Сиёсат

Мишел Бачелет: “Аз қатъ шудани мудовими интернет дар Бадахшон мутаассифам!”

Мишел Бачелет, Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон, дар 49-умин ҷаласаи Шӯрои ҳуқуқи башар, ки рӯзи 7 март баргузор шуд, дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Вилояти Мухтори Кӯҳиситони Бадахшон (ВМКБ) сухан гуфт.

Ба гузориши сомонаи Pamir Daily News, Мишел Бачелет аз ҷумла хотирнишон кард: “Хушунат байни нерӯҳои амниятӣ ва тазоҳуркунандагон дар моҳи ноябри соли 2021 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ вазъи ҳуқуқи башар дар ин минтақаро ба мизони қобили таваҷҷӯҳе бадтар карда ва фазои тарсу саркӯбро ба вуҷуд овардааст. Ман аз қатъ шудани мудовими интернет дар ин минтақа таассуф мекунам.”

Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар гузориши солонаи худ ҳамчунин ёдовар шуд: “Чунин басташавӣ ба таври ошкоро ҳуқуқи инсонро поймол мекунад.”

Ин гузориш ҳамчунин ба як қатор давлатҳои дигаре ишора мекунад, ки дар онҳо ҳуқуқи инсон мунтазам поймол карда мешавад.

Ин нахустин вокуниши як намояндаи олирутбаи Созмони Милали Муттаҳид ба ҳаводиси ВМКБ аст, ки пас аз қатли Гулбиддин Зиёбеков ба дасти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар як амалиёти вижа, оғоз шуд. Ин ҳодиса боиси эътирози густурдаи чаҳоррӯза дар маркази ВМКБ, шаҳри Хоруғ гардид. Дар ҷараёни тазоҳурот, нерӯҳои амниятӣ ба қасди қатл оташ кушоданд, ки дар натиҷа ду нафари дигар кушта ва ҳудуди 20 нафар захмӣ шуданд.

Бо гузашти чаҳор моҳ аз рӯзи тазоҳурот то ҳол ягон намояндаи ниҳодҳои қудратӣ ба хотири қатлу куштори мардуми осоишта ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ВМКБ моҳи феврали соли 2021 бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи ин созмон ба ҳодисаҳои Хоруғ ба Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат карда буданд.

Маълум аст, Созмони Милали Муттаҳид роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар ВМКБ таваҷҷӯҳ таваҷҷӯҳ карда ва гуфтушунид бо Душанбеи расмӣ дар ин заминаро идома медиҳад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s