Дидгоҳ

Чаро бо ворид кардани тағйирот ба Кодекси андоз, шароит беҳтар намешавад?

Дар давраи истиқлолият дар кишвар бори чаҳорум аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ Кодекси андозро иваз мекунанд, аммо ҳеч яке аз ин қонунҳо ва ивазшавиҳо барои рушди соҳибкорӣ шароити корӣ фароҳам наовардааст. Ва назаре, ки мақомот розӣ нетанду ва мегӯянд, ки ба соҳибкорон сабукиҳои зиёде додаанд, ин дурӯғ аст… Агар ҳукумат андозро ба поён — яъне бо баробари ҷумҳуриҳои ҳамсоя поён биоварад, аввалан соҳибкорони фирорӣ боз ба кишвар бармегарданд. Сониян, соҳибкороне, ки тақрибан 337 000 нафар дар дохилӣ кишвар кору фаъолият доранд, фаолияти худро боз фаъолтар мекунанд, ки ин ба рушди истеҳсоли дохилӣ ва ҷои корӣ иловагӣ мусоидат мекард ва дар тӯли як сол соҳибкорони инфиродӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷои 337 000 сарҳади 1 000 000 нафарро убур мекард…

(Чаро андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати кишварҳои ҳамсоя ду баробар баланд аст? (5))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз”(27)

Қонуни нави Кодекси андоз ҳам бо тағйиру иловаҳо рӯи амал омад, вале дар умум солона чанд фоиз поён оварда шуд хабаре нест.

Ҳамчунин тарҳи нави андоз бо чунин шарҳ омадааст:

1) андоз аз даромад;

2) андози иҷтимоӣ;

3) андоз аз арзиши иловашуда;

4) андоз аз фоида;

5) андози аксизҳо;

6) андоз аз маҳсулоти фурӯхташаванда;

7) андоз барои захираҳои табиӣ.

Дар Кодекси андози нави соли 2021 теъдоди андозҳо аз 10 адад ба 7 адад коҳиш дода шуд. Мақомот мегӯянд, ин яке аз паёмҳои Кодекси андоз буда, ба соҳибкорон каме бошад ҳам сабукиҳо меорад. Солҳост, ки низоми андози Тоҷикистон ба далели гарон будани он барои соҳибкорон, доимӣ аз тарафи ҷомеа интиқод мешавад.

Чанд навоварие, ки метавонад барои корфармо дар Тоҷикистон хабари хуш бошад, яке аз онҳо коҳиши андози иҷтимоӣ аст. Дар кодекси андози нав аз 25 фоизи музди меҳнати ҳар як корманд дошта, дар шакли андози иҷтимоӣ кам карда шуд. Яъне ба меъёри 20 фоиз паст карда шуд.

Меъёри андоз аз арзиши иловашуда — аз 18 то 15 фоиз поён оварда шуд, соли 2025 ба 14 фоиз ва соли 2030 ба 13 фоиз поён овардан дар назар дошта шудааст.

Андоз аз даромад аз 13 ба 12 поён оварда шуд. Ва андози аксизи, баръакс барои хизматрасониҳои электронӣ аз 5 то 7 фоиз боло бурда шуд.

Дар давраи муҳокимаи Кодекси андоз дар парлумони кишвар раиси ҲДТ, ҳамзамон депутати МН МО Саидҷаъффар Усмонзода пешниҳод кард, ки масъалаи аз имтиёзҳои андоз бархӯрдор шудани бархе аз корхонаҳои бузург баррасӣ шавад. Вай мушаххасан аз ин ширкатҳо ном набурд, вале таъкид кард, ки бо назардошти вазъи иқтисодӣ ва бахши даромади буҷа имтиёзҳо барои ин гуна ширкатҳо истисно карда шаванд.

Дар давраи истиқлолият дар кишвар бори чаҳорум аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ Кодекси андозро иваз мекунанд, аммо ҳеч яке аз ин қонунҳо ва ивазшавиҳо барои рушди соҳибкорӣ шароити корӣ фароҳам наовардааст. Ва назаре, ки мақомот розӣ нетанду ва мегӯянд, ки ба соҳибкорон сабукиҳои зиёде додаанд, ин дурӯғ аст.

