Дидгоҳ

“Талко”-ро аз корхонаи фоидаовар ба корхонаи зараровар табдил додаанд

“Заводи алюминбарории ҶСК “ТАЛКО“-ро аз истеҳсолоти пуркунандаи буҷаи кишвар ба истеҳсолоти зарароваранда табдил доданд. Ҳол он ки ширкат тавоноии то 75 фоизи даромади асъори хориҷӣ ва аз се як ҳиссаи содироти кишварро ташкил дода метавонад…”

(Ба ғорат рафтани захираҳои табиӣ, маҳсулоти саноати кӯҳӣ ва металлургияи рангаи Тоҷикистон — (5))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз” (33)

Заводи алюминбарории ҶСК “ТАЛКО“-ро аз истеҳсолоти пуркунандаи буҷаи кишвар ба истеҳсолоти зарароваранда табдил доданд. Ҳол он ки ширкат тавоноии то 75 фоизи даромади асъори хориҷӣ ва аз се як ҳиссаи содироти кишварро ташкил дода метавонад.

Инҷо аз ғорату хиёнатҳо нисбати давлату миллат мисолҳоеро меорам:

Соли 2005-ум дар воситаҳои ахбори омма хабаре нашр шуда буд, ки аз лиҳози бо нархи баланд ворид намудани гилхок (ашёи хом), заводи алюминий 220 млн доллар зарар овард. Яъне, ба ҳар як тоннаи истеҳсоли алюминийи аввалия то 100 доллари амрикоӣ зарар дидааст.

Вале аз рӯи маълумотҳои ба даст овардаи ИМА, соли 2010, аз маълумоти Wikileaks, қисми асосии даромади давлатии заводи алюминбарории ширкати “ТАЛКО“ аз тарафи масъулин (нахостам номи масъулро ошкор намоям) ба ширкатҳои офшории ҷазираи Вирҷинияи Англия фиристода шуда, қисми ками он ба буҷаи давлатӣ ворид карда мешавад. Дар натиҷа, ҳукумат барои руйпӯш намудани ба ғорат рафтаи алюминийи аввалияи ширкат, масъулони воридкунандаи ширкати гилхокро ба суди шаҳри Лондон медиҳад. Вале дар рафти мурофиаи судӣ маълум мешавад, ки маблағи асосӣ ба офшорҳои хориҷӣ интиқол дода шудааст. Барои ошкор нашудани сир, даъвогар талаб мекунад, ки делои ҷиноятӣ қатъ карда шавад. Вале барои руст кардани делои мурофиаи судӣ аз ҳисоби буҷа, пули миллат, тақрибан 200 000 доллар харҷ мешавад.

Хонандаи азиз! Худ таҳлил кунед, моли ширкати ҶСК “ТАЛКО“-ро дуздиданд, пули масъулони воридкунандаи гилхокро гирифтанӣ шуданд ва ба замми он тақрибан 200 000 доллари пули буҷаро сарф карданд, то ки делои ҷиноятии худашон оғознамуда қатъ карда шавад.

Ин масъалаи мудҳиш то ҳол ҳалли худро наёфтааст, ба суратҳисобҳои офшори фиристодани маблағҳо давом дорад. Аз рӯи маълумотҳои ғайрирасмӣ ширкати ҶСК “ТАЛКО“ ба як нуқтаи пулшӯии бузург мубаддал гаштааст.

Мисоли дигар, аз соли 2010 то соли 2016, 3,8 млрд сомонӣ ё ки тақрибан 1 млрд доллар, даромад пинҳон шудааст. Дар гузориш нишон дода шудааст, ки дар тӯли 5 сол заводи алюминбарории ширкати “ТАЛКО“ ба 100 млн доллар ашёи хом харидорӣ менамояд. Вале дар гузориши Вазорати молия танҳо дар як соли 2015 ба миқдори 190 млн доллар воридоти ашёи хом нишон дода шудааст. Танҳо фарқи яксолаи нишондоди Вазорати молия, аз нишондоди панҷсолаи ширкати алюминбарории “ТАЛКО“ 90 млн доллар аст. Сабаби гилхок (ашёи хомро) нишон надодан, берун кашидани маҳсулоти алюминийи аввалия осон аст. Худ хулоса бароред, миллатро чандинкарата ғорат мекунанд.

Дар кулли истеҳсолоти саноати кӯҳӣ ва металлургияи ранга пинҳонкорӣ, фиреб ва ғорати миллат ба роҳ монда шудааст.

Дар натиҷа, ширкатҳо ба ҷои даромад, ба “чоҳи қарз“ (долговая яма) афтодаанд, ба ин шарҳ:

1) ширкати алюминийи “ТАЛКО“ 38 млн сомонӣ, ё бо арзиши 3,3 млн доллар;

2) ширкати “Талко ресурс“ 17 млн сомонӣ, ё бо арзиши 1,5 млн доллар;

3) ширкати “Алюмин сохтмон“ 16 млн сомонӣ, ё бо арзиши 1,4 млн доллар.

Заводи алюминбарории тоҷик ҶСК “ТАЛКО“ дилу ҷигари миллат аст. Истеҳсоли асосӣ алюминийи аввалия буда, боз дигар маҳсулоти муҳими иқтисодӣ ба монанди: содаи каустикӣ, криолит, фториди алюминий, профилҳои алюминий (аз профилҳои алюминийи дару тиреза то конструксияҳои металии сахт), зарфҳои таомии гуногун бо миқдори то 4 млн дона, дискҳои алюминии автомобилҳо ва маводди шустушӯй тавлид мешавад. Ҳамаи намудҳои маҳсулоти талаботи истеҳсолшаванда зиёда 70 намуд мебошад.

Боз ширкати ҶСК “ТАЛКО“ якчандто корхонаҳои алоҳидаро ҳам дарбар мегирад. Аз ҷумла корхонаи коркарди антратсит, корхонаи сементбарорӣ, корхонаи “Ноқили Талко“, — маҳсулоти кабелӣ ва сим, ки 40 намуд аз 35 мм² то 600 мм²-ро истеҳсол мекунад. Маҳсулоти ноқилӣ дар дохилӣ кишвар истифада мешавад ва ҳам ба хориҷи кишвар — Ӯзбекистон, Афғонисон ва Покистон содир мешавад.

Дар Ёвон корхонаи коркарди фториди алюминий ва криолит сохта шуда истодааст. Мумкин ҳоло омодаи оғози кор ва ё корро оғоз карда бошад.

Корхонаи “Талко Голд“ дар вилояти Суғд, ноҳияи Айнӣ, дар кони Кончоч (Чулбаи, Кончоч ва Шахкон) дар асоси шартномаи байни ҷамъияти аксионерии “Ширкати алюминии тоҷик“ ва ҷамъияти аксионерии чинӣ — Ширкати саноати кӯҳии Тибет “ХУАЮЙ“ ба истеҳсоли тилло ва сурма оғоз мекунад, саҳмияи ин конҳо баробар яъне 50%-и тақсим шудааст.

Собиқ сафири Чин дар Тоҷикистон, Юе Бин, рӯзи дуюми декабри соли 2019, дар Маркази тадқиқоти стратегӣ, дар суханронии худ, эълон намуд, ки заводи алюминбарории “ТАЛКО“ бо сармоягузории зиёда ним миллиард доллар бозсозӣ ва як корхонаи замонавии муштараки Чину Тоҷикистон сохта мешавад, ин ҳамкориро ба манфиати ду кишвар номид. Вале дар асл чунин нест.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s