Ахбори Анҷуман

Тарҳи куллии барномаҳои Паймони Миллии Тоҷикистон

Пешгуфтор

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

Бародарон ва хоҳарони гиромӣ!

Инак, тарҳи куллии барномаҳои Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) дар дасти Шумо қарор дорад. Ин барномаҳо шомили даҳ арсаи асосии рушди кишвар дар оянда аст, ки аз нигоҳи ПМТ метавонад замина ва чорчӯби куллӣ барои ислоҳот ва рушди ҳамаи самтҳо ва масоили умумии кишвар қарор бигирад.

Бешак, доираи мавзӯот, ба маротиб бештар аз ин даҳ самт мебошанд, ки ҳамаи онҳо, бо тафсил, шомили ин барнома нагаштаанд. Дар ин барнома, муҳимтарин дидгоҳҳо, роҳкорҳо ва иқдомоти амалии ПМТ барои се соли аввали пас аз тағйири ҳокимият дар Тоҷикистон оварда шудаанд. Табиист, ки ҳар кадом аз ин самтҳо ва мавзӯот, дар навбати худ ниёз ба барномаҳои муфассали соҳавӣ доранд, ки дар марҳилаи иҷроӣ шудани ин барнома, бо назардошти шароитҳои мутағаййир бояд таҳия шаванд.

Ин ки кишвари мо дар як бӯҳрони амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва сохторӣ гирифтор аст, ба касе пӯшида нест. Натиҷаи ин бӯҳрон ҷойгир шудани Тоҷикистон дар радифи понздаҳ кишвари қашшоқтарини дунё мебошад. Бадтар аз ҳама, набуди як барнома ва дидгоҳи мушаххас, барои берун овардани кишвар аз ин вазъият аз тарафи ҳукумат мебошад. Бинобар ин, зарурати ҷойгузинии ин ҳукумат ва низоми феълӣ, бо як ҳукумат ва низоми мардумӣ ва дорои барномаҳои ҷомеъ, тавассути худи мардум, барои миллат қобили дарк хоҳад буд.

Паймони Миллии Тоҷикистон на танҳо ин заруратро дарк менамояд, балки худро омодаи ба дӯш гирифтани мудирияти ояндаи кишвар ва анҷоми ислоҳоти зарурӣ низ мебинад. Барои ба дӯш гирифтани масъулият ва мудирияти кишвар, танҳо изҳори омодагӣ кофӣ набуда, балки вуҷуди се омили зер зарурист:

а) дидгоҳи равшани сиёсӣ;

б) барномаи амалӣ;

в) вуҷуди кадрҳои мутахассис.

ПМТ пас аз се сол таҳқиқ, машварат ва гуфтугӯ бо нерӯҳои ватанӣ, мутахассисон ва фаъолони сиёсиву ҷамъиятӣ, ба ин натиҷа расидааст, ки ҳар сеи ин омилҳо барои пазируфтани масъулият вуҷуд доранд.

ПМТ бар ин бовар аст, ки тағйир додани як низоми диктотурии инҳисорталаб, дар ҳар кишваре, кори осон нест. Ин роҳ қурбониҳо, душвориҳо ва рискҳое ҳам дорад. Аммо таҷрибаи миллатҳои озод ва пешрафта нишон додааст, ки ҳеч миллате бидуни қурбонӣ ва душвориҳо натавонистааст ба истиқлолият ва пешрафт ноил гардад. Ва таъхир ҳам дар ин кор метавонад душвориҳо ва қурбониҳоро бештар кунад.

Яке аз эродҳои баҳаққе, ки ҳамеша ба нерӯҳои сиёсӣ ворид мешуд, надоштани барнома ва дидгоҳи равшани сиёсӣ барои мудирияти ояндаи кишвар буд. Инак, бо нашри ин барнома, ин эрод низ бартарафшуда ба шумор меравад.

Ҳамчуноне ки дар муқаддимаи ин барнома омадааст, ин санад вобаста ба шароит ва омилҳои ивазшаванда қобили ислоҳ ва тағйирот мебошад, то вижагии воқеъбинона ва амалгароёна будани худро аз даст надиҳад.

Ба ҳамаи касоне, ки дар омода кардани ин барнома машварат ва кӯмаки худро дареғ надоштанд, аз номи худ ва ҳамаи аъзову ҷонибдорони Паймони Миллии Тоҷикистон миннатдорӣ баён мекунам. 

Ба умеди пирӯзии Миллат!

Муҳиддин Кабирӣ

Раиси Паймони Миллии Тоҷикистон

Берлин, Олмон

12.02.2022

Муқаддима

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) аз рӯзи таъсиси худ дар соли 2018 мавқеъ ва дидгоҳҳои худро дар бораи чигунагии мудирияти ояндаи кишвар, дар шакл ва муносибатҳои гуногун баён кардааст. То ба ҳол, ин дидгоҳҳо ва барномаҳо дар шакли ҷомеъ ва дар қолаби барномаи стратегӣ нашр нашудаанд. Дар ин санад, бори аввал дидгоҳҳо ва барномаҳои асосии Паймони Миллии Тоҷикистон нашр мешаванд.

Қарор буд, ки Шӯрои Роҳбарии ПМТ барномаи худро соли гузашта ба муносибати дусолагии таъсиси ПМТ омода ва эълон намояд, аммо роҳбарияти ПМТ ба ин натиҷа расид, ки беҳтар аст, ин барнома бо ҳамкории коршиносон, мутахассисон ва афроди ботаҷриба дар соҳаҳои гуногун омода ва дорои вижагиҳои зер бошад:

— дур аз шиорпардозӣ;

— воқеъбинона ва амалишаванда;

— созгор ба манфиатҳои миллат ва меъёрҳои байналмилалӣ;

— мухтасар ва оммафаҳм;

— қобили бозбинӣ ва ислоҳпазир.

Лозим ба ёдоварист, ки гурӯҳи корӣ аз тақлид ва нусхабардорӣ аз равиш ва моҳияти дигар барномаҳо худдорӣ карда, талош намуд, то ҳадде, ки имкон дорад, аз истифодаи мафҳумҳо ва вожаҳои печидаи чандпаҳлӯ ва норавшан худдорӣ намуда ва дар айни соддагӣ, воқеиятҳои кишварро дар назар бигирад ва бар асоси ниёзҳои аввалияи мардум ва ормонҳои асили миллат бошад.

Барномаи ПМТ мисли ҳар санади дигар, аз нуқсонҳо холӣ набуда, метавонад мавриди нақд ва бозбинӣ қарор бигирад. Бинобар ин, ПМТ аз ҳама гуна нақд, таҳлил, эрод ва пешниҳодҳои созанда ба ин барнома истиқбол намуда, онҳоро дар рафти такмил ва амалӣ намудани барнома ба назар мегирад.

Роҳбарияти Паймони Миллии Тоҷикистон ба ҳамаи касоне, ки дар омода кардани ин барнома саҳм доштанд, миннатдорӣ баён менамояд.

Паймони Миллии Тоҷикистон ҷонибдори бино кардани Тоҷикистони мустақил, демократӣ, пешрафта ва дунявӣ мебошад, ки дар он ҳамаи шароит барои ҳимояти ҳуқуқ ва озодиҳои башар, ҳифзи арзишҳо ва анъанаҳои милливу динӣ вуҷуд дошта бошад. Ҳамзамон, бар ин бовар аст, ки рушд ва таҳкими минбаъдаи давлатдории миллӣ ва истиқлолияти кишвар шарти асосӣ ва зербинои рушди иқтисодиёти кишвар ва фарҳанги миллӣ мебошанд. 

Барномаҳои Паймони Миллии Тоҷикистон барои таҳаққуқи ҳамин ҳадафҳо равона шудаанд. 

Барои расидан ба ин ҳадафҳо, лозим аст, аслҳои зерин риоят шаванд:

1. Истиқлолият ва худмухторӣ (суверенитет); ба ин маъно, ки ҳангоми пешниҳоди қарорҳои муҳим барои кишвар, танҳо манфиатҳои миллӣ ба инобат гирифта мешаванд, на манфиатҳои кишварҳои дигар, ё гурӯҳҳову ҳизбу созмонҳо ва ашхосу минтақаҳои алоҳида; 

2. Адолат ва баробарҳуқуқӣ; ба ин маъно, ки ҳамаи шаҳрвандон новобаста аз гароишоти динӣ, қавмӣ, маҳаллӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, назди давлат ва қонун баробар мебошанд ва дастрасии баробар ба таҳсил, имконоти умумӣ, таъмини иҷтимоӣ, тандурустӣ, иқтисод ва кору фаъолият дар мақомоти давлатӣ доранд;

3. Ҳимоят аз арзишҳои миллӣ ва маънавӣ; ба ин баён, ки раванди ислоҳот, рушд ва замонавӣ гардонидани ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар, бояд ҳамзамон бо ҳифзи арзишҳои миллӣ, мазҳабӣ ва хонаводагӣ сурат бигирад, ки тӯли асрҳо зербинои ҳувияти миллии ҷомеаи моро ташкил медоданд;

4. Ғайриидеологӣ ва замонавӣ сохтани низоми сиёсӣ ва иқтисодии кишвар; ба ин маъно, ки низоми сиёсӣ ва иқтисодии кишвар пойбанди ҳеч идеологияи хосси сиёсӣ ва мазҳабӣ набуда, бар мабнои шаффофият, рақобатпазирӣ ва гуногуншаклӣ сохта мешавад. Пайваста ворид намудани ислоҳот ва технологияи муосир ба сиёсат ва иқтисодиёти кишвар яке аз шартҳои асосӣ маҳсуб мешаванд. 

Паймони Миллии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки низоми имрӯзаи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ҷавобгӯи манфиатҳои мардуми кишвар ва меъёрҳои як ҷомеаи муосир набуда, барои ояндаи давлатдории миллии мо таҳдиди бузурге ба шумор меравад. Бинобар ин, ПМТ амалӣ намудани ислоҳоти бидуни таъхир, решаӣ ва ҳамаҷониба дар ояндаи наздикро яке аз вазифаҳои асосии худ медонад. Ислоҳот ва дигаргунӣ бояд тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварро фаро бигирад, бо шумули сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, илм, маориф ва тандурустӣ.

1. Ислоҳоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва сохторӣ

Низоми сиёсии имрӯзаи Тоҷикистон ҳирамеро мемонад, ки дар қуллаи он як гурӯҳи хурди одамони наздик ба Президент ва хонаводаи ӯ қарор доранд. Ин гурӯҳи хурд, на танҳо тамоми соҳаҳои муҳим ва сердаромади иқтисодии кишварро хусусӣ кардаанд, балки низоми иқтисодӣ ва молиявиро низ, пурра дар ихтиёри худ гирифтаанд. Ҳамаи мансабҳои калидӣ дар сохторҳои давлатӣ ба наздикони Президент ва ё ҳамшаҳриҳои ӯ тааллуқ доранд. Артиш, сохторҳои амниятӣ ва ҳифзи хуқуқ бовосита ва ё бевосита аз тарафи ҳамин гурӯҳи хурд идора шуда, вазифаи асосиашон ҳифзи моликият ва қудрати як хонавода мебошад. Меъёри аслӣ барои интихоб ва таъйини кадрҳо дар сохторҳои давлатӣ, на шоистасолорӣ ва мутахассис будани афрод, балки садоқат ба як шахс ва хостаҳои ӯ ва хонаводааш мебошад. 

Дар кишвар, қоидаи тақсими қудрат байни шохаҳои ҳокимият амал намекунад — шохаи қонунгузор (порлумон) ва судӣ пурра дар тобеияти Дастгоҳи президент ва худи Президент мебошад. Дар кишвар, амалан низоми якҳизбӣ барқарор шудааст — ҳамаи интихоботҳо ба фоидаи ҳизби ҳоким ва чанд ҳизби маснӯӣ дасткорӣ мешаванд ва намояндагони ин ҳизбҳо, ҳатто ҷуръати инро надоранд, ки худро оппозитсионӣ биноманд. Ҳамин тавр, Парлумон танҳо нақши тасдиқкунандаи қонунҳоеро дорад, ки аз тарафи Дастгоҳи иҷроияи Президент ироа мешавад. 

Дар чунин шароит, ҳамаи қонунҳо ва қарорҳои муҳимми давлатӣ, на ба манфиати мардум, балки ба нафъи як гурӯҳи хурд ва ширкатҳои тобеи онҳо қабул мешаванд. Ҳокимияти феълӣ, барои бехосият намудан ва пинҳон сохтани мухолифатҳо ва норизоиятии мардум, озодии сухан ва матбуотро комилан аз байн бурдааст ва бо ҷорӣ намудани сензураи ғайриаланӣ ва масдуд кардани интернет, фазои иттилоотиро комилан таҳти контроли худ даровардааст.

Чунин низоми давлатдорӣ наметавонад бодавом ва босубот бошад, ки худ ояндаи кишвар ва истиқлолияти онро бо хатар мувоҷеҳ мекунад. Нокоромадии ин низом, худро дар замонҳои бӯҳронӣ, бахусус замони пандемия, хуб нишон дод. Ҳокимият ба ҷои ҷорӣ намудани ислоҳот ва амалӣ кардани як барномаи ҷомеи зиддибӯҳронӣ, мисли гузашта, қарорҳоро тавре қабул мекунад, ки ба фоидаи тиҷорати хонаводагӣ ва манфиати як гурӯҳ бошанд. 

Бинобар ин, барои берун рафтан аз ин бунбаст, ПМТ амалӣ кардани чораҳои зерро лозим медонад.