Дар ворид намудани тағйиру иловаҳо чор маротиба ҷамъ шуда, ҳамдигарро фиреб ва чор маротиба соҳибкоронро умедвор намекардед хуб буд!

Дар аввалин ҷамъомад мувофиқи нишондоди миёнаи андозҳо дар Осиёи Марказӣ ва Европаи Шарқӣ ба модули 32,8 фоиз баробар мекардед, ҷонатан халос буд. Вале барои ин корро анҷом додан мардонагӣ зарур аст, ки инро Шумо надоред.

Ҳукумате, ки заррае ғамхори миллаташ аст, андозӣ давлатиро аз андозӣ мамлакатҳои ҳамсоя, набояд баланд мекард.

Агар ҳукумат андозро ба поён — яъне бо баробари ҷумҳуриҳои ҳамсоя поён биоварад, аввалан соҳибкорони фирорӣ боз ба кишвар бармегарданд. Сониян, соҳибкороне, ки тақрибан 337 000 нафар дар дохилӣ кишвар кору фаъолият доранд, фаолияти худро боз фаъолтар мекунанд, ки ин ба рушди истеҳсоли дохилӣ ва ҷои корӣ иловагӣ мусоидат мекард ва дар тӯли як сол соҳибкорони инфиродӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷои 337 000 сарҳади 1 000 000 нафарро убур мекард.

Вазифаи асосии Кумитаи андоз ғанигардонидани буҷа мебошад. Оиди ин масъала, ман пешниҳод менамоям, ки шахсони аз ҳисоби давлат ва миллат бой шуда, ки даромади ҳангуфти солонаро доранд, ҳамзамон ширкатҳояшон аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод аст. Доимӣ 10 фоизи даромади моҳонаи худро ба буҷаи давлат гузаронанд. Яъне дар ғанигардонидани буҷа саҳмгузор бошанд, то ки соҳибкорони хурду миёна камтар ҷаримабандӣ ва миёншикаста нашаванд.

Чунин таҷриба дар Ҷумҳурии Қазоқистон оғоз шудааст. Раисиҷумҳурии Қазоқистон Тоқаев Ж. дар муроҷиати худ ба миллат қайд кард, ки як гурӯҳ ширкатҳои хело даромаднок ва як табақаи сарватмандон – ва ҳатто аз рӯи меъёрҳои байналмиллалӣ ёдоварӣ кард — бояд “ба мардум эҳтиром гузоранд” ва ба фонди иҷтимоии таъсисдода маблағ гузаронанд. Ҳамчунин ӯ гуфт: “Гурӯҳи олигархии молиявӣ баҳрабардорони асоси монеъе ба рушди иқтисодӣ шудаанд”, ки рушди бозори озодро маҳдуд ва рақобатнопазирии кишварро коҳиш додааст. Вай гуфт, ки бахши истихроҷи маъдан ва нафту газ бояд як қисми фоидаро бо давлат тақсим кунанд. Ин соҳаҳо дар кишвар дар дасти хешовандон ва шарикони наздики Н. А. Назарбоев мебошанд.

Дар давоми суханрониаш Токаев гуфт, ки додситонӣ, Вазорати молия ва дигар ниҳодҳои давлатӣ, гузаргоҳҳои гумрукӣ, ба хусус дар сарҳад бо Чин, ки ба қавли ӯ “воқеъан бесарусомонӣ идома дорад, корҳоро ба тартиб дароранд.” Воридшавии мол аз Чин, чунон ки аксарият дар кишвар бовар доранд, аз ҷониби хешовандони Назарбоев идора мешавад.

Гузаргоҳҳои гумрукии Тоҷикистон ҳам аз гузаргоҳҳои Қазоқистон фарқе надорад. То моҳи майи соли 2021 аз гузаргоҳи Исфара — Боткент “Гулистон”, ҳазорҳо тонна молу коло бо роҳи қочоқ гузаронда мешуд.

