Темур Варқӣ, рӯзноманигор ва узви Шӯрои раҳбарии ПМТ, ки муқими Фаронса аст, дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ, бо баёни ин ки “бо тағйири президент дар Фаронса сиёсати хориҷии ин кишвар дигар намешавад”, гуфт: “Бо вуҷуди ин ки ин муносибатҳо (-и Лё Пен ва Раҳмон) метавонанд аз назари идеологӣ ба ҳам наздик бошанд, вале он метавонад ба режимҳои мисли Тоҷикистон аз боло назар кунад.”
Дар Фаронса ҳама мунтазири натиҷаи даври дуюми интихоботи президентии Фаронса ҳастанд. Дар даври дуюм, ду номзад: раисиҷумҳури кунунӣ, Эммануэл Макрон ва ростгаро, Марин Лё Пен ба рақобат мепардозанд.
Ба гузориши Радиои Озодӣ, Темур Варқӣ дар ин хусус гуфт, дар сурати пирӯзии Лё Пен дар интихобот, ин кишвар “як қадам ба ақиб мегузорад”. Вай Лё Пенро як сиёсатмадори “архаистӣ” номид, ки аз назари дидгоҳҳои сиёсиаш “наздик ба ҳукуматҳои тоталитарӣ аст” ва пирӯзии эҳтимолии ӯ “метавонад дар Душанбе хуш пазируфта шавад”. Вале, ба бовари Варқӣ, дар ниҳоят ҷомеаи Фаронса, ки “гаҳвораи демократияи ҷаҳон ва намунаи рушди демократӣ” ба ҳисоб меравад, “интихоби дурусте мекунад”.
Темур Варқӣ ҳамчунин гуфт, бархе дар Фаронса ин ду номзадро “интихобе миёни вабо ва вараҷа” меноманд, ки “маълум нест кадомаш сабуктар мегузарад”, вале боз ҳам, ба назари Варқӣ, “прагматизму демократия беҳтар аз фашизм аст”.

Темур Варқӣ бар ин бовар аст, ки бо тағйири президент дар Фаронса сиёсати хориҷии ин кишвар дигар намешавад. Ӯ гуфт: “Ман ба ин андешаам, ки муносибатҳои роҳуфтодаи инсониву кории миёни Эммануэл Макрон ва Эмомалӣ Раҳмон беҳтар аз муносибатҳои наву номафҳуми миёни хонум Лё Пен ва Раҳмон ва ё вориси ӯ мебошад. Бо вуҷуди ин ки ин муносибатҳо (-и Лё Пен ва Раҳмон) метавонанд аз назари идеологӣ ба ҳам наздик бошанд, вале он метавонад ба режимҳои мисли Тоҷикистон аз боло назар кунад… Ба назари ман, пирӯзии Эммануэл Макрон ба Тоҷикистон манфиатовар аст.”
Темур Варқӣ ҳамчунин хотирнишон кард, дар солҳои охир Фаронса як кишвари муҳиме гардид, ки на танҳо ба ҳукумати Тоҷикистон, балки ба норозиёни он ҳам дасти ёрӣ дароз кард. Ӯ гуфт, ба ҳисобҳои тахминӣ чандсад шаҳрванди Тоҷикистон, ки аъзои созмонҳои сиёсии манъшуда ва ё афроди мунаққиди ҳукумат мебошанд, дар Фаронса паноҳ ёфтанд ва ҳадди аққал барои матбуот дар бораи ҳодисаҳои ба Тоҷикистон бозпас фиристода шудани онҳо маълум нест. Вай афзуд: “Фаронсаву фаронсавиҳо воксинаи демократия гирифтаанд.”