1.1. Ислоҳоти сохторҳои марказии ҳокимияти давлатӣ

— Ихтисори шумори вазоратхонаҳову идораҳои давлатӣ ва кормандони он то 30 фоиз. Ин кор, на танҳо пеши роҳи хароҷотҳои изофиро мегирад, балки мудирияти низоми давлатдориро осонтар мегардонад. Имрӯз шумори вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Тоҷикистон аз Амрико, Олмон ва дигар кишварҳои бузургу пешрафта бештар буда, баробари Чин мебошад, (ки якуним миллиард аҳолӣ дорад);

— то ҳадде боло бурдани маоши кормандони соҳаҳои буҷавӣ ва ҷорӣ намудани имтиёзҳои лозима барои масъулин ва кормандони масъулиятшинос ва бовиҷдони давлатӣ, ба хотири коҳиши суистифода аз мансаб ва фасоди идорӣ ва боло бурдани самаранокии фаъолияти мансабдорони давлатӣ; 

— додани салоҳияти бештар ба сарвазир, аз ҷумлаи бахше аз салоҳиятҳоест, ки имрӯз роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент дорад. Дастгоҳи иҷроияи Президент набояд мисли як шохаи алоҳидаи ҳокимият амал намояд, чуноне, ки имрӯз ҳаст, балки як сохтори маҳдуди машваратӣ ва техникии кӯмакрасон ба Президенти кишвар бошад. Ислоҳоти мазкур боиси тақсими беҳтар ва тавозуни қудрат байни шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ гашта, қоидаи таодул ва бознигаҳдориро байни ин шохаҳо таъмин мекунад. Дар чунин низоми давлатдорӣ, масъулиятпазирии ҳокимияти давлатӣ боло рафта, нақши асосиро дар сохторҳои давлатӣ на сиёсатмадорон, балки мутахассисони технократ ва мудирони ҳирфаӣ ва ботаҷриба анҷом хоҳанд дод. Дар натиҷа, ҳокимияти давлатӣ, на ба нафъи президент ва ё гурӯҳи ҳоким, балки ба фоидаи ҳамаи ҷомеа амал хоҳад кард;

— коҳиши мӯҳлати давраи президентӣ аз 7 ба 5 сол ва қонунан ва бидуни истисно, набояд иҷозат дод, ки як нафар, бештар аз ду маротиба президенти кишвар интихоб шавад.

1.2. Ислоҳоти сохторҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

— боло бурдани нақш ва салоҳияти масъулини маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҷамоатҳо, мақомоти шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо, дар ҳалли мушкилоти минтақавӣ, муайян кардани стратегияи амалишавандаи рушди минтақаҳо, тақсими одилонаи сарватҳо ва маблағҳо байни марказ ва минтақаҳо, инчунин маблағгузории бештари рушди зерсохтҳо, мактабу муассисоти иҷтимоӣ ва тандурустӣ;

— дар ихтиёри минтақаҳо (шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо) гузоштани қисми бештари андозҳо ва молиёти ҷамъоваришуда, ба хотири боло бурдани имконоти онҳо, барои амалисозии тарҳу барномаҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ;

— боло бурдани салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар муайян кардани стратегияи рушди маҳалҳо ва роҳҳои хосси муносиб бо ҳар минтақа, дар раванди иҷрои ин тарҳҳо; бо дар назардошти ин мавзӯъ, ки мақомоти маҳаллӣ ниёзҳо ва мушкилоти манотиқи худро, беҳтар аз мақомоти марказӣ медонанд ва онҳо дар ин масъала, салоҳияту имконоти бештареро бояд дошта бошанд. 

Ин ислоҳот ва чораандешиҳо фишор рӯи мақомоти марказии давлатиро камтар карда, масъулиятшиносӣ ва самаранокии фаъолияти мақомоти маҳаллиро боло мебарад ва имкон медиҳад, ки мақомоти маҳаллӣ, сари вақт ва бо имконоти бештар ба чолишҳои рӯзмарра вокуниш нишон диҳанд. 

1.3. Ислоҳоти ҳокимияти қонунгузор (порлумон) ва низоми интихоботӣ

1.3.1. Ислоҳот дар низоми интихоботӣ (президент, порлумон ва мақомоти маҳаллӣ) ва комиссияҳои интихоботӣ

— раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) аз тарафи порлумон, аз ҳисоби афроди мустақил ва бетарафи ғайриҳизбӣ интихоб мешавад, ки рабте ба ҳокимияти иҷроия ва нерӯҳои сиёсӣ, доираҳои тиҷоратӣ ва молӣ надошта бошанд. Ин шарт барои таъмини истиқлолият ва бетарафии КМИР муҳим мебошад;

— комиссияҳои маҳаллии интихоботӣ аз ҳисоби афроди мустақил ва дар асоси озмун ва шартномаи муваққатӣ интихоб мешаванд. Узвияти аъзои ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ширкаткунанда дар интихоботҳо ва кормандони соҳаҳои буҷавӣ дар ҳайати комиссияҳои интихоботӣ мамнӯъ мебошад;

— тақаллуби раъйи интихобкунандагон ва мусоидат ба он, ҳамчун амали ҷиноии давлатӣ эътироф шуда, нисбати чунин ҷиноятҳо ҷазои сахт таъин мешавад;

— маблағи гаравпулӣ барои ширкат дар интихобот аз байн бардошта мешавад; 

— маҳдудиятҳо барои номзадӣ ба мақоми президент ва вакили порлумон, барои шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирон, комилан бардошта мешавад;

— ҳадди нисоб (пороговый барьер) барои ҳизбҳои сиёсӣ то 2% поин оварда мешавад; 

— баргузории мунозираҳои (дебатҳои) оммавӣ ва телевизионӣ барои номзадҳо (ба мақоми президент ва вакили порлумон) ва ҳизбҳо ҳатмӣ мешавад; 

— интихоботҳо ва шумориши раъйи интихобкунандагон ба таври электронӣ ва бо таъмини техникиву барномавии ширкатҳои хориҷӣ, бар асоси озмуни байналмилалӣ баргузор мегарданд. Бо ин тариқ, аз дахолати афрод ва доираҳои манфиатдор ба рафти интихобот ва шумориши раъй, пешгирӣ мешавад; 

— дар ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ, ҳангоми шумориш ва эълони раъйи мардум, ширкати нозирони маҳаллӣ, аз тарафи номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, нозирони байналмилалӣ, расонаҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин мешавад. Дар сурати мушоҳидаи ҳар гуна қонуншиканӣ, нозирон метавонанд муваққатан раванди овоздиҳӣ ва шумориши раъйро боздоранд;

— рафти интихобот ва шумориши овозҳо дар ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ ба таври онлойн пахш мешавад, то ҳамаи мардум имкони назорат бар раванди интихоботро дошта бошанд; 

— баргузории назарсанҷиҳо қабл аз интихобот ва баъд аз раъйдиҳӣ (экзитпол) аз тарафи марказҳои назарсанҷии мустақил ҳатмӣ мебошад; 

— натиҷаҳои пешакии интихобот дар ҳар ҳавзаи интихоботӣ, билофосила пас аз шумориши овозҳо, на дертар аз як соат, ба тариқи онлойн эълон мешавад; 

1.3.2. Ислоҳоти сохтории порлумон

— ба хотири унитарӣ будани кишвар (на федеролӣ) ва барои пешгирӣ аз хароҷоти изофӣ, палатаи болоии порлумон (Маҷлиси Миллӣ) барҳам дода мешавад ва Тоҷикистон ба низоми порлумонии якпалатагӣ хоҳад гузашт; зеро таҷрибаи солҳои гузашта нишон додааст, ки Тоҷикистон ниёз ба низоми порлумони дупалатагӣ надорад;

— мақому ҷойгоҳ ва салоҳияти порлумон боло бурда мешавад ва илова бар салоҳиятҳои намояндагӣ ва қонунгузорӣ, салоҳиятҳои назорат бар фаъолияти вазоратҳо ва сохторҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба порлумон дода мешавад. Сарвазир ва мақомоти иҷроияи давлатӣ, пайваста аз фаъолияти худ назди порлумон гузориш хоҳанд дод. Порлумон метавонад ба вазирони бесалоҳият изҳори беэътимодӣ кунад ва сарвазир вазифадор аст, дар чунин ҳолат, вазирро ба истеъфо бифиристад;

— барои пешгирӣ аз тасаллути мутлақи як ҳизб дар порлумон, дар қонунгузорӣ, меъёре пешбинӣ мешавад, ки бар асоси он, як ҳизб натавонад бештар аз нисфи курсиҳои порлумонро соҳиб шавад. Қонунгузорӣ метавонад барои ақаллиятҳои динӣ, миллӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа, мисли бонувон ва ҷавонон дар порлумон квота пешбинӣ кунад;

— ҳамаи ҷаласаҳои порлумон ба сурати онлойн бояд пахш шаванд. Намояндагони воситаҳои ахбори омма, шаҳрвандон ва созмонҳои ҷамъиятӣ метавонанд озодона дар рафти ҷаласаҳои порлумон, бидуни дахолат дар кори он, ширкат кунанд.

1.4. Ислоҳоти ҳокимияти судӣ

Ҳокимияти судӣ яке аз шохаҳои муҳимми ҳокимияти давлатӣ буда, истиқлолият ва масъулиятшинос будани он кафили таъмини адолат, баробарҳуқуқӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар кишвар мебошад. 

Мутаассифона, имрӯз ҳокимияти судӣ комилан дар итоати ҳокимияти иҷроия, бахусус Президент қарор гирифтааст ва яке аз фасодзадатарин ниҳодҳои давлатӣ маҳсуб мешавад. Барои ислоҳи вазъ, ПМТ амалӣ намудани чораҳои зерро дар назар дорад:

— судяҳо дар Тоҷикистон бояд на аз тарафи Президент, балки бо пешниҳоди Шӯрои адлия, аз тарафи порлумон таъйин шаванд;

— Шӯрои адлия бояд аз тарафи порлумон интихоб шавад ва на Президент ва на ҳукумати иҷроия дар интихоби Шӯрои адлия ва судяҳо ҳеч нақше набояд дошта бошанд;

— маблағгузории фаъолияти судяҳо, таъйини маоши онҳо, танҳо аз тарафи порлумон сурат мегирад;

— маоши моҳонаи судяҳо бояд болотарин маош дар кишвар бошад, то пеши роҳи фасод ва порахӯрӣ дар ҳокимияти судӣ гирифта шавад;

— дар Тоҷикистон метавонад судҳои ҳакамӣ (суд присяжных) ҷорӣ карда шавад ва шаҳрванд бояд ҳаққи интихоби судяро ҳангоми баррасии парвандааш дошта бошад; 

— судяҳо бояд модомулумр (бо хаққи бознишаста шудан, дар сурати расидан ба синни нафақа) таъйин шаванд; 

— доштани таҷрибаи ҳатмии адвокатӣ барои касоне, ки номзад ба мақоми судӣ мешаванд; 

— тартиби амалӣ намудани импичмент нисбати судяҳои ҳамаи сатҳҳо ҷорӣ карда мешавад ва ҳаққи салоҳияти импичментро танҳо порлумон ва Шӯрои адлия бояд дошта бошанд. Импичмент нисбати судя бо раъйи бештар аз се ду ҳиссаи аъзои порлумон эълон карда мешавад;

— созмонҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонанд бо далелҳо ба Шӯрои адлия ва порлумон барои оғози салоҳияти импичмент нисбати судя муроҷиат намоянд;

— бояд пеши роҳи ҳама гуна дахолат ва таъсиррасонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти тафтишотӣ, дар фаъолият ва қарори судяҳо гирифта шавад. Имрӯз дар Тоҷикистон дарсади ҳукми афв нисбати шаҳрвандон, дар поинтарин сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, ки баёнгари вобастагии судяҳо аз мақомоти давлатӣ ва идораҳои тафтишотӣ мебошад;

— давлат бояд шароитро барои эҷоди шабакаи қавии назорат бар рӯи фаъолияти судяҳо, аз тарафи созмонҳои ҷамъиятӣ, расонаҳо ва шаҳрвандон таъмин кунад. Танҳо бо амалӣ намудани чунин чораҳо метавон пеши роҳи қонқуншиканӣ ва фасод дар ҳокимияти судиро гирифт ва шаффофияти онро таъмин намуд; 

— ҳаққи тафсири қонунҳоро Суди конститутсионӣ хоҳад дошт. (Имрӯз ин ҳақро палатаи поёнии порлумон дар ихтиёр дорад);

— андозаи маоши раисони Суди Олӣ, Суди конститутсионӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, баробари андозаи маоши Президент таъйин карда мешавад.

1.5. Ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Имрӯз дар Тоҷикистон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо фасод, зулм, шиканҷа, парвандасозӣ, порахӯрӣ ва беқонунӣ ҳаммаъно гаштаанд. Мисли гузашта, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фақат барои иҷрои план ва зиёд намудани теъдоди «парвандаҳои ошкоршуда» фаъолият мекунанд. Ин шакли баҳодиҳӣ ба фаъолияти онҳо боис гаштааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар ҷои лозим ҷиноятҳоро сабт накунанд ва ё баръакс, дар сурати зарурат, барои гузориш ва ҳисобот, худашон алайҳи шаҳрвандон парвандасозӣ кунанд. Мақомоти номбаршуда дар натиҷаи шиканҷа, таҳдид ва тӯҳмат садҳо афроди бегуноҳро маҷбур мекунанд, ҷиноёти анҷомнашударо ба дӯш бигиранд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба василаи муборизаи сиёсӣ ва интиқомгирӣ аз мухолифин, дигарандешон ва рақибони сиёсиву тиҷории доираҳои ҳоким ва қудратмандон табдил шудаанд. 

Ҳадафи асосии ислоҳот дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин аст, ки ин сохторҳо бояд дар ҳимояти ҳуқуқи шаҳрвандон, риояти қонун ва амнияти давлат бошанд, на дар ҳифзи қудрат ва моликияти ҳукуматдорон ва мансабдорон. 

