“Ду корхонаи алюминбарорӣ ва як корхонаи навбунёд ба дасти ширкатҳои чинӣ гузашта ва ҳамчунин конҳои тилло, нуқра ва дигар конҳои дар боло зикршуда низ ба он ширкатҳо вогузор шуда. Пас, 60 то 70 фоизи истеҳсолоти маҳсулоти саноатӣ — ҳамаи он конҳо ба иловаи он ду корхона — дар ихтиёри ширкатҳои чинӣ мебошад. Сабабгори ин амали нанговар кист? Вой бар ҳоли миллати тоҷик, эй масъулин миллат, ба шумо чӣ кор кард, ки боигарии зеризаминӣ, ҷои кор ва озодиашро гирифтед?!…”
(Ба ғорат рафтани захираҳои табиӣ, маҳсулоти саноати кӯҳӣ ва металлургияи рангаи Тоҷикистон — (4))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз” (32)
Аҷаб ҳукумате дорем, раисиҷумҳури он Эмомалӣ Раҳмон, ки ба баровардани ашёи хом (консентрат) эътироз мекунад ва ба ҳукумати ҷумҳурӣ супориш медиҳад, ки баровардани ашёи хомро манъ намояд.
Ва ин дар ҳолест, ки бо гузашти зиёда 8 моҳ ҳукумати кишвар ҷиҳати берун овардани кулли ашёи хоми кони нуқраи “Якҷилға“ баррасии шартномаеро оиди додани ин кон ва барои баровардани ашёи хом (консентрат) ба ширкати чинӣ, ба МН МО барои баррасӣ пешниҳод менамояд. Депутатҳо дар ҷаласаи худ бо як тан овоз медиҳанд ва қонунеро ба тасвиб мерасонанд.
Хонандаи гиромӣ!
Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳур ва ҳамзамон раиси ҳукумат аст. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раисиҷумҳур баровардани ашёи хомро (консентратро) манъ мекунад ва ҳамзамон ҳамчун раиси ҳукумат ба МН МО пешниҳод менамояд, ки ба баровардани ашёи хом (консентрат) қонунеро ба тасвиб расонанд.
Аз онҷо, ки оиди ин масъала сиёсатмадорони оппозитсиюн, иқтисоддонҳо, ҳуқуқдонҳо ва равшанфикрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори омма овоз баланд карданд, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон маҷбур шуд, ки дубора баровардани ашёи хоми захираҳои табииро манъ кунад.
Суол ин ҷост, ки ин супориш ба кони нуқраи “Якҷилға“ дахл дорад? Таъсир мерасонад ё на?
Ман ба хулоса омадам, ки дар зери коса нимкосае ва ё сирре пӯшида аст, ки аз он миллат огоҳӣ надорад. Аммо ҳар сирри пинҳоне бо гузашти вақт ошкор хоҳад шуд.
Мӯҳтарам масъулин (мансабдорон) ва депутатҳо! Ин амалкарди шумо баробар аст бо ғорати боигарии табиӣ, буҷа ва дар умум ғорати миллат.
Инҷо боз аз яке конҳои бузурги маъдани кӯҳии қӯрғошим ва рух маълумот медиҳем, ки аз кӯҳи Қаромазор (Тоҷикистони шимолӣ) то кӯҳҳои Помир паҳн шудааст. Зиёда 90 фоизи кашфшудаи он дар системаи қаторкӯҳи Тиёншони ғарбӣ: Қаромазор, Конимансури колон, Зарнисор (Олтинтопкан), ки захираи таҳқиқшудаи он зиёда 1 млрд тоннаро ташкил медиҳад, мавҷуд аст. Қисми зиёди ин конҳо бо тариқи кушод коркард ва истихроҷ мешавад.
Дар қаламрави ҷумҳурӣ боигарии сурма ҳам хеле зиёд аст. Аз ҷиҳати захира дар қитъаи Осиё пас аз Чин ва Таиланд ҷои сеюмро ишғол намуда, дар байни мамлакатҳои собиқ Шӯравӣ дар ҷои якум мебошад. Захираи асосии маъданҳои рух — сурма дар минтақаи кӯҳии Зарафшон — Ҳисор, дар нуқтаҳои (маҳали) Ҷиҷикурут ва Кончоч воқеъ буда, дар асоси базаи кони Ҷиҷикурут комбинати коркард ва маъдантозакунии Анзоб (ГОК) сохта шуда аст. Ҳаҷми истеҳсоли солонааш 700 000 тонна мебошад. Тадқиқотҳои геологӣ дар ин конҳо давом дорад ва боз горизонти нави сурма каме дар чуқуртар ёфт шуд, ки дар таркиби ҷинсҳои кӯҳии он 15 фоиз сурма ва тилло ҳам дар якҷоягӣ вомехӯрад.
Яке аз муҳимтарин элементҳои кишвар волфрам мебошад. Кони калонтарини он, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор бо номи Майхура машҳур аст, ки аз шаҳри Душанбе дар масофаи 80 километр воқеъ аст. Дар қабати ҷинсҳои кӯҳии ин маъдан, ба ғайр аз волфрам боз рух, мис, висмут, кадмий мавҷуд аст.
Боз дар қаламрави Тоҷикистон маъдани оҳан, ангишт, ангишти коксдиҳанда, антратсит, сангҳои қимматбаҳо ва нимқимматбаҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва намаки ошӣ — саноатӣ, перспективаҳои калон дошта мавҷуд аст.
Муаммои “ТАЛКО”
“ТАЛКО“ фурӯхта шуд ва ё аз тарафи ширкатҳои чинӣ тасарруф?
Хонандаи азиз!
Заводи алюминбарории “ТадАЗ“, ҳоло бо номи ширкати “ТАЛКО“, аз 31-уми марти соли 1975 корро оғоз карда, солҳои 1988 — 1989 то 457 000 тонна алюминийи аввалия истеҳсол мекард. 98%-и онро содир менамуд ва 2%-и он дар дохили кишвар коркард мешуд.
Дар давраи Шӯравӣ заводи алюминбарории тоҷик 40-45%-и истеҳсоли маҳсулоти дохилии кишварро ташкил менамуд.
Ду корхонаи алюминбарорӣ ва як корхонаи навбунёд ба дасти ширкатҳои чинӣ гузашта ва ҳамчунин конҳои тилло, нуқра ва дигар конҳои дар боло зикршуда низ ба он ширкатҳо вогузор шуда. Пас, 60 то 70 фоизи истеҳсолоти маҳсулоти саноатӣ — ҳамаи он конҳо ба иловаи он ду корхона — дар ихтиёри ширкатҳои чинӣ мебошад.
Сабабгори ин амали нанговар кист?
Вой бар ҳоли миллати тоҷик, эй масъулин миллат, ба шумо чӣ кор кард, ки боигарии зеризаминӣ, ҷои кор ва озодиашро гирифтед?!
Миллатро то дараҷаи пастарин бе қадру арзиш кардед?!
Миллатро ғулом кардед?!
Чаро ин қадар зулм мекунед, магар бас не?
Тоҷикистонро ба як маҳбасхонаи бузург табдил додед?!
Ба миллат танҳо озодӣ диҳед бас аст!
Озодӣ! Озодӣ! Боз озодӣ!
Идома дорад