Дидгоҳ

Нигоҳе ба канданиҳои фоиданок аз ҷумла конҳои тилло дар Тоҷикистон

“Рӯзноманигор Аваз Юлдошев дар мақолаи худ рӯзи 28-уми ноябри соли 2019 дар “Азия Плюс“ порае аз суханронии муовини аввали вазири саноат ва технологияи нави Тоҷикистон, Бахтиёр Шарифӣ дар ҷаласаи МН МО-ро иқтибос меорад мабнӣ бар ин ки ширкати чинӣ аллакай ба истихроҷи тилло дар кони “Кумарги боло“ ва “Дуобаи шарқӣ“ дар қаламрави ноҳияи Айнӣ дар вилояти Суғд корро оғоз кардааст. Ин конҳо на танҳо захираи тилло, балки элементҳои кимёвии нуқра, сулфур, мишяк, сурмаро ҳам дорад. Суоле пайдо мешавад, ки пеш аз тасдиқ (ратификатсия) намудани шартнома аз тарафи депутатҳои МН МО, ширкати чинӣ ҳуқуқи истихроҷи тиллоро дорад ё на?..”

(Ба ғорат рафтани захираҳои табиӣ, маҳсулоти саноати кӯҳӣ ва металлургияи рангаи Тоҷикистон — (2))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз” (30)

Аз рӯи маълумот ва тадқиқоти геологӣ, қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба панҷ зонаи (минтақаи) геологӣ-захиравӣ тақсим мешавад:

1) Тиёншони миёна (Тоҷикистони шимолӣ — кӯҳи Қаромазор ва чӯкидаи Фарғонаи ғарбӣ);

2) Тиёншони ҷанубӣ (қисми зиёди Тоҷикистони марказӣ);

3) Ҳисор — Помири шимолӣ (қисми ҷанубӣ-ғарбии Тоҷикистони марказӣ, Қаълаи Хум ва минтақаи Помири шимолӣ);

4) Тоҷику Афғон (Тоҷикистони ҷанубӣ ё ки чӯкидаи Тоҷику Афғон);

5) Помири ҷанубӣ.

Ба шарофати корҳои тадқиқотӣ-геологӣ дар Тоҷикистони давраи Шӯравӣ, чандинсад конҳои канданиҳои фоиданок кашф ва қисман барои аз худкунии истихроҷ ва истеҳсоли саноатӣ омода шуданд.

Танҳо дар як худи вилояти Суғд 214 конҳои канданиҳои фоиданоки гуногун таҳқиқ шудааст ба монанди: қӯрғошим, рух, мис, висмут, молибден, волфрам, стронсий, маъдани оҳан, тилло, нуқра, ангиштсанг, антратсит, қаълаӣ, флюорит, намаки ошӣ, якчанд намуди масолеҳи сохтмонӣ-индиструалӣ ва дигар маъданҳои металӣ ва гайриметалӣ, металлҳои нимқимматбаҳо, қимматбаҳо ва ғайра.

Ҳамчунин дар Тоҷикистони марказӣ, ҷанубӣ ва Помир якчанд намуди канданиҳои фоиданок таҳқиқ ва ба истифода дода шудааст.

Инҷо каме оиди конҳои бузурги Тоҷикистон маълумот медиҳем:

Тоҷикистони шимолӣ: Кони полиметаллии “Зарнисори шимолӣ“, ки ин якчанд конҳоро дар чӯкидаи кӯҳии Қаромазори ғарбӣ дарбар гирифта, истихроҷи маъдани қӯрғошим ва рух дар он аз соли 1950 оғоз ёфтааст. Минералҳои асосӣ гелий ва сфалерит буда, минералҳои ҳамраъйӣ пирит, халкоприт, магнетит дар якҷоягӣ вомехӯрад. Ин кон то чуқурии 200 м бо тариқи кушод истихроҷ мешавад.

Дар заминаи корхонаи кӯҳии Зарнисор (Олтинтопкан) соли 2006 корхонаи муштараки “Ширкати саноати кӯҳии Тоҷику Чин“ ташкил шуд.

