Дидгоҳ

Ҳайфи кӯҳҳои Помир аз “чиновникҳои манқурт”

Рустами Ҷонӣ

Афсӯс “чиновникҳои манқурт” дар Помир ҳам пайдо шуданд. То ин вақт онҳо ҳич кас буданд.

Аз мансабдор масъулият дар баробари мардум кас месозад, аммо инҳо фақат “галстук” доштанд.

Инки помириҳо мардуми камбизоати Тоҷикистонанд хизмати ҳамин табақа аст, ки ба кӯмаки зӯру силоҳ овозашон баланд мешавад.

Саркардаи ин “хоришҳои бадан” Мирзонаботов аст, ки алакай “долябандӣ”-ро сар кардааст.

Ниҳоде, ки Мирзонаботов аз он баромадааст, фарҳанги номусрабоиву ғуруршиканӣ меорад. Ҳайфи кӯҳҳо агар касе аз озодандешон дар баробари ӯ эҳсоси хастагӣ кунад.

Хушрӯз Ҷумъаев блогери дигарандеши Помирро 20-уми март барои “гӯшмол” ба Шӯъбаи “КГБ” бурданд. Фикр мекунам, тозиёнаи ҷаҳаннамро аз ин “маликони худбин” хӯрд.

Бо ҳамин шева дар минтақаҳои дигар садои озодандешонро амниятиҳо хомӯш карданд. Аз ин рӯ ба ҷуз садои “карнаю сурнай” аз онҷо чизе шунида намешавад.

Ҷои роҳи ҳалли душвориҳоро пайдо кардан, ин “тозиёни фикр” мехоҳанд, Помир мисли дигар ҷойҳо “ гӯристони хомӯш” бошад.

Боварам ҳаст, ки кӯҳҳо нагузоранд…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s