Андеша

Касе, ки бар зарари худаш, вале ба нафъи миллат мавқеъ гирифт

Бобоҷон Қаюмзод

Устод Нурӣ дар душвортарин ҳолат бар зарари худаш, вале ба нафъи миллат мавқеъ гирифт…

Ба муносибати зодрӯзи муассиси ҲНИТ, собиқ раиси Комиссияи Оштии Миллӣ ва роҳбари Иттиҳоди Нерӯҳои Опозитсиони тоҷик устоди зиндаёд Саид Абдуллоҳи Нурӣ

Дар бораи зиндагӣ ва афкори устод Нурӣ китобҳои зиёде вуҷуд надорад. Аммо суханрониҳо ва муқолоти мухталифе дар бораи ҳаёту фаъолият ва дидгоҳу афкори ӯ вуҷуд дорад, ки ниёз ба корҳои илмӣ ва тарҳу таълифи беҳтару муносибтар доранд. Дар ин мақола бо такя бар ҳамин навиштаҳову суханрониҳо, мехоҳам, бархе паҳлӯҳои ҳаёти устодро баррасӣ намоем. Умедворам, мавриди истифодаи хонандагони азиз қарор гирад.

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ 15–уми марти соли 1947 дар деҳаи Оштиён чашм ба дунёи ҳастӣ кушодааст. Ин деҳаи хушманзара тахминан дар 70 километрии яке аз дарозтарин дараҳои кишвари кӯҳистонии мо – дараи Хингоб ё худ водии Вахё, ҷойгир шудааст, ки онро бисёриҳо бо номи Тавилдара ҳам мешиносанд.

Падари устод Нурӣ домулло Нуриддин фарзанди домулло Саидбек аст. Домулло Нуриддин, соли 1905 дар оилаи домулло Саидбек (Саидмуҳаммад) дар ҳамон деҳаи Оштиён таваллуд мешавад. Аҳли деҳ ва умуман мардуми водӣ домулло Саидбекро бо эҳтиром “Халифаи калон” ном мебурданд.

Модараш бошад духтари яке аз хатмкардагони мадрасаи Бухоро Муҳаммад Амин бо номи Хоссият мебошад. Самараи издивоҷи Нуриддин ва Хоссият ҳафт нафар фарзанд будааст; панҷ писару ду духтар. Чор фарзанди аввал дар водии Вахё, дар деҳаи Оштиён таваллуд мешаванд. Ҳоҷӣ Ато соли 1944, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ соли 1947, Сафия соли 1950, Ҳабибуллоҳ соли 1952 чашм ба дунёи ҳастӣ мекушоянд. Тирамоҳи соли 1953 хонаводаи домулло Нуриддинро низ дар қатори ҳазорҳо оилаҳои дигар ба водии Вахш иҷборан муҳоҷир мекунанд. (Дар пайраҳаи Нур: Султони Ҳамад)

Кӯдаки муҳоҷир

Ба назар мерасад, ӯ бо ҳиҷрат ва муҳоҷират аз замони кӯдакӣ ошно будааст. Замони кӯдакии Абдуллоҳ ба солҳои хеле пурташвише барои мардуми кӯҳистон рост омад. Роҳбарияти ҷумҳурӣ ба хотири обод кардани заминҳои асрҳои аср бекорхобидаи водии Вахш, ки мутахассисон он ҷойҳоро дар оянда макони пахтаи маҳиннах пешгӯӣ мекарданд, аҳолиро аз тамоми манотиқи кӯҳистони кишвар ба он ҷо иҷборан муҳоҷир менамуданд.

Муҳоҷирати иҷборӣ алалхусус барои кӯдакону мӯйсафедон, пиронсолону занҳо хеле ҳам паёмадҳои вазнинеро ба бор овард. Гармии тоқатфарсо, тундбодҳои тафсону гармселҳои сӯзон, адами дарахтони сояафкан ва фавҷи ҳашаротҳои то ин дам барои кӯҳистониён номаълум, ин ҳама таъсири бади худро ба вазъи саломатии муҳоҷирини иҷборӣ мегузошт ва аксаран ба маризиҳои исқоти хун, домана, вараҷа ё худ табларза гирифтор мешуданд. Оқибати бештари беморон марг буд. Зеро духтурон намерасиданд, аз набудани доруворӣ беморон танқисӣ мекашиданд. Шифохонаҳои кӯчаки бидуни таҷҳизоти зарурӣ тавони ба пуррагӣ ва ҳаматарафа хизмат расонидан ба беморонро надоштанд.

