“Ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон талаб мекунам, тамоми имтиёзҳои пардохти андоз, боҷи гумрукӣ ва истифодаи барқ бекор шавад, баровардани ашёи хом (консентрат) ба хориҷи кишвар қатъиян манъ шавад, нерӯи барқ ба ҳамаи истифодабарандагон бо арзиши баробар дода шавад, ба ҷои ғорати миллат, ба кӯдакону наврасони то синни 18 сола қонунеро ба тасвиб расонед, ки ҳар моҳе бо миқдори аз 300 сомонӣ то 500 сомонӣ кӯмакпулӣ дода шавад…”
(Ба ғорат рафтани захираҳои табиӣ, маҳсулоти саноати кӯҳӣ ва металлургияи рангаи Тоҷикистон — (6))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз” (34)
Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 7 майи соли 2020 дастур додааст, ки бо ҷудо кардани қисмате аз амволи ҶСК “ТАЛКО“ дар заминаи ин амвол ҶСК “ТАЛКО Индустрис“ таъсис дода шавад. Бо ин санад супориш дода мешавад, ки ба ширкати нав низ ҳамаи имтиёзоти мавриди истифодаи ҶСК “ТАЛКО“ дода шавад.
Санади мазкур байни ширкати “ТАЛКО“ ва ширкати чинии “China Machineery Enginering Corporation“ (CMEC) моҳи апрели соли 2019 ба имзо расида буд.
Хонандаи азиз!
Қароре ба тасвиб расидааст, ки имтиёзҳои ширкати “ТАЛКО“ ва маълумоти молиявӣ ошкор карда намешавад.
Суоле пайдо мешавад, ки Юе Бин — намояндаи Вазорати хориҷии Чин ва ё ширкати “China Machinery Engineering Corporation“ дар кадом масъулият баромад кард?
Чаро масъули имрӯзаашро эълон нанамуд?
Чаро худи сарвари ширкат Ҷанг Чун иштирок надошт?
Юе Бин, дар идомаи суханронии худ, иброз медарад, ки корхонаи муштарак ба манфиати ҳар ду ҷониб аст. Ӯ гуфт, ки ташкили ҷои корӣ ва фурӯши маҳсулоти истеҳсолшуда аз тарафи ширкати чинӣ ба роҳ монда мешавад ва фоидаи даромади андозҳо ба буҷаи давлати Тоҷикистон аст.
Инҷо маълум мешавад, ки ҳуқуқи асосӣ дар дасти ширкати чинӣ аст.
Ӯ исбот карданӣ шуд, ки дар ин шартнома на танҳо мамлакати Чин, балки Тоҷикистон ҳам низ фоида ба даст меорад. Вале ӯ ба ҷуз андоз барои Тоҷикистон чизи дигаре нагуфт. (Мумкин андоз ҳам дар дохили имтиёзҳо бошад).
Оиди саҳмияи тарафи Тоҷикистон, чанд фоизи он, сухане накард. Дар бораи коргарон ҳам, ӯ шарҳ надод, ки тақсими коргарон байни ду тараф чӣ гуна аст.
Ҳамчунин сарвари ширкати “СМЕС“ — Ҷанг Чун оиди азнавсозии ду корхонаи дар натиҷаи пошхӯрии ИҶШС ба анҷом нарасида хабар медиҳад, ки идомаи сохтмони ин корхонаҳо дар ду марҳила ва дар тӯли ду сол ба охир расонда мешавад. Ба гуфти Ҷанг Чун, давлати Чин вазифадор аст, ки таҷҳизоти муосирро сари вақт расонад ва ҷо ба ҷо васл намояд. Барои азнавсозии ин ду корхона ва як корхонаи нав 545 млн доллар аз тарафи ширкати чинии “СМЕС“ маблағгузорӣ карда мешавад. Пас аз пурра ба кор даромадани корхонаи нав, иқтидори заводи алюминийи “ТАЛКО“ ба 503 000 т итеҳсоли солонаи алюминийи аввалия расонда мешавад. Дар корхонаи нав сохташуда то 1100 нафар коргарон ба кор таъмин карда мешавад, дар умум сафи коргарон дар ширкати “ТАЛКО“ ба 12000 нафар расонда мешавад.
Дар маълумотҳо омадааст, ки пас аз 8 соли корӣ корхонаи нав ба ихтиёри ширкати “ТАЛКО“ мегузарад.
Магар корхонаи нави муосир, корхонаи “ТАЛКО“ нест? Ё ширкати “ТАЛКО Индустрис“ аз Чин аст?
Яке аз масаълаҳои муҳиме, ки имрӯз ва дар оянда кор бо андозае беҳтар мешавад, ин истифодаи нерӯи барқ аст. Дар корхонаҳои навсозишуда нерӯи барқро нисбати имрӯза ду маротиба кам истифода намуда, аз ҷиҳати экологӣ беҳтар гардонида мешавад.
Заводи бузурги номдори алюминбарории ҶСК “ТАЛКО“ аз 457 000 тоннаи солҳои 1988 — 1989, дар 9 моҳи аввали соли 2018, ҳамагӣ 72,5 ҳазор тонна ва соли 2019 — 100,8 ҳазор тонна алюминийи аввалия истеҳсол карду халос. Хумдонҳои гидролизӣ соли ба садама дучор шудани корхонаҳои НБО-ҳо, ширкати “Барқи Тоҷик“ ва бо камбудии нерӯи барқи то 50% бо фалаҷу фарсуда ва қисми боқимондаи он ба ҳолати садамавӣ дучор шуданд.
Ана ҳамин ҳолат яке аз сабабҳои ба ширкати чинӣ фурӯхтани он ва ё аз тарафи аҳли оила хусусӣ гардонидани завод дар арафаи баррасӣ буд. Вале аз натиҷааш хабаре нест. Минбаъд хабарҳо ифшо намешаванд.
Сабаби дигари фурӯш ва ё хусусӣ гардонидан, касри буҷаи соли 2019-2020 ва қарзи ширкат аст.
Дар интиҳо ба масъулин чанд пешниҳоде дорам:
— аз депутатҳои МН МО ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон талаб мекунам, тамоми имтиёзҳои пардохти андоз, боҷи гумрукӣ ва истифодаи барқ бекор карда шавад. (Ширкати “ТАЛКО“ барқро на 7 дирам, балки баробари дигар истеҳсолоти саноатӣ харидори намояд.) Яъне адолати иқтисодӣ-иҷтимоӣ барқарор карда шавад;
— дар кулли саноати кӯҳӣ ва заводи алюминийи ҶСК “ТАЛКО“ зиёда 90% коргарон аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шавад;
— баровардани ашёи хом (консентрат) ба хориҷи кишвар, қатъиян манъ карда шавад;
— нерӯи барқ ба кулли истифодабарандагон бо арзиши баробар дода шавад;
— ғорати миллатро бас кунед!
— андешаро дигар кунед, ба ҷои ғорати миллат, ба кӯдакону наврасони то синни 18 сола қонунеро ба тасвиб расонед, ки ҳар моҳе бо миқдори аз 300 сомонӣ то 500 сомонӣ кӯмакпулӣ дода шавад. (Дар кишвари Литва, то се кӯдак 70 евроӣ, аз се ва аз ин ба боло 100 евроӣ кӯмакпулӣ дода мешавад.)