Аз соли 2010 ширкат истихроҷи консентрат қӯрғошим ва рухро дар фабрикаи ғанигардонӣ коркард намуда, ашёи хом ва нимхоми он то соли 2015 ба Чин кашонда мешуд.

То имрӯз дар кишвар зиёда 150 майдони конҳои тилло кашф шудааст, ки ҳоло 10 ширкат ба истеҳсоли тилло сарукор дошта, қисми асосии ин ширкатҳо ба кишвари Чин таъаллуқ доранд. Калонтарини он ширкати Тоҷикистону Чин КМ “Зарафшон“ аст (ки 70% -и истеҳсоли тиллои Тоҷикистонро ташкил менамояд).

Ҳамчунин дар назди кони КМ “Зарафшон“ корхонаи полоишгоҳи мис аз 19 октябри соли 2019 фаъолият мекунад. Барои ин корхона Ҳукумати шаҳри Панҷакент аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ 10 гектар замин ҷудо кардааст. Вале ба хотири он ки ин корхонаи полоишгоҳ заҳрнок буда, дар наздикии деҳаи Хумгарон ҷойгир аст, мардуми деҳа ба бемориҳои гуногун гирифтор шуда истодаанд, ки ба доди аҳолии деҳаи Хумгарон додрасе нест. Ваъда додаанд, ки онҳоро ба ҷои амн мекӯчонанд, вале то ҳанӯз дараке аз он нест.

КМ “Зарафшон“ бо сабаби зиёд будани шикоятҳо аз тарафи аҳолӣ, бо қарори корхона ба аҳолии деҳаи Хумгарон моҳе 150 000 сомонӣ пул ҷудо кардааст. Вале дар тақсими он ҳам адолат ҷорӣ нашудааст, нисфи аҳолии деҳа баҳраманд буда, қисми дигари он не.

Боз ширкатҳои дигари тилло истеҳсолкуни ҶСК “ТВЕА“-и Чин, Тоҷикистону Канада “Апреловка“, ташкилоти давлатии “Тиллоӣ тоҷик“ ва ғайра.

Дар қаторкӯҳи Қаромазор якчандто нуқтаҳои тилло, дар Апреловка, Бургунда, Иккижелон ва ғайра захираи умумии онҳо қариб 20 тонна буда, дар базаи КМ “Апреловка” коркард мешавад.

Дар солҳои охир, литсензияи ду кони тиллоӣ ноҳияи Айнӣ “Дуобаи шарқӣ“ ва “Кумарги боло“-ро ширкати чинӣ ба даст овард, ки захираи умумии онҳо зиёда аз 51,7 тонна ва захираҳои мавриди таҳқиқ ҷой дошта — зиёда 117 тонна буда, майдони умумии конҳо 15,4 км² мебошад.

Оиди шартномаи конҳои тиллоии “Дуобаи шарқӣ “ ва “Кумарги боло“, дар воситаҳои ахбори омма маълумотҳои гуногун нашр шуд. Аввалан маълумоте, ки нашр шуд, шартнома ба 80%-и саҳмия чинӣ ва 20%-и он ба Тоҷикистон буд. Баъдтар маълум шуд, ки палатаи поёнии парламенти Тоҷикистон рӯзи 28 ноябри соли 2019 созишномаи ҳанӯз моҳи августи соли 2012 имзошуда байни Вазорати саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК “ТВЕА“-и Чин, дар бораи амалисозии сохтмони марказӣ барқу гармидиҳии (МБГ-2)-и шаҳри Душанберо тасдиқ кард.

Дар шартнома омадааст, ки ин ду кони тиллоии дар боло зикршуда, барои харҷи нуқтаи марказӣ барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дода мешавад.

Ҳамзамон то тасдиқи ин ҳуҷҷат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ду кони тиллоро ба ширкати чинӣ додааст. (Шаҳри бедарвоза — маънои давлатро дорад.)