Абдуллоҳи ҳафтсола, гиряву нолаҳои ҳамсинну ҳамсолҳои ятими яке аз падар мондаву дигар аз модар ҷудо афтодаро хеле ҳам ба дил наздик гирифта мехост аз падари хеш бифаҳмад, ки чаро муҳоҷирин ба зодгоҳи хеш, ба кӯҳистони Вахё барнамегарданд. Чаро ин ҷо, ки ҳама гирифтори бемориҳои шадиду бедаво гардиданд, мардум хона месозанд, замин кишт мекунанд, дарахт мешинонанд?

Абдуллоҳ дар назди қиблагоҳи хеш, асосан китобҳои фиқҳии “Шарҳул виқоя”, “Ҳидоя” ва асоси грамматикаи арабӣ — сарфу наҳвро фаро гирифт. Аммо падараш мехост, ӯ бештар биомӯзад. Абдуллоҳи ҷавон ҳам кунҷков буду ташнаи илм.

Бинобар ин, соли 1964 баъди хатми мактаби миёна падараш ӯро барои идомаи таҳсил ба назди Мавлавӣ Муҳаммадҷон машҳур бо тахаллуси Ҳиндустонӣ мебарад ва дар ин даргоҳ Абдуллоҳ илму дониши худро сайқал медиҳад.

Дар ҳамин замон дар яке аз рӯзҳо вақте Мавлавӣ Муҳаммадҷон боздошт мешаваду шогирдонаш ҳам бо навиштани баёнот озод мегарданд, зиндагии Абдуллоҳи ҷавон вориди марҳилаи дигар мешавад.

Абдуллоҳ аз онҷо ба водии Вахш бармегардад ва барои такрори улуми исломӣ роҳи чораро дар тадрис мебинад. Ӯ аз ҳамон замон дар канори таҳсилу кор шогирдони зиёде пайдо мекунад.

Таъсиси созмони Наҳзати Ҷавонони Мусалмон

20-уми апрели соли 1973 ӯ ҳамроҳи 5 нафар ёри ҷавонаш Неъматуллоҳи Эшон, Ҷумъабеки Абдуссалом, Қорӣ Муҳаммадҷон, худи ӯ ва мулло Қаландари Садриддин дар хонаи марҳуми Ҳоҷӣ Қаландар, Наҳзати Ҷавонони Мусалмонро таъсис доданд.

Дар он замон танҳо фикру зикри муассисон ҳифзу густариши арзишҳои исломӣ аз тариқи тарбия ва тадрис буд. Онҳо ҳаргиз ба фикри мубориза бо ҳукумати Шуравӣ ҳам набуданд. Аммо раванди ҳодисаҳо баъдан масири ин ҳаракатро дучори таҳаввулоти дигар кард. Чуноне, ки худи устод Нурӣ мефармоянд: “Мо бо таъсиси созмони худ ягон ҳадафи зиддидавлатӣ надоштем, фақат мехостем, ақоиди исломиро дар байни ҷавонон густариш диҳем. Аслан созмон ё ҳаракати мо дар оғоз як ҷунбиши ислоҳхоҳии иҷтимоии исломӣ буд, на ҷунбиши сиёсӣ. Чунки мақсад пеш аз ҳама даъват ба ислом буд ва дигаре таълиму тарбияи фарзандони мусалмонон. Бояд бигӯям, ки созмони аввалияи мо аз чанд бахш иборат буд: яке масъулияти даъват, дигаре масъулияти амният, сеюмӣ масъалаи молу дороиро ба ӯҳда дошт, чаҳорумӣ ба таълиму тарбия муваззаф буд. Амният ба он хотир, ки ҳар як шахси ба созмон қабул мешударо пинҳонӣ месанҷид, ки аз куҷост, чӣ ақида дорад, бо чӣ мақсад мехоҳад ба созмони мо бипайвандад. Танҳо бо ин роҳ метавонистем, аз он гумоштаҳое, ки КГБ мехост, вориди созмони мо кунад ва аз асрори мо огоҳ гардад, ҷилавгирӣ намоем”. (Муҷаддиди аср, саҳ.155,156)

