Шеъре аз Зафари Сӯфӣ
Кас набуд бигзашта аз худ, то биояд, бас бигӯяд,
Зулми ту бигзашта аз ҳад, бас кун, эй нокас, бигӯяд.
Ин ҳама аз ними нону ними ҷон вобаста ҳастанд,
Нест як озода то: бар қадри мардум рас бигӯяд.
Ин, ки хасдуздест то кай мепарастед, эй халоиқ!
Нек бинед, арзиши ин камтар аст аз хас, бигӯяд.
Хок бодо бар сари ту, баски бо беобрӯӣ
Обрӯи қавм резӣ, бас кун, эй чалфас, бигӯяд.
Марги ман, ҳамранг бо ин тӯда ҳастам, ки натонад
Рӯ ба рӯи зулму золим бас бигӯяд, бас бигӯяд.