Дидгоҳ

Сиёсати молиявӣ дар Тоҷикистон аз ҷумла ҷаримабандӣ, сабаби афзоиши фақр дар кишвар

“Донишгоҳи Тулейни Луизиана — як пажӯҳишгоҳи эътирофшудаи тадқиқоти байналмиллалӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар як таҳқиқоти нашршуда дар моҳи апрели соли 2021 собит кардааст, ки сиёсати молиявӣ дар Тоҷикистон “ба афзоиши фақр ва нобаробарии аҳолӣ оварда мерасонад”. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи муаллифони пажӯҳишгоҳ, сиёсати дурусти молиявӣ бояд баръакс фақру нобаробарии қишрҳои мухталифи мардумро коҳиш диҳад…”

(Чаро андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати кишварҳои ҳамсоя ду баробар баланд аст? (3))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз”(25)

Дар Тоҷикистон то қабули қонуни нави Кодекси андоз — андозбандӣ бо ин зайл буд:

— андози иҷтимоӣ — 25 фоиз;

— андоз аз арзиши иловашуда — 18 фоиз;

— андоз аз даромад — 13 % фоиз;

— андоз аз гардиши мол — 5 %

Ҷамъулҷамъ 10 намуди пардохти андоз дар соли 2016 вуҷуд дошт ва 81,8%-ро ташкил менамуд.

Олимҷон Бобоев, вакили МН МО пешниҳод менамоянд, ки андозҳои умумии Тоҷикистон набояд аз 36-40% зиёд бошад. Ба гуфти ӯ, дар Тоҷикистон сатҳи андоз ба 81,8% баробар бошад. Яъне соҳибкор 1 сомонӣ даромад гирад 80 дирамӣ он ба пардохти андоз ва 20 дирамӣ боқимонда, ба корҳои дигари соҳибкорӣ сарф карда мешавад. Баъзан аз як сарчашмаи даромад ду карат андоз ситонида мешавад. Масалан, андоз аз истифодаи барандагони роҳ, боз аз ҳамон андоз аз арзиши иловашуда (НДС) ҳам боздошт мешавад.

Соли 2016 Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ Тоҷикистонро дар миёни 25 кишвари ҷаҳон бо баландтарин андозситонӣ, аз поён дар мақоми сеюм ҷой дода буд. Сатҳи андоз дар Тоҷикистон 81,1% буда, дар Боливия 83,7% ва Аргентина ҷойи аз ҳама андозбандии баландро ишғол менамояд.

Барои муқоиса бояд қайд кард, ки моҳонаи миёнаи Боливия 379 доллар, Аргентина 373 доллар, Тоҷикистон 127 доллар, қариб се маротиба аз моҳонаи ин мамлакатҳо моҳонаи миёнаи Тоҷикистон камтар аст.

Агар моҳонаи миёнаро ба инобат гирем, сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи охирон аст.

Бояд қайд намуд, ки дар Тоҷикистон боз ба болои андозбандии баланд, моҳона ва нафақаи пасттарин, нархи хӯроквории баландтарин, ҷаримабандиҳои қариб ҳар моҳа ва фасодзадатарин кишвар ба ҳисоб меравад.

Пештар (дар қисмати қаблӣ) қайд намуда будем, ки пули ҷаримабандӣ дар буҷаи солона нишон дода мешавад. Дар ин сурат сохторҳои давлатӣ маҷбуранд, ки бо ҳар баҳона тоҷир, соҳибкор ва ронандаро ҷарима банданд, то ки буҷаро пур кунанд.

Омилҳои дар боло нишон додашуда сабабгори нотавонии пардохти андоз аз тарафи соҳибкорон гашт.