Барои амалӣ сохтани ин ҳадаф, чораҳои зер дар назар гирифта шудааст:

— боло бурдани маоши кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, бо ҳадафи коҳиши фасод ва ришваситонӣ;

— ихтисори сохторҳое, ки ба ҷои пешгирӣ аз қонуншиканӣ, худ ба ҷиноят даст мезананд, аз ҷумла БДА ва ба ҷои он таъсиси хадамоти потрулӣ, бо костани шумораи кормандони он;

— мамнӯъ кардани постҳои тафтишкунанда дар хиёбонҳои аслӣ, дар минтақаҳои марзии байни ноҳияҳо ва шаҳрҳо. Рӯшан аст, ки вуҷуди ин постҳо боиси рушди ришвахорӣ ва суистифода аз мақом гаштааст;

— ниҳодҳои амниятӣ дар сохторҳои қудратӣ бояд аз тобеияти ин сохторҳо бароварда шавад ва дар тобеияти Прокуратураи генералӣ бошад;

— барҳам додани Агентии мубориза бо коррупсия ва додани салоҳиятҳои он ба Прокуратураи генералӣ;

— таъсиси шабакаи васеи ҷамъиятӣ (расонаҳо, созмонҳои ғайридавлатӣ ва порлумонӣ) барои назорат аз болои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;

— давлат ва ҷомеа набояд дар баробари шиканҷа, таҳдид ва тӯҳмат аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кӯтоҳ биёянд ва ин кор (шиканҷа ва таҳдиду тӯҳмат) дар сатҳи қонунгузорӣ, ба унвони ҷинояти сангин унвон шавад. Ба ин мақсад, истифодаи эътирофоти гумонбаршуда дар содир намудани ҷиноят, ҳамчун асос ва мадрак барои айбдоркунӣ мамнӯъ карда мешавад;

— системаи назоратии «шаҳри бехатар», на танҳо барои назорати мақомот аз болои шаҳрвандон, инчунин барои назорати ҷомеа аз болои мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истифода шавад. Барои ин лозим аст, ки комиссияи доимии ҷамъиятӣ таъсис дода шавад ва гузоришоти он пайваста дар расонаҳо нашр гардад;

— ниҳоди ягонаи ҷумҳуриявии тафтишотӣ таъсис дода шавад ва дар дигар сохторҳои қудратӣ шӯъбаҳову шӯъбачаҳои тафтишотӣ барҳам дода шаванд.

1.6. Ислоҳоти конститутсионӣ ва қонунгузорӣ

Тоҷикистон пас аз истиқлолият дар солҳои аввал, дар самти ислоҳоти конститутсионӣ ва қонунгузорӣ пешравиҳои хуберо ноил гашт. Конститутсияи кишвар яке аз беҳтарин ва муосиртарин сарқонунҳои минтақа шинохта мешуд. Қонунҳои нав ва ислоҳоти қонунгузорӣ дар маҷмӯъ мусбат буда, ба самти демократикунонии ҷомеа, таъмини адолат ва баробарҳуқуқӣ, инчунин таъмини озодиҳо ва ҳуқуқи башар равона шуда буданд.

Мутаассифона, аз солҳои 2010 ин раванд сайри баръаксро оғоз намуд. Ба Сарқонун ва қонунҳои амалкунанда чандин тағйироту иловаҳо ворид гаштанд ва ё қонунҳои наве тасвиб шуданд, ки аксарият моҳияти маҳдуд кардани озодиҳо ва ҳуқуқи шаҳрвандон, таҳкими диктатура ва ҳокимияти як нафар, инчунин, аз байн бурдани иқтисоди озоду рақобатпазирро мусоидат намуд. Тамоми ин тағйирот барои як ҳадаф дар назар гирифта шуда буд: дар дасти як нафар — Президент ва хонаводааш ҷамъ шудани сарватҳои миллӣ, қудрати сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва таъмини заминаи қонунии ҳифзи ин вазъият то охир.

ПМТ ислоҳоти конститутсионӣ ва қонунгузориро яке аз ҳадафҳои асосии худ ва шарти аслии ислоҳоти ҳамаи паҳлӯҳои зиндагии ҷомеа медонад. Бидуни ин гуна ислоҳот, имкон надорад, ки дар кишвари мо ислоҳоти соҳавӣ дар сиёсат, иқтисод ва ҳуқуқ натиҷаи дилхоҳ бидиҳад. Решаи ҳамаи мушкилоти ҷомеаи мо дар он аст, ки фалсафа ва дидгоҳи доираҳои ҳоким ба самти мустаҳкам кардани яккаҳокимиятӣ ва он ҳам дар дасти Президент ва хонаводаи ӯ қарор гирифтани қудрат аст. Натиҷаи ин тағйироту иловаҳо ба матни конститутсия ва қонунҳои кишвар, сабаб гаштааст, ки иродаи як нафар табдил ба қонун бишавад.

ПМТ вазифаи худ мешуморад, ки вазъиятро ислоҳ намуда, майлу хоҳиш ва иродаи як нафарро аз матни қонун берун ва иродаи миллиро манбаи қонунгузорӣ намояд.

Бинобар ин, ПМТ чораҳои аввалия ва зарурӣ барои ислоҳоти конститутсионӣ ва қонунгузориро чунин мебинад:

— таъсиси комиссияи босалоҳият аз ҳисоби мутахассисон, барои омода кардани тарҳи ислоҳи конститутсионӣ ва қонунгузорӣ;

— омода кардани тарҳи Сарқонуни нав ва ё ҳадди ақал, илова намудани тағйирот ба Сарқонуни амалкунанда ва дар давоми се моҳи аввали пас аз ташкили Ҳукумати миллӣ, ба ҳамапурсии умумимиллӣ ва референдум гузоштани он;

— аз матни Сарқонун берун кардани тамоми меъёрҳо ва талаботе, ки ба арзишҳои аслии умумибашарӣ, озодиҳо ва ҳуқуқи инсон мухолифат доранд;

— матни нави Сарқонун ва ё тағйиру иловаҳо таавре омода мешаванд, ки имконияти суистифодаи ҳокимияти давлатӣ аз тарафи як нафар, ё як шохаи қудратро комилан аз байн бурда, тавозуни қудрат ва таодули байни шохаҳои ҳокимиятро барқарор намояд;

— мақоми «Пешво» ҳамчун як падидаи асримиёнагӣ ва мухолиф бо як низом ва ҷомеаи муосири демократӣ аз байн бурда мешавад;

— меъёри аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод будани президентҳои собиқ ва ё аҳли хонаводаи онҳо бекор гашта, баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун барқарор мешавад;

— тамоми қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ, ки солҳои ахир қабул гаштаанд ва мухолифат ба меъёрҳои байналмилалӣ дар масъалаи ҳуқуқи инсон, арзишҳои миллӣ ва мазҳабии ҷомеаи тоҷик доранд, фаъолияташон боз дошта мешавад ва ё дар онҳо тағйироту иловаҳои лозим ворид карда мешаванд;

— барои анҷоми ислоҳоти конститутсионӣ ва қонунгузорӣ, ҳамагӣ як сол замон таъин мешавад ва ҳукумати нави миллӣ ҳар се моҳ, ба миллат аз фаъолиятҳои анҷомшуда дар ин самт, дар қолаби гуфтугӯи ошкоро бо мардум, гузориш хоҳад дод.

1.7. Ислоҳоти мақомоти адвокатура ва институти намояндагии ваколатдор

Яке аз падидаҳои муҳим дар як давлати демократӣ, вуҷуди адвокатураи мустақил ва босалоҳият мебошад. Имрӯз дар кишвари мо институти адвокатура истиқлолияти худро аз даст дода, адвокат бештар нақши миёнарав байни маҳкумшуда ва мақомоти тафтишотиро дорад. Адвокатҳо барои фаъолияти касбии худ таҳти фишор буда, ҳатто барои анҷоми вазифаи худ, ба зиндон низ маҳкум шудаанд. ПМТ ислоҳот дар ин соҳа ва барқарор намудани ҷойгоҳ ва истиқлолияти адвокатҳоро яке аз вазифаҳои асосии худ мешуморад.

ПМТ барои анҷоми ин вазифа роҳкорҳои зерро дар назар дорад:

— таъсиси комиссияи босалоҳият аз ҳисоби адвокатҳо, барои омода кардани ислоҳоти лозим ва таҳияи лоиҳаи қонуни нав дар бораи адвокатура;

— адвокатура ҳамчун ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд аз таъсири мақомоти давлатӣ ва ҳокимияти иҷроия озод бошад ва чунин озодӣ аз ҷониби Сарқонун таъмин гардад. Ба “Қонун дар бораи адвокатура” мақоми қонуни конститутсионӣ дода шавад;

— ҳар шаҳрванд бояд ҳуқуқи вогузор кардани ваколатҳояшро ба намояндаи ваколатдори боэътимоди худ дошта бошад. Намояндаи ваколатдори шаҳрванд бояд аз тамоми ҳуқуқҳои адвокат бархӯрдор бошад. Мақоми намояндаи ваколатдорро “Қонун дар бораи намояндаи ваколатдор» муайян хоҳад намуд;

— Вазорати адлия танҳо вазифаи бақайдгирӣ ва додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколатҳои адвокат вобаста ба фаъолияти адвокатиро дорад. Чунин бақайдгирӣ бояд ба таври автоматикӣ, дар асоси назари мусбати комиссияҳои атестатсионии (экзаменатсионии) иттиҳодияҳои адвокатӣ гузарад;

— эътои мақоми адвокатӣ барои довталабон, бар асоси салоҳдиди Иттифоқи адвокатҳо анҷом хоҳад гардид;

— иттиҳодияи адвокатҳо бояд дорои тамоми ваколатҳои танзими фаъолияти касбиашон бошанд. Аз он ҷумла оид ба масъалаҳои маориф, такмили ихтисос ва эътои иҷозат ба фаъолияти адвокатӣ (литсензия);

— дар сурати анҷом гирифтани ҳимояти ройгон, маблағи пардохтии ҳаққи адвокатҳо бар ӯҳдаи давлат хоҳад буд;

— аз лаҳзаи гирифтани ваколат оид ба ҳимояи шаҳрванд, адвокат бе мамониат, бе маҳдуд кардани вақт, ҳуқуқ ба муоширатро бо зерҳимояаш бояд дошта бошад. Дар рафти мурофиа, адвокат ва тарафи муқобил бояд имкониятҳои баробар дошта бошанд. Маҳдуд кардани фаъолияти адвокат мамнӯъ аст;

— мамониат дар фаъолияти адвокат, ҳангоми анҷоми вазифаи касбиаш, ҷазои сангин дар пай хоҳад дошт.

1.8. Ислоҳоти асосӣ дар зиндонҳо ва низоми ислоҳӣ (пенитентсиарӣ)

Яке аз масоили доғи ҷомеа, вазъи ногувори зиндонҳои кишвар ва низоми ислоҳотӣ мебошад. Низоми ислоҳотии Тоҷикистон мероси даврони Шӯравӣ буда, вазъияти он дар солҳои охир бадтар низ гаштааст. Шиканҷа, куштор, фасод ва таҳқири зиндониҳо аз тарафи мақомот, як амри табиӣ гашта, тибқи гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ, кишвари мо яке аз бадтаринҳо дар ин масъала шинохта шудааст. Ҳазорҳо инсон, бегуноҳ ё бо камтарин гуноҳ, вориди зиндон гаштаанд ва аз оддитарин шароит ва ҳуқуқи инсонӣ маҳруманд.

ПМТ ислоҳи вазъ дар низоми зиндонҳоро яке аз авлавиятҳо медонад ва роҳи ҳалҳои зерро пешниҳод мекунад:

— эълони афви умумӣ дар камтарин муддат, пас аз ташкили ҳукумати миллӣ, ки пеш аз ҳама шомили зиндониҳои сиёсӣ хоҳад буд;

— таъсиси комиссияи махсус барои таҳияи барномаи ислоҳот дар соҳа;

— ҳадафи аслии системаи ислоҳӣ, на фақат маҳдуд ба ҷазо додан хоҳад буда, балки ислоҳи фард ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳад буд;

— дар Тоҷикистон бояд тамоми муассисаҳои ислоҳӣ, навсозӣ ва ё комилан аз нав бунёд карда шаванд, ки ба талаботи байналмилалии нигаҳ доштани маҳбусон мутобиқат кунад;

— ба ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, журналистон ва созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар, имконияти назорат аз будубош ва шароити маҳбасхонаҳо дода шавад;

— ба маҳбусон имконияти таълим, омӯзиши касб ва илмомӯзӣ комилан муҳайё карда шавад. Аз тариқи таҳсилоти онлойн, ба даст овардани маълумоти олӣ ва ё миёнаи касбӣ барои зиндониён, ба роҳ монда шавад;

— шумораи ҷазоҳои марбут ба маҳрумият аз озодӣ, дар қонунгузорӣ бояд коҳиш пайдо кунад;

— ҳабс ҳамчун чораи пешгирӣ, фақат нисбати шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин гумонбаранд, татбиқ карда шавад. Дар дигар ҳолатҳо, бо дар назар гирифтани шахсияти гумонбаршуда, имкони пеш аз мӯҳлат аз ҷавобгарӣ озод шудани маҳбусон, бар асоси қонун (новобаста аз навъи ҷазои таъиншуда) таъмин шавад;

— дар системаи ислоҳӣ, шахсоне, ки собиқаи кории беш аз 10-сола дар мақомоти тафтишотӣ, таҳқиқ, прокуратура ва амният доранд, роҳ дода нашаванд.

2. Ислоҳоти иқтисодӣ, молиявӣ ва бонкӣ

Ислоҳоти иқтисодӣ дар Барномаи ПМТ дар радифи ислоҳоти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, яке аз меҳварҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Бидуни он, тарҳи ислоҳоти решаӣ ва комили низоми идории кишвар имконпазир намебошад. Бино бар аҳаммияти масъала, бахши иқтисодии барнома каме бо тафсилот ва далелҳо тақдим мегардад.

Моҳияти аслии ислоҳоти иқтисодии ПМТ ин аст, ки бояд шароите дар кишвар фароҳам шавад, то ҳар шаҳрванд битавонад дар ватани худ даромад ва зиндагии шоистае дошта бошад ва маҷбур ба қонуншиканӣ ва ё муҳоҷират нагардад.