Рӯзноманигор Аваз Юлдошев дар мақолаи худ рӯзи 28-уми ноябри соли 2019 дар “Азия Плюс“ порае аз суханронии муовини аввали вазири саноат ва технологияи нави Тоҷикистон, Бахтиёр Шарифӣ дар ҷаласаи МН МО-ро иқтибос меорад мабнӣ бар ин ки ширкати чинӣ аллакай ба истихроҷи тилло дар кони “Кумарги боло“ ва “Дуобаи шарқӣ“ дар қаламрави ноҳияи Айнӣ дар вилояти Суғд корро оғоз кардааст. Ин конҳо на танҳо захираи тилло, балки элементҳои кимёвии нуқра, сулфур, мишяк, сурмаро ҳам дорад.

Суоле пайдо мешавад, ки пеш аз тасдиқ (ратификатсия) намудани шартнома аз тарафи депутатҳои МН МО, ширкати чинӣ ҳуқуқи истихроҷи тиллоро дорад ё на?

Фоидаи аз истихроҷи конҳои тиллои дар боло зикршуда, ба ҷуброни воситаҳое равона хоҳад шуд, ки ширкати чинӣ дар сохтмони марказӣ барқу гармидиҳӣ (МБГ-2) дар Душанбе масраф кардааст.

Мувофиқи қарордод, ширкат ба истихроҷи металҳои гаронбаҳои ин конҳо то ҷуброни воситаҳои харҷи кардааш барои сохтмони МБГ-2-и шаҳри Душанбе ҳуқуқ дорад.

Ғайр аз ин Б. Шарифӣ қайд кард, ки аз ҳудуди 700 нафар коргарон, дар ин конҳо 80%-и он аз аҳолии маҳаллӣ ба кору фаолият ҷалб мешаванд. Қобили зикр аст, ки маблағи сарфшудаи ширкати ТВЕА-и чинӣ барои аз навсозии МБГ-2-и Душанбе 349 млн долларро ташкил дода, ҳиссаи Чин 331,6 доллар, саҳми Тоҷикистон 17,4 млн доллар мебошад.

Соли 2020 роҳбарияти ширкати ТВЕА-и чинӣ ба воситаи ахбори дохилии Чин хабар дод, ки агар захираҳои ду кони тиллоии зикршуда барои ҷуброни хароҷоти ширкат кифоягӣ накунад, пас ба ширкат барои коркард боз як кони дигар ҳуқуқ дода шудааст. Эълон мекунад, ки огоҳ бошед, боз як кони дигарро мегирем.

Боз корхонаи коркарди тиллои Покруд — дар ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, водии Кофарниҳон, аз шаҳри Душанбе дар масофаи 107 километр воқеъ аст. Дар минтақаи Дарвоз, дар болооби Зарафшон даҳҳо захираҳои перспективӣ дар шакли токшониҳои алювиалӣ (такшониҳои дарёвӣ), алювиалӣ-пролювиалӣ (такшониҳои дарёвӣ — селоварда) кашф шудааст. Дар водии Яхсу КМ “Дарвоз“ ташкил шудааст, ки дар он даҳҳо нафар шахсони алоҳида кору фаолият мекунанд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаи рушди истихроҷ ва истеҳсоли соҳаҳои тилло ва нуқраро дар Тоҷикистон қабул кардааст, ки аз соли 2010 сар карда истеҳсоли тиллоро ҳар соле ба 10 тонна расонда шавад.

Тоҷикистон аз рӯи маълумоти Шӯрои ҷаҳонии тилло дар байни 162 давлатҳои ҷаҳон, дар ҷойи 62 меистад. (Аз рӯи омори расмии давлатии то соли 2019).

Тибқи маълумоти мавҷуда, фонди захиравии давлатии тиллои Тоҷикистон ба таври назаррас аз 22,3 тоннаи соли 2019, дар аввали соли 2020 ба 19,3 тонна ва дар аввали соли 2021 ба 17,2 тонна ва то охири соли 2021 то 8 тонна коҳиш ёфт.

На танҳо барнома иҷро шуд, балки фонди захиравии тилло моҳ ба моҳ кам шуда истодааст.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s