“Дар мавриди қонун дар бораи захираҳои табиӣ ва оқилона истифода бурдан аз онҳо, дар моддаи якуми кулли кишварҳои ҷаҳон (ва дар баъзе давлатҳо дар дигар қонунҳояш) нишон дода шудааст, ки ҳар як кӯдаки навзод ба захираҳои табиӣ ҳақдор аст. Ин, чунин маъно дорад, ки кулли миллат дар истифода бурдани захираҳои табиӣ баробарҳуқуқанд. Шукри Худо, ки Тоҷикистони ману Шумо аз ҷиҳати захираҳои табиӣ хеле бой аст. Танҳо ба ману Шумо зарур аст, ки оқилона истифодабарии онро аз кишварҳои пешрафта биомӯзем ва ба ғорати он роҳ надиҳем…”
(Ба ғорат рафтани захираҳои табиӣ, маҳсулоти саноати кӯҳӣ ва металлургияи рангаи Тоҷикистон — (1))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз” (28)
Дар ҷойгир намудани соҳаҳои саноати кишвар, бояд ба якчанд қонуниятҳои иқтисодӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад:
— ҷойгиршавии ашёи хом;
— қувваи корӣ ва мутахассис;
— нақлиёт, роҳи автомобилгард ва наздик будан ба роҳи оҳан;
— муҷаҳҳаз намудани ин ё он соҳаи саноат бо таҷҳизоти замонавӣ;
— наздик будан ба хатти қувваи барқ;
— талабот ба маҳсулоти истеҳсолшуда.
Барои рушди ин соҳаи муҳими иқтисодӣ, пеш аз ҳама, таҷҳизонидани ин соҳа бо техникаи замонавӣ ва истифодаи технологияи навтарин, андозбандии баробар, таъмин намудан бо барқи арзон, зиёда аз 50%-и инвеститсияи дохилӣ, зиёда аз 90%-и коргарон ва мутахассисон аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ, манъи содирот дар шакли хом ва ғайра ба роҳ монда шавад.
Ба тамоми соҳаҳои саноат пардохти барқ бо нархи якхела дода шавад, на ба яке нархи заминӣ ва ба дигаре нархи осмонӣ. Барқи арзонтаринро нерӯгоҳҳои барқии обии (НБО)-ҳои кишвар тавлид мекунад ва дар як сол то 19,7 млрд КВТ соат қувваи барқ истеҳсол мешавад. Тоҷикистон ба Ӯзбекистон қувваи барқро бо нархи 2 сент (бо арзиши вақти шарнома 20 дирам ва ҳоло бо қурби имрӯза зиёда 26 дирам) медиҳанд.
Агар хоҳем, ки кулли соҳаҳои хоҷагии халқ рушд кунад, бояд ба соҳаҳои саноати дохилӣ, нисбати давлатҳои хориҷӣ, барқ бо нархи арзон дода шавад. Аз тарафи соҳибкорони дохилӣ соҳаҳои саноат коркард намуда ду тангаи аз ҳисоби барқ кам карда шуда, аз ҳисоби андози маҳсулоти истеҳсолшуда пӯшонда ва дар кишвар ҳазорҳо ҷои корӣ пайдо мешавад.
То ки соҳаи саноат рушд кунад, яъне нерӯи барқ дар фасли тобистон бо арзиши 14 дирам ва дар фасли зимистон бо арзиши 20 дирам ба соҳаҳои саноат фурӯхта шавад. Чунин амал сабаби рушди соҳа ва сари вақт пардохтани пули барқ мегардад.
Дар шароити кунуни ашёи хоми саноати кӯҳӣ ва металлургияи ранга тороҷ шуда истодааст.
Дар тороҷ намудани маъданҳои саноати кӯҳӣ ва металлургияи ранга ширкатҳои истеҳсолии Чин хело “саҳм“-и калон доранд.
Дар ҷаласаи васеъи Ҳукумат рӯзи 24-уми январи соли 2019 “хушбахтона, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон эътироз намуд, ки боигарии табиии Тоҷикистонро дар намуди ашёи хом (консентрат) бароварда истодаанд… Ӯ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ супориш дод, ки ин масъала — масъалаи баровардани ашёи хомро ҷиддӣ дида бароянд.”
Ман пешниҳод менамоям, ки минбаъд Ҳукумати ҷумҳурӣ бо намояндаҳои чинӣ шартномаҳои кӯтоҳ муддат баста, дар қарордодҳо нишон дода шавад, ки зиёда 50%-и саҳмияҳо аз ҳисоби буҷаи Тоҷикистон ва аз 90 то 100% коргарон аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ таъмин карда шавад. Сабаб: мисол меорам, директори кони тиллоӣ “Зарафшон“, Ҷалолатмаоб Ҷин Холдинг, бо баҳонаҳои гуногун, коргарони маҳаллиро оҳиста-оҳиста аз кор рондааст… Шартномаи корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин, кони тиллоӣ “Зарафшон“, ба фоидаи мамлакати Чин баста шудааст. 70%-и саҳмияҳо аз ширкати чинӣ ва 30%-и он аз ҷониби Тоҷикистон. Боигарии табиӣ ва корхона дар қаламрави Тоҷикистон аст, вале баҳрабардории 70% даромадро ширкати чинӣ ва 30%-и онро Тоҷикистон мегирад. Бастани чунин шартномаҳои нобаробар суол барангезандааст.
Мисоли дигар, соли 2021 дар корхонаи тиллои Покруд, бо сабаби бемории куруновирус коргаронро ба хонаашон ҷавоб надоданд, моҳҳо бетанаффус кор карданд. Вақте, ки коргарон талаб карданд, ки чанд моҳ бетанаффус кор кардем, бояд ба истироҳат равем, масъулини корхона ҷавоб надод ва шарт (ултиматум) гузошт, ки дар вақти ба истироҳат рафтан моҳонаатонро намегиред ва ба кор барнамегардед. Коргарон ба суд муроҷиат карданд…
Чиниҳо дар айни замон комбинатҳои кӯҳии Зарнисор (шаҳри Гулистон), Чоруқ Даррон (шаҳри Гулистон), Адрасмон (шаҳри Гулистон), конҳои тиллои ноҳияҳои Панҷакент, Айни, Кӯҳистони Марказӣ ва якчанд конҳои Бадахшонро ба тасарруфи худ даровардаанд.
Масъулин набояд фаромӯш кунанд, ки захираҳои табиӣ моли Тоҷикистон аст, на моли Чин. Манфиати шахсиро набояд аз манфиати миллӣ боло гирифт… Имрӯз кафлез дар дасти бобокалон…
Дар Тоҷикистон то кунун зиёда аз 600 захираи табиӣ, полихимикӣ, металҳои нодир ошкор ва таҳқиқ шудааст. Ҳоло дар 400 конҳои кишвар захираҳои гуногуни канданиҳои фоиданокро муайян намуда, дар 100 майдони захираҳои табиӣ истихроҷи он давом дорад. Ин захираҳо дорои маъданҳои ранга, ашёи хоми саноати металлургӣ ба монанди: тилло ва нуқра, қурғошим ва синк, мис ва висмут, сурма ва симоб, волфрам ва молибден, металҳои қимматбаҳо, қаълаи, уран, ашёи хоми бор, стронсий, фтор (плавикого шпата), марганетс, магний, маъдани оҳан, сангҳои қимматбаҳо, нимқимматбаҳо, габбро, гранит, сиенит, лаъли бадахшон, лазурит, ашёи хоми сохтмони саноатӣ, озекрит, фосфорит, руҳ, сангҳои намак, ашёҳои хоми пардозӣ, графит, ангиштсанг, антратсит ва бо миқдори кам бошад ҳам гази табиӣ ва нафт, обҳои ширин, обҳои маъданӣ, гармчашмаҳои муолиҷавӣ, зиёда 50 намуди захираҳои минералӣ ва ғайра воқеъ аст.
Дар қонуни захираҳои табиӣ ва оқилона истифодабарии он, дар моддаи якуми кулли кишварҳои ҷаҳон ва дар баъзе давлатҳо дар дигар қонунҳояш нишон дода шудааст, ки ҳар як кӯдаки навзод ба захираҳои табиӣ ҳақбар аст. Ин, чунин маъно дорад, ки кулли миллат дар истифода бурдани захираҳои табиӣ баробарҳуқуқанд.
Шукри Худо, ки Тоҷикистони ману Шумо аз ҷиҳати захираҳои табиӣ хеле бой аст. Танҳо ба ману Шумо зарур аст, ки оқилона истифодабарии онро аз кишварҳои пешрафта биомӯзем ва ба ғорати он роҳ надиҳем.
Миллати азиз! Огоҳ бошед, ҳоло захираҳои табиӣ ғорат шуда истодааст, барои аз ғорати беадолатона озод намудан миёнро маҳкам бандед. Талаб кунед, то ки боигарие, ки ҳаққи ҳалоли Шумо аст ғорат нашавад.
Боигарии табиӣ дар навбати худ, ба ду қисм ҷудо мешавад:
— қисми аввал, боигариҳои зеризаминӣ — яъне канданиҳои фоиданок;
— қисми дуюм, боигариҳои рӯизаминӣ, ин намудро дар навбати худ ба чанд зерқисм ҷудо менамоем:
а) иқлим — ҳарорат, (гармӣ, рӯшноӣ), боришот, пиряхҳо (пиряхҳоро ба обҳои дохилӣ ҳам ҳамроҳ намудан мумкин аст);
б) обҳои дохилӣ — дарёҳо, обҳои зеризаминӣ, кӯлҳо ва обанборҳо;
в) пӯшиши намуди хокҳо, олами растанӣ ва ҳайвонот.
Ҳамаи инҳо ба боигарии табиӣ дохил мешаванд.
Дар ин банд, танҳо оиди боигарии зеризаминӣ маълумот дода мешавад.
Идома дорад