Барои расидан ба ин ҳадаф, лозим аст, дар самтҳои зер ислоҳоти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ба амал ояд:

2.1. Ғайримонополӣ (демонополизатсия) кардани иқтисод

Имрӯз чанд ширкати тиҷоратии наздик ба ҳокимият, ҳамаи соҳаҳои асосии иқтисодиёти кишварро монополия кардаанд. Тибқи таҳлилҳо ва маълумотҳои ба даст омада аз ҷониби ПМТ, имрӯз дар кишвар 98 ширкат вазъи монополӣ дошта, аз он 30 ширкат монополисти мутлақ дар соҳаҳои худ мебошанд. Ин ширкатҳои монополии давлатӣ ва хусусӣ, амалан ҳамчун моликияти шахсӣ дар ихтиёри аъзои хонаводаи Президент ва ё хешу табори ӯ қарор доранд. Ин ширкатҳо ба буҷаи давлатӣ ҳеч гуна андозе пардохт намекунанд ва аз имтиёзҳои зиёде низ бархурдоранд; тиҷорат ва ё моликияти дигар ширкатҳо ва соҳибкорони муваффақро тасоҳуб намуда ва монеи рушди тиҷорат ва соҳибкории хурд ва миёна гардидаанд. Тақрибан дар тӯли даҳ соли охир, ҳамаи қонунҳо ва қарорҳои ҳукуматӣ, фақат манфиати ҳамин монополистҳои иқтисодиро таъмин намудаанд.

ПМТ бар ин бовар аст, ки идомаи ин вазъият, хатари бузурге ба ояндаи миллат ва кишвари мо дорад. Бинобар ин, ПМТ амалӣ кардани чораҳои зерро дар назар дорад:

Чораҳо дар сатҳи қонунгузорӣ:

— қонунгузорӣ оиди ғайримонополӣ кардани иқтисод, ки дар он талабот ва шароит нисбати ширкатҳо ва холдингҳои бузург, дар робита бо навъи фаъолияти онҳо дар бозор муайян мешавад. Мамнӯияти тиҷорате, ки вазъи монополиро ба вуҷуд оварад ё ҳамдастии ширкатҳое, ки сабаби ба вуҷуд омадани ин вазъ бишаванд ва ба унвони ҷиноят эътироф гаштани ин амал, бо дар назар гирифтани ҷазоҳо ва ҷаримаҳои сангин барои ширкатҳои қонуншикан ва ё мусодираи амвол ва соҳибони онҳо бо муҷозоти ҳабс. Инчунин қонун теъдоди (шумораи) ҳадди ақаллии ширкатҳо дар ин ё он самти иқтисодиёт ва бозорро муайян мекунад ва аз он камтар будани ширкатҳо дар соҳаи мадди назар, ба маънои монополӣ шудани иқтисод дар он арса хоҳад буд;

— қабули қонуни махсус оид ба пешгирӣ аз ғасби моликият (рейдерство). Имрӯз дар Тоҷикистон ғасби моликият ва тиҷорати муваффақ аз тарафи доираҳои ҳоким ва ё ширкатҳои монополистӣ ба як амри табиӣ табдил шудааст. Мутаассифона, дар ин кор, мақомоти қудратии фасодзада ҳамчун василаи ғасб (рейдерство) истифода мешаванд. Ин вазъият боиси тарси соҳибкорон ва сармоягузорони бовиҷдон гашта, монеи рушди соҳибкорӣ ва иқтисодиёт шудааст;

— қабули як қатор қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ барои муборизаи воқеӣ бо коррупсия ва иҷрои амалҳои мушаххаси ҷиддӣ ва сареъ дар ин самт.

Ислоҳ ва ғайримонополӣ кардани соҳаи алоқа ва коммуникатсия

Дар дунёи муосир як давлат ва иқтисоди пешрафта бидуни интернети арзону босуръат ва василаҳои дигари алоқа, қобили тасаввур нест. Дар шароити пандемия, тиҷорати онлойн дар ҷаҳон 40-50 фоиз рушд карда, ба василаи асосии идома ва рушди тиҷорат ва иқтисод табдил шудааст. Бидуни интернети арзон ва босуръат, иқтисоди ҷаҳонӣ метавонист бо шикаст рӯ ба рӯ шавад. Аз ин рӯ, кишварҳо рушди ин соҳаро яке аз авлавиятҳои худ қарор додаанд.

Аммо дар Тоҷикистон, баръакси ин ҳол мушоҳида мешавад – интернет дар кишвари мо, ба гаронтарин, заифтарин ва дастнорастарин навъи интернет дар ҷаҳон табдил шудааст. Дар Тоҷикистон танҳо 17 фоизи шаҳрвандон метавонанд интернетро аз ҳама гуна василаҳо истифода баранд. Дар Қирғизситон, ин рақам ба 28%, Ӯзбекистон 44% ва дар Қазоқистон ба 55% расидааст. Дар индекси ҷаҳонии суръати интернет (Speed – test Globalindex) Тоҷикистон байни 140 кишвар, дар соли 2020 дар радифи 133–юм қарор дошт (ва дар соли 2019 дар радифи 132). Суръати пайвастшавӣ ба интернет, танҳо дар Афғонистон, Ироқ ва Венесуэла аз мо поинтар аст ва тамоми кишварҳои африқоӣ, интернети беҳтар аз моро доранд.

Бо вуҷуди поин будани суръати инернет, нархи он дар Тоҷикистон яке аз болотаринҳо дар дунё мебошад — наздики 5 доллар барои як гигабайт.

Сабаби аслии ин вазъият дар монополӣ будани Хадамоти алоқаи ҶТ, ғасби соҳа, коррупсия, бесалоҳиятии масъулон ва таъсиси Маркази ягонаи коммуникатсионӣ мебошад, ки ҳамаи трафики интернет аз тариқи он ворид ва тақсим мешавад. Ва ҳамаи бозори интернет дар ихтиёри якчанд ширкати монополистӣ қарор дорад, ки ба афроди наздик ба хонаводаи Президент тааллуқ доранд.

Дар чунин шароит, на танҳо имконияти рушди иқтисодӣ, балки гузаштан ба ҳукумати электронӣ ҳам вуҷуд надорад. Қонун дар бораи ҳукумати электронӣ ҳанӯз 10 сол қабл тасвиб гашта буд ва Ҳукумат камтарин заминаро барои иҷрои ин қонун то ба ҳол ба вуҷуд наовардааст.

ПМТ роҳи ҳалли ин бӯҳронро чунин мебинад:

— барҳам задани монополияи ходамоти алоқаи ҶТ дар ин соҳа ва ислоҳоти асосӣ дар ин сохтор;

— барҳам додани Маркази ягонаи коммуникатсионӣ;

— ғайримонополӣ кардани бахши телекоммуникатсия дар кишвар, ба вуҷуд овардани шароит барои фаъолият ва рушди ширкатҳои хусусӣ дар ин соҳа ва эҷоди фазои рақобатии солим;

— даст кашидан аз усули ҷаримабандии беасос ва калонҳаҷми ширкатҳои операторӣ ба хотири пур кардани буҷа;

— даст кашидан аз андозҳои зиёд ва беасос дар соҳаи алоқа, бахусус аксизҳо, пардохтҳои иловагӣ барои литсензия, андоз аз гардиши маблағҳои дохилии ширкатҳо, ки сабаби бозистодани рушд дар ин соҳа гаштааст.

2.2. Мубориза бо фасод (коррупсия)

Тоҷикистон дар 15 соли охир, тибқи гузоришҳои созмони тахассусии Transparency International, узви доимии 20 кишвари фасодзадаи олам маҳсуб мешавад. Коррупсия чузъи ҷудонашавандаи низоми давлатӣ ва ҳаёти рӯзмарраи мардум гаштааст ва ҷомеаро аз болотарин сатҳи давлатдорӣ то поён фаро гирифтааст.

Дар чунин шароити коррупсионии давлатӣ, ниҳодҳои қудратӣ табдил ба васила ва шарики коррупсионӣ барои ширкатҳои бузурги монополӣ гаштаанд, ки ба ҳокимияти марказӣ рабт доранд. Дар натиҷа, низоми шаклгирифтаи коррупсионӣ ва монополӣ монеи аслии рушди иқтисодиёти кишвар, пеш аз ҳама, соҳибкории хурд ва миёна шудааст.

Бинобар ин, ПМТ рушди минбаъдаи давлатдории миллиро, бидуни решакан сохтани коррупсия, имконпазир намедонад ва чораҳои зерро пешниҳод мекунад:

— дар кӯтоҳтарин муддат қонуни махсус тасвиб хоҳад шуд, ки баёнгари оштинопазирии давлат нисбати коррупсия хохад буд. Қонуни нав, механизми ошкорсозӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани мансабдорони фасодзада ва ришвахорро осон гардонида, дар сурати собит нашудани сарчашмаи қонунии молу сарват, молу сармояи ба сурати ғайриқонунӣ ба даст омада, мусодира хоҳад шуд;

— роҳандозии онлойн ва электронии робитаҳои шаҳрвандон ва масъулин, барои пешгирӣ аз ришвахорӣ ва суистифодаҳои мансабдорони давлатӣ;

— таъсис додани реестри ягонаи аз қайдгузаронии тамоми субъектҳои хоҷагидорӣ бо амволашон ва дастрасии шаҳрвандон ба он аз тариқи интернет;

— коҳиши бюрократия дар эътои иҷозатномаҳо ва литсензияҳое, ки имзои мансабдоронро металабад;

— дар саросари кишвар роҳандозӣ кардани марказҳои адлия ва ба онҳо додани салоҳияти эътои ҳама гуна санадҳои расмии давлатӣ (шиноснома, маълумотномаҳо ва санадҳои дигар) ва муҷаҳҳаз кардани онҳо бо навтарин технология ва низоми онлойнӣ. Таъйини замони минималӣ барои судури санадҳо;

— ҷорӣ кардани муҷозоти сангин барои амалҳои коррупсионӣ ва пинҳон кардани дороиҳои мансабдорони давлатӣ, новобаста аз мақом ва мансаб;

— манъи комили пазириши хешу табор, дар мақомоти давлатӣ ва таъйини ҷазои сангин барои чунин амал: шахсоне, ки мансабҳои баланди давлатӣ доранд, хешу табори наздики онҳо ҳақ нахоҳанд дошт, дар ҳеч сохтори калидии давлатӣ, кор ва фаъолият намоянд;

— ба қадри кофӣ баланд бардоштани маоши миёнаи кормандони давлатӣ ва буҷавӣ. Ҳамзамон, аз онҳо талаб кардани декларатсия оиди амвол ва дороиҳои худ ва хешовандони наздик. Дар сурати пинҳонкорӣ, дур кардан аз мақоми давлатӣ бо эҳтимоли ҷазои ҷиноӣ. Масъулин ва мақомоти давлатӣ иҷозати пазируфтани ҳама гуна ҳадяҳо аз афрод ё доираҳои тиҷоратӣ ё манфиатдорро надоранд. Ҳама гуна ҳадяи гаронтар аз маблағи 100 доллари амрикоӣ ба нафъи давлат мусодира мешавад.

2.3. Навоварӣ дар иқтисод (модернизатсия)

Имрӯз иқтисоди Тоҷикистон, ба таври комил ба муҳоҷирати меҳнатӣ вобаста аст ва буҷаи кишварро асосан, маблағҳои фиристодаи муҳоҷирон ташкил медиҳад. Ҳукумати кишвар ба ҷои рушди иқтисоди дохилӣ, сиёсати ба хориҷ фиристодани шаҳрвандонро пеш гирифтааст. Дар сурате, ки шаҳрвандони кишвар дар хориҷ, аксаран дар корҳои вазнин ва камдаромад машғуланд ва солҳои зиёд, дар сахттарин шароит ва дур аз хонаводаву наздикон, умр ба сар мебаранд.

ПМТ бар ин бовар аст, ки идомаи ин раванд ва дар ҳамин шакл ва ҳаҷм боқӣ мондани мондани шароити муҳоҷирати меҳнатӣ, зараре бештар аз фоидааш ба ҷомеаи Тоҷикистон мерасонад. Ҳукумат бо фиристодани шаҳрвандон ба хориҷ, амалан масъулияти амният, буду бош ва саломатӣ ва ҳуқуқи иҷтимоии онҳоро аз дӯши худ соқит намуда ва ин умури муҳимро асосан бар дӯши худи шаҳрвандон ва кишварҳои корфармо гузоштааст. Маълум аст, ки ҳукумат ба анҷоми ислоҳоти комил ба хотири рушди иқтисодиёти миллӣ, беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ дар дохили кишвар ва дар ватан мондани шаҳрвандон манфиатдор нест. Муҳоҷирати корӣ боиси коҳиши мутахассисони босавод дар дохил, фурӯпошии оилаҳо, аз байн рафтани арзишҳои миллӣ ва маънавии аҳолӣ, поин омадани вазъи саломатӣ гашта, насли ҷавонро аз тарбияти солим комилан маҳрум сохтааст. 

Ҳамасола ҳукумат аз рушди солонаи иқтисод дар ҳаҷми 5-7% гузориш медиҳад, ки дар сурати дуруст будани гузоришоти мазкур, кишвар имрӯз ба чунин вазъи душвори иқтисодӣ набояд гирифтор меомад. Дар асл, омор ва рақамҳои ироашуда ба воқеият рабте надорад ва барои вонамуд кардани рушди иқтисодӣ интишор дода мешаванд. Бинобар ин, ПМТ яке аз вазифаҳои асосии худро дар коҳиши шумори муҳоҷирони меҳнатӣ ва баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан мебинад. Ба ҷои фиристодани шаҳрвандон ба хориҷ, бояд дар дохил шароити муносибтаре муҳайё гардад, то ҳар шаҳрванди Тоҷикистон битавонад дар ватани худ, он маблағеро ба даст биёрад, ки худ ва хонаводааш зиндагии шарофатмандона дошта бошанд ва дигар зарурате барои муҳоҷират ва ё қонуншиканӣ намонад. Барои расидан ба ин ҳадаф, анҷоми як ислоҳоти решаӣ ногузир аст, то ба теъдоди лозим, фурсатҳои шуғлӣ ва кор дар ватан эҷод шавад.