Яъне бар хилофи таблиғоти расонаии мақомот ва ҳукуматдорон, Наҳзати Исломӣ дар воқеъ як ҳаракати сирф таълимӣ ва тарбиявӣ буд ва аз тарафи 5 нафар шахсоне таъсис шуд, ки ҳеч иртиботе бо хориҷ надоштанд. Дар воқеъ он натиҷаи сиёсатҳои зиддидинии ифротгароёнаи ҳукумати Шӯравӣ буд, на чизи дигар. Чуноне, ки худи устод Нурӣ ҳам таъкид кардаанд, ки: “Сохтори созмони мазкурро мо аз ягон ҷо нусхабардорӣ накарда будем ва онро худи ҳамин панҷ нафари мо тарҳрезӣ кардем ва ҷомаи амал пӯшонидем. Аз ин рӯ, возеҳу равшан гуфта метавонам, ки дар таъсиси ҳаракат ё ҷунбиши мо ягон омили хориҷӣ таъсир надошт ва ниёзу зарурати дохилии ҷомеаи кишварамон боиси пайдоишу фаъолияти он гардид. Худи ҷӯшиши афкори дохилии ҷомеаи кишварамон ташкили чунин созмон ё ҳаракати сиёсии исломиро ногузир сохт ва мо, як гурӯҳ ҷавонони озодихоҳу ислоҳталаб онро дар маркази Вахшонзамин, шаҳри Қӯрғонтеппа амалӣ сохтем. Қиссаи номи ин созмон ҳам аҷиб аст. Вақте мо ин созмонро ташкил кардем, ба он ягон номи мушаххас нагузоштем. Номи ин созмон дар як ду сол ҳам ба вуҷуд наомадааст ва бо мурури замон мо ба он “Наҳзати Ҷавонони Исломии Тоҷикистон” унвон гузоштем, ки ин ном ба ҳамагон писанд омад… Мо дар ҷаласаи нахустини худ ва боз чанд соли дигар ягон протокол наменавиштем, ҳама чизи мо шифоҳӣ буд. Агар ягон кас барои худ ёддоште мекард, дар дафтарчаи худ чизе бо тариқи рамзӣ қайд мекард. Зеро моро ба ин кор эҳтиёт аз нерӯҳои қудратӣ, бахусус КГБ, водор мекард, ки далеле барои тасдиқи чунин созмони исломӣ ба дасти онҳо наафтад. Аз ҷониби дигар мо қариб, ки номи аслии созмони худро ба забон намегирифтем, гоҳҳо “Наҳзат” ва гоҳо “Ҷамъият” мегуфтем, вале ҳеч гоҳ номи пурра ва асосӣ гирифта намешуд. Ҳамаи ин барои амнияти аъзои созмон сурат мегирифт.” (Муҷаддиди аср, саҳ. 156,157)

Бархе аз муҳаққиқон бар ин бовар ҳастанд, ки эҳтимолан таъсиси ҲНИТ аз созмони “Бародарони Мусалмон” дар Миср нусхабардорӣ шудааст, зеро он пештар аз Наҳзати Ҷавонони Мусалмон таъсис шуда буд. Аммо ба назари ман, ин як ташобуҳи иттифоқӣ буд, ки бар асоси ниёзҳои он замони ҷомеаҳои исломӣ ба таври табиӣ яке пас аз дигарӣ ба шаклҳои мухталиф арзи вуҷуд намуданд. Шабоҳати онҳо ҳам бештар дар манобеъи онҳо ҳаст. Яъне баъд аз он ки мусалмонон як давраи инҳитоти шадидро мегузарониданд, бархе аз онҳо ба фикри ислоҳи ҷомеа ва эҳёи арзишҳои исломӣ дар ҷомеа аз роҳҳои мухталиф буданд. Ҳамаи онҳо ҳам ба хотири бурун рафт аз ин инҳитот ва ақибмондагӣ ба манобеъи исломӣ ба хусус ба “Сирати паёмбар” руҷӯъ мекарданд. Пас аз нигариши таҳлилӣ ба он аксари мусалмонон дар дунё ба гунае ба ҳамин натиҷа мерасиданд. Пас ин шабоҳат маҳз ба хотири яке будани манобеъ аст, на чизи дигар.

