Андеша

Садои Амрико: “Помир: зиндагӣ дар муҳосира”

Радиои “Садои Амрико” дар гузорише гуфт, инак сеюмин моҳ аст, ки Душанбеи расмӣ муҳосираи расонаӣ ва низомии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки дар шарқи Тоҷикистонро воқеъ аст, идома медиҳад.

Матни пурраи гузориш ба шарҳи зерин аст:

Дар як каҳвахонаи хурд даҳҳо нафар одамон ҷамъ шуда ва яке аз онҳо номаеро, ки ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон навишта шудааст, хонд: “Мо сокинони ноҳияи Роштқалъа, ба раисиҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат мекунем, ки интернет фаъол шавад ва артиш хориҷ гардад ва масъулони қатлҳои ғайриқонунии Хоруғ ба ҷавобгарӣ кашида бишаванд.”

Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯи мардуми оддии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чунин паёмҳои видеоӣ ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки 30 сол боз дар ин кишвар ҳукмронӣ мекунад, ба чашм мехӯранд; кишваре, ки бештари мардумаш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ба сар мебаранд.

Сабаби ташаннуҷ байни Душанбеи расмӣ ва мардуми Помир дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон, қатли Гулбиддин Зиёбеков буд, ки бидуни муҳокима ва тафтишот тавассути маъмурони пулис кушта шуд. Навори қатли ин ҷавон, дар 25 ноябр (-и 2021) дар шабакаи иҷтимоӣ пахш шуд. Маросими дафни Зиёбеков дар майдони марказии Хоруғ, маркази маъмурии Помир, ба эътироз табдил ёфт. Дар он чандин ҳазор нафар иштирок доштанд ва чанд рӯз давом кард. Мардуми эътирозкунанда талаб карданд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Нерӯҳои интизомӣ силоҳ ба кор бурда, эътирозгаронро пароканда карданд ва дар натиҷа ду нафари дигар кушта ва чандин нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ораз Вазирбекови 45-сола, ки шаҳрванди Русия аст, аз ҷони худ дар ҳарос аст. Ӯ дар мусоҳиба бо “Садои Амрико” гуфт, ки пас аз эътирози осоишта дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар моҳи ноябр (-и 2021), эҳтимол дорад аз сӯи маъмурони хадамоти вижаи Тоҷикистон рабуда шуда ва ба ин кишвар истирдод шавад; кишваре, ки 15 сол пеш, Ораз аз шаҳрвандии он хориҷ шудааст.

Вай, ки аҳли Маскав ва роҳбари созмони “Помириҳо” мебошад, дар гуфтугӯ бо “Садои Амрико” гуфт: “Зиёда аз 15 сол аст, ки ман расман шаҳрванди Федератсияи Русия ҳастам. Дар ин масъала, ки эҳтимол дорад, маро аз шаҳрвандӣ маҳрум бикунанд, бузургтарин мушкил нуҳуфтааст. Хадамоти махсуси Тоҷикистон, ки дар Русия қарор доранд, инро медонанд. Аммо ба ҳар ҳол, дархост дар баробари дархост. Мо манбаъҳои худро дорем, ки дар ин бора гуфтанд. Ба ман пай дар пай се дархост омад. Кӯшиш карданд, ки маро дар назди мақомоти Русия ҳамчун идеологи ҷиноятҳои созмонёфтаи помириҳо муаррифӣ кунанд.”

Рӯзи 11 январ дар як шароити номаълум дӯст ва ҳаммаслаки Вазирбеков дар созмони “Помириҳо”, Амриддин Аловатшоеви 44-сола, дар Русия нопадид шуд. Дар давоми се ҳафта хешу табор ва дӯстон барои муайян кардани макони будубоши ӯ талош карданд, вале беҳуда буд. Дар аввалҳои моҳи феврал (-и соли ҷорӣ) мақомоти Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки Аловатшоев дар яке аз боздоштгоҳҳои Душанбе қарор дорад ва далели онро тавзеҳ доданд.

Аммо коршиносон мегӯянд, дар суханон ва изҳороти мақомоти Вазорати умури дохила ва Додситонии кулли Тоҷикистон дар ин хусус, таноқуз вуҷуд дорад.

Дар ҳоле, ки Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон гуфт: “Амриддин Аловатшоев ҳангоми вуруд аз Русия дар қаламрави Тоҷикистон боздошт шуд, зеро алайҳи ӯ ба далели ташкили тазоҳурот дар Хоруғ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд,” додситони кулл аммо ба хабарнигорон гуфт, ки Аловатшоев пас аз боздошт дар қаламрави Федератсияи Русия, ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Ҳафтаномаи “Азия-Плюс” айни суханони Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистонро овардааст, ки ӯ гуфта: “Амриддин Аловатшоев дар Русия боздошт шуда, ҳоло дар Тоҷикистон аст. Нисбати Аловатшоев ҳанӯз соли 2018 парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва ӯ дар ҷустуҷӯ қарор дошт.