Саноатӣ кардан ва ворид намудани навовариҳо (модернизатсия) дар иқтисодиёт аз шартҳои аслии ислоҳот бояд бошанд. Таҷрибаи дигар кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки саноат, соҳаи хидматрасонӣ, соҳибкории хурд ва миёна маҳз самтҳое ҳастанд, ки аксарияти шаҳрвандони кишварро метавонад бо кор таъмин кунад.

Бинобар ин, ПМТ анҷоми чораҳои зерро лозим медонад:

— эҷоди низоми ҳимоят аз соҳибкорон дар шакли шабакаи мустақилли судҳои ҳакамӣ (арбитражӣ). Инчунин, таъсиси Арбитражи олии иқтисодӣ, ки метавонад мушкилоти мушорикати сармоягузорони дохилӣ ва хориҷиро баррасӣ кунад ва манфиатҳои онҳоро ҳимоя намояд. Роҳбарият ва аъзои судҳои иқтисодӣ бояд аз тарафи порлумон ва шӯрои вакилони маҳаллӣ таъйин шаванд, на аз тарафи президент ё ҳукумат;

— давлат бояд бо соҳибкорон, сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ муносибати мӯҳтарамона ва мушорикатӣ дошта бошад ва ҳимояти манфиатҳои онҳо яке аз авлавиятҳои сиёсати иқтисодӣ бошад;

— ҷорӣ намудани имтиёзҳои амалӣ барои соҳибкорон ва ширкатҳои ватание, ки ба самти авлавиятҳои иқтисодӣ, мисли истеҳсолот ва технологияи нав, сармоягузорӣ мекунанд. Ширкатҳои мазкур, ба муддати панҷ сол аз андоз озод хоҳанд шуд;

— ҷорӣ намудани имтиёзҳои молиётӣ ва сармоягузории бештар барои ширкатҳое, ки технологияи муосирро ворид мекунанд;

— ҷорӣ намудани низоми муассир ва қавии ҳимоят аз ҳуқуқи соҳибмулкон ва пешгирии ҷиддӣ аз ғасби тиҷорат ва моликияти соҳибкорони хурду миёна ва фишори монополистҳои маҳаллӣ ва мансабдорону намояндагони мақомот;

— сабуктар кардани роҳҳои вуруд ба тиҷорати хориҷӣ барои соҳибкорони ватанӣ, кӯмак дар пайдо кардани бозорҳо ва шарикони хориҷӣ;

— поён бурдани пардохтҳои молиётӣ, фондҳои иҷтимоӣ, суғуртавӣ ва нафақа барои ширкатҳое, ки дар кишвар фаъолият мекунанд. Имрӯз маблағи умумии ин пардохтҳо дар кишвари мо аз меъёри миёнаи таъйиншуда барои кишварҳои иқтисодашон дар ҳолати рушд (мисли Европаи Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ), бештар мебошад;

— давлат бояд кафолати ҷиддӣ барои ҳимоят аз сармоягузорони хориҷӣ ва дохилиро таъмин кунад. Ҳимояти моликият ва сармояи соҳибкорон аз беадолатӣ, ғасб ва фишорҳои мақомот, яке аз муҳимтарин вазоифи давлат бояд бошад.

2.4. Рушди саноат

Рушди саноат ва навоварии он, яке аз авлавиятҳои ислоҳоти иқтисодӣ дар ояндаи кишвар бояд бошад. Табиист, бидуни рушди ин бахши иқтисод, дигар соҳаҳо наметавонанд ба танҳоӣ вазъи иқтисодиро беҳтар намоянд ва эҷоди фурсатҳои шуғлӣ ва касбу кор ва таъмини бозор бо молҳо ва тавлидоти дохилӣ, омили аслии рушди саноат хоҳад буд.

Илова бар ин, ислоҳот дар истихроҷ ва саноати коркарди маъданҳо ва канданиҳои зеризаминӣ аз сутунҳои аслии рушди иқтисод бояд бошанд. Имрӯз соҳаи канданиҳои фоиданок, сангҳои қимматбаҳо ва маъданҳо комилан дар ихтиёри монополистҳо қарор гирифтааст ва гурӯҳи маҳдуде аз наздикони Президент ва хонаводаи ӯ, онро дар ихтиёр доранд. Фоидаи ин соҳа ба буҷаи кишвар ва мардум ночиз буда, даромади аслии он, бештар ба хориҷи кишвар интиқол дода мешавад. Истифодаи дуруст аз захираҳои табиӣ ва истифодаи он дар рушди иқтисодиёт, яке аз авлавиятҳои ПМТ мебошад.

Барои расидан ба аҳдофи боло, тарҳҳои зер дар назар дошта мешаванд:

— таъсиси бунёди махсуси сармоягузорӣ (инвеститсионӣ) барои кӯмак ва рушди соҳибкорӣ дар саноат ва технологияи муосир. Ин бунёд бояд ғайриҳукуматӣ ва ғайритиҷоратӣ бошад ва битавонад сармояро аз ҳисоби буҷаи давлатӣ, грантҳои хориҷӣ ва сармоягузорон ҷамъоварӣ намояд. Ин бунёди молӣ метавонад бар асоси низоми бонкдории исломӣ — яъне қарзҳои бидуни фоиз, ба тарҳҳои гуногун, бар асоси озмун (музоида) сармоягузорӣ кунад. Таҷрибаи пешрафтаи дигар бунёдҳои ҷаҳонӣ бояд дар фаъолият, мудирият ва натиҷагирии ин ниҳод истифода шавад;

— барномарезии ихтисосии давлат барои рушди саноат ва тақвияти заминаи илмӣ ва технологӣ барои амалӣ намудани он;

— барномарезӣ барои ислоҳи соҳаи энергетика ва рушди он, ба унвони заминаи аслии рушди иқтисодиёт ва саноат;

— ба фурӯш гузоштани корхонаҳо ва ширкатҳои бузурге, ки даромадзо нестанд ва фишори бузургеро бар буҷаи кишвар таҳмил намудаанд;

— аз монополияи як гурӯҳ (як хонавода) берун кардани корхонаҳои бузурги саноатӣ, канданиҳои фоиданок ва саноати кӯҳӣ. Фароҳам овардани шароит барои сармоягузорӣ ва рақобати озоди сармоягузорони хориҷӣ ва дохилӣ дар ин самтҳо;

— коҳиши дахолати мустақими мақомот ва идороти давлатӣ ба фаъолияти ширкатҳо ва соҳибкороне, ки дар ин самт фаъолият мекунанд; аз ҷумла даст кашидан аз тафтишоти пайвастаи ниҳодҳои гуногуни санитарӣ, сӯхторхомӯшкунӣ, андозу молиёт ва роҳандозии низоми ягонаи санҷиш барои ҳамаи ниҳодҳо.

2.5. Ислоҳоти мақомоти андоз ва гумрук

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки болотарин сатҳи андоз ва молиёти умумиро дар ҷаҳон дорад ва он ба 65,5 фоиз баробар шудааст, ки ин рақам, тақрибан якуним баробар бештар аз ҳисоби миёнаи минтақа мебошад. Илова бар ин, молиёти ширкатҳо, соҳибкорон ва шаҳрвандон нобаробар ва ноодилона тақсим гашта, вазни асосии андозҳо ва пардохтҳо бар дӯши соҳибкорони хурд ва шаҳрвандони оддӣ қарор гирифтааст. Инчунин, солҳои охир низоми андозбандии ғайриқонунӣ ва ғайривоқеӣ ҷорӣ гаштааст, ки маблағ ва ҳаҷми андоз аз тарафи мақомоти болоӣ, бидуни назардошти вазъи ҳақиқии корхонаҳо муайян мегардад. Барои мисол, мақомот андозро аз ҳаҷми умумии маблағи гардиши молӣ муайян мекунанд, на аз даромад ва ё хароҷоти корхонаҳо.

Чунин низоми андозбандӣ монеи рушди корхонаҳо ва соҳибкорон гашта, ниёз ба ислоҳоти ҷиддӣ ва фаврӣ дорад.

ПМТ бар ин бовар аст, ки давлат набояд тамаркузи худро рӯи фоизи баланди андоз, балки рӯи вусъат бахшидани заминаи он, бештар кардани шумори субъектҳои андозсупоранда ва рушду даромадзоии онҳо дошта бошад. Ҳар миқдор, сатҳи даромадзоии корхонаҳо ва шаҳрвандон боло равад, ба ҳамон андоза маблағи бештар, дар шакли андоз ва пардохтҳо ба буҷа ворид мегардад.

Имрӯз фоизи баланди андозҳо боис гаштааст, ки корхонаҳо муфлис шаванд, соҳибкорон аз тиҷорат ва истеҳсолот даст кашанд ва шаҳрвандони бидуни ҷои кор ва даромад, ба хориҷ рӯ биёранд.

Барои бартараф кардани ин вазъ лозим аст, ки чораҳои зер ба роҳ монда шавад:

— таъсиси гурӯҳи кории махсус аз ҳисоби мутахассисони хориҷӣ ва дохилӣ барои омодасозии барномаи ислоҳоти соҳаи андоз ва гумрук ва омода кардани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ дар ин замина;

— таъсиси комиссияи махсуси ҷамъиятӣ аз ҳисоби ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорон ва вакилони мардумии сатҳҳои гуногун, барои назорат аз болои мақомоти андоз ва гумрук;

— комилан электронӣ кардани соҳаи андоз ва гумрук барои пешгирӣ аз фишор ба соҳибкорон ва ришваситонии кормандони молиёт;

— ташдиди ҷазо барои кормандони мақомоти андоз ва гумрук, ки аз мансаб суистифода менамоянд;

— барҳам додани низоми андозбандӣ аз ҳисоби ҳаҷми гардиши молӣ ва роҳандозии андоз танҳо аз ҳаҷми даромад;

— бозбинии низоми имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ ва тамаркуз болои соҳибкорони хурд ва миёна;

— ҳадди ақал ба мизони ду баробар коҳиш додани шумори андозҳо;

— поён бурдани пардохтҳои актсизӣ ва андоз аз моликият;

— ислоҳи низоми «минтақаҳои озоди иқтисодӣ»; мутаассифона ин ташаббус ба таври лозим дар кишвар амал намекунад ва натиҷаи дилхоҳ надорад. Барномарезӣ ва қонунгузории нав дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои туристӣ.

2.6. Ислоҳоти низоми бонкӣ

Мушкилии аслии низоми бонкдорӣ дар Тоҷикистон, монополӣ шудани ин соҳа аз тарафи гурӯҳи хос, (ба таври дақиқтар, хонавода ва наздикони Президенти кишвар) мебошад. Ин вазъият рақобат дар соҳаро комилан аз байн бурдааст, ки дар иқтисодиёт, бахусус дар низоми бонкдорӣ яке аз шартҳои рушд аст. Дар шароити монополии бонкӣ, чун ҳамеша фоизҳо болост ва ин кор бар зарари шаҳрвандон тамом мешавад.

Аз вижагиҳои дигари низоми бонкии Тоҷикистон, вуҷуди фасодзадагии васеъ ва нобоварӣ ва адами эътимоди мардум ба бонкҳост. Аҳолӣ ба низоми бонкӣ бовар надоранд ва кӯшиш мекунанд, ки маблағҳои изофии худро дар шаклҳои дигар нигаҳдорӣ кунанд. Барои мисол, дар шакли моликияти ғайриманқул (мисли хариди хона) ва ё замин. Ин мавзӯъ боис шудааст, ки бо вуҷуди камбизоатӣ, нархи ин ду (хона ва замин), дар Тоҷикистон яке аз болотаринҳо дар минтақа бишавад ва рӯз ба рӯз болотар низ меравад. Нобоварӣ ба бонкҳо ва кам будани маблағҳои амонатӣ дар ихтиёри бонкҳо боиси он гаштааст, ки бонкҳо натавонанд фоизи қарзҳоро поин баранд, чун дар ин сурат, бар зарари худ кор хоҳанд кард. Боло будани фоизи қарз ва хадамоти бонкӣ боиси дастнорас будани онҳо ба аксари аҳолӣ ва соҳибкорон гаштааст. Ба хотири коррупсия ва фасоди идорӣ дар ин соҳа, дарсади қарзҳои барнагашта 30-35 фоизро ташкил медиҳад, ки самаранокӣ ва суботи низоми бонкиро дар умум зери суол мебарад.

ПМТ дар ин соҳа лозим медонад:

— ғайримонополӣ (демонополизатсия) ва либерализатсияи низоми бонкии кишвар бояд сурат гирад ва фазои рақобат бо роҳи фароҳам сохтани шароит барои рушди бонкдории хусусӣ, муассисаҳои хурди қарздиҳӣ, боз кардани роҳ барои сармоягузории хориҷӣ ва дохилӣ дар соҳаи бонкдории солим бояд ба вуҷуд биёяд;

— поён бурдани фоизи қарзҳои бонкӣ барои соҳибкории хурду миёна, кишоварзон ва хонаводаҳои ҷавон. Ҳоло фоизи умумии солонаи қарзҳои бонкӣ 26-28% аст, ки бо назардошти фасод дар соҳаи бонкдорӣ ҳаҷми воқеии он боз бештар мегардад. Бо назардошти вазъи Тоҷикистон, фоизи умумии солонаи қарзҳои бонкӣ набояд бештар аз 15% бошад;

— мусоидат ба ворид намудани низоми бонкдории исломӣ, ки қарзҳои бидуни фоиз (бе рибо)-ро пешбинӣ мекунад. Таҷриба нишон додааст, ки ин низоми бонкдорӣ бештар дар ҳамкорӣ бо соҳибкории хурд ва миёна дар марҳилаҳои гузариш ва даврони бӯҳрон натиҷаҳои хуб медиҳад. Низоми бонкдории исломӣ на бар мабнои тиҷоратӣ, балки бар мабнои иҷтимоӣ поярезӣ шудааст. Барои бо ҷои кор таъмин намудани садҳо ҳазор муҳоҷир дар дохили ватан ва кӯмак барои роҳандозии соҳибкорӣ аз тарафи муҳоҷирон, бояд тарҳҳои сармоягузории иҷтимоӣ роҳандозӣ шаванд, ки яке аз намунаҳои хуби он сармоягузорӣ бар асоси меъёрҳои исломӣ (мисли музораба, мушорикат, муробаҳа ва ғ.) мебошад;

— давлат бояд ҳифзи амонатҳои мардум дар бонкҳоро кафолат бидиҳад. Дар ҳоли ҳозир маблағи кафолатии амонатҳо хеле поин мебошад, ки боиси нобоварӣ ва адами эътимоди мардум ба низоми бонкӣ гаштааст. Ин меъёр бояд ба сатҳи байналмилалӣ бардошта шавад ва бояд чанд баробар иртиқоъ пайдо кунад;

— давлат бояд чораҳои лозимро барои эҷоди фазои мушорикат байни бонкҳо ва соҳибкорон/деҳқонҳо ба вуҷуд биёварад. Истифодабарандаи аслии қарзҳои бонкӣ бояд истеҳсолкунандагони маҳсулоти аввалия, соҳаи саноат ва кишоварзон бошанд;

— шаффофсозии минбаъдаи соҳаи бонкдорӣ бо роҳи ҷорӣ кардани технологияи нави бонкдорӣ ва назорати шадид бар рӯи фаъолияти онҳо тибқи меъёрҳои байналмилалӣ;

— ташдиди ҷазои фасодкорӣ нисбати фиреби мизоҷон ва суистифода аз ҳолати монополии соҳибони бонкҳо ва кормандони онҳо.