Мубориза бо хурофот ва мухолифати рӯҳониёни суннатӣ

Пас аз оғози бозсозӣ (перестройка), Наҳзати Ҷавонони Мусалмон, ки таҷрибаи фаъолиятро надошт? барои мубориза бо хурофот вориди амал гардид ва дар муқобили рӯҳониёни насли бузургтар қарор гирифт, ки барои КГБ баҳонаи хубе буд. Ҷавоннаҳзатиҳо мухолифи додани “оши сари тахта”, додани “тоқивор” ё худ “иртиш”, гузаронидани маъракаҳои “се”, “ҳафт”, “чил”-и баъди марг ва ғайра буданд. Онҳо талош мекарданд, ки маросими азодорӣ ҳарчи камхарҷтар барпо шавад. Ин боиси норозигии бархе рӯҳониёни суннатӣ гардид ва онҳо ин амали ҷавоннаҳзатиёнро на танҳо мухолифи манофеи худ, балки мухолифи арзишҳои исломӣ медонистанд. Ҳарду ҷониб ҳам барои исботи ҳарфҳои худ аз Қуръону суннат далел меоварданд.

Он замон рӯҳониёни суннатӣ бар ин бовар буданд, ки ин маросимҳо минбаре ҳастанд барои даъвати мардум ба сӯи Ислом, аммо ҷавоннаҳзатиён бошанд мегуфтанд, ки ин амри ғайришаръист ва ҳатто барои даъват ҳам набояд аз он истифода кард. Дар ин миён КГБ ҳам аз фурсат истифода намуд ва ба ихтилоф байни ин ду қишр доман зад.

Хулоса, ин баҳсҳо миёни мардуми авом низ кашида шуд. Ҳатто гоҳе кор ба хархашаву кашмакаш ҳам мерасид, ки ин бар зарари ҷомеаи он замон буд. Маҳз аз ҳамин баҳсу ҷанҷолҳо буд, ки КГБ ба вуҷуди Наҳзати Ҷавонони Мусалмон ҳамчун як созмони муназзам пай бурд. Устод Нурӣ ҳам баъдан ба иштибоҳ будани ин амали ҷавоннаҳзатиён дар он замон ишора кард ва талош кард, қишри рӯҳониро ба ҳам оварад, ки то ҳудуди зиёде муваффақ ҳам шуд.

Аммо он чи қобили зикр аст ин аст, ки имрӯз ҳукумат ҳамон амали ҷавоннаҳзатиёнро баъди чандин сол ҳамчун қонун дар ҷомеа мехоҳад татбиқ кунад. Яъне ҳоло ҳукумат маросимҳои азодориву хурсандии мардумро аз тариқи қонуни танзим мехоҳад идора кунад. Дар ҳоле, ки дар он замон мухолифи ин амал буданд.

Боздошти устод Нурӣ дар Ёвон

Пас аз онки КГБ вуҷуди як созмони муназзамро дар дохили Тоҷикистон кашф намуд, ба фикри боздошти устод Нурӣ афтод. Ин хабар ҳам ба ҷавоннаҳзатиён расид. Бинобар ин, масъулини наҳзат тасмим гирифтанд, ки аз ин ба баъд дар паҳлӯи устод ду муҳофиз ҳамеша ҳузур дошта бошад. Кормандони амниятӣ низ ба хотири пешгирӣ кардан аз бетартибиҳои оммавӣ ҳангоми боздошти устод тасмим гирифтанд, ки ӯро берун аз ҳудуди Қӯрғонтеппа дастгир намоянд. Барои ҳамин ҳам бо роҳбари муассисаи баҳисобгирии хонаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа, ки мулло Абдуллоҳ дар он ҷо ба ҳайси муҳандис-геодезист кор мекард, дар тамос шуда бе ягон шарҳи иловагӣ ба ӯ тавсия доданд, ки мулло Абдуллоҳро дар рӯзи муайянкардаи онҳо ба Ёвон, ба сафари хидматӣ фиристад.