Душанбеи расмӣ даҳҳо сол аст, ки талош дорад, сокинони Вилояти Мутори Кӯҳистони Бадахшонро, ки ба фарқ аз манотиқи дигари кишвар раҳбарони ғайрирасмии худро доранд, мутеъ созад. Алим Шерзамонов, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки дар Аврупо муҳоҷир аст, дар сӯҳбат бо “Садои Амрико” гуфт: “Ин ки гуфта мешавад, ки мо раҳбарони ғайрирасмӣ дорем, онҳо ҳамеша буданд, чӣ дар замони Шӯравӣ ва чӣ баъд аз он… Ва дар он замон, ки Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (СССР) пош хӯрд, баъзе аз ин шахсиятҳо дар раъси ҳокимият қарор доштанд. Баъд, ҳамагон мусаллаҳ шуда, дар ду сангари муқобил қарор гирифтанд. Пас аз имзои созишномаи сулҳ, бархе аз ин фармондеҳони майдонӣ ба сохторҳои қудратӣ идғом шуданд. Помириҳо иҷоза надоданд, ки фармондеҳоне, ки аз худашон аст дастгир ва ё бурда шаванд. Бале, ҳукумат бисёре аз онҳоро кушт, баъзеҳоро заҳролуд кард, баъзеҳоро тарконд. Аммо онҳое, ки зинда боқӣ монданд, помириҳо иҷозат надоданд, ки бардошта шаванд. То имрӯз онҳо боқӣ мондаанд.”

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, ки то соли 1997 яке аз фармондеҳони майдонии мухолифин буд, яке аз раҳбарони бадахшониҳо ба шумор меравад. Ӯ пас аз Созишномаи сулҳу оштӣ, бар асоси тавофуқ, аз ҳисоби квоттаи 30 дарсадӣ, ба саффи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ворид шуд ва раҳбарии нерӯҳои марбзбонии ноҳияи Мурғоб дар марз бо Чинро бар ӯҳда гирифт. Чанд ҳафта аст, ки Душанбеи расмӣ дар пайи боздошти ин полковники эҳтиётӣ аст. Аммо сокинони Хоруғ дар манзили ӯ шабонарӯз навбатдорӣ карда, монеъи боздошти вай тайи як амалиёти вижа тавассути нерӯҳои амниятии ҳукумат мешаванд.

Полковники эҳтиётии Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, дар паёми видеоии худ ба ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан ба Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла гуфтааст: “Ман ба ин давлат хидмат кардаам, фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ будам. Барои Мурғобу Кулма корҳои зиёде кардаам, бо Чин роҳ кушодам. Пас аз ин ҳама хидмате, ки кардам, маро душман эълон карданд ва ба хотири ин ки миқдори зиёде аз маводди мухаддир (героин) ба вазни 736 килоро дастгир кардам, маро аз кор ронданд. Айби ман чӣ буд? Ба ҷойи мукофот: орден ё рутбаи генералӣ, маро рондед. Ин маводди мухаддир (героин) ба раиси вақти вилоят таъаллуқ дошт, ҳоло худатон медонед, мардум ҳам.”

Бо гузаштаи чоряк аср, бидуни дар назар гирифтани “Созишномаи оштии миллӣ”, сиёсати мақомоти Тоҷикистон нисбати мардуми Бадахшон тағйир наёфтааст. Ба гуфтаи коршиносони сиёсӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башар, ҳукумати Раҳмон ҳар касеро, ки мухолиф ва опозитсия буд, аз сари роҳаш бардоштааст.

Муҳиддин Кабирӣ, вакили пешини порлумон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар моҳи марти соли 2015, билофосила пас аз интихоботи порлумонӣ, ки бар асоси иттилоъи расмии давлат, ҳизби ӯ дар он бохтааст, кишварро тарк кард. Ва тирамоҳи ҳамон сол, Додситонии кулли Тоҷикистон Риёсати Олиии ҲНИТ-ро ба кӯшиш барои табаддулоти давлатӣ муттаҳам кард ва Додгоҳи олӣ фаъолияти ҲНИТ, ягона ҳизби расмии исломӣ дар Осиёи Марказиро мамнӯъ ва ҳизби мазкурро террористӣ эълон кард.

Кабирӣ, ки ҳоло дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дорад, ҳукми Душанбеи расмиро рад мекунад. Гузашта аз ин, Муҳиддин Кабирӣ дар мусоҳиба бо “Садои Амрико” режими Раҳмонро ба саркӯби мухолифони сиёсӣ, аз ҷумла одамрабоӣ, шиканҷа ва қатл, ки тавассути мақомоти амниятии Тоҷикистон бидуни муҳокима анҷом мешаванд, муттаҳам мекунад. Вай гуфт: “Масалан, дар водии Қаротегин, қатли Алии Бедакӣ, ки ба дасти нерӯҳои амниятӣ афтод ва пас аз чанд рӯз кушта шуд, комилан ғайриқонунӣ буд. Қатли Мирзо Зиёев, вазири собиқ низ чунин аст. Таҷрибаи қатли бидуни муҳокима дар Тоҷикистон, як кори маъмулӣ аст. Махсусан алайҳи мухолифон ва фаъолони намоёни сиёсӣ. Аз ин рӯ, лозим аст ба он ҷиддӣ бархӯрд шавад. Аммо мутаассифона, азбаски Ғарб ва ё созмонҳои байналмилалӣ чандон таваҷҷӯҳ ба Тоҷикистон надоранд, баъид аст созмонҳои ғайридавлатии дохилӣ ва ё мухолифон ба танҳоӣ битавонанд таҳқиқот анҷом диҳанд ва барои ҷаҳониён собит кунанд, ки мақомоти тоҷик даст ба ҷиноят алайҳи шахрвандони худ мезанад.

