Ахбори Анҷуман

Кабирӣ дар паёми табрикии идона: “Миллат ҳар рӯз ва ҳар соат барои як тағйири ҷиддӣ омода мешавад ва ин рӯз соат ба соат наздик шуда истодааст”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон, бо ишора ба ин ки “миллат дар як ҳолати бисёр душвор қарор дорад ва ҳукумати Тоҷикистон барои раҳоӣ аз бӯҳронҳои сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ мисли: баргардонидани муҳоҷирони меҳнатӣ ва ё озод кардани зиндониёни сиёсӣ, ҳеч барнома ва тавон надорад ва боз мехоҳад, даромад бигирад, боз пул кор кунад ва он пулҳоро ба хориҷа бифиристад ва ҳукумати хонаводагии худро мустаҳкам кунад”, тасреҳ кард: “Мо ба ин натиҷа расидем, ки миллат ҳар рӯз, ҳар соат омода мешавад барои як тағйироти ҷиддӣ ва ин рӯз соат ба соат наздик шуда истодааст.” Вай таъкид кард: “Мо агар дар соли 2022 бо барномаҳои мушаххас пеш наравем, мутмаин бошед, ки зиндониёни сиёсӣ ҳамчунон дар зиндон боқӣ хоҳанд монд, балки саффи онҳо зиёд мешавад. Шумо дидед, ки дар моҳи шарифи Рамазон, ҳатто дар ин моҳи раҳмат ва мағфират, бародар Амриддинро ба 18 сол дар арафаи ид ба зиндон равон карданд. Ин баёнгари он аст, ки ин инҳо ҳатто дар моҳи Рамазон ба касе раҳм нахоҳанд кард ва суханҳои онҳо ҷуз шиор дигар ҳарфе нест, магар мо худ вориди амал шавем ва онҳоро озод кунем.”

Ба гузориши сайти АОТ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон, дар як паёми видеоӣ, зимни табрики Иди саъиди Фитр ба ҳамватанони азизамон, гуфт: “Инак, моҳи шарифи Рамазон ҳам сипарӣ шуд ва мо дар арафаи Иди саъиди Фитр қарор дорем. Бо истифода аз ин фурсат, якояки шуморо бо фарорасии Иди саъиди Рамазон табрик мегӯям ва аз Худованди Маннон бароятон тансиҳатӣ, оромиш ва пеш аз ҳама қабулии ибодатҳоро таманно дорам.”

Кабирӣ сипас баён дошт: “Моҳи шарифи Рамазон ҳамон тавре, ки дар сӯҳбатҳои қаблӣ гуфта будем ва дар сарчашмаҳо ва дар адабиёти мазҳабии мо; дар ҳадисҳои шарифи Паёмбари Акрам (с) омадааст, моҳи раҳмат, мағфират ва наҷот аз оташи дӯзах мебошад. Ман умедворам, ки якояки шумо, ҳамдиёрони азиз, ин моҳро дар оромиши комил дар ибодат, дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сипарӣ кардаед ва бори дигар ҳам умедворам ва таманно мекунам, ки Парвардигор, ҳам дуо ва ҳам ибодатҳое, ки дар ин моҳ анҷом додем, ба даргоҳаш қабул карда бошад.”

Раиси ПМТ дар идома ёдовар шуд: “Шакке нест, ки як бандаи мӯъмин ва мусалмон ва боварманд ба Парвардигор, вақте, ки амри Парвардигорро итоат мекунад ва рӯзаи Рамазонро медорад, ҳатман умеде дорад ва барнома ва ҳадафе дорад; ҷудо аз он, ки мо ибодати илоҳиро анҷом медиҳем. Чун рӯзаи моҳи Рамазон яке аз ибодатҳои калидӣ ва асосии исломӣ аст, ки мо на танҳо фармуда ва супориши Парвардигорро анҷом медиҳем, балки аз Худованд ба ивази он, умедвори подош ҳам ҳастем. Аммо он подош чӣ ҳаст? Ба фарқ аз дигар ибодатҳо, мо намедонем, чун худаш дар ҳадиси қудсӣ мефармояд, ки: “Рӯза барои ман аст ва подошашро худам медиҳам.”

Кабирӣ афзуд: “Аммо илова бар он, ки мо умед дорем, ҳамчунин ман яқин медонам, ки ҳар як инсони рӯзадор барои худ як барнома омода мекунад. Аз нигоҳи ман, метавон ин барномаро ба се гурӯҳ тақсимбандӣ кард:

— гурӯҳи аввал, тибқи аҳодис ва ривоятҳо, ин моҳ моҳи сӯзондани гуноҳҳо ва хатогиҳо ва камбудиҳое, ки дар гузашта кардаанд мебошад ва бо ин моҳ ҳамчун як моҳи сӯзонандаи гуноҳҳо муносибат мекунанд. Ва ин дуруст ҳам ҳаст ва инчунин фурсати тиллоӣ низ;

