“Ман ҳамчун як шаҳрванди қатории Тоҷикистон пешниҳод менамоям: оиди истихроҷи канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ, боигарии табиӣ ва маблағгузории минбаъда бо мамлакатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия, мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо, Эрон, Туркия ва монанди инҳо шартномаи баробари баста шавад, то ки нияти ғасби боигарии табиӣ ва қаламрави ҷумҳуриро надошта бошанд…”
(Ба ғорат рафтани захираҳои табиӣ, маҳсулоти саноати кӯҳӣ ва металлургияи рангаи Тоҷикистон — (3))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз” (31)
Боз муаммоҳои дигаре нисбати муаммои дар қабл зикршуда пайдо шуд, ки аз шунидани он шок мешавед.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ВМКБ дар якҷоягии роҳбарон, вазирон ва депутатҳои нотакрори худ ду “кашфиёте”, ки ягон миллат дар таърихи худ чунин “кашфиёти беназир”-ро надида буд ихтироъ намуданд:
1) Аввалин “кашфиёт”, “кашфиёти” фурӯши 1,58 ҳазор км.кв. пораи дили миллат (замин) бо аломати × (икс) фурӯхта шуд;
2) “Кашфиёти” дуюм бо аломати 0 (сифр), кони нуқраӣ.
“Якҷилға“ (Акҷилға), ба гуфтаи рӯзноманигор ва ровии Payom.net Шавкати Муҳаммад, бо як ҷилва ба ширкати чинӣ дода шуд. (Ҷилва ба маънои раққосаи зебое аст, ки қошу абрӯи зебанда ва кокулҳои бешумор дошта ва ҷилва дода-ҷилва дода мерақсад).
Кони нуқраи “Якҷилға“ дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ дар баландии 4500 м воқеъ аст. Якуми апрели соли 2019 МН МО Тоҷикистон қонунеро ба тасвиб расонд, ки кони нуқраи “Якҷилға“ ба ширкати чинии “Кашн Синьюи Дади Майнинг Инвестмент“ вогузор намуда, аз андоз ва боҷи гумрукӣ куллан озод карда шуд.
Раиси вақтии МН МО, Шукурҷон Зуҳуров аз раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва Идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Фаррух Ҳамрализода суол кард, ки бо пуррагӣ додани кони нуқраи “Якҷилға“ ба ширкати чинӣ барои Тоҷикистон чӣ фоида?
Фаррух Ҳамрализода нашармида, дурӯғ ҷавоб медиҳад, ки аз ҳисоби андоз аст. Вале дар шартнома омадааст, ки ширкати чинии “Кашн Синьюи Дади Майнинг Инвестмент“ тӯли 7 сол аз андози давлатӣ ва боҷи гумрукӣ озод аст. Вале барои омода сохтани шароити корӣ, ширкати чинӣ 385 млн.доллар сарф менамояд. Ширкат вазифадор аст, дар се соли аввали корӣ 60%-и қувваи корӣ ва пас аз се сол 80%-и қувваи корӣ, аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ ба кор таъмин карда мешавад.
Вале рӯзноманигори Радиои Озодӣ Абдулло Ашӯров маълумоти пинҳонии пурасрори кони нуқраи “Якҷилға“-ро муайян мекунад, ки на 60% бар 40%, балки 40%-и коргарон аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ буда, 60%-и қувваи корӣ аз ҳисоби ширкати чинӣ, яъне 70 нафар аз ҳисоби чиниҳо ва 36 нафар аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ буда, ҳамагӣ 106 нафарро ташкил медиҳад.
Тарафи дигари масъала, озод намудан аз андоз ва боҷи гумрукӣ, ҳатто на 7 сол будааст, балки 18 сол то соли 2037.
Намояндаи ширкати чинӣ Юан Ин Ху, дар ҷаласаи МН МО суханронӣ намуда, захираи умумии кони нуқраи “Якҷилға“-ро 113 тонна гуфт ва ҳар соле то 40 т. истихроҷ карда мешавад.
Суоле ба миён меояд, агар захира 113 тонна бошад, чаро 7 солу 18 сол, дар се сол 40 тоннагӣ истихроҷ шавад ҳатто аз 113 тонна зиёдтар, 120 тонна истихроҷ карда мешавад?
Лекин аз рӯи маълумоти идораи геологӣ, воситаҳои ахбори омма хабар медиҳад, ки захираи кони нуқраи “Якҷилға“ на 113 тонна, балки 205 тонна аст.