3. Ислоҳоти кишоварзӣ ва замин

Агарчӣ Тоҷикистон кишвари аграрӣ дониста шудааст, аммо наметавон онро ба маънои воқеии калима аграрӣ номид. Зеро кишвари аграрӣ на он аст, ки аксари аҳолиаш дар деҳот зиндагӣ мекунанд, балки кишварест, ки қисми бештари даромади давлат ва аҳолӣ аз кишоварзӣ мебошад; дар ҳоле ки даромади аслии кишвари мо аз ҳисоби муҳоҷирон аст, на аз ҳисоби кишоварзӣ.

Тоҷикистон метавонад ба як кишвари пешрафтаи агросаноатӣ (дар марҳилаи аввал) ва баъдан саноатӣ-аграрӣ (дар марҳилаи дуввум) табдил ёбад. Мушкилоти асосии соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон, набудани сиёсати мушаххас ва санҷидашуда дар ин самт, фасоди идорӣ ва тиҷорати ғайриқонунии замин мебошад.

Тибқи таҳлилҳо, имрӯз як кишоварз бояд ба як гектар замин ба ҳисоби миёна, наздики ду ҳазор доллар сармоягузорӣ кунад, ки барои шароити кишвари мо хеле болост. Соҳаи кишоварзӣ ва муомилаи замин гирифтори фасоди амиқ буда, аз тақсими замин то ба бозор расидани маҳсулотро фаро мегирад. Тибқи таҳқиқоти коршиносон, танҳо барои гирифтани санадҳои лозим барои замин, аз 300 то 500 доллар ришва ситонда мешавад. Ба илова, порахӯрӣ дар масирҳои интиқоли бор ва роҳҳои мошингарди кишвар, ки бар рӯи нархи маҳсулот то расидани он ба бозор, таъсиргузор аст. Дар соҳаи кишоварзӣ ҳанӯз ҳам супоришҳои давлатӣ амал мекунад, ки деҳқонҳо маҷбур мешаванд, маҳсулотеро кишт кунанд, ки зараровар ё фоидаи камтар дорад, на он чизеро, ки бозор талаб мекунад ё худашон мехоҳанд. Дар натиҷаи ин сиёсатҳои ғалат, дастнорасии қарзҳои бонкӣ, андозҳои зиёд, қимматшавии маводди минералӣ, об ва дигар воситаҳои кӯмакрасон ва низ ришваситонии беҳадду ҳасри мақомот, кор дар замин барои аҳолӣ, асосан зиёновар буда, сокинони деҳот маҷбуранд, кишти заминро раҳо кунанд ва ба муҳоҷират рӯ биёранд.

ПМТ барои ислоҳи вазъи кишоварзӣ иқдомҳои зерро лозим мешуморад: 

— таъсиси комиссияи босалоҳият барои омода кардани барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла муомила бо замин;

— таъсиси бунёди рушди кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бо ҷалби мутахассисони дохиливу хориҷӣ ва амалӣ намудани тарҳҳои сармоягузорӣ ва додани қарзҳои имтиёзнок ба хоҷагиҳои деҳқонӣ; 

— истифодаи таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои дигар, (мисли Ҳоланд), дар мудирияти соҳаи кишоварзӣ. Рақобатпазир намудани соҳибкории кишоварзӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон;

— ҷорӣ намудани технологияи муосири кишоварзӣ, обёрӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ; 

— ба сатҳи минималӣ расонидани андози хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ ва дар назар гирифтани субсид ва имконоти иловагӣ ба ин соҳа;

— ислоҳоти бахши обёрӣ, тақсими дуруст ва одилонаи захираҳои об байни хоҷагиҳо, минтақаҳо ва соҳибкорон; 

— гузаштан ба қарздиҳии дарозмуддати боимтиёз барои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони соҳа. Додани қарзҳои кӯтоҳмуддат бо суди боло, на танҳо кӯмак намекунад, балки хоҷагиҳоро муфлис намуда, боиси таназзули соҳа гаштааст; 

— ислоҳоти васеи соҳаи заминдорӣ, тақсими одилонаи замин байни шаҳрвандон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, қадам ба қадам ҷорӣ намудани ҳаққи моликият ба заминҳои кишт, ба вуҷуд овардани бозори муосири замин; 

— даст кашидан аз маҷбурсозии деҳқонон ба кишти ин ё он зироат аз тарафи мақомоти давлатӣ. Танҳо кишоварз ҳақ дорад муайян кунад, ки кадом навъи зироатро кишт намояд. Дар сурати супориши давлатӣ гирифтан, муомила байни давлат ва соҳибкор бояд дар асоси қонун ва нарх ва талаботи бозор сурат бигирад; 

— ислоҳоти зерсохтори соҳаи кишоварзӣ, барқарор кардан ва азнавсозии базаи техникӣ/таъмирии соҳа, паркҳои тракторӣ; 

— сохтани шабакаҳои нави таъминоти воситаҳои кишоварзӣ, анборҳо, яхдонҳо ва маконҳои ҳифзи маҳсулоти кишоварзӣ; 

— барқарор кардан ва азнавсозии иншоот ва шабакаҳои обрасонӣ, ҷорӣ намудани технологияи муосири соҳа, ҷорӣ намудани услуби обёрии қатраӣ. Лозим аст, ки таҷрибаи кишварҳои пешрафта ҳарчӣ зудтар ба соҳа ворид карда шавад ва яке аз вазифаҳои бунёди рушди кишоварзӣ низ дар ҳамин хоҳад буд.

4. Ислоҳот дар соҳаи маориф ва илм

Рушди маориф ва илм яке аз авлавиятҳои Паймони Миллии Тоҷикистон хоҳад буд. Маориф дар кишвари мо имрӯз яке аз ақибмондатарин арса дар миқёси минтақа мебошад. Бузургтарин мушкилоти имрӯзаи ин соҳа, фасоди густарда, маоши поин ва идеологӣ-сиёсӣ кардани он аст. Ба дасти шахсони тасодуфӣ, аммо аз лиҳози фикрӣ ва маҳал наздик ба гурӯҳи ҳоким супурдани масъулияти соҳа боиси фарогир шудани ришваситонӣ дар соҳаи маориф ва илм гаштааст. Маоши ночиз боис гаштааст, ки нигоҳи муаллим ба талаба ва донишҷӯ ба унвони сарчашмаи даромад бошад. Маоши миёнаи муаллим дар як баст (18 соат) баробари 65-85 доллар мебошад, ки яке аз поинтаринҳо дар сатҳи ҷаҳон аст. Камбуди шумори мактабҳо, синфхонаҳо ва маводди таълимӣ, яке аз мушкилоти аслии соҳа мебошад. Наздики 80 дарсади мактабҳо ба шакли се баст (смена) кор мекунанд ва қариб 90% мактабҳо шароити муосири санитарӣ ва беҳдоштӣ надоранд. Бештари мактабҳо аз шабакаи гармидиҳӣ маҳруманд. 

Сатҳи илмӣ-академии муассисаҳои илмӣ ва омӯзишӣ ба дараҷаи поин афтода, асардуздӣ (плагиат) ва тақаллуб дар асарҳои илмӣ ба таври фаровон мушоҳида мешавад.

Аз тарафи дигар, имрӯз соҳаи маориф ва илм ҳамчун василаи сиёсӣ аз тарафи гурӯҳи ҳоким истифода мешавад. Дар системаи маориф меъёр барои баҳодиҳӣ ба кормандон ва донишомӯзон на донишу малака ва тавонмандиҳои шахсӣ, балки садоқат ба дидгоҳҳои сиёсии гурӯҳи ҳоким гаштааст. Ин вазъият боиси фирори мағзҳо аз кишвар шуда ва беҳтарин мутахассисон ба хориҷ мераванд. Имрӯз ҳадафи аслии системаи маориф, тарбияти «пайрави Пешво» ва тарбияти муҳоҷирони оянда аст, на мутахассисе, ки оянда дар кишвари худ кору зиндагӣ кунад ва дар рушди он саҳм дошта бошад. 

Бинобар ин, Паймони Миллӣ роҳи ҳалро дар чораҳои зер мебинад: 

— таъсиси гурӯҳи махсуси корӣ барои омода кардани барномаи ислоҳоти соҳаи маориф ва илм бо истифода аз мутахассисони дохилӣ ва хориҷӣ; 

— бознигарӣ дар муҳтавои барномаҳои дарсӣ, китобҳо ва маводди таълимӣ бо ҳадафи мутобиқсозии онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ, дастовардҳои илмӣ ва донишҳои муосир, ғайриидеологӣ ва ғайрисиёсӣ кардани онҳо; 

— мамнуияти истифодаи кормандони соҳаи маориф ва донишомӯзон ба унвони василаи таблиғотии сиёсӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ; 

— манъи истифодаи донишҷӯён ва кормандони соҳаи маориф дар чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ аз тариқи роҳбарият ва кормандони муассисаҳои таълимӣ. Ширкати ҳар шахс дар чунин чорабиниҳо бояд тибқи шартномаи алоҳида, ҳамчун кори иловагӣ бо пардохти маблағ сурат бигирад;

— роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла ректорҳо, деканҳо, мудирони кафедраҳо бояд аз тарафи шӯроҳои илмии худи муассисаҳо интихоб шаванд. Бо фармони Президент таъйин шудани ректорони донишгоҳҳо боиси рушди фасод ва сиёсишавии соҳа гаштааст; 

— мактабҳои миёна бояд аз тарафи шӯрои назорат мудирият шаванд ва мудирони мактабҳоро низ бояд ин шӯро интихоб ва ё барканор намояд; 

— манъи ҷалби кормандони соҳа, бахусус муаллимон, дар раванди интихобот, ба унвони кормандон ё аъзои комиссияҳои интихоботӣ. Боиси таассуф аст, ки қисми зиёди тақаллуби интихоботӣ бо дасти кормандони соҳаи маориф сурат мегирад, ки боиси беобрӯ гаштани соҳа гаштааст; 

— барқарор кардани обрӯ ва ҷойгоҳи муаллим дар ҷомеа, бо роҳи поксозии саффи кормандон аз ашхоси тасодуфӣ ва бесалоҳият; 

— боло бурдани маоши кормандони соҳа, бахусус муаллимон, ба хотири ҷалби беҳтарин мутахассисон ба мактаб; 

— маоши муаллим бояд ба ҳадде кофӣ бошад, ки барои таъмини зиндагии худ ва хонавода ба фаъолиятҳои дигар рӯй наоварад ва вақту нерӯи худро, танҳо ба рушди илмии худ ва донишомӯзон сарф кунад; 

— манъи ҷамъоварии маблағ аз талабаҳо ва волидайн барои таъмир ва ё хароҷоти дигари мактабҳо. Ин амал боиси рушди фасод ва поин рафтани обрӯи мактабу муаллим гаштааст;

— ворид кардани низоми онлойнии таълим, ки барои минтақаҳои кӯҳистонӣ ва низ ҷиҳати қатъ нашудани раванди таълим дар шароитҳои хос (мисли пандемия); 

— барқарор кардани шакли ғоибонаи таҳсил (онлойн), бахусус барои қишри камбизоат ва муҳоҷирони хориҷ аз ватан;

— таъсиси бунёди махсус, барои маблағгузории таҳсили талабаҳои боистеъдод дар хориҷ ва дохили кишвар. Интихоби ин талабаҳо бояд дар асоси озмун ва шаффоф сурат бигирад.

5. Ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ

Пандемияи Ковид-19 нишон дод, ки соҳаи тандурустии Тоҷикистон дучори мушкилоти ҷиддӣ мебошад. Шумори ками муассисоти тиббӣ, камбуди мутахассисони ҳирфаӣ, зерсохтҳои кӯҳнашуда, сатҳи поини хидматрасонӣ ва табобат, ришваситонӣ ва гаронии табобату доруворӣ аз мушкилоти аслӣ мебошанд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ, поёнтарин сатҳи маблағгузории давлатӣ дар соҳаи тибро дорад, ки ҳамагӣ 55 доллар барои ҳар нафарро ташкил медиҳад. 

Ришваситонӣ ва вуҷуди муомилоти пинҳонию ғайриқонунӣ дар соҳаи тиб яке аз воқеиятҳоест, ки сиёсатҳои ҳукумат дар ин соҳа ба вуҷуд овардааст. Агарчӣ тибқи Конститутсия, шаҳрвандон, бахусус камбизоатон, ба табобати бепул ҳақ доранд, аммо дар амал тиҷорати пинҳонии хадамоти тиббӣ роҳандозӣ шудааст. Маоши поини кормандони соҳаи тиб, онҳоро маҷбур намудааст, ки мутахассисон ё рӯ ба ришваситонӣ биёваранд ва ё ба кишварҳои дигар ҳиҷрат кунанд. Дар натиҷа, кишвар ба камбуди шадиди норасоии мутахассисони соҳаи тиб рӯ ба рӯст ва тибқи омори расмӣ, ин камбуд баробари 79,7%-ро нисбат ба талабот, нишон медиҳад. 