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, Нусратулло Давлатзода иқрор шуд, ки қарзи соҳибкорону корхонаҳои истеҳсолӣ аз андоз дар тӯли 9 моҳи соли 2018, 125 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст. Ӯ дар гузориши худ қайд кард, ки вазъи корхонаҳо хуб нест ва қарзи онҳо ба 823 млн сомонӣ баробар аст. Ва ҳамчунин буҷаи давлатӣ дар 11 моҳи соли 2019, 1,6 млрд сомонӣ (166 млн доллар) андози давлатӣ кам ҷамъоварӣ карда шуд, ки ин 7,2%-и касри буҷа аст. Мумкин то охири сол боз касри буҷа зиёдтар шавад. Дар соли 2020 ҳам ин ҳолат давом кард. Ва барои рӯйпӯш кардани буҷа, дар давоми 8 моҳи соли 2020 фурӯши сангу фузулоти қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, аз фонди захиравӣ, ба афзоиши бесобиқа, ҳаҷми содирот 50 дарсад ё худ 5 баробар афзуд. Тибқи маълумоти оморӣ расмӣ, ба маблағи 595 млн доллар давоми моҳҳои январ-августи соли 2020 ба хориҷи кишвар бароварда шудааст, ки наздики 60 дарсад аз ҳаҷми умумии содироти кишварро дар ин давра ташкил медиҳад.

Аз рӯи омори расмии Кумитаи андоз, соли 2021 расман рӯйхати корхонаҳои аз андоз қарзашон зиёдро нашр кард. Ҳаҷми умумии қарздорон аз андоз дар 9 моҳи соли 2021 дар маҷмӯъ 844 млн сомонӣ буда, шумораи умумии қарздорон аз андоз 35000 шахсони алоҳида ва ширкату корхонаҳоро дарбар мегирад. Вале қарзи 7 корхонаи бузург, 291 млн сомонӣ (25,7 млн доллар) ё ки наздики 35%-и ҷамъи қарзи андозро ташкил медиҳад:

1. “Тоҷиктелеком” — 86 млн сомонӣ, ё ҳудуди 7,6 млн доллар;

2. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун — 67 млн сомонӣ, ё наздики 6 млн доллар;

3. Ширкати Алюминийи Тоҷикистон “Талко” — 38 млн сомонӣ ё 3,3 млн доллар;

4. Нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” — 36 млн сомонӣ, ё 3,2 млн доллар;

5. Фурудгоҳи Душанбе — 31 млн сомонӣ, ё 2,75 млн доллар;

6. “Талко ресурс” — 17 млн сомонӣ, ё 1,5 млн доллар;

7. “Алюмин сохтмон” — 16 млн сомонӣ, ё 1,4 млн доллар.

Ин ширкатҳо на танҳо қарздор ҳастанд, балки сабабгори касри буҷа ва омили ҷаримабандӣ ва қатъ намудани фаолияти кории дигар соҳибкорон мешаванд.

Дар 6 моҳи соли 2021 ҳам аз фонди захиравӣ ҳудуди 58 дарсади содироти кишварро сангҳои қиматбаҳо, нимқиматбаҳо ва металҳои ранга ташкил доданд. Ин маҳсулот ба маблағи 709 млн доллар содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 баробар зиёд мебошад. Агар буҷаи солона 2,7 млрд доллар бошад, дар ним соли аввал 709 млн доллар ё ки аз чор як ҳиссаашро аз фонди захиравӣ гирифта шудааст, ки ин шармандагии ҳукумат аст.

Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилот Шветсария буда, гардиши мол бо он 723 млн долларро ташкил медиҳад. Ба панҷ шарики асоси ҳамчунин Ҷумҳурии Қазоқистон 560 млн доллар, Русия 523 млн доллар, Чин 368 млн доллар ва Ӯзбакистон бо ҳиссаи 204 млн доллар шомиланд. Аз лиҳози он, ки дар пардохти андоз ва фурӯши захиравӣ ба хунукназарӣ роҳ дода шудааст.

Аз прокуратураи генералӣ талаб карда шавад, ки оиди ин ширкатҳо, масъулин ва гунаҳкорони Кумитаи андоз ва Вазорати молия делои ҷинояти оғоз карда шавад.

