Забони модарӣ

“Ин мусалмонӣ намеояд ба кор”

Дар гулистони шеъру шоирон дар Тоҷикистон, гуле нав дар ҳоли рӯидан аст. Шоири ҷавоне, ки аз ашъораш пайдост, аз як истеъдоди камназире бархӯрдор аст. Исму расми ӯ ҳанӯз маъруф нест. Ашъорашро дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук мекорад. Ӯ бо тахаллуси “Пайрави Иқбол” ибрози вуҷуд карда. Он чи метавон аз шарҳи ҳолаш, ки дар сафҳаи ӯ дар Фейсбук омада ба даст овард, вай зодаи 11 январи соли 2001 дар шаҳри Душанбе буда ва ҳаминак дар шаҳри Прага, пойтахти Чех зиндагӣ мекунад.

Касе, ки бо ӯ дар тамос аст ва ӯро мешиносад, Абдусаттор Бобоев, фаъоли сиёсӣ-иҷтимоии тоҷик ва раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) аст.

Абдусаттор Бобоев дар як гуфтугӯи кӯтоҳ бо сайти “Озодандешон”, бо баёни ин ки феълан ошкор шудани номи ин шоири ҷавон ба маслиҳат нест ва ба зарараш меанҷомад, гуфт: “Ба унвони шахсе, ки ба шеър алоқаманд ҳастам ва ба хусус ба сурудаҳои Алломаи Иқболи Лоҳурӣ алоқаи хоссе дорам, ба итминони комил мегӯям, ки ин ҷавон яъне “Пайрави Иқбол”, ояндаи дурахшоне дорад. Ӯ агар мутолеаҳои хешро комил ва бо донишҳои лозим аз ҷумла фалсафа ошноӣ пайдо бикунад, бешак дар ояндаи наздик шоҳиди зуҳури як Иқболи ҷадид на танҳо дар Тоҷикистони азизамон, балки дар ҷаҳони форсизабонҳо хоҳем буд.”

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС)

Бобоев дар идома бо таъкид бар ин ки “Пайрави Иқбол” ҳанӯз ниёз ба таҳсил ва фаро гирифтани донишҳои лозим дорад, гуфт: “Ӯ бояд ва лозим аст, ки бо фанни шеър ва усули он як ошноии дақиқ пайдо бикунад. Инки ӯ аз як истеъдоди камназире бархӯрдор аст ва ба илова, ҷавони бедоре аст, комилан аз ашъораш пайдост. Вале эҳсос мешавад, ҳанӯз бо фанни шеър ва низ фанни балоғату фасоҳат ба таври килосик бархӯрдор нест. Ӯ бояд дарс бихонад.”

Абдусаттор Бобоев афзуд: “Афроде мисли “Пайрави Иқбол” илова бар ниёзмандӣ ба фаро гирифтани фаннҳое, ки гуфтем, ҳамчунин бояд бо фалсафа ошно шаванд. Ва на танҳо ошноии рӯякӣ, балки дар ин илм тахассус биёбанд. Ҳам фалсафаи исломӣ ва ҳам фалсафаи ғарбӣ. Ин лозим аст.”

Бобоев дар поён бо баёни ин ки “истеъдоди танҳо ба дард намехӯрад агар одам дониши лозим надошта бошад”, гуфт: “Банда то ҷое, ки метавонам, дар ҷиҳати такмили дониши ин ҷавон кӯмак мекунам. Агар мувофиқ аст, ӯро ба яке аз донишгоҳҳои мӯътабари ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунам.”

Намунае аз ашъори “Пайрави Иқбол”:

* * *

Ин мусалмонӣ намеояд ба кор

* * *

Дар чаман боди хазони лоласӯз,

Шоирон аз ишқ мегӯянд ҳанӯз.

Захмҳо андар замири мо шукуфт,

Ҳеч кас аз моҷарои мо нагуфт.

Мо ҳамон гумгаштаҳои бе асар,

Мо ҳамон бегонаҳои пушти дар.

Ҳар к-ӯ дар навбат ғурури мо дуруд,

Махзани ганҷинаи моро рабуд.

“То тавонӣ, бо ҷамоат ёр бош,”

“Равнақи ҳангомаи аҳрор бош.”

Рӯбаҳи пир по дар ин саҳро ниҳод,

Модари айём дигар шере назод.

Шӯълаҳои оташи зардушт ӯ,

Ҳайбати Сомониёнро кушт ӯ.

Гаҳ чу ғамхори фақирон мешаванд,

Гаҳ сафобахши сағирон мешаванд.

Аз барои манфаат дар зиндагӣ,

Гаҳ яҳудӣ, гаҳ мусалмон мешаванд.

То ки як модар асиру мубталост,

Манҳачи мову ту анҷомаш фаност,

Ё ки дидӣ кӯдаке бар дӯш бор,

Дар миёни кӯчаҳо беэътибор?

Гар ҳамин бошад мусалмонии мо,

Ин мусалмонӣ намеояд ба кор.

Чун зи афкорам сухан пардохтам,

Захмаи аҳрориён бинвохтам.

Аз фасоҳат пайкарамро бол руст,

Дар фазои наъраи Иқбол руст.

“Эй басо шоир, ки баъд аз марг зод,”

“Чашми худ барбасту чашми мо кушод.”

(Навишташуда дар 11.04.2022)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s