Паймони Миллӣ бар ин бовар аст, ки барои ислоҳи вазъ бояд тағйироти решаӣ дар соҳаи тиб анҷом шавад, аз ҷумла:

— ҷорӣ намудани низоми суғуртаи тиббӣ, ки ба ҳар шаҳрванд гирифтани табобати босифати арзон ва барои қишрҳои камбизоат, табобати ройгонро таъмин кунад. Низоми суғуртаи тиббӣ бояд тавре бошад, ки ҳеч шаҳрванд, бахусус қишрҳои осебпазир, аз он маҳрум намонад. Пешбинӣ кардани шаклҳои гуногуни суғуртаи тиббӣ вобаста ба имконот ва шароити ҳар шаҳрванд; 

— барномарезӣ барои пешгирии фасод дар муассисоти тиббӣ, дар чорчӯби муборизаи воқеӣ бо фасод дар кишвар. Аз тарафе бояд назорат ва ҷазо барои ришваситонӣ шадидтар гардад ва аз тарафи дигар, бояд маош ва имтиёзҳои кормандони соҳа бештар шавад;

— ҷорӣ намудани имтиёзоти махсус барои табибон, бахусус дар деҳот ва минтақаҳои дурафтода. Аз ҷумла таъмини шароити иҷтимоӣ ва молии муносиб барои ташвиқи мутахассисон; 

— ҷорӣ намудани шабакаи дорухонаҳо (ва ё гӯшаҳои махсус) барои нафақахӯрон ва камбизоатон, ки доруворӣ бо нархҳои арзонтар ва ё ройгон тааллуқ бигирад; 

— рушди низоми электронӣ дар соҳа. Дар кишвари кӯҳистонӣ, мисли Тоҷикистон, ки аксари аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд, дастрасӣ ба маълумот ва машваратҳои тиббӣ аз тариқи интернет, камбуди муассисоти тиббӣ ва хадамоти мутахассисонро то ҳадде ҷуброн мекунад; 

— таъсиси клиникаҳои машваратии онлойн, ки ҳам ба аҳолӣ ва ҳам ба мутахассисон кӯмаки машваратӣ мерасонад; 

— ҷорӣ намудани имтиёзот ва шароити осонтар барои сармоягузорӣ дар беморхонаҳо ва клиникаҳои тиббии хусусӣ. Бахусус беморхона ва клиникаҳое, ки дар деҳот ва минтақаҳои кӯҳистонӣ сохта мешаванд ва ба қишрҳои камбизоат хидмат мерасонанд; 

— барномарезӣ ҷиҳати пешбинии имтиёзот барои сармоягузорӣ дар рушди соҳаи фармасевтика ва дорусозӣ дар дохили кишвар; 

— ба вуҷуд овардани шароит барои ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ дар соҳаи тиб; 

— табобати бемориҳои вазнин, бахусус бемориҳое, ки дар натиҷаи шароити ногувори иҷтимоӣ пеш меоянд, бояд бар ӯҳдаи давлат бошад. Табобати шаҳрвандони болои 60 сол, кӯдакони то синни мактабӣ, инвалидҳо ва камбизоатон бояд бар ӯҳдаи давлат бошад; 

— қадам ба қадам гузаштан аз низоми бемористонҳо ва клиникаҳои бузурги давлатӣ ба низоми бемористонҳо ва дармонгоҳҳои маҳаллӣ ва «дастрасии нимсоата», ки ҳар як шаҳрванд битавонад дар муддати на бештар аз ним соат ба бемористон ва дармонгоҳ дастрасӣ дошта бошад. 

6. Матбуот ва озодии сухан

ПМТ бар ин назар аст, ки вуҷуди расонаҳои мустақил ва таъмини озодии баён ва фикр, яке аз лозимаҳои як ҷомеаи озод ва пешрафтаи муосир мебошад. Бидуни доштани матбуоти мустақил, расидан ба ҳадафҳое мисли мубориза бо коррупсия, шаффофсозии ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, интихоботи озод ва доштани ҳокимияти масъулиятпазир шиоре беш нестанд.

Тоҷикистон бори аввал, пас аз расидан ба истиқлолият ва бори дуюм, пас аз имзои Созишномаи сулҳ, муддати кӯтоҳе, расонаҳои нисбатан мустақил ва фазои нисбатан озоди иттилоотиро таҷриба кардааст. Дар ҳар ду давра, бо фишор ва талошҳои зиёди нерӯҳои мардумӣ ва равшанфикрон, ин натиҷаҳо ба даст омада буд. Аммо бо даст додани камтарин фурсат ва имконият, ҳокимият расонаҳои мустақилро саркӯб ва озодии матбуотро аз байн бурд ва имрӯз кишвари мо яке аз поёнтарин ҷойгоҳро аз назари озодии матбуот ва расона соҳиб гаштааст.

Набудани матбуоти озод таъсири манфии худро ба ҳамаи самтҳои ҳаёти фардӣ ва иҷтимоӣ гузоштааст. Ҳокимият матбуотро танҳо ба як василаи пропаганда ва таблиғотӣ табдил дода ва онро комилан дар ихтиёри худ гирифтааст.

Бинобар ин, ПМТ чораҳои зерро барои таъмини озодии матбуот ва расона ва ҳаққи раъй дар назар дорад: 

— таъсиси як гурӯҳи корӣ бо ширкати журналистони маъруф, соҳибони расонаҳо ва ҳуқуқшиносон барои омода кардани тарҳи нави қонун дар бораи матбуот; 

— аз байн бурдани ҳамаи монеаҳои ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва молиявӣ барои таъсис ва фаъолияти расонаҳои мустақил; 

— минималӣ кардани талабот барои сабт ва роҳандозии расона; 

— барои 5 сол додани имтиёзҳои андоз ва пардохти ҳамагуна молиёт ба расонаҳо; 

— барҳам додани мақоми давлатии расонаҳо, аз ҷумла радио ва телевизион ва ҷамъиятӣ ё хусусисозии онҳо. Дар як кишвари демократӣ, ҳукумат ва нерӯҳои сиёсӣ набояд расона дошта бошад, зеро дар тобеияти худ доштани расона, барои ҳукумат ва нерӯҳои сиёсӣ, боиси суистифода аз он ва ҳамчун василаи пропаганда ва таблиғот истифода бурдани он мешавад. Кофист мақомоти давлатӣ ва нерӯҳои сиёсӣ, тавассути баёнияҳо, нишастҳои матбуотӣ ва ё сухангӯёни худ, иттилоотро дар ихтиёри расонаҳо ва ҷомеа қарор диҳанд; 

— давлат метавонад ба расонаҳои миллӣ, дар асоси озмун ва шаффофият, кӯмаки молӣ расонад, (ин мавзӯъ барои се соли аавали таъсиси Ҳукумати миллӣ, бояд ҳатмӣ бошад). Маблағҳое, ки то имрӯз ба расонаҳои ҳукуматӣ ва соҳавӣ ихтисос дода мешаванд, минбаъд тавассути Шӯрои миллии расонаҳо, (ё ҳар созмони миллии мустақилли дигаре, ки худи рӯзноманигорон ва соҳибони расона таъсис ва мудирият хоҳанд кард), ба расонаҳои миллӣ ва хусусӣ тақсим карда мешавад; 

— фишор, таҳдид ва мамониат аз фаъолияти расонаҳо, ба унвони ҷинояти сангин ба шумор рафта ва мушоҳидаи он аз тарафи мақомоти давлатӣ, ҷазои вазнин ба бор хоҳад дошт; 

— ҳамзамон, суистифода аз озодии матбуот ва расонаҳо, таҳқиру шонтож, беобрӯ кардан, дахолат ба зиндагии шахсии шаҳрвандон ва ошкор кардани онҳо бо истифода аз расона, ҷинояти бисёр сангин дониста мешавад; 

— бекор кардани ҷазои расонаҳо ва рӯзноманигорон барои танқид ва ё таҳқири президент. Ин масъала бояд дар чорчӯби ҳуқуқ ва қонунгузории умумӣ мавриди баррасӣ қарор гирад ва масъалаи танқид ва ё таҳқири президент, мисли ҳар шаҳрванди оддии кишвар дида шавад. Зеро вуҷуд доштани чунин як меъёр ва имтиёзи хос барои президент, чунин бардошти ғалатеро ба вуҷуд меорад, ки ба ғайр аз президент, метавон ҳамаи афроди дигари ҷомеаро таҳқир намуд. Обрӯ ва ҳайсияти ҳамаи шаҳрвандон бояд дар назди қонун баробар ва мусовӣ бошад;

— ҳукумати ояндаи Тоҷикистон ҳаққи ҳидоят, ҷиҳатдиҳӣ ва роҳнамоии фаъолияти расонаҳоро надорад;

— дастрасии бевоситаву мустақил ба чопхонаҳо. Мутаассифона яке аз василаи фишор ба расонаҳои чопии кишвар, таҳти назорат будани тамоми чопхонаҳост. Ба хотири пешгирӣ аз шароити мазкур, ҳукумати ояндаи Тоҷикистон кафолати фаъолияти озодонаи чопхонаҳо ва рақобати озод байни онҳоро таъмин хоҳад кард; 

— Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ва дигар мақомоти қудратӣ, инчунин, идораҳои дигари давлатӣ ҳаққи тафтишу таҳдид ва дахолат дар кори расонаҳои Тоҷикистонро надоранд. Бояд гуфт, ки солҳои охир таҳдид, шонтож ва монеатарошӣ ба кори расонаҳо, аз тарафи мақомоти давлатӣ, (бахусус маъмурони амниятӣ), як падидаи маъмулӣ гаштааст, ки боиси ҷорӣ намудани худсонсурӣ аз тарафи расонаҳо шудааст. Бахусус нақши КДАМ аз тариқи ниҳоди хос ва ғайриқонуние бо номи «кураторҳои матбуот», барои аз байн бурдани озодии баён дар кишвар нақши муҳим доштааст. Ҳукумати ояндаи кишвар кафолат медиҳад, ки дар сурати ба сари қудрат омадан, ниҳодҳои давлатӣ, ҳеч салоҳияте барои дахолат дар кори расонаҳоро (хориҷ аз чорчӯби қонун) нахоҳанд дошт; 

— эътирози дастаҷамъона яке аз шаклҳои дигари баёни андеша ва озодии раъй мебошад. Ин ҳаққи озодии баён барои мардуми кишвар дар доираи қонун бозгардонда хоҳад шуд. Ногуфта намонад, ки Паймони Миллӣ озодии баёнро яке аз шартҳои ҳатмии рушди иқтисодӣ ва сиёсии кишвар медонад ва барои фаъолияти озодона ва амни рӯзноманигорон, тамоми талоши худро хоҳад кард. Яке аз ҷиддитарин иштибоҳот ва ҷиноёти ҳукумати имрӯзаи кишвар, ҷорӣ намудани сонсури ғайриаланӣ, таҳти назорати комил гирифтан, ҳидоят намудан, ҷиҳатдиҳӣ ва мушаххас кардани сиёсати расонаҳо мебошад. Барои такрор нашудани ин ҳолат, фаъолияту рисолати ҳукумати оянда, пайваста зери назорати низоми додгоҳӣ ва ҷомеа қарор хоҳад гирифт.

7. Дин

Ҷомеаи Тоҷикистон, як ҷомеаи диндор мебошад ва боиси таассуф аст, ки дар кишвар, то ба ҳол, як сиёсати дуруст ва мантиқие нисбати дин пешбинӣ нашудааст, ки ҷавобгӯи манфиатҳои стратегӣ ва воқеиятҳои давлату миллат бошад. Ҳокимият сиёсатҳои худро дар ин самт бар мабнои он поярезӣ кардааст, ки дин дар умум сарчашмаи ҳамешагии хатар мебошад. Муносибати ҳукумат бо дин ва ташкилотҳои динӣ ҳам аз ҳамин мантиқ сарчашма мегирад. Агарчӣ мақомот ҳамеша сиёсатҳои худро дар муносибат бо дин, зери шиори мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дунявӣ, амалӣ кардаанд, аммо дар асл, мантиқи ғалат ва амалҳои иштибоҳ, боиси рушди ифротгароӣ ва зарба хурдани арзишҳои миллӣ ва дунявӣ дар кишвар гаштаанд.