— гурӯҳи дуюм, ба иловаи он, ки ин моҳро моҳи сӯзондани гуноҳҳо медонанд, ин моҳро моҳи таҳзиби нафас, моҳи узлат ва дурӣ аз ҳаёти рӯзмарра ва бо худ будан; бо худ, бо Худои худ, бо тафаккури худ низ меҳисобанд ва барномаи худро доранд, то худро бисозанд;

— гурӯҳи сеюм низ ҳастанд, ки илова ба ин ду гурӯҳ, боз ин моҳро моҳи гирифтани нерӯи маънавӣ ва ҷисмонӣ низ медонанд. Худсозиро танҳо дар фурӯ рафтан дар дунёи худ намеҳисобанд, балки илова ба он, ки ин моҳи сӯзондани гуноҳҳо ва моҳи бо худ будан мешуморанд, боз моҳи барномасозӣ барои оянда низ медонанд.”

Муҳиддин Кабирӣ дар идома, бо баёни ин ки “ҳар кадоме аз инҳо дуруст аст ва агар инсон тавонад моҳеро бо ин ҳар се амал гузаронад, боз хубтару беҳтар хоҳад буд”, хотирнишон кард: “Зеро бо баргузории Иди саъиди Фитр, бо гузаштани Рамазон, зиндагӣ тамом намешавад ва мо бояд зиндагиро давом диҳем.”

Вай дар идома бо ишора ба ин ки “мо, тоҷикистониҳо, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ, мушкилоти бисёре дорем”, аз баёни мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ шурӯъ кард ва гуфт: “Агар шурӯъ кунем аз мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ, метавон ҷанги Русия ва Украинаро мисол овард. Ин ҷанг танҳо ҷанги ин ду кишвар нест, ҳоло дунё даргири ин ҷанг аст, аз масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ сар карда то масъалаҳои инсонӣ. Миллионҳо гуреза шуданд, аз ҷумла ҳамватанони мо, нархи маводди ғизоӣ ва сӯзишворӣ боло рафт.”

Кабирӣ дар баёни мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ, мушкилоти Афғонистонро низ мисол зад ва гуфт: “Ё қазияи Афғонистон, ҳоло шояд ба шарофати моҳи Рамазон бошад, як каме оромтар шуд, агарчӣ мутаассифона дар ин моҳ чанд инфиҷор дар ин кишвар рух дод ва дар арафаи ид даҳҳо мусалмон ба шаҳодат расониданд, ки ин воқеан ҷои таассуф аст. Вале дар умум, дар Афғонистон нооромиҳо каме фурӯкаш кард.”

Раиси ПМТ дар идома, ба баёни мушкилоти дохилӣ пардохт ва гуфт: “Дар қазияи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, дар масъалаҳои болоравии нарх дар бозорҳо, мушкилоти бекорӣ, муҳоҷират, мушкилоти зиндониёни сиёсӣ ва ғайра, як инсон, як тоҷикистонӣ дар рӯбарӯи ин ҳама мушкилот дар куҷое набошад, хоҳ дар дохил ва хоҳ дар хориҷ, ин ҳама мушкилиҳо сабр, нерӯи равонӣ ва ҷисмонӣ ва барнома мехоҳад.”

Муҳиддин Кабирӣ сипас ба як мушкилии асосии мо, тоҷикистониҳо ишора кард ва гуфт: “Мо, тоҷикистониён, дар баробари ин ҳама мушкилотҳо, як мушкилии асосӣ дорем, ки сарчашмаи ҳамаи дигар мушкилот мебошад. Он ҳам бошад, ҳукумати хонаводагӣ ва коррупсионӣ. Ҳукумате, ки тамоми соҳаҳои ҳаётро ба даст гирифтааст, аз иқтисод сар карда то тиҷорат, таҳсил, дин, фарҳанг ва ғайра. Ва ҳатто дар хориҷ низ хоҳем ё нахоҳем, риштаи зиндагии ҳар як тоҷикистонӣ ба ин гурӯҳи кӯчак гиреҳ хӯрдааст.”

Вай афзуд: “Пас, вақте мо дар бораи марҳилаи пас аз Рамазон фикр мекунем, ки бо истифода аз он, нерӯи маънавӣ ва физикӣ ва фикрӣ гирифтаем, чӣ гуна битавонем зиндагии баъд аз Рамазонро барномарезӣ кунем ва мушкилотро яке паси дигар ҳал кунем? Албатта, ин мушкилотро ба ду даста тақсим мекунем:

— яке, он мушкилоте, ки аз мову шумо вобаста нест ва мо тавони ҳал кардани онро надорем, мисли ҷанги Русия ва Украина ва қазияи дохилии Афғонистон;

— дигар, мушкилоте, ки аз мо вобаста аст ва мо метавонем онро ҳал кунем, мисли қазияи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки метавонем ва бояд битавонем. Чун қазияи амниятӣ ва миллии мост. Яъне масъалаи марзи кишвар аст. Масъалаи мардуми Исфара ва дигар манотиқи наздимарзии мост. Мо бояд ин мушкилотро ҳал кунем.”

