
Шеъре аз Пайрави Иқбол
Ватанро ниёзаст ба таъмири нав,
Ба афкори навин, на бо Мири нав.
Зи тахте, ки фарҷоми ӯ дер нест,
Кам он Мире, ки чашмаш зи ӯ сер нест.
Ҳамоне, ки дар ҳанҷарааш номи халқ,
Бадаш нест, ки бошад ба фармони халқ.
Зи ғоратгариву қатлу куштори ом,
Пару боли миллат наёбад низом.
Бибояд, ки ҷонпарвари халқ буд,
Ба ғам ғам бихӯрду ба маргаш бимурд.