Ҷамъоварии боҷи гумрукӣ соли 2021 дар кишвар 17 фоиз боло рафт. Ба будҷаи давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2021 беш аз 6,8 млрд сомонӣ ворид шуд, ки ин маблағ аз нишондоди соли 2020 бештар 1,3 млрд сомонӣ аст. Сабаби асосии зиёд ҷамъоварӣ намудани пул аз ҳисоби боҷи гумрукӣ ин қатъ намудани фаолияти гузаргоҳи “Гулистон” аз тарафи Қирғизистон мебошад. Чунки аз ин гузаргоҳ молу коло ба Тоҷикистон асосан бо роҳи қочоқ мегузашт.

Агар гузаргоҳи Қулмаро ҳам ба тартиб дароварда шавад, боз боҷи гумрукӣ зиёдтар ҷамъоварӣ карда мешавад. Чунки дар ин нуқта ҳам омори кишвари Чин аз Тоҷикистон хело фарқи калон дорад. Дар қисми Тоҷикистониаш фасод зиёд аст, қисме аз молу коло бе қайди боҷи гумрукӣ гузаронда мешавад.

Рӯзи 16-уми майи соли 2019 дар интернет оиди империяи сохтаи Нусратулло Давлатзода хабаре интишор шуд. Онро дар шакли кӯтоҳ кардашуда пешкаши хонандагон менамоям. Аз рӯи маълумотҳои ғайрирасмӣ, Кумитаи андоз тавассуфти Н. Давлатзода авлодӣ шудааст, ки ҳоло зиёда ё кам 216 нафар хешу табор бо фарзандону домодҳо, ҳаммаҳаллон, аз он ҷумла 34 нафар дар сатҳи роҳбарӣ — аз сардорони раёсатҳо, нозирот то мудирони шӯъбаҳову бахшҳо кору фаолият мекунанд. Магар Кумитаи андоз идораи шахсии Н. Давлатзода аст?

Зарур донистам боз ба маълумоти дар боло зикршуда бо каме иловааш баргардам. Бо чунин сардорони кумитаро хонаводагӣ сохтаи Н. Давлатзода соли 2017 дар кишвар бештар аз 200 000 нафар соҳибкорони хурду миёна, аз ҷумла дар вилояти Суғд — 165 000, дар шаҳри Душанбе, бештар аз 50 000, дар Хатлон — 42 000, дар НТҶ — 40 000, дар ВМКБ — 4000, фаолияти худро қатъ карданд.

Ҳатто маълумотҳои минтақаҳо ба омори марказӣ рост намегирад ва ё хато нашр шудааст.

Чаро? Аз ҳама зиёд соҳибкорон дар вилояти Суғд фаолияти худро қатъ карданд? Ҷавоб мехоҳад!

Мумкин, охурчаи масъулини ҷумҳурӣ шуда аст ва ё зулму пулситонӣ зиёд аст?!

Агар дар тӯли соли 2017 — 200 000 соҳибкор фаолияти худро қатъ карда бошад, дар 9 — моҳи аввали соли 2019 260 000 нафар соҳибкор фаъолияти худро қатъ намуд. Ҳар моҳ дар соли 2019, бо ҳисоби миёна қариб 27 700 нафари соҳибкор фаолияти худро қатъ карда аст. ки ин хело ташвишовар буд.

Чаро имрӯз ҷумҳурӣ ба қарз (долговая яма) ғӯтидааст ва ғӯта задан дорад. Қарзи Тоҷикистон дар омори ҷаҳонии давлатҳо 6,6 млрд доллар омадааст. Сабаб чист?

Чаро миллат фирор када истодааст?

Чаро Вазорати корҳои дохила, бо сардории Шоҳрух Саидов, муҳоҷирони сиёсиро ба Тоҷикистон даъват доранд?

Чаро моҳе аз 110 то 150 нафар Тоҷикистониён шаҳрвандии Русия ва ё ҷумҳуриҳои пасошӯравиро қабул доранд?

Чаро миллат ба тарсу гирифтор шудааст?

Чаро боигарии табиӣ, буҷа, миллат ғорат шуда истодааст?

