Дидгоҳ

Озод намудани ширкатҳои бузург ва наздик ба “оила” аз андоз ва боҷи гумрукӣ

(Чаро андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати кишварҳои ҳамсоя ду баробар баланд аст? (4))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз”(26)

Яке аз сабабҳои беадолатӣ ва нобаробарӣ дар соҳаи андозбандӣ ин озод намудани ширкатҳои бузург аз андоз ва боҷи гумрукӣ дар кишвар аст.

То соли 2022 даҳҳо корхонаю ширкатҳои ҳуқуқии наздик ба оила, аз андоз, боҷи гумрукӣ ва аксизҳо ба монанди ширкати роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ширкатҳои тобеъ ба НБО-и Роғун ва “Талко”, якчанд ширкатҳои истихроҷи тилло, кони нуқраи “Якҷилга”-и ноҳияи Мурғоб, меҳмонхонаи панҷ ситорадори “Исмоили Сомонӣ”-и шаҳри Душанбе, фермаи мурғпарварии “Мармарӣ”-и ноҳияи Данғара, фермаи чорводории “Мармарӣ”-и ноҳияи Ёвон, “Себистон-2018”, “Амирӣ”, “Авесто Гурӯҳ”, бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар, “Корхонаи арматурабарорӣ”, “Ҳуаксин Гаюр Семент”, “Ҳуаксин Гаюр Индустриал”, ширкатҳои сайёҳии “Ҷаҳонгардӣ”, “Зигана Тур”, ширкатҳои тобеъ ба “Фароз”, осоишгоҳҳо, комплекси варзишӣ-истироҳатии “Сафеддара” ва дар соли 2022 ҳам воридоти маҳсулоти саноатӣ, нақлиёти ва кишоварзӣ аз андоз ва боҷи гумрукӣ ба монанди воридоти мошинҳои махсус (дастгоҳҳо) ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, электромобилҳо, автобусҳо, гази табиӣ, (интиқоли нерӯи барқ ҳам омадааст, мумкин содирот бошад), Корхонаи воҳиди давлатӣ (ГПУ) “Барои истеҳсол, харид, захира кардан ва фурӯши молҳои зарурӣ дар шаҳри Душанбе”, мазутҳои камсулфур барои эҳтиёҷоти ҶСК “Маркази гармидиҳӣ”, боздошти фоизи солонаи қарзи ширкатҳои ОАО “Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1” ва “НБО Роғун”, ки аз ҳисоби интиқоли нерӯи барқ ба ОАХК “Барқи Тоҷик” қарздор шудаанд, бланкаҳои шиносномаҳои дорои нишонаҳои электронӣ дошта, тухмии зироатҳои суперэлитӣ, элитаӣ, тухми баландсифати пиллапарварӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ороишӣ ва мевадор, чорвои калони шохдори зотӣ ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво, масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизот барои бунёди гармхонаҳои замонавӣ ва ғайра, ки аз рӯи омори ғайрирасмӣ тақрибан 100 ширкатҳои тиҷоратӣ, истеҳсолӣ, сохтмонӣ, фарматсевтӣ, чорводорӣ ва мурғпарварӣ озод карда шудаанд.

Ана ҳамин ширкатҳо сабабгори касри буҷа, содироти захиравии тилло, боздорандаи рушди иқтисодиёт ва нобаробарӣ дар сатҳи соҳибкорӣ дар кишвар аст.

Яъне дар тӯли ду соли охир Тоҷикистон 65 фоизи фонди захиравии тиллоӣ дар ихтиёри Вазорати молия ва Бонки миллии кишвар бударо аз даст дод. Тибқи маълумоти мавҷуда, захираи тилло ба таври назаррас аз 22,3 тоннаи соли 2019 то 8 танна дар охири соли 2021 коҳиш ёфт. Дар тӯли ду сол 14,3 тонна тиллои захиравиро фурӯхтанд.

Имсол барои рӯйпӯш кардани буҷа роҳи дигарро гирифтанд. Яъне қурби асъори хориҷиро якбора яклухт бардоштанд. Ҳар 100 долларро аз 1130 сомонӣ ба 1300 сомонӣ ва ҳар 100 евроро аз 1240 сомонӣ ба 1440 сомонӣ.

