Дидгоҳ

Ин чӣ бадбахтӣ, ки барқро худ истеҳсол кунеду ҳаққи ҳалоли миллатро надиҳед?!

Яке аз дарёҳои захираи оби барқӣ дошта дарёи Панҷ аст. Дар моҳи октябри соли 1962, Н.С.Хрушёв дар сафари кории худ ба Тоҷикистон, бо мутахассисон, кимёшиносон ва энергетикҳо вохӯрӣ гузаронида буд. Дар ин вохӯрӣ оиди захираҳои обии дарёи Панҷ пешниҳодҳои мушаххас карда шуд. Н.С.Хрушёв назари худро ба раёсати Комитети Марказӣ фиристод. Вале сад афсӯс, ки то ҳол мактуби қадри қонунидошта дар рӯи қоғаз монд…”

(Нерӯи барқи Тоҷикистон ва ширкати “Барқи Тоҷик”-ро кӣ ғорат мекунад? (4))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз” (38)

Солҳои тӯлонӣ дар вақти сармо аҳолии кишвар аз нерӯи барқ маҳрум аст. Солҳое шуда буд, ки аз хунукӣ дар таваллудхонаҳо кӯдакони навзод ҷон медоданд. Мисол, дар соли 1993 кӯдаки навзод дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Қайроқум (ҳоло Гулистон) ба дунё омада, ҷон ба Ҷонофарин супурд.

Дар бисёр аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кӯдакон ва пиронсолон аз норасоии барқ ва дар натиҷаи нодуруст истифода бурдани ангишт, дунёи рӯшанро падруд гуфтанд.

Магар ин нисбати миллат зулм нест?

Вақте, ки як модари рус дар Туркия фарзанди маълулро таваллуд кард, ҳукумати Русия оҷилан самолётеро таҷҳизонида бо сарварии духтури бачагона, Рошалро ба ин кишвар фиристонд, то ки кӯдакро ба Русия оварда табобат намоянд… Ана инро мегӯянд масъулият!

Қувваи барқро дореду ба миллати худ надиҳед?

Ин чӣ бадбахтӣ, ки барқро худ истеҳсол кунеду ҳаққи ҳалоли миллатро надиҳед?!

Азоби бебарқии миллатро дидаю дониста, ба хориҷи кишвар фурӯшед?!

Мувофиқи шартномаи соли 2018 байни Тоҷикистону Афғонистон, ҳар сол ба Афғонистон 1,5 млрд кВт/соат нерӯи барқ, бо арзиши 4,11$ содир карда мешавад.

Мамлакатеро мисол меорам, ки худ на истеҳсоли барқ дораду на захираи сӯзишворӣ. Литва яке аз камбизоаттарин давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ба шумор меравад, вале доимӣ нерӯи барқ ва гази табииро дорад. Бо сабаби фишори гази табиӣ, то 5-6 баробар бардоштани сӯзишворӣ аз тарафи Русия ба ИА ва талаб кардани пардохт бо рубли русӣ, Литва хариданӣ гази табиӣ ва гази моеъро аз Русия қатъ кард. Имрӯзҳо қубури гази табииро Полша ва ҷумҳуриҳои назди Болтик аз Норвегия оварда истодаанд. Литва ҳоло барои бароварда кардани талаботи худ, гази моеъро аз ИМА оварда таъмин карда истодааст.

Чаро? Чунки масъулин ғамхори миллатанд ва миллат ҳам ҳаққи худро талаб карда метавонад, литвагиҳо яке аз миллатҳои гайюранд.

Тоҷикистон имконияти таъмин намудани аҳолӣ бо неъмати бебаҳои нерӯи барқ ва гази табииро дорад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин соҳаи даромаднок бояд корро давом диҳад. Пеш аз ҳама сохтмони НБО-и Шӯробод зарур аст, чунки дар оянда яке аз нерӯгоҳҳои таъминкунандаи барқ барои заводи алюминбарории “ТАЛКО“ ба нақша гирифта шудааст, бояд аз ҳамин рӯз маблағгузорӣ шавад.

Шартномае ҳаст, ки ҳукумати Чин маблағгузорӣ намояд.

Ба андешаи банда, ба ҷои сохтмонҳои бинои Ҳукумат ва Парлумони Тоҷикистон, 220 млн доллари ҷудошуда аз тарафи Ҳукумати Чин, ба НБО-и Шӯробод маблағгузорӣ шавад. Ин ҳам ба манфиати ҳукумат аст ва ҳам миллат. Иқтидори он 862,5 МВт аст.

Пас аз бо пуррагӣ ба истифода додани НБО-ҳои Роғун ва Шӯробод, иқтидори НБО-ҳои дарёи Вахш ба 9207,5 МВт расонда мешавад.

Боз яке аз дарёҳои захираи оби барқӣ дошта, дарёи Панҷ аст, ки аз лиҳози водиҳои кӯҳии танг ва доштани дарё, барои сохтмони НБО-ҳо хеле қулай ва ба мақсад мувофиқ аст.

Моҳи октябри соли 1962 Н. С. Хрушёв дар сафари кории худ, дар Душанбе, бо мутахассисон коршиносон, кимёшиносон ва энергетикҳо вохӯрӣ гузаронида буд. Дар вохӯрӣ оиди захираҳои обӣ, дарёи Панҷ пешниҳодҳои мушаххас карда шуд.

Дар байни пешниҳодҳои бартаридошта гидроэнергетика қайд карда шуд:

— аввал, ба даст овардани барқи арзон;

— дуюм, ташкили имконият барои сохтмон ва истеҳсоли алюминий, рушди кимё;

— сеюм, ҷамъоварии захираҳои обӣ дар обанборҳо, барои обёрии тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ.

Пас аз ҳамаи он, ки шунида шуд, Н. Хрушёв, қайди дахлдори худро ба раёсати Комитети Марказӣ фиристод. Вале сад афсӯс, ки то ҳол мактуби қадри қонунидошта дар рӯи қоғаз монд.

Дар аввали соли 2016 воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон хабар доданд, ки дар дарёи Панҷ, бунёди 14 НБО-ҳои бо иқтидори аз 250 МВт то 4000 МВт (ҳамагӣ 9350 МВт) бо тавлиди қувваи барқ, дар як сол то 86,3 млрд кВт/соат истеҳсол намуда, ба истифода дода мешавад.

Вале дар мо одат шудааст, ки пешниҳодҳои хубро мекунем, мардумро хурсанд мекунем, ин мекунем, он мекунем, вале то ба охир бурда расонда наметавонем.

Мардуми қишлоқ мақоле доранд: “Холаