Дидгоҳ

Посухи Анора Саркорова ба тӯҳматҳои “Фабрикаи фиреб”-и Ятимов

Анора Саркорова, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, дар ёддоште, ба тӯҳматҳо ва дурӯғҳои “фабрикаи” ба гуфтаи ӯ “фиреб”-и Вазорати корҳои дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон посух навиштааст.

Дар зер айни ёддошти ӯ – ки аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷима шудааст – оварда мешавад:

“Шайтон панди ахлоқ медиҳад!” Ин таъбир рафтор ва мавзеъи мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла рафторашон нисбат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сокинони онро бисёр дақиқ мерасонад.

Бо ин таъбир мехоҳам даҳони ҳамаи фейкҳои ҳукуматӣ аз “Фабрикаи фиреб”-и Ятимовро бибандам.

Ин мақомоти қотил, дузд, таҷовузгар, фосид, ришвахор ва шаҳватрон бо садои баланд аз ватандорӣ ва муҳаббат ба Ватан мегӯянд, аммо миҳанпарастони ҳақиқӣ ва қурбониёни ҷиноятҳои худро ба беахлоқӣ ва хиёнат ба Ватан муттаҳам мекунанд.

Оё ин гуна рафторашон маро шигифтзада карда? Албатта, ки на.

Зеро, одатан садои аҳмақҳо, дуздон, хиёнаткорҳо ва авомфиребон баланд аст; онҳо беш аз дигарон фарёд мекашанд.

Дар ҳоле, ки ҳатто хок ва замини кишварро ба далели қарзҳои пардохтнашуда — маблағҳое, ки тавассути хешовандон ва наздиконашон талаву тороҷ шудааст – мефурӯшанд, аммо шаҳрвандонеро, ки ҷиноятҳои мазкурро ифшо ва ҷомеаро дар бораи он огоҳ месозанд, ба хиёнат ба манофеъи миллӣ мутаҳам мекунанд.

Худашон мардуми бегуноҳро мекушанд ва шиканҷа мекунанд, аммо касонеро, ки дар бораи ин ошкортарин нақзи ҳуқуқи башар дар кишвар ҳарф мезананд, ба барангехтани адовати миллӣ муттаҳам месозанд.

Нерӯҳои амниятӣ ба афроди таҳти бозҷӯии худ таҷовуз мекунанд ва мақомот занону духтаронро мавриди озору азияти ҷинсӣ қарор медиҳанд, аммо қурбониёни ин ҷиноятҳоро ба бадахлоқӣ ва касонеро, ки дар бораи ҷиноятҳои ин мақомот менависанд, ба иғвоангезӣ муттаҳам мекунанд.

Шумо мухолифони худро ба манфиати шахсӣ ва дарёфти грантҳо ва кӯмакҳо ва дастуроте – ки аслан вуҷуди хориҷӣ надоранд – муттаҳам мекунед, дар ҳоле, ки ин шумо ҳастед, на мо, ки дар бонкҳои Суис (Швейтсария) ва офшорҳо соҳиби ҳисобҳои чанд милюн дулорӣ аст.

Ба илова, мақомоти “ватанпараст”-и тоҷик бузургтарин грантгир ва дарёфткунандаи кӯмак аз Ғарб ба шумор мераванд.

Мақомоти тоҷик ҳама аз як “Фабрикаи бузурги фиреб” ҳастанд.

Хуб, “Фабрикаи фиреб” чист ва чӣ касоне дар он фаъолият мекунанд?

Инҳо гурӯҳе аз донишҷӯён, рӯзноманигорон, ба истилоҳ зиёиён, кормандони Вазорати корҳои дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳастанд, ки ба онҳо дастур шуда, то анвоъу ақсоми тӯҳматҳоро ба сари мухолифони режими феълӣ биборонанд.

Таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки “Фабрикаи фиреб” алайҳи навиштаҳо ва мақолаҳои мухолифон ҳаргиз бо далел, санад ва мадрак сухан намегӯяд. Зеро, ки нестанд ва наметавонанд бошанд.

Бо кадом далел метавон қатли қуруни вустоӣ ва ваҳшиёнаи Гулбиддин Зиебеков ва гулӯлаборони тазоҳургарони мусолиматомез ва бесилоҳро тавҷеҳ кард?

Чӣ далеле метавонад ҷиноятҳо ва шаҳватрониҳои мақомотро тавҷеҳ кунад?

Бо кадом далел имкон дорад озору шиканҷаи фаъолон ва хонаводаҳояшон ва низ боздоштҳо ва муҳокимаҳои ғайриқонуниро тавҷеҳ намуд?

Аслан, оё метавон душманӣ ва нафрати мақомоти тоҷикро – ки аз бадахшониҳо дар дил доранд – бо далел тавҷеҳ кард?

Наметавон!

Аз ин рӯст, ки онҳо ба нашри матолиби таҳқиромез мепардозанд; матолибе бо мазмуни ҷинсӣ.

Аммо бидонанд, ки бо нашри ин матолиб, худашонро таҳқир ва паст задаанд, на моро.

Ва бидонед, то он даме, ки ба шаҳрвандони кишвар ба унвони “худӣ” ва “бегона” ва “ғолибҳо” ва “мағлубҳо” нигоҳ мекунед, ҳаргиз ва абадан на бовар ва эътимодатон мекунанд ва на эътирофатон.

Дар як кишвари қонунмадор, набояд ҷинояткорон ба “худӣ” ва “бегона” тақсим шаванд.

Аммо – сад албатта, ки – ҳадафи шумо ба назму тартиб даровардани ҷомеа нест, балки ҳадафи шумо таслими ҷомеа, бардагии он, беҳувият гардиданаш ва аз даст рафтани инсоният ва шаъну шарафи он аст.

Манбаъ: Сафҳаи Анора Саркорова дар Фейсбук

Карикатура аз сайти БгиДега

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s