Чаро бо ин сабабҳо ягон масъули давлатиро ба ҷавобгари кашида намешавад?

Кӣ ҷавоб медиҳад?

Муроҷиати банда ба масъулин, каме андеша бикунед, ба куҷо рафта истодаед? Миллат ба кадом аҳвол расид? Сабабгор кист? Сабабгор шахс аст ё сохторҳои давлатӣ? Дар ояндаи наздик барои оромии миллату давлат, рушди иқтисодиёт, иҷтимоию фарҳангӣ чӣ бояд кард?

Имрӯз миллат ба маризии тарсу қарор гирифтааст. Мардум сухани ҳақро гуфта наметавонад, сухани ҳақро бигӯяд ва ё ҳаққи шаҳрвандии худро талаб намояд, ӯро хоин ва ё душмани миллат, эълон мекунанд. Бадбахтии миллат дар он аст, ки агар миллат то имрӯз аз кормандони амният тарс дошта бошад!

Илова бар ин, акнун имрӯз чосусони амниятҳам тарс доданро оғоз намуданд. Мисол, дар яке аз хонаҳои бисёр ошёнаи шаҳри Хуҷанд, бародаре оиди ҳаққи шаҳрвандӣ, интихоботи нақшааш пешаки рехта шуда, озодӣ, ақида сухан мекунад, дигаре шарм надошта мегӯяд, ки агар омада пурсанд… мо Шуморо нишон медиҳем, чиро нишон медиҳед, сухани ҳақро ва ё ҳаққи худро талаб карданро.

Мисоли дигар, дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд, аз се хонаи пай дар пай, яъне аз се соҳибхоназан дутоаш ҷосусӣ амниятӣ аст. Яке аз рӯзҳо, дар сӯҳбати лаби оби занона, яке ба дигаре мегӯяд, ки маро медонӣ, ман кӣ ҳастам? Ман корманди амният, агар ҳозир занг занам, дар як лаҳза гирифта мебаранд.

Эй миллати гумроҳшуда чаро ҳамдигарро мефурӯшед?!

Чаро ҷосусӣ мекунед?!

Ба ҷои хулқи бад, ба хулқи ҳамида бигузаред, ҳамдигарро аз шарри шайтон пуштибони кунед!

Махсусан озодандешонро тарафдорӣ намоед!

Дар интихоботҳо фаъолона иштирок намоед!

Муттаҳид шавед, ҳаққи шаҳрвандии худро талаб кунед, аз хоби гарон хезед…

Агар хоҳед, ки як ҷомеаи демократӣ, соҳибистиқлол, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти рушд дошта бошед, пеш аз ҳама, ба моликияти давлатӣ ва миллат хиёнат накунед!

Ба соҳибкорон озодӣ, баробарӣ ва ба масъулияти худ эҳтиром дошта бошед!

Аз ин лиҳоз, якчанд нуқтаи назари худро пешниҳод менамоям, то ки қабул ва амалӣ намоед:

1) пеш аз ҳама ширкатҳое, ки аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, бекор карда шавад;

2) андозбандӣ дар кишварро бо баробарӣ нишондодӣ андози Осиёи Марказӣ ва Европаи Шарқӣ, модулӣ 32,8 дарсад баробар намоед, ин варианти 2 ( варианти якум дар боло зикршуда буд );

3) ба соҳибкорон озодӣ ва баробарӣ дода шавад. Эълони моратория ҳам қарори хуб, вале додани озодии том беҳтарин амал аст;

4) раиси кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ва вазири Вазорати молия Файзиддин Қаҳҳорзода аз вазифа сабукдӯш карда шавад. Чаро? Чунки фикру андеша, корбарии онҳо натанҳо ба ҷомеъаи демократӣ, балки ба ҷомеъаи имрӯза ва фардои Тоҷикистон рост намегирад. Онон ба шумули боздорандагони иқтисодиёти кишвар дохил мешаванд;

5) ба прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон расман супориш дода шавад, ки фаъолияти раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ва вазири Вазорати молия Файзиддин Қаҳҳорзодаро мавриди тафтишот қарор дода шавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s