Тибқи нақша, боздошт бояд дар масири Ёвон – Душанбе, дар ҷои беодам сурат мегирифт. Мулло Абдуллоҳ аз ин нияти мақомоти амниятӣ тавассути афроди барои ӯ хайрхоҳи ҷои кораш воқиф мегардад ва дар навбати худ нақшаи вариантҳои бархӯрд бо кормандони амниятиро дар ҳини боздошти ӯ (агар ин боздошт сурат бигирад) ва баъди боздошт чӣ гуна вокуниш нишон додани пайравонашро мекашад. Нақшаи ӯ хеле содда буд, вале мантиқи чуқур дошт.

Ба Ёвон бояд ӯ дар мошини яке аз муҳофизонаш бо ҳамроҳии муҳофизи дигараш сафар мекард. Ҳини боздошт агар имконияти фирор мебуд, онҳо мебоист фирор мекарданд. Агар чунин имконият даст намедод, муҳофизи дуввум худро ба кормандони амниятӣ мусофири тасодуфӣ муаррифӣ мекард ва баъди ҷавоб шудан бо истифода аз телефони шӯъбаи алоқаи ноҳиявӣ пайравони мулло Абдуллоҳро, ки як қисмашон дар ҳолати омодабош дар Қӯрғонтеппа буданд, аз ин боздошти ӯ огоҳ месохт. Афроди муваззаф дар навбати худ пайравон ва шогирдони мулло Абдуллоҳро дар дигар нуқоти кишвар аз ин ҳодиса огоҳ мекарданд ва бояд гирдиҳамоӣ дар Қӯрғонтеппа бо талаби озодии мулло Абдуллоҳ сурат мегирифт…

Бо эҳтимоли қавӣ тӯли ин муддат онҳо аз дастгоҳҳои алоқаи бесим (ратсияҳо) истифода мекарданд. Зеро вақте, ки дар даромадгоҳи ноҳияи Ёвон корманди ГАИ ба онҳо ишораи боздоштани ҳаракати мошинро кард, якбора се мошини сабукрав дар пасу пеш ва паҳлӯи мошини онҳо қарор гирифтанд. Аз дохили ин мошинҳо мардони тануманде берун шуда ба назди мошини онҳо шитофтанд…

Мулло Абдуллоҳро бо ҳамроҳии яке аз муҳофизонаш ба боздоштгоҳи КГБ интиқол медиҳанд. Насриддин телефонӣ шогирдон ва пайравони мулло Абдуллоҳро дар Қӯрғонтеппа аз ин ҳодиса огоҳ месозад…

Дар рӯзи 14-уми август мардуми зиёде дар назди идораи Кумитаи вилоятии Ҳизби Коммунист ҷамъ омаданд ва озодии устод Нуриро талаб карданд, аммо баъдан бо хоҳиши худи устод ҷамъомадагон аз онҷо пароканда шуданд…

Агарчи ин воқеа аз сӯи васоити ахбори оммаи Иттиҳоди Шӯравӣ, минҷумла Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, он рӯзҳо нодида гирифта шуд, вале 8 моҳ пас аз ин воқеа дар Пленуми апрелии соли 1987-и Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, ки такрор мекунем, ҳизби ҳоким ба шумор мерафт, котиби якуми ҳизб Қаҳҳор Маҳкамов дар маърӯзаи худ аз ин воқеа ёдовар шуда, аз ҷумла чунин гуфт: “Мулло Абдуллоҳ Саидов чӣ кор кардааст, ки радиостансияҳои хориҷӣ борҳо бо забонҳои гуногуни дунё талаби озодии ӯро мекунанд? Худатон хулоса бароред…” (Султони Ҳамад: Дар пайроҳаи Нур)

