Дидгоҳ

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров: “Ба афви Шумо ниёз надорам, мо, мардум бояд шуморо афв кунем”

(Суханронии Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров дар ҷаласаи раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода-Руслан Шодиков)

“Ба воситаи занон паём нафирист, мард бош! Бо ту сари як миз барои гуфтушунид намешинам.

Мардуми бегуноҳро куштед, акнун навбати мо. Ин хел намешавад!

Мо туро намешиносем. Туро ба инҷо фиристоданд. Вазифаҳои худро иҷро ва шаҳрро обод кун.

Ба телевизор часпида ба бӯҳтону тарғибот машғул ҳастед, лекин ин ҳам зидди Шумо мешавад.

На ақл дореду на усул, на далелу на эзоҳ. Моро бо бародарони дарвозӣ ҷанг андохтаниед. Барои чӣ моро душман месозед?

Омаду рафти мо идома хоҳад ёфт. Мо якдигарро дастгирӣ мекунем ва даркор бошад барои якдигар ҷонро дареғ намедорем.

Кунун пеши ман гулӯят қоқ истодаӣ. Туро ҳич кас, ҳатто хешовандонат хуб намешиносанд. Ту ному насабатро тағйир додӣ.

Одамонро куштед.

Постгоҳҳоро аз шаҳр бардоред ва артишро ба қитъаҳои доғи марз бифиристед.

Тарсуиро як тараф мон. Агар хоҳиши хизмат ба мардумро дошта бошӣ, ба ту кӯмак мекунем; барои ободии шаҳр паҳлӯят рост меистем.

Ҳоло моро ҳалқа гирифта, ба кирдоре гунаҳкор мекунед, ки накардаем. Шумо ба мардум хиёнат кардед.

Якҷо бо қирғиз душманӣ меварзед, ҷои дигар бо Толибон, инҷо бошад бо мо. Мисли магас ба ширинӣ часпидаед.

Бе монеа борҳои худро аз ҳудуди вилоят кашед.

Ман мири шаҳр ё президент шуданӣ нестам. Фақат моро ором гузоред. Монед осуда зиндагӣ кунем. Мо осудагӣ мехоҳем.

Агар гапи туро, ҳамчу мири шаҳр, гӯш кунанд, аз шаҳр артишро барор ва ба сокинони шаҳр оромиро баргардон.

Худо ва имом шоҳид, ба афви Шумо ниёз надорам. Мо, мардум бояд Шуморо афв кунем. Шумо барои мо хизмате накардаед.

Ба кафшҳои дарридаам бингаред. Шумо бошед аз ман кадом касе набофтед, терорист хондед.

Шарматон наомад?

Халқ Шуморо дӯст намедорад. Гирди телевизор панҷара кашидед то Шуморо набинанд.

Ба раиси вилоят ин паёми манро расон: Ӯ пеши ман лой хӯрдаст. Ӯ бояд истеъфо диҳад.Мардумро аз ҳузури нохушоянди хеш халос кунад. Равад дар ягон қитъа марзбонӣ кунад. Ӯро чиву раисӣ чӣ?

Қиссае дар бораи латукӯби ронандаҳои боркаш бофтанд. Моро барои буридани дарахтон парванда карданд. Шумо оромии мардумро барҳам задед ҳеч чӣ?

Ҷои дарахти бурида, ниҳоли дигар мерӯяд, аммо ҷонҳои рабудаву дилҳои шикаста чӣ? Зарари расондаатонро чӣ тавр ва кай ҷуброн мекунед?

Постгоҳи назди боғи ботаникӣ ва роҳи Роштқалъаро бардоред. Мо паёми даҳонӣ ва хаттии худро ба Шумо расондем.

Дар бораи вакилон.

Мо вакилони худро пас хондем: онҳоро интихоб ва аз ин мақом маҳрум кардем. Инҳо дигар намояндаи мо нестанд ва ҳақ надоранд аз номи мо гап зананд.

Вакиле, ки мардуми худро бе ҳич асоси қонунӣ «терорист» мехонад, ҳақ надорад намояндаашон бошад ва аз номашон сухан гӯяд….”

Манбаъ: Сафҳаи рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ дар Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s