Андеша

Вуҷуди опозитсия гувоҳи вуҷуди як низоми сиёсии солим аст

Анора Саркорова, рӯзноманигор

Аъзои “Комиссияи 44” ба додситони кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон дархости дигаре ирсол карда ва аз беамалии таҳқиқот дар бораи қатли ваҳшиёнаи Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ — ки дар 25 ноябри соли гузашта аз сӯи нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ба шаҳодат расид — изҳори норизоятӣ кардаанд.

Ҳазорон нафар мунтазири натиҷаи таҳқиқоти ин парвандаи ҷиноии пурсарусадо ҳастанд.

Аниқтараш, мунтазир нестанд, ки ин таҳқиқот ба чӣ хулоса ва натиҷае даст меёбад. Ҳама медонем, дар паси ин ҷиноят кӣ меистад. Балки мардум мунтазири вокуниши мақомоти баландпояи Тоҷикистон ба рафторҳои (хашини) нерӯҳои интизомӣ ҳастанд ва умедворанд, дар ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз масъулони лоиқе ёфт мешаванд, ки он рафторҳоро маҳкум ва ғайриқобили қабул буданашро эълон мекунанд.

Бо ин ҳол, ман шахсан ба як натиҷаи малмус расидани ин парванда бовар надорам.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон парвандаи қатли Гулбиддин Зиёбековро на таҳқиқ кардаанд, на таҳқиқ мекунанд ва на тасмим доранд, таҳқиқаш кунанд.

Чӣ гуна ва барои чӣ онҳо дар бораи ҷиноятҳое таҳқиқот анҷом бидиҳанд, ки исми омилон ва фармоишгарони ба қатл расондани варзишгар, Зиёбеков ва ҳамчунин гулӯлаборони тазоҳургарони мусолиматомез ва ғайримусаллаҳ, ба ҳамагон маълум аст? Гулӯлабороне, ки дар натиҷаи он, Тӯтишо Амиршоеви 23-сола ва Гулназар Муродбекови 44-сола ба қатл расида ва 17 нафари дигар низ захмӣ гардиданд.

Одам бояд хеле соддалавҳ бошад, ки бовар кунад, мақомот худро маҳкум ва нисбат ба хештан таҳқиқоти содиқона анҷом медиҳанд.

Ин маъно надорад. Аслан, оё ҳастанд касоне, ки ба он бовар мекунанд?

Оё касе дар ин воқеият шак дорад, ки як гурӯҳ аз нерӯҳои вижа омада буданд, то Зиёбековро аз байн бибаранд (на боздошташ кунанд)? Ё касоне, ки омада буданд, як нерӯи севвум, масалан аз Миррих, буданд?

Нерӯҳое, ки даст ба қатли як ҷавони бесилоҳ зада ва онро ба намоиш гузоштанд, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) мебошанд.

Номи онҳо маълум аст ва ҳама медонанд, ҳамчунин номи фармоишгарони бевоситаи онҳо низ маълум аст ва раиси ин дастгоҳ (КДАМ) ҳам барои ҳамагон равшан аст, ки ӯ кист.

Анора Саркорова, рӯзноманигори маъруфи тоҷик. Ӯ фориғуттаҳсили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1997 мебошад. Анора Саркорова аз соли 1995 то 1996 ба унвони сардабири барномаи “Диалог”-и радиои ҷавонони Ҷумҳури Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1997 то 2003 дар бахши тоҷикии радио ва телевизиони “Мир” машғул ба кор буда. Дар солҳои 1997-1998 дар “Вместе” – барномаи кишварҳои мустақилли муштаракулманофеъ (СНГ), Тоҷикистонро намояндагӣ мекард. Ӯ 18 сол ба унвони хабарнигор дар шабакаи ВВС русӣ дар Тоҷикистон кор кардааст. Дар сентябри 2017, Вазорати умури хориҷа ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эътибори ӯро пасгирифтанд ва ӯро аз кор дар расонаҳои хориҷӣ манъ карданд. Маҳрумият аз эътибор ва манъ кардани ӯ аз кор, ба мавзеъи усулӣ ва фаъолиятҳои рӯзноманигории Анора Саркорова марбут будааст.

Парвандаи қатли Гулбиддин Зиёбеков бе ягон нишона ва далел ҳам, ки нест. Балки ҳамагон медонанд, барои чӣ ӯро ба қатл расондаанд. Ҷиноят дар як рӯзи равшан рӯй дода. Шоҳидони зиёде дорад. Худи ҳукумат ошкоро эътироф мекунад, ки ин ҷиноятро содир кардааст.