Мавқеъгириҳои миллии устод Нурӣ

Зиндон оғози таҳаввул дар андеша ва зиндагии устод Нурӣ буд. Пас аз он ки аз зиндон озод шуд ва ба Ватан баргашт, дигар раисии наҳзатро ба дӯш нагирифт. Зеро ӯ медонист, ки таҳти назар қарор дорад ва эҳтимол мерафт, аз тариқи ӯ ба созмон зарбаи сахте ворид шавад. Ба ҳамин хотир пас аз он бештар дар корҳои илмӣ ва таълифӣ машғул гардид ва дар идораи Қозиёт ҳам ба ҳайси муҳаррири ҳафтаномаи “Минбари ислом” ба кор даромад. Пас аз вориди саҳнаи сиёсат шудани Наҳзат, андешаҳои устод ҳам дар масири таҳаввул ва пешрафт қарор гирифт.

А) Референдуми бақои СССР ва райъи мухолифи он: Агарчӣ дар ибтидо ҷавоннаҳзатиён ба фикри ҷудоӣ аз Шӯравӣ набуданд, аммо бо фароҳам шудани шароит онҳо яке аз аввалин гурӯҳҳое буданд, ки ба ин раванд пайвастанд.

Дар 17 уми марти соли 1991 вақте Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) референдуме дар бораи бақои СССР баргузор намуд, кишварҳои соҳили Балтик, Арманистон, Гурҷистон ва Молдавия дар он аслан ширкат накарданд. Аммо 9 кишвари дигар дар ин референдум ширкат ва 70% ба тарафдории бақои СССР раъй доданд. Дар Тоҷикистон бошад, қариб 90% ба тарафдории бақои СССР раъй доданд, вале ҲНИТ ҳамон замон ба тарафдорӣ аз истиқлолият раъй дод. Дар ин тасмим нақши устод Нурӣ дар канори устод Ҳимматзода хеле муҳим буд. Зеро ин аввалин қадамҳо ба сӯи истиқлолхоҳӣ маҳсуб мешуд. Инро метавон аввалин мавқеъгирии миллии устод Нурӣ унвон кард.

Б) Роҳбарии нерӯҳои Опозитсиони Тоҷикистон: Пас аз шурӯъи ҷанги дохилӣ ва ҳиҷрати мардум кишварҳои атроф, нерӯҳои Опозитсиони Тоҷикистон умдатан дар Афғонистон ҷамъ шуданд. Аммо ҳамаи онҳо аз як гурӯҳ ё як мантақа ва ё созмон набуданд. Дар он замон ҲДТ, созмони “Лаъли Бадахшон”, “Растохез” ва чандин созмонҳои дигар низ буданд, ки ҳар кадом ҳатто нерӯи низомӣ ҳам доштанд. Ғайр аз ин мардуми бегуноҳе ҳам зиёд буданд, ки узви ҳеч гурӯҳу созмоне набуданд.

Устод Нурӣ тавонист, тамоми ин нерӯҳоро зери як парчам ва дар атрофи худаш ҷамъ кунад. Ӯ тавонист, тамоми нерӯҳоро дар канори ҳам нигоҳ дорад ва ҳатто онҳоро созмондеҳӣ намояд, ки аз мактабу таҳсил дур намонанд.

Дар кулл, тавонист, бо раҳбарии мудаббиронаи хеш онҳоро сарбаландона ба Ватан баргардонад, ки ин ҳам як нуктаи атфе дар таҳаввули шахсиятии устод Нурӣ мебошад.

В) Хаттоб ва рондани ӯ аз Тоҷикистон: Замоне, ки ҷанг идома дошту Иттиҳоди Нерӯҳои Опозитсиони Тоҷик ниёз ба ҳамагуна кӯмакро шадидан эҳсос мекард, гурӯҳҳои мухталиф мехостанд, кӯмак кунанд. Дар ин миён, шахсе ба номи Хаттоб бо теъдоди зиёди нерӯҳо вориди Тахор мешавад ва ба устод пешниҳоди кӯмак мекунад. Дар ибтидо, устод мегӯяд, метавонад дар канори нерӯҳои муҷоҳидин бимонад ва кӯмак кунад. Баъди чанд муддат Хаттоб, ки имконот ва нерӯҳои зиёд дошт, аз устод мехоҳад, ба ӯ иҷозат диҳад, ки аз тариқи Фархор ворид шуда то развилка пешравӣ кунад. Аммо устод ба ӯ ин иҷозаро намедиҳад ва мегӯяд, мо намехоҳем, мардуми бегуноҳ кушта ва шаҳрҳо вайрона шаванд. Шумо иҷоза надоред ин корро бикунед. Ин мардум ва ин Ватан моли мост ва мо бо он мушкил надорем. Пас аз ин ҷавоби устод, ӯ нороҳат шуда шимоли Афғонистонро тарк ва ба Чеченистон рафт.