Аммо дар давлатҳои ҳамсоя бошад, баръакс, афзоиши динамикаи захираҳои тилло мушоҳида мешавад:

1) Қазоқистон — 40,3 тонна (ҳаҷми умумӣ — 390,7 тонна);

2) Қирғизистон — 6 тонна (ҳаҷми умумӣ — 16,8 тонна);

3) Ӯзбекистон — 4,6 тонна (ҳаҷми умумӣ — 340,5 тонна);

4) Русия — 185,6 тонна (дар аввали соли 2021 ҳаҷми умумии он — 2298,6 тоннаро ташкил дод).

Нуқтаи назари банда оиди хароҷоти буҷаи соли 2022, ки 33 миллиарду 600 млн сомонӣ (муодили зиёда 2,5-2,6 млрд доллар, бо қурби имрӯза), аз он ҷумла:

— даромади буҷа 33 млрд сомонӣ;

— ҳамчунин дар буҷаи соли 2022 омадааст, ки 3,2 млрд сомонӣ барои пардохти қарзи хориҷии кишвар пешбини шудааст;

— касри буҷа ё барзиёдии хароҷот нисбати даромад дар буҷаи соли ҷорӣ 623 млн сомониро ташкил медиҳад;

— ба фонди захиравии раисҷумҳур 438 540 сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 8,5 фоиз бештар буда, аз харҷи он ягон хел гузориш дода намешавад.

Агар аз буҷа пардохти қарз, касри буҷа ва фонди захиравии раисҷумҳурро тарҳ намоем, ҳамагӣ 29 338 460 000 сомонӣ мемонад, ки ба фикри банда барои моҳонаи кормандони маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, МИҲД, сохторҳои давлатӣ, нафақа ва идрорпулии донишҷӯён мерасад ё не? Ин як тарафи масъала.

Тарафи дигари он 70 фоизи буҷаи соли ҷории Тоҷикистон аз ҳисоби андоз ва боҷи гумрукӣ бояд таъмин шавад? Дар шароити бӯҳрони иқтисодии имрӯза ва ҳамзамон ҷанг байни Русияву Укроин, кишварро ба болоравии нархи хӯрокворӣ, уфти қурби пули русӣ ва сомонӣ, набудани ҷои кор дар кишвар, кӯчбандии саросари ба Русия ва ғайра. Ҳатман ба буҷа таъсири худро мерасонад.

Тарафи сеюми он барои 9 900 000 нафар аҳолӣ 2,5 — 2,6 млрд доллар буҷаи солона хандаовар аст.

Яке аз собиқ ҷумҳурии Шӯравӣ Литва зиёда 2,6 млн нафар аҳолӣ дорад. Даромади буҷаи солонааш (2022) 14,321 млрд евро мебошад ва барои ҳифзи иҷтимоӣ 4 млрд евро ҷудо карда шудааст.

Суоле пайдо мешавад, ки соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ чанд фоизи буҷаро таъмин менамоянд ва ё сифр?! Дар ҷумҳурӣ шахсе ва ё сохторе ҳаст, ки буҷа, Вазорати молия, Кумитаи андозро назорат ва тафтиш кунад?!

Чаро? Вазорати молия бо сардории Файзиддин Қаҳҳорзода аз пайи дарёфти грант ва қарзҳои бебозгашт, фурӯши фонди захиравӣ. Раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода аз пайи ҷаримабандӣ, зулм болои соҳибкорон, авлоди гардонидани Кумитаи андоз, ҳатто то дараҷае расидааст, ки аз саволи рӯзноманигорон рӯй мегардонад.

Вақте, ки ба қонуни нави Кодекси андозбандӣ, тағйироту илова намудан масъулони Вазорату Кумитаҳои дахлдор корро оғоз намуданд.

Банда фикру андешаҳои худро ба қонуни Кодекси андоз, яъне чор зинаи андозбандиро пешниҳод намудам:

— андозбандии умумӣ барои кулли шаҳрвандон, ки арзиши гардиши молашон, то 1 000 000 сомонӣ аст, 30-35 фоиз андоз муайян карда шавад;

— шахсоне, ки арзиши гардиши мол ва дороии гайриманқул то 5 000 000 сомонӣ аст, 40-45 фоиз;

— шахсоне, ки арзиши гардиши мол ва дороии гайриманқул то10 000 000 сомонӣ дошта, 50-55 фоиз;

— шахсоне, ки арзиши гардиши мол ва дороии ғайриманқул зиёда 10 000 000 сомонӣ доранд, 60-65 фоиз.

Баландтарини ин нишондод, аз андозӣ имрӯза қариб 3% камтар аст.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s