Рӯзноманигори Радиои Озодӣ Алишер Зарифӣ, дар мақолаи худ, нишон медиҳад, ки дар охири соли 2018 ширкати аудиторию машваратӣ дар гузориши вижае Paying Taxes — 2019, нишон медиҳад, ки меъёри андоз дар Тоҷикистон, 67,3%-ро ташкил медиҳад. Ин рақам нисбати нишондоди соли 2016, 14,5% кам буда, вале аз кадом намуди андоз кам шуд норавшан аст ва ё дар хабарҳо нашр нашудааст.

Нишондоди миёнаи андозҳо дар Осиёи Марказӣ ва Европа Шарқӣ, модули 32,8% аст, нисбати ин нишондод андозбандӣ дар Тоҷикистон ду маротиба зиёд аст. Дар ин раддабандӣ, ки 190 кишварро фаро гирифтааст, Тоҷикистон, ҷазираҳои Комор (дар уқёнуси Ҳинд, дар наздикии ҷазираи Мадагаскар воқеъ аст), Аргентина, Эритрея (дар соҳили баҳри Сурх, Африқо), Боливия, Гвинеяи Экваториалӣ (Африқо), Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Колумбия ва Афғонистон дар зинаҳои охирон ҷойгиранд. Тибқи ин нишондод, сарбории андоз дар Қирғизистон ба 29%, Қазоқистон — 29,4%, Ӯзбекистон — 32,1% ва Русия зиёда 32% баробар аст.

Донишгоҳи Тулейни Луизиана — як пажӯҳишгоҳи эътирофшудаи тадқиқоти байналмиллалӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар як таҳқиқоти нашршуда дар моҳи апрели соли 2021 собит кардааст, ки сиёсати молиявӣ дар Тоҷикистон “ба афзоиши фақр ва нобаробарии аҳолӣ оварда мерасонад”. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи муаллифони пажӯҳишгоҳ, сиёсати дурусти молиявӣ бояд баръакс фақру нобаробарии қишрҳои мухталифи мардумро коҳиш диҳад.

Пажӯҳишгарони амрикоие, ки сиёсати буҷет ва андоз дар Тоҷикистонро бо кӯмаки иҷтимоии усули вижаи Commitment to Eguity Assessment — ӯҳдадорӣ ва арзёбии одилона таҳлил намуда, нишон медиҳанд, ки сиёсати нодурусти андози кишвар боиси 5,12 дарсад боло рафтани мизони фақр мешаванд.

Ба андешаи банда, аввалан нишондоди фақр дар Тоҷикистон дурӯғ аст, на 35 дарсади аҳолӣ, балки дар айни замон бо сабаби фарогир шудани KOVID-19 дар ҷаҳон, камбизоатӣ дар кишвари мо то 45 — 50 дарсад боло рафт ва равиши сатҳи кабизоатии мардум давом дорад.

Яке аз нишонаҳои он, аз он рӯзе, ки сарҳади Тоҷикистону Русия кушода шуд, аз Тоҷикистон ба Русия мардум аз тангдастӣ худ ба Русия кӯч баста истодаанд, ҳатто падарон ва модарони аз 70 сола боло бо умеди 8 — 10 ҳазор рубли русӣ ба минтақаҳои гуногуни Русия сафар карда, бо сарсониҳои сангин шаҳрвандии Русияро қабул намуда истодаанд, то ки худ ба нафақа бароянд ва фарзандон бо сабаби онҳо соҳиби шаҳрвандии Русия шаванд.

Дар ин раванд, банда гунаҳкори асосиро дар нодуруст будани сиёсати дохилӣ ва андозбандӣ, беэҳтиромии масъулини Кумитаи андоз нисбати вазифаи худ ва соҳибкорон, набудани ҷои корӣ, болоравии нархи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва сатҳи пасти ҳифзи иҷтимоӣ мебинам.

Дар таҳқиқот нишон дода шудааст, ки “таъсири сиёсати молӣ ба фақру нобаробарӣ дар Тоҷикистон як бори сангин барои хонаводаҳои фақир мешавад”, дар ҳоле ки “қисми худкифои аҳолӣ андози мувофиқ аз амвол ва сармояи худро намепардозанд…”

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s