Вай афзуд: “Аммо мутаассифона ин мушкилотро низ то замоне, ки як мушкили асосӣ ва решадор дар кишварамонро ҳал накунем, ҳал карда наметавонем. Ва он мушкил, мушкили миллат ва ҳукумати худаш аст.”

Кабирӣ дар идома бо тарҳи ин суол, ки “мо он нерӯе, ки аз моҳи Рамазон гирифтаем ва он барномаи минбаъдаи худро, ки рехтаем, ба куҷо сарф кунем ва аз куҷо оғоз кунем ва кадом мушкилотро дар авлавият қарор диҳем, то мушкилоти баъдиамонро ҳал кунад?”, хотирнишон кард: “Ман бар ин назар ҳастам, ҳамдиёрони азиз, ки мо то мушкилоти худамонро бо ҳукуматамон ҳал накунем, дигар мушкилоти миллати мо ҳал нахоҳад шуд.”

Вай афзуд: “Агар воқеан мехоҳем, ки як ҳаёти шоиста дошта бошем, агар аз Рамазон нерӯ гирифта ва хоҳем, ки нисбат ба замони қабл аз Рамазон дар замони баъди Рамазон тағйир карда ва худ ва ҳаёти худро ба тарафи мусбат тағйир дода бошем, пас, шурӯъ кунем ба тарҳи барномаҳои ҷадид барои миллат, Ватан, барои худамон, ки беҳуда рӯза намегирем, беҳуда намоз намехонем, беҳуда Қуръон намехонем, беҳуда худамонро мусалмон намедонем, беҳуда эътиқод надорем, ки Ислом беҳтарин дин аст, мусалмон бояд қавитарин инсон бошад, миллат мустақил бошад.”

Кабирӣ дар идома таъкид кард: “Мо дар Паймони Миллии Тоҷикистон дар ин моҳ ҷаласаҳое доштем ва сари баъзе масъалаҳо ба як тавофуқи ниҳоӣ расидем, ки муҳимтарини онҳо ин аст, ки:

1. миллат дар як ҳолати бисёр душвор қарор дорад;

2. Ҳукумати Тоҷикистон барои раҳоӣ аз бӯҳронҳои сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ мисли: баргардонидани муҳоҷирони меҳнатӣ ва ё озод кардани зиндониёни сиёсӣ, ҳеч барнома ва тавон надорад ва ин ҳукумат дигар дар фикри давлату миллат нест. Ғайр аз он, ки дар бадтарин рӯзи миллат, боз мехоҳад, даромад бигирад, боз пул кор кунад ва он пулҳоро ба хориҷа бифиристад ва ҳукумати хонаводагии худро мустаҳкам кунад;

3. мо ба ин натиҷа расидем, ки миллат ҳар рӯз, ҳар соат омода мешавад барои як тағйироти ҷиддӣ ва ин рӯз соат ба соат наздик шуда истодааст;

4. нерӯҳои сиёсӣ ва нерӯҳои фикрӣ ба як балоғати фикрӣ расида истодаанд. Марҳилаи якдигарро санг задан, ба якдигар машғул будан ва якдигарро интиқод кардан сипарӣ шуд. Мо ба он натиҷа расидем, ки агар имкони ба якдигар ҳамкорӣ кардан нест, ҳадди ақал зидди якдигар набошем ва ҳар кас дар чаҳорчӯбаи тавон ва қудрате, ки дорад бояд ба миллат хидмат кунад ва муборизаи худро идома диҳад;

5. Паймони Миллии Тоҷикистон ба ин натиҷа расид, ки бояд тамоми нерӯ, тавон ва қудрати худашро дар соли 2022 бо як нигоҳи рӯшан, бо як паёми қавӣ бояд ба хидмати миллат бигузорад ва мо тамоми талоши худро кунем, ки имсол барои миллат як соли ҳалкунанда ва тақдирсоз бошад.”

Кабирӣ дар поён бо баёни ин ки “алъон дар соли 2022 ҳамагон дарк карда истодаем, ки дунё тағйир кардааст, вазияти дунё дигар мешавад, миллатҳо дигар шуда истодаанд ва бояд миллати тоҷик ҳам дигар шавад”, гуфт: “Мо агар дар соли 2022 ба як қаламҳои ҷадид ва бо барномаҳои мушаххас пеш наравем, мутмаин бошед, ки зиндониёни сиёсӣ ҳамчунон дар зиндон боқӣ хоҳанд монд, балки саффи онҳо зиёд мешавад. Шумо дидед, ки дар моҳи шарифи Рамазон, ҳатто дар ин моҳи раҳмат ва мағфират, бародар Амриддинро ба 18 сол дар арафаи ид ба зиндон равон карданд. Ин баёнгари он аст, ки ин инҳо ҳатто дар моҳи Рамазон ба касе раҳм нахоҳанд кард ва суханҳои онҳо ҷуз шиор дигар ҳарфе нест, магар мо худ вориди амал шавем ва онҳоро озод кунем.”

Навори паёми табрикии Муҳиддин Кабирӣ дар арафаи Иди саъиди Фитр:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s