Бинобар ин, ПМТ иқдомҳои зерро дар самти сиёсатҳои динӣ роҳандозӣ хоҳад намуд:

— асли ҷудоии давлат аз ташкилотҳои динӣ, (на аз дин) ва дахолат накардан ба умури ҳамдигар, бояд ба таври комил ва дуҷониба амалӣ гардад; 

— асли конститутсионии озодии виҷдон ва пайравии озодона дар диндорӣ ё адами диндорӣ ва ё эътиқоди хос, ба таври комил бояд таъмин гардад ва ҳеч инсоне барои эътиқодоти хеш, набояд мавриди таъқибу фишор қарор гирад; 

— муносибати давлат бо дин, на бар мабнои рақобат ва зиддияту тарс аз ҳамдигар, балки руҳияи ҳамкорӣ, мушорикат, ҳамдигарфаҳмӣ ва адами дахолат дар умури якдигар шакл мегирад; 

— ислоҳоти асосӣ ва решаӣ дар идораҳо ва сохторҳои умури динии кишвар сурат хоҳад гирифт; 

— интихоб ва ё таъйини роҳбарияти ташкилотҳои динӣ, имомҳо ва кормандони он, комилан дар ихтиёри худи ташкилотҳои динӣ, пайравон ва ё аъзои ташкилотҳои динӣ вогузор мешавад; 

— таҷрибаи атестатсия ва имтиҳонгирии имомҳо ва ё кормандони ташкилоти динӣ, инчунин дахолат дар интихоб ва таъйини онҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ қатъ гашта, комилан ба ихтиёри худи ташкилот ва диндорон гузошта мешавад. Таҷриба нишон додааст, ки дахолати мақомот боиси ривоҷи ришваситонӣ, фасод ва вуруди афроди ғайриҳирфаӣ ва тасодуфӣ дар умури динӣ гаштааст;

— давлат тамоми шароити қонуниро барои гирифтани таҳсилоти динӣ ва анҷоми ибодатҳо барои пайравони ҳамаи адён муҳайё месозад;

— дар сурати тамоюл, ҳар инсон ҳақ дорад таҳсилоти динии худро дар хориҷи кишвар, бидуни фишори мақомот идома диҳад;

— барои рақобатпазир будани муассисоти таълимии динии кишвар бо ҳамтоёни хориҷии худ ва барои пешгирӣ аз зарурати рафтани донишҷӯёни динӣ ба хориҷ, давлат шароити рушди чунин муассисотро дар дохил таъмин мекунад; 

— дар мактабҳои миёна, воҳидҳои дарсии ғайриилзомӣ (факултативӣ) барои гирифтани маълумоти аввалия, дар бораи усули дин, ҷорӣ карда мешавад; 

— тамоми маҳдудиятҳое, ки солҳои охир ба қонунгузорӣ ворид карда шудаанд ва боиси поймол гаштани ҳуқуқ ва озодиҳои динии мардум гаштаанд, аз байн бурда мешаванд;

— қонунгузории кишвар дар соҳаи дин, набояд бо санадҳои байналмилалии эътирофшуда аз тарафи Тоҷикистон ва меъёрҳои мазҳабиву миллии мардум мухолифат дошта бошанд;

 — интихоби либос, намуди зоҳирӣ ва ширкат дар маросимҳои динӣ, аз ҳуқуқи фитрии ҳар фард буда, мақомоти давлатӣ ҳаққи дахолат дар ҳаёти шахсии инсонҳоро надоранд; 

— поймол кардани озодиҳо ва ҳуқуқи мазҳабии шаҳрвандон яке аз ҷиноятҳои сангин ба шумор хоҳад рафт; 

— ҳамчуноне ки мақомоти давлатӣ ҳаққи дахолат дар умури дохилии ташкилоти диниро надоранд, ташкилоти динӣ ҳам ҳаққи дахолат дар умури давлатӣ ва суистифода аз эҳсосот ва боварҳои мардумро нахоҳанд дошт. Таҳмили ақида ва боварҳо, инчунин, таҳқири ақида ва боварҳои дигарон, ҷинояти сангин маҳсуб хоҳад шуд.

8. Фарҳанг, адабиёт ва анъанаҳои миллӣ

Имрӯз мақомоти Тоҷикистон мафҳум ва вожаи фарҳангро бештар ба маънои либос, анвои саргармиҳо, рақсу суруд ва баргузории чорабиниҳои умумӣ мебинанд ва амалӣ менамоянд. Дар сурате, ки фарҳанг, як падидаи густарда ва маҷмӯи арзишҳои таърихӣ, маънавӣ ва тамаддунии як миллат мебошад. Фаҳми зоҳирӣ ва истифодаи сиёсиву абзории он боиси таназзули фарҳанг ва коста шудани маънавият дар ҷомеа мегардад. Адабиёт, театр ва созмонҳои адабиву эҷодии кишвар комилан сиёсизада гашта, истиқлоли эҷодӣ ва касбию ҳирфаии худро аз даст додаанд. Асарҳои эҷодӣ, намоишномаҳои театрӣ ва санъати кино аз зиндагӣ ва воқеиятҳои ҷомеа ва мардум дур гашта, бештар моҳияти таблиғотиро гирифтаанд. Аз тарафи дигар, шахспарастӣ, маддоҳӣ ва худсонсурӣ ҳамаи самтҳои фаъолиятҳои эҷодиро фаро гирифтаааст. 

Паймони Миллии Тоҷикистон барои ислоҳи вазъи мавҷуд ва рушди фарҳангу адаб ва театру кино, инчунин ҳифзи анъанаҳои миллӣ, чораҳои зерро зарурӣ мешуморад: 

— барномарезӣ ҷиҳати берун намудани ин ниҳодҳо аз сензура, дахолат ва фишори мақомоти давлатӣ, озод кардани ҳавзаҳо ва созмонҳои ҳунарӣ, фаҳангӣ, адабиёт, театр ва кино. Бахусус, ғайрисиёсӣ ва ғайриидеологӣ намудани адабиёт ва фарҳанг бояд яке аз авлавиятҳо дар ин самт бошад; 

— ҳимоят ва пуштибонии қавии молӣ ва техникии давлат, аз созмонҳои ҳунарӣ, театрҳо, студияҳо, фаъолиятҳои фардӣ ва гурӯҳии эҷодӣ бар асоси озмун ва бо риояти шаффофияти комил; 

— таъсиси бунёди миллӣ барои пуштибонӣ ва маблағгузории фаъолиятҳо ва тарҳҳои фарҳангӣ ва эҷодӣ; 

— манъи комили дахолати мақомоти давлатӣ дар умури дохилии созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҳунарӣ ва касбӣ, муассисоти фарҳангӣ ва театрҳо. Интихоби роҳбарони ин созмонҳо ва муассисаҳо бояд аз тарафи худи аъзо, бидуни дахолати мақомоти давлатӣ сурат бигирад; 

— фароҳам сохтани шароит ва пешбинии имтиёзот барои рушди муассисаҳо, студияҳо, намоишгоҳҳо ва театрҳои хусусӣ; 

— мусоидат барои ширкати бештари намояндагони фарҳангӣ ва эҷодии кишвар дар саҳнаҳои байналмилалӣ ва барқарор кардани иртибототи хориҷӣ; 

— манъи комили сензура дар ҳамаи шаклҳояш; 

— таваҷҷӯҳи хос ба рушди фарҳанг, анъанаҳо ва русуми минтақаҳои дурдаст ва маҳаллӣ; 

— рушди туризми фарҳангӣ ва этнологӣ; 

— мусоидат ба эҳё ва рушди анъанаҳо, русум ва одатҳои фарҳангӣ ва таърихии қавмҳо ва ақаллиятҳои забониву фарҳангӣ; 

— озод кардани созмонҳо ва муассисоти фарҳангӣ ва эҷодӣ аз андоз ва пардохтҳои гуногун.

9. Забон, хат ва номгузорӣ

Забон ва хат барои як ҷомеа, на танҳо василаи корӣ, иртибот, илм ва технология мебошад, балки ҷузъи ҳувият ва таърихи он низ мебошад. Мутаассифона, дар сад соли охир, раванди таърихии рушд ва ҳамбастагии забон ва хатти миллии кишвар бо дахолати дигарон ва бо ҳадафҳои сиёсӣ, аз ҳам гусаста шудааст. Ҳамбастагӣ ва рушди табииву гармоникаи забон ва хат дар тӯли таърих боиси шаклгирии фарҳанг, адабиёт ва андешаҳои оламшумул гашта буд. Бахусус дар қаламрави Мовароуннаҳр, ки забон ва хатти ниёкони мо ҷойгоҳ ва мақоми истисноӣ дошт. Ва ин мақому ҷойгоҳи забон ва хат ба таври табиӣ ҷойгоҳу мақоми ҳомилони аслии он, миллати тоҷикро дар минтақа боло бурда буд. Ҷудосозии ин ду аз ҳам, на танҳо боиси таназзули забону хат, балки боиси таназзули фарҳанг, маънавият ва сиёсати миллӣ ҳам гашт. Барқарор кардани ҳамбастагии таърихии забон ва хатти миллӣ, як масъулияти стратегӣ буда, аз омилҳои аслии рушди миллат ва давлат дар оянда хоҳад буд. 

Бо вуҷуди аҳамияти стратегии ин масъала, Паймони Миллии Тоҷикистон тарафдори такрори иқдомҳои носанҷида ва якбора нест. Кишвар ниёз ба як барномаи дарозмуддати омӯзиш ва гузариши қадам ба қадам ба хатти ниёкон дорад. Ҳама гуна иқдомоти бошитоб ва носанҷида натиҷаи баръакс хоҳад дод.

Яке аз иштибоҳоти бузурги ҳукумати имрӯза, муносибати носаҳеҳ ба номҳои таърихии маҳалҳо, минтақаҳо ва маконҳо мебошад. Ҳамчуноне ки номгузорӣ дар солҳои Шӯравӣ заминаи идеологӣ дошт, ин сиёсат идома ёфта, аз лиҳози завқ ва мазмун боз ҳам поёнтар рафтааст. Номи маконҳо ҷузъи ҷудонашавандаи таърихи як миллат ва кишвар мебошанд ва ҳама гуна дасткорӣ ба он, ба маънои аз байн бурдани таърихро дорад. Пайдоиши ҳар номи ҷуғрофиёӣ ҳатман таърихе доштааст, чӣ он рухдод хушоянд бошад ва чӣ нохушоянд. 

Бинобар ин, ПМТ чораҳои зерро барои рушди забон ва хатти ниёкон, инчунин ислоҳи сиёсати номгузорӣ дар кишвар лозим медонад: 

— таҳияи як барномарезии хос барои таълими хатти ниёкон, дар ҳамаи муассисоти таълимӣ ва дар ҳамаи сатҳҳо. Ба тадриҷ боло бурдани ошноии мардум, бахусус донишомӯзон бо хатти ниёкон. Дуруст хонда ва навишта тавонистан бо хатти ниёкон, дар оянда бояд яке аз меъёрҳои саводнокӣ ба шумор биравад; 

— пешгирӣ аз ҳама гуна тобишҳои идеологӣ ва мазҳабии масъалаи хатти ниёкон. Тамаркуз бояд сирфан ба ҷанбаи фарҳангӣ, илмӣ ва иқтисодии масъала бошад; 

— роҳ надодан ба шитобзадагӣ ва иқдомоти родиколӣ дар масъалаи забон ва хат; 

— таъсиси як комиссияи босалоҳият аз ҳисоби олимон, забоншиносон ва коршиносони соҳа, барои ислоҳи иштибоҳоте, ки солҳои охир дар масъалаи номгузории маҳалҳо рух дод; 

— баргардонидани номҳои таърихӣ ва қадимӣ ба маҳалҳо, минтақаҳо ва маконҳо; 

— дар сурати зарурат, (тибқи пешниҳоди комиссияи босалоҳият) иваз намудани номҳое, ки моҳияти таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ надоранд ва ҷойгузин кардани он бо номҳои торихӣ, фарҳангӣ ва ё забонии мардуми сокин дар он макон; 

— дар сурати иваз намудани номҳо, роҳ надодан ба миллатгароӣ, қавмпарастӣ ва шахспарастӣ; 

— даст кашидан аз истифодаи номи ашхос, бахусус мансабдорон ва маъмурони давлатӣ, дар номгузории маҳалҳо ва минтақаҳои маъмурӣ-ҷуғрофиёӣ.

10. Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ

Терроризм ва ифротгароӣ имрӯзҳо яке аз чолишҳои бузурги ҷаҳонӣ мебошад ва дар Тоҷикистон низ, заминаҳои рушди он вуҷуд дорад, ки аз ҷумла камбизоатӣ, фақр, фасод, бекорӣ, адами огоҳӣ ва омӯзиш, поймолшавии ҳуқуқ ва озодиҳоро метавон ба унвони заминаҳои он баршумурд.

Саркӯбгарӣ ва таҳқир нисбати дин ва арзишҳои динӣ, ноумедии ҷавонон аз ояндаи худ ва кишварро метавон аз сабабҳои аслии рушди терроризм ва ифротгароӣ дар кишвар ба ҳисоб овард.

Дар канори ин, суистифода аз мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ ва бо ин восита пӯшонидани қонуншиканиҳо ва саркӯбгариҳои худ, тамоюли аҳолӣ ба ифротгароиро бештар гардонидааст. 

Паймони Миллии Тоҷикистон барои решакан кардани заминаҳои рушди терроризм ва ифротгароӣ чораҳои зерро пешбинӣ мекунад: 

— бознигарӣ дар барномаҳо, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ-маъмурии вобаста ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ба хотири мутобиқ кардани онҳо бо чолишҳои воқеӣ ва барҳам додани заминаҳои аслии ин падидаҳои манфӣ; 

— муборизаи шадид бо поймолшавии озодиҳо ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла озодиҳои динӣ-мазҳабӣ, фаъолияти муассисоти динӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ, ки омили таҳрик ва рушди терроризм ва ифротгароӣ дар минтақа гаштааст;

— рушди дидгоҳҳо ва андешаҳои мӯътадили сиёсӣ, динӣ ва фарҳангӣ, ҳамчун ҷойгузини идеологӣ, алайҳи ифротгароӣ ва андешаҳои тундгароӣ; 

— барномаҳои вижаи фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои қишрҳои осебпазир, бахусус ҷавонон, барои ҷалби онҳо ба самти андешаҳои мӯътадил. Эҷоди фазои муносиб барои рушди фардии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон;

— ҷорӣ намудани барномаи нави таълимӣ оид ба дин, мазҳаб ва фарҳанги миллӣ дар муассисоти таълимӣ, дар ҳамкорӣ бо уламои динӣ, педагогҳои варзида ва мутахассисони ботаҷриба; 

— авлавият додан ба чораҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирӣ ва фикрӣ дар масъалаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ; 

— таъмини маҳалли касбу кор ва шуғл барои ҷавонон ва беҳтар намудани шароити таҳсил, фароғат ва варзиш; 

— муборизаи шадид бо анвои зуҳуроти манфӣ, ки заминаи терроризм ва ифротгароиро дар ҷомеа ба вуҷуд меоранд; аз ҷумла фасод, порахӯрӣ, маҳалгароӣ ва хешутабормеҳварӣ, монополияи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ;

— эҷоди шароит барои ҷавонон дар мушорикати фаъол ва озод дар ҳаёти сиёсии кишвар, интихобот ва дигар сохторҳои давлатӣ; 

— роҳ надодан ба суистифода аз мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, барои маҳдуд кардани озодиҳо ва ҳуқуқи шаҳрвандон.

PDF Тарҳи куллии барномаҳои Паймони Миллии Тоҷикистон Боргирӣ 👆

»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s