Оиди захираи кони нуқраи “Якҷилға“ ҳукумати ВМКБ аз ин хабарҳои дурӯғ бо эътироз захираи кони нуқраи “Якҷилға“-ро 415 тонна эълон мекунад.
Хонандаи азиз! Банда бесабаб “кашфиёт” нагуфтам. Сабаб, захираи кони нуқраи “Якҷилға“-ро дар шартнома қариб чор маротиба кам нишон дода беарзиш медиҳанд. Чиниҳо ба инҳо кӣ ҳастанд, ки аз миллат пинҳон мекунанд! Ғорат! Ғорат! Ғорат!
Чаро? Оиди захираи кони зикршуда, маълумотҳо гуногунанд, кадоми онҳо ба ҳақиқат наздиктар аст. Дар шартнома оиди захираи металҳои ҳамрайи он чизе гуфта нашудааст, ки ин муаммои дигар аст. Баъзе масъалаҳо нокушода, пӯшида боқӣ мемонад.
Чаро? Кони нуқраи “Якҷилға“ бе ягон намуди арзиш комилан ба ширкати чинӣ дода шуд?! Танҳо вазифадор карда шудааст, ки барқ гузаронанд (барқро ҳам гузаронда медодед, хеле хуб мешуд) ва партовгоҳ созанд, дар ноҳияҳои кӯҳӣ, сохтани партовгоҳ ба сифр баробар аст.
Ба ширкати чинӣ ҳуқуқ дода шудааст, ки ашёи хоми (консентрат)-и нуқраро бо пуррагӣ ба мамлакати Чин содир ва дар дохили он кишвар коркард карда мешавад. Дар натиҷа, миқдори нуқраи истеҳсолшуда номаълум мемонад, ба замми он, бо маъдани нуқра якҷоя дигар маъданҳои ҳамраъйӣ ҳаст.
Геологӣ машҳури кишвар, Зуҳур Ёров мегӯяд, ки дар таркиби ашёи хоми нуқра, рух ва қӯрғошим дорад. Аз рӯи маълумотҳои Зуҳур Ёров, дар наздикии кони нуқраи “Якҷилға“ дигар маъданҳои ранга ва қимматбаҳо воқеъ аст, ки ширкати чинӣ бо маблағгузории кам… ба андешаи банда, бо роҳи фиреб (ё пешаки тарҳрезишуда) ширкати чинӣ мехоҳад, даромади зиёдеро ба даст биёрад.
Аз ҷиҳати захираи нуқра, Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ ва ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Маъдани нуқра дар Қаромазор, қаторкӯҳи Қурама бо якҷоягии қӯрғошим, қӯрғошим — рух дар Зарнисор, (Олтинтопкан), Қармазори марказӣ, бо элементҳои ҳамрайи висмут, кадмий, Конимансури Шарқӣ, Адрасмон бо якҷоягии қурғошим — рух, Мирхант, дар назди Тарор, КМ “Зарафшон“ ҷойгиранд, ки қариб ҳамаи онҳо дар зери тасарруфи ширкатҳои чинӣ мебошанд.
Чиниҳо фасодзада ва бе дарвоза будани Тоҷикистонро кайҳо эҳсос кардаанд…
Ба замми ҳамаи ин канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ, боз Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обӣ, нерӯи барқи арзон, гармӣ ва равшании офтоб, замини ҳосилхез ва ғайра аст. Вале миллат дар сатҳи пасттарини рушди иқтисодӣ, нафақа ва моҳонаи пасттарин, аз ҷумла моҳонаи пасттарини кормандони маорифу тандурустӣ, андози баландтарин, ҷаримабандии доимӣ, тарс, қуллаи баландтарини зулм ва истибдод буда, ин умур миллатро ба монанди торҳои тортанак печонида гирифтааст.
Чӣ бояд кард?
Ман ҳамчун як шаҳрванди қатории Тоҷикистон пешниҳод менамоям: оиди истихроҷи канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ, боигарии табиӣ ва маблағгузории минбаъда бо мамлакатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия, мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо, Эрон, Туркия ва монанди инҳо шартномаи баробари баста шавад, то ки нияти ғасби боигарии табиӣ ва қаламрави ҷумҳуриро надошта бошанд.
Агар масъулин ва миллат дар ин банд (мавзӯъ) фикру андешаи худро иброз медоштанд, хеле хуб мешуд.
Идома дорад