Бинобар ин, мо аз мақомот дар воқеъ як чизи ғайримумкинеро интизор дорем.

Ҳеч натиҷае нахоҳад дошт. Ҳеч касе муҷозот нахоҳад шуд. Аҳадеро ба ҷавобгарӣ нахоҳанд кашид.

Оё додситон Абдусаттор Абирзода ба хотири суистифода аз мақомаш ва озори ҷинсӣ, ба ҷавобгарӣ кашида шуд?

Корманди ВКД, Ҳабиб Маҳмадов оё барои ришвахорӣ ва қаллобӣ, ба ҷавобгарӣ кашида шуд?

Оё Алишер Мирзонаботов ба хотири пинҳон кардани ҷинояти мансабдорон муҷозот шуд?

Метавон то ба беохир пурсид ва садҳо далел овард.

Гулбиддин Зиёбековро ба хотири даъвати ӯ аз як мансабдор, ки ба қонун пойбанд бошад, ошкоро ва бераҳмона ба қатл расонданд. Режими кунунӣ аҳадеро, ки мисли Зиёбеков (рафтор дошта) бошад, намебахшад.

Ҳукумат аз мо мехоҳад, таслими бе чуну чаро ва ғуломи ҳалқа ба гӯши ӯ буда ва ҳама гуна қарорҳо ё рафторҳояшро қабул кунем.

Мақомот барои манофеи шахсии худ, ҳозиранд садҳо, ҳазорон ва балки миллионҳо шаҳрванди оддии Тоҷикистонро қурбон кунанд.

Ин аст ҳадафи ҳукуматдорон аз тамоми сокинони кишвар.

Ҳеч мафҳуми норавшане вуҷуд надорад. Балки соддатарин ва ибтидоитарин формулаҳо дар миён ҳастанд, ки маҳз бар асоси ҳамонҳо ҳукумати феълӣ амал кардааст, амал мекунад ва амал хоҳад кард.

Бисёриҳо аз вожаи “опозитсия” меҳаросанд. Дар ҳоле, ки бидуни он, имкон надорад давлати демократии ҳуқуқбунёде вуҷуд дошта бошад, ки шаҳрвандонаш дар чорчӯби қонун зиндагӣ мекунанд. Ин аксиома аст.

Вуҷуди опозитсия гувоҳи вуҷуди як низоми сиёсии солим ва мукаммал аст.

Мақомоти мо аммо, митингҳо ва эътирозҳои мусолиматомезеро, ки дар чорчӯби Қонуни асосӣ баргузор мешавад, баробар бо амалиёти низомӣ медонанд. Чаро?

Ҷавоб ин аст, ки: мақомоти тоҷик дар воқеъ аз таҷовуз ба манофеи шахсии худ (на қонун) меҳаросанд.

Мо бошем, такрор мекунем: “Мо аз сиёсат ба дурем ва намехоҳем ба сиёсат дахолат кунем”. Охир, ин ҳарф аз куҷо пайдо шуда?

Қонуни асосӣ (Конституция) ба мо ин ҳақро додааст, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар ширкат кунем.

Ин на танҳо ҳаққи қонунии мо, ки як қарзи мост, ки давлати худамонро бунёд ва ба фарзандонамон ояндаи шоиста бибахшем.

Манофеи шахсии мансабдорон, манофеи миллии Тоҷикистон нест.

Аҳдоф ва хоҳишҳои шахсии мансабдорон, манофеи фарзандони мо нест.

Тоҷикистон ватани ҳамаи мо мост ва барои ҳама аст, на танҳо барои афроди муайян ва баргузидае аст, ки маълум аст, чӣ гуна ва аз сӯи чӣ касоне интихоб ва баргузида шуда ва кишварро ба фалокат овардаанд.

Пас, бо ҷойгоҳе, ки барои шумо (аз сӯи мақомот) таъйин шудааст, басанда накунед!

Ба хотири фарзандон, басанда накунед ва розӣ нашавед! Фирефта нашавед!

Ин қадр соддалавҳ набошед. Зеро, агар мо мунтазири ғайримумкинҳо буда ва шуъури худро таътил кунем, мақомот ба боздоштҳои золимона ва бераҳмона ва ғайриқонунӣ ва мурофиаи касоне, ки ҳанӯз розӣ нестанд ва саҳлангориро намепазиранд, идома хоҳанд дод.

Манбаъ: Сафҳаи корбарии Анора Саркорова

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s