳмонон аз сохторҳои гуногуни шаҳрӣ ва вилоятӣ ба ҷои мизоҷон дар ошхона нишастаанд. Як нафар аз Кумитаи андозӣ вилоятӣ, ду нафар аз Кумитаи андозӣ шаҳрӣ, се нафар аз Садорати марказӣ санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд, ду нафар аз Идораи стандарти давлатӣ, нозири минтақавии корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд, як нафар худашро ронанда муаррифӣ кард, вале ӯ ҳам аз ягон сохтори давлатӣ буд ва боз як нафари дигар. Танҳо як сухан кардам: “Шумо 11 нафар агар ба ошхона даромада шинед, мизоҷон ба куҷо шинанд?”
Пас аз фурсате, намояндаи Идораи андоз протокол карданро оғоз намуда, аз камбудиҳои ошхона сухане (пурсише) накард, суханро аз: — Чандто ошхона доред, боз кадом нуқтаҳои тиҷоратӣ доред, (ки бе пурсиш ҳам медонист, чунки дар автостансия ба монанди дигар корхонаҳо, ҷосусҳои амниятӣ фаъолияти тиҷоратӣ доранд) – шурӯъ карданд.
Нуқтаҳои тиҷоратии фарзандонамро ҳам ҳамроҳ намуд. Протокол аз 4-5 банд иборат буд. Протоколнавис ду маротиба ба берун баромада, бо сардори супоришдиҳандааш телефонӣ маслиҳат мекард. Ошхона, ки шишагӣ буд, ба ҳузур дида мешуд.
Пас протоколро ҷамъбаст намуд, имзо гузошта, дуои нек намудам. Рафтанд.
Вале аз пагоҳ оғоз карда, ба офисҳои худ дар ҳавои тафсони тобистон даъват карданро оғоз намуданд. Намояндаи Кумитаи андози вилоятиаш даъват кард, ҳамроҳ бо корманди ошхона омада хабар додем. Супориш дод, ки апарати кассаро аз фалон ширкат харем. Харида хабар додем. Боз ба офиси вилоятӣ даъват намуд. Ба офис омадем, вале телефонӣ хабар медиҳад, ки ман ҳозир дар ноҳияи Спитамен, рӯзи дигар дар ноҳияи Б. Ғафуров мешавам, дар роҳи Б. Ғафуров- Хуҷанд интизор шавед, роҳи гузар вомехӯрем ва ғайра…
Маҷбур шуда ба ҷонишини раёсати Кумитаи андози вилоятӣ даромада, аз саргардонии худ хабар додам. Ҷонишини раёсати Кумитаи андози вилоятӣ шахси хеле бофарҳанг будаанд, масъалаи саргардониҳои маро тез дарк карданд ва ба масаълаи мо нуқта гузоштанд. Ҳатто шахсе, ки маро даъват карда буд, дигар даъват ҳам накард.
Дар автостансия зиёда 100 адад нуқтаи савдо ҳаст. Вақте ки бо шумораи 11 нафар як корхонаро мавриди тафтиш қарор медиҳанд, соҳибкорони дигар ба шубҳа меафтанд. Ҳатто як нафари худӣ ноогоҳи онҳо гуфтааст: “Биёед, то омадани соҳиби ин ошхона, дигар ошхонаҳоро дида меистем”. Сардораш ҷавоб медиҳад, ки ба мо танҳо ду ошхона, яъне танҳо ба ошхонаҳои ман, супориш шудааст.
Хулоса, дар алоҳидагӣ идораҳои санитарию эпидемиологӣ, Садорати андози шаҳрӣ, Идораи стандарти давлатӣ, Идораи оташхомӯшкунӣ, дар алоҳидагӣ ҷаримабандӣ намуданд.
