“Ширкати алюминбарори “ТАЛКО“-ро Чин оҳиста-оҳиста фурӯ бурда истодааст, вале НБО-и Роғунро, ки харидорӣ менамояд, вақт нишон медиҳад. Банда тавсия медиҳам, ба НБО-и Роғун чашм ало накунед, ин моли миллат аст… Дар охири моҳи январи соли 2020 маълум шуд, ки НБО-и Роғун аз ширкатҳои воридкунандаи масолеҳи сохтмонӣ 1 млрд доллар қарздор шудааст. Медонед, чаро қарздор карданд? Барои хусусӣ гардонидан мардумро огоҳ карда истодаанд, ки ширкати Роғун қарздор аст, бояд хусусӣ гардонида шавад! Депутатҳо агар намояндаи мардумӣ мешуданд, як моҳи дигар вақташон монда буд, ки овози худро ба манфиати миллат медоданд. (Депутатҳои даъвати солҳои 2015-2020)… Шумо депутатҳои мардумӣ нестед?!..”
(Нерӯи барқи Тоҷикистон ва ширкати “Барқи Тоҷик”-ро кӣ ғорат мекунад? (2))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз” (36)
Соли 2010 президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, Э. Раҳмон, аз аҳолӣ даъват кард, то барои сохтмони Роғун саҳм дошта ва онро дастгирӣ намоянд. Дар натиҷа, аҳолии кишвар бо миқдори зиёда 890 млн сомонӣ (бо арзиши асъори хориҷии вақт зиёда 200 млн доллари амрикоӣ) аксияҳоро харидорӣ намуданд. Аз ҷумла, 22 000 нафар аҳолӣ дорои сертификати номии 5000 сомонӣ шуданд ва банда ҳам бо умеди заррае бошад ҳам, ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун кӯмаки худро расондам, як дона сертификати 5000 сомонӣ ва як дона 100 сомониро харидорӣ намудам.
Бо баробари мусоид омадани обу ҳаво, ҷумҳурӣ дар соли 2018 — 19,7 млрд кВт/соат қувваи барқ истеҳсол намуд, ки ин рақам миёни ширкатҳои ватанӣ ба тариқи зайл тақсим мешавад:
— “Барқи тоҷик“ — 16,2 млрд. кВт соат;
— НБО-и “Сангтӯда–1” қариб 2,4 млрд кВт соат;
— НБО-и Сангтӯда-2” — 826,4 млн кВт соат;
— “Помир энерҷӣ“ — 184, 4 млн кВт соат ва ғайра.
Соли 2019 дар кишвар 20,6 миллиард кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуд, ки ин 4,7% нисбати соли 2018 зиёд мебошад. Вале соли 2020 нақша иҷро нашуд аз 20 млрд кВт/соат камтар нерӯи барқ истеҳсол карда шуд.
Хушбахтона, 16-уми ноябри соли 2018 агрегати якуми НБО-и Роғун ба кор даромад, ки инро барои Тоҷикистон нури илҳом бахш меноманд. Агрегати дуюми он 9-уми сентябри соли 2019 фаолияти худро оғоз намуд. НБО-и Роғун аз 6 агрегат иборат буда, ҳар як аз агрегати он 600 МВт иқтидор дорад. Иқтидори пурраи он 3600 МВт буда, истеҳсоли миёнаи солонаи он 13,1 млрд кВт/соатро ташкил медиҳад.
Сарбанди НБО-и Роғун дар ҷаҳон баландтарин буда, баландии он 355 м, ҳавзаи обгунҷоиши он 13,3 км³-ро ташкил медиҳад. Солҳои тӯлонӣ роҳбарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва махсусан раисҷумҳури кишвари Ӯзбекистон, Ислом Каримов, бо баҳонаҳои бофтаи худ барои сохтмони НБО-и Роғун монеъ шуд. Аввал баландии сарбандро, сипас камшавии об барои обёрӣ ва ғайраро баҳона мекард.