Сюзан Леви-Санчес, коршиноси равобити байналмилалии донишгоҳе дар Амрико мегӯяд, режими Раҳмон тамоми сиёсатмадорон ва раҳбарони хориҷ аз назорати ҳукуматро як манбаи хатар медонад.

Профессор Леви-Санчес мӯътақид аст: “Ҳукумат, аввалан, онҳоро (раҳбарони ғайрирасмиро) ҳамчун таҳдид мебинад. Сониян, ҳукумат мехоҳад, иқтисоди минтақа, бахусус тиҷорати ғайриқонуниро таҳти назорати худ бигирад. Аз ин рӯ, мақомот раҳбарони ғайрирасмиро таҳдид ба манофеъи худ медонанд. Бинобар ин, рақобат барои назорат ба ҷанбаҳои гуногуни иқтисодиёт вуҷуд дорад. Мумкин аст, ман хато кунам, аммо гумон мекунам, ки ҳукумати Тоҷикистон ба далели сармоягузорӣ ва қарзи бисёр, ба Чин вобастагӣ пайдо кардааст.”

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик, бар ин бовар аст, ки дар ВМКБ сатҳи бекорӣ болост. Бадахшон дорои болотарин нархи бекорӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Дотатcия (ёрона, кӯмаки молиявӣ) дода мешавад, дараҷаи дотатсия нисбат ба дигар минтақаҳо болост, қариб 66 дарсад аст. Бинобар ин, ҷавонон ҷойе барои рафтан надоранд.

Ба гуфтаи Парвиз Муллоҷонов, руҳияи эътирозӣ дар Бадахшон, ба вазъи душвори иқтисодиву иҷтимоии 10 соли ахир марбут аст. Вай меафзояд: “(Эътироз) тайи 10 соли ахир, дар ин ё он шакл идома дошт. Он дар баробари дигар омилҳо боиси афзоиши ташаннуҷи иҷтимоӣ, махсусан дар байни ҷавонон гардид. Сабабҳои иҷтимоиву иқтисодӣ вуҷуд доранд, ки нақши махсус доранд, зеро дар Бадахшон сатҳи бекорӣ болост. Бадахшон дорои болотарин нархи бекорӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Дотатcия дода мешавад, дараҷаи дотатсия нисбат ба дигар минтақаҳо болост, қариб 66 дарсад аст. Бинобар ин, ҷавонон ҷойе барои рафтан надоранд.”

Эдвард Лемон дар мусоҳиба бо “Садои Амрико” изҳор дошт: “Фикр мекунам, Раҳмон ба дунболи як замонат — назорати комил бар кишвар дар ҷараёни интиқоли қудрат ба писараш аст. Мушкилии Помир кайҳо боз вуҷуд дорад. Ва ҳукумат натавонистааст онро ҳал кунад. Дар солҳои 2012, 2014 ва 2018 хушунат (нисбат ба мардум) ба сурати инфиҷор дар ин минтақа рух додааст. Ва дар ҳар як ин ҳодисаҳо, раҳбарони ғайрирасмӣ сабаби асосии он дониста шуданд, ки миёни мардум аз ҳукумат дида бештар нуфуз доранд. Фикр мекунам, Раҳмон мехоҳад барои ҳамеша масъалаи Помирро ҳаллу фасл кунад ва дар натиҷа ин минтақаро пурра таҳти назорати худ бигирад. Ба хусус ҳоло, ки таваҷҷӯҳи бисёриҳо ба ҷанги Украина нигаронида шудааст ва ҳамчунин бо назардошти вазъ дар Афғонистон. Бинобар ин, иқдомҳои имрӯз як навъ марҳилаи ниҳоии таҳкими қудрат барои режими Раҳмон аст, ки қасд дорад, то замони интиқоли қудрат ба писараш анҷом диҳад.”

Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар, аз қабили Human Rights Watch, аз Душанбе тақозо кардаанд, ки ба риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон пойбанд бошад, инчунин, ба аз байн бурдани монеъаҳои роҳ дар минтақа ва хотима бахшидан ба муҳосираи расонаӣ, дастрасӣ ба интернет барои сокинони Помир. Аммо давлати Раҳмон ба ин талабҳо беэътиноӣ карда, фишор болои сокинони Бадахшонро афзоиш медиҳад ва онҳоро маҷбур мекунад, то зери аризаҳо барои худдорӣ аз ширкат дар тазоҳуроти хиёбонӣ дар сурати “чораандешӣ ҷиҳати боздошти аъзои гурӯҳҳои ифротӣ” имзо кунанд.

Тарҷума аз матлаби русии сайти Pamir Daily News

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s