Соли 2015-ум то 15 феврал ҷойҳои тиҷоратии маро 5 маротиба ҷарима бастанд, ки ҳар як ҷаримабандӣ то 4000 сомонӣ буд. Ва охирон, дар даҳаи дуюми моҳи феврал, ҳоло санаашро аниқ дар ёд надорам, ду нафар омад. Яке дар тан пуфайкаи милисаро дошт, дигар либосҳояш мулкӣ буд, худро нозири минтақавӣ Дадоҷонов эълом дошт, дигаре дар тан либоси мулки дошт, номашро Акбар гуфт. (Дар вақти дидани ҳуҷҷатҳо нусхаи шиносномаамро дуздидидаанд, ман огоҳӣ надоштам. Вақте ки аз рӯи расми шиносномаам карикатура карда ба кӯчаҳои маҳалла ва ба дари подъезди Илҳомҷон мечаспонанд, огоҳ шудам, ки нусхаи шиносномаамро гирифтаанд.) Хеле вақти маро гирифтанд, то ки ба намози ҷумъа саросема шавам ва протоколи холиро имзо гузораму равам, дар се ҷои протокол имзо гузошта рафтам.
Вақте ки пас аз намози ҷумъа баргаштам, фаҳмидам, ки кормандон зану шавҳар кор мекарданд, мардашро даъват намуда ба куҷое бурдаанд, пас фаҳмидам, ки дар зери коса нимкосае ҳаст… Ҳаволашонро ба ХУДОВАНДИ БУЗУРГ супоридам. Дар ин ҷаримабандиҳои ғайриинсонӣ дасти корманди амнияти миллии шаҳри Хуҷанд, Тӯраев Шодӣ, ҳамчун дирижёр рол мебозид.
Дар натиҷаи тафтишотҳои беохир, фишори хуни бадан ва чашмам баланд шуд. Ба табибон муроҷиат кардам, вале беҳбудӣ набуд.
Фазои носолими шаҳри Хуҷанд рӯз ба рӯз таъсири худро мерасонд, пас барои муолиҷа ва истироҳат 23-юми феврали соли 2015 ба Русия сафар кардам. Ҳоло 78 сол дорам… Аз бисёр лаҳзаҳои гузаштаи зиндагии худ, дар як вақти муносиб, иншоаллоҳ, нақл мекунам.
Ана ҳамин тафтишотҳои бемавриди супоришӣ ба фирори соҳибкорон, қатъ намудани фаъолият, ба фалаҷшавии иқтисодиёти кишвар ва касри ташвишовари буҷа оварда расонд ва давом дорад.
Мӯҳтарам намояндаҳои сохторҳои давлатӣ! Ҳоло дер шуда истодааст, зуд аз зулм кардан ба соҳибкорон ва аз ҷайби онҳо дасти худро бардоред! Онҳоро ба ҳоли худ гузоред, то ки зиндагиашонро бинанд.
Як мисоли равшани дигар оиди сардори нозироти андози шаҳри Бӯстон, Ҳусейнов Бедил, ки ду маротиба аз соҳибкорон барои пул “доля” талаб каданаш интернетӣ шуд. Вай аз мағозаи тиҷоратии таҷҳизоти гази “Атикер”, дар роҳи Хуҷанд — Б. Ғафуров, моҳе 500 доллар “доля” — аз соҳибкор талаб мекунад, ӯ маҷбур мешавад, ки мағозаро ба фурӯш гузорад. Аҷиби кор дар он аст, ки фактҳо тасдиқ намешаванд.
Дар соли 2021, боз се нафарро аз идораи бахши нозироти андози шаҳри Бӯстон, мудири бахши нозироти андоз Бобоев Даврон Мухторҷонович, сармутахассиси нозироти андоз Ғаффоров Парвизҷон ва мутахассиси нозироти андоз, Шарифов Орифҷон бо як ҳолат барканор карда шуд. Вале бо кадом ҳолат, мақомоти расмӣ шарҳ надодааст.
Ҳамчунин сармутахассиси нозироти андози ноҳияи Зафаробод, Муродов Мирзобек Баҳруллоевич ва ҷонишини нозироти андози ноҳияи Ҷ. Расулов Ҷумъаев Олимхон Муродхонович панҷ нафари зик шуда гумонбар, бар содир кардани ҷиноят барканор карда шуд.
Чунин мисолҳо бешуморанд. Бисёри соҳибкорон барои рӯзгузаронӣ аҳли оила ва бо умеди ояндаи нек фаъолият мекунанд…
Идома дорад