Аммо ҳамеша шикоят мекард ва бо тамасхур мегуфт, ки “устод Нурӣ мехоҳад ҷанг кунад, вале на мардумаш кушта шаванд ва на шаҳрҳояш вайрона гарданд”.

Агарчӣ аз чунин мавқеъгирии ӯ хелеҳо нороҳат буданд, вале метавон гуфт, ки устод Нурӣ дар душвортарин ҳолат бар зарари худаш, вале ба нафъи миллат мавқеъ гирифт. Ҳоло инро ҳама хуб дарк мекунанд.

Г) Сулҳ ва оштии миллӣ: Бо вуҷуди он ки чанде буд дар кишвар таблиғоти муғризона ва золимонае алайҳи шахсияти муассиси ҲНИТ идома дорад, касе наметавонист нақши ӯро ҳамчун як тарафи сулҳ нодида бигирад.

То ҳар замоне сухан аз сулҳ ҳаст, номи ӯ ҳам ҳаст. Зеро ӯ тавонист, бо дироят ва дурандешии ба худ хоссаш миллат ва Ватанро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад. Ӯ касест, ки то охир ба аҳди худ вафодор монд ва паймоншиканӣ накард.

Агарчӣ бархеҳо аз ӯ интиқод мекунанд, ки фиреб хӯрду гузаштҳои зиёд кард ва дар ба вуҷуд омадани ин низоми диктаторӣ саҳм гузошт, аммо ман бовар дорам, ки ӯ аз миёни баду бадтар бадро интихоб кард. Ҳатто агар иштибоҳ ҳам карда бошад, ба имзо ва паймони худ хиёнат накард. Ба ормонҳои миллати хеш хиёнат накард.

Ба ҳамин хотир то замоне, ки сухан аз сулҳи тоҷикон меравад, номи ӯ садо медиҳад. Исми ӯ дар таърихи миллати мо на ҳамчун як диктатор ё аҳдшикан, балки ҳамчун як инсони содиқи сулҳофар сабт шудааст.

Хулоса

Фикр мекунам, то ҳол матолиби зиёде вуҷуд дорад, ки ниёз ба таҳлил ва баррасии бештар доранд. Мутаассифона то ҳол дар бораи дидгоҳ ва андешаи ӯ таҳқиқи ҷиддӣ сурат нагирифтааст. Андешаҳои ӯ ниёз ба омӯхтан ва тадвину нашр доранд. Зеро ӯ як раванд ва як мактаб буд. Раванде, ки то ҳол паҳлуҳои нокушодаи зиёде дорад.

Замоне шахсиятҳое мисли Иброҳим Усмон, Рашид Ғанӣ Абдулло, Диноршоев, Султони Ҳамад ва дигарон заҳмат кашиданду бархе матолибро ба нашр расониданд, аммо ҳоло пардохтан ба дидгоҳ ва фаъолияти ӯ хиёнат маҳсуб мешавад. Ин боис мешавад, ки паҳлӯҳои дигари шахсият ва афкори як фарзонаи миллат ношинохта боқӣ бимонад. Умедворам, дар оянда касоне пайдо шаванд, ки битавонанд новобаста аз мавқеъи сиёсиашон ба таҳқиқу баррасии афкор ва шахсияти Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бипардозанд.

Зодрӯзаш бар хонадон ва ҳама пайравону дӯстдоронаш муборак бод!

Манбаъ: Сафҳаи Бобоҷон Қаюмзод дар Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s