Вале коршинос, Георгий Кошлаков, дар яке аз суханрониҳояш ёдовар шуд, ки таҳқиқоти коршиносони байналмиллалӣ бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ, НБО-и Роғун барои минтақа комилан бехатар аст. Коршинос инчунин ёдовар шуд, ки дар лоиҳа омадааст, ки обанбори Роғун дар тӯли 17 сол бо об пур мешавад, ки ба ҷумҳуриҳои поёноб заррае зарар намерасонад. Боз Кошлаков хотирнишон намуд, ки оиди масъалаи истифодабарии об соли 1995 ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ Эъломияи Нукусро имзо карданд, ки барои ҳар як республика чӣ қадар об лозим аст. Ҳама бо шартҳои ин эъломия об мегиранд.
Бо баробари ба кор даромадани ду агрегати НБО-и Роғун, дар соли 2019 840 миллион кВт соат нерӯи барқ истеҳсол кард, ки ин дар соли аввал хеле натиҷаи хуб аст.
Дар соли 2020-ум истеҳсоли нерӯи барқи НБО-и Роғун ба 1 миллиарду 286,7 миллион кВт/соат расонда шуд. Ин нишондиҳанда 447 млн кВт/соат зиёдтар нисбати соли 2019 мебошад. Ҳоло ду агрегати НБО-и Роғун бо иқтидори 100-120 МВт фаолият дорад. Вале бо баробари баландшавии сатҳи обанбор, иқтидор ва истеҳсоли нерӯи барқ сол аз сол зиёд мешавад. Чунки ҳар як агрегат 600 МВт иқтидор дорад. Дар айни замон то 20%-и иқтидор кор карда истодааст.
Ду агрегати НБО-и Роғун кор карда истодааст, вале Ҳукумати ҷумҳурӣ ва намояндагони Маҷлиси Олӣ дар тағйири қонуни моликияти давлатӣ-стратегӣ дошта ба иштибоҳи бузург роҳ доданд, ки ин баробари ба рӯи миллат туф кардан аст. (Депутатҳои даъвати солҳои 2015-2020) Яъне иҷозати хусусӣ гардонидани ду иншооти бузурги давлатӣ ширкати НБО-и Роғун ва ширкати алюминбарории “ТАЛКО“ қонунеро ба тасвиб расонданд.
Ба фикри банда, ширкати алюминбарори “ТАЛКО“-ро Чин оҳиста-оҳиста фурӯ бурда истодааст. Вале НБО-и Роғунро, ки харидорӣ менамояд, вақт нишон медиҳад.
Банда тавсия медиҳам, ба НБО-и Роғун чашм ало накунед, ин моли миллат аст.
Ба сохтмони Даштиҷум даст бизанед, то ки даромади зиёдтар ба даст оред ва ба бастагонатон мерос монад.
Дар охири моҳи январи соли 2020 маълум шуд, ки НБО-и Роғун аз ширкатҳои воридкунандаи масолеҳи сохтмонӣ 1 млрд доллар қарздор шудааст. Медонед, чаро қарздор карданд? Барои хусусӣ гардонидан мардумро огоҳ карда истодаанд, ки ширкати Роғун қарздор аст, бояд хусусӣ гардонида шавад!
Депутатҳо агар намояндаи мардумӣ мешуданд, як моҳи дигар вақташон монда буд, ки овози худро ба манфиати миллат медоданд. (Депутатҳои даъвати солҳои 2015-2020)
Аз оғози сохтмони НБО-Роғун, 49 сол гузашт, агар касри буҷа бошад, монед, бо ду агрегати кориаш боз 50 соли дигар истад, вале моли миллат бошад!
Шумо депутатҳои мардумӣ нестед?!
Як гурӯҳи 63 нафара, ки дар тӯли 5 сол як маротиба раисиҷумҳур ба Шумо 5500 сомонӣ ва ё аз ин зиёдтар моҳона таъин мекунад, тӯли 5 сол ба монанди… ба бинои МН МО даромада мебароед, баъзеатон боз ба нафақаи хуб ҳам (то 4000-5000 сомонӣ), то мурданатон соҳиб мешавед.
Кори ин аст шудаст, ки ҳар як қонуне, ки Ҳукумат пешниҳод менамояд, либоси қонунӣ мепӯшонед. Фаромӯш накунед, Шумо ба миллат хиёнат кардед! Рӯзе дер нест, ки бояд ҷавоб диҳед!
Идома дорад