“Соҳибкорон дар Тоҷикистон ба сабаби фишорҳои зиёди мақомоти сохторҳои назоратӣ андози аз ҳад баланд, ҷаримабандии беохир, талаби “доля” аз тарафи сохторҳои назоратӣ, нархи баланди барқ, пулчинии сохторҳои давлатӣ бо сабабҳои гуногуни беарзиш ва баланд будани фоизи бонкӣ фаолияти худро қатъ мекунанд. Сабаб чист? Ин “чаро”-ҳо ҷавоби мушаххас мехоҳад?!..”
(Чаро андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати кишварҳои ҳамсоя ду баробар баланд аст? (2))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз”(24)
Акнун ба сари масъала бармегардем: пули ҷаримабандӣ, ҳангоми тасдиқи буҷаи солона таъйин карда мешавад. Яъне, дар аввали сол муайян карда мешавад, ки пули ҷаримабандӣ, дар буҷа бо як миқдори муайян нишон дода шуда, бо ҳамин миқдор ва ё зиёда, соҳибкоронро ҷаримабандӣ намоянд. Ва ин як хатои маҳз аст.
Ҳамин аст, ки танҳо дар як шаҳри Хуҷанд, аз дасти кормандони Кумитаи андоз даҳҳо соҳибкорон ва тоҷирони хурду миёна аз ҷаримабандӣ ба дод омада, фаъолияти соҳибкории худро қатъ намудаанд.
Бибинед, барои таъмини як корманди Кумитаи андоз бо моҳона, бояд 10 нафар соҳибкор ё тоҷир ва барои таъмини моҳонаи 10 нафар корманд, 100 нафар соҳибкор ҷаримабандӣ шаванд. Ва ба сухани дигар, барои рӯзгори 10 нафарро обод намудан, бояд рӯзгори 100 нафарро хароб кард.
Суол: барои рушди иқтисодиёти кишвар ва рӯзгори ободу беҳтари миллат, оё 10 нафар корманди андозро нигоҳ дорем ё ин ки ба 100 нафар соҳибкор шароити корӣ ва озодиро ба вуҷуд биёварем? Кадомин беҳтар аст?
Хушбахтона, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Кумитаи андоз, Нусратулло Давлатзода супориш дод, ки кормандони сохторро ихтисор намояд. Вале ба ҷойи кам кардани кормандони андоз, шумори онҳо дучанд шуда истодааст.
Тибқи омори Кумитаи андози Тоҷикистон, дар соли 2017 зиёда 200 000 соҳибкорон фаолияти худро қатъ намудаанд. Дар 6 моҳи нимсолаи аввали соли 2018, 518 ширкати хусусӣ ва 12 000 соҳибкори инфиродӣ ва мувофиқи гузориши дар нашрияи “Азия Плюс” нашр шуда, яъне аз 1-уми январ то 1- уми октябри соли 2019, дар Тоҷикистон 259 700 нафар соҳибкорон фаолияти худро қатъ кардаанд. Аз он ҷумла 209 000 нафар бо патент, 43 000 нафар бо шаҳодатномаи соҳибкорӣ фаолият дошта, 7500 нафари дигар аз хоҷагиҳои деҳқонӣ фаолияти худро қатъ карданд. Ин маълумот нисбати ҳамин давраи соли 2017, 25600 нафар ё тақрибан 10% бештар шудааст, ки рафти ин самти қатъ намудани фаолияти соҳибкорӣ хатари ҷиддӣ дорад.
Ба сурати умум то 1-уми октябри соли 2019 дар Тоҷикистон 553 100 нафар соҳибкори инфиродӣ сабти ном шуда буд. Вале аз ин миқдор, дар 9 моҳи ҳамин сол, 259 700 нафар тарки фаолият намуда, 293 400 нафари дигар боқӣ монд.
Дар умум, дар 9 моҳ қариб 50%-и соҳибкорон фаолияти худро қатъ намуданд. Тарки фаолияти 259 700 нафар соҳибкор, маънои онро дорад, ки боз садҳо ҳазор ҷойи корӣ аз байн рафт. Ба маънои дигар гӯем, аз нони хӯрдании худ маҳрум шуданд.
Бино ба иттилои Идораи омори назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давоми 9 моҳи аввали соли 2020, 824 соҳибкори инфиродӣ шаҳодатнома дошта, 14,4 ҳазор соҳибкори инфиродӣ патент дошта ва инчунин 1,7 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ фаолияти худро қатъ намуданд.
Аз рӯи омори давлатии дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда аз соли 2017 то 1.10.2020 (омори соли 2017 — 12 моҳ, соли 2018 — 6 моҳ, соли 2019 — 9 моҳ, соли 2020 — 9 моҳ ба ҳисоб гирифта шудааст) ҷамъулҷамъ 489 142 нафар фаолияти худро қатъ карданд.
Кӣ ҷавоб медиҳад, ки чаро бо шумори зиёд фаолиятро қатъ карданд?!
Мебоист, сардори Кумитаи андоз, Нусратулло Давлатзода ба истеъфо мерафт. Вале ӯ аз соли 2009 то ҳол фаолият дорад. Ягона раиси кумитае, ки ивазнашаванда аст, бояд ба истеъфо равад.
Дар гузориш омадааст, ки то якуми октябри соли 2020 шумори шахсони ҳуқуқӣ 35,6 ҳазор нафар ва зиёда 301 000 нафар соҳибкорони инфиродӣ ҷамъ 337 000 соҳибкорон фаолият доштанд.
Агар аз тарафи кормандони андоз ва дигар сохторҳои давлатӣ нисбати соҳибкорон зулм намешуд, имрӯз зиёда 700 000 нафар соҳибкорони инфиродӣ ва ҳуқуқӣ фаолият мекарданд, ки онҳо ҳатман барои рушди соҳаи иқтисод ва ташкили ҷойи корӣ саҳми арзандаи худро мегузоштанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон зиёда 9 901 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Вале ба омори соҳибкорӣ назар афканем, ҳамагӣ 337 000 нафар соҳибкор фаолият дорад, ки 3,4 фоизи аҳолиро ташкил медиҳад.
Замоне расидааст, ки ба соҳибкорон майдони ҳамворро омода сохт. Барои соҳибкорон озодӣ ва адолати иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам овард, ки на кам аз 1 000 000 нафар соҳибкор дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаолият дошта бошад ва ин шумор рӯз аз рӯз афзун ёбад. (Андаке баъд пешниҳодҳои худро ироа медиҳам.)
Соҳибкорон дар Тоҷикистон ба сабаби фишорҳои зиёди мақомоти сохторҳои назоратӣ андози аз ҳад баланд, ҷаримабандии беохир, талаби “доля” аз тарафи сохторҳои назоратӣ, нархи баланди барқ, пулчинии сохторҳои давлатӣ бо сабабҳои гуногуни беарзиш ва баланд будани фоизи бонкӣ фаолияти худро қатъ мекунанд.
Сабаб чист? Ин “чаро”-ҳо ҷавоби мушаххас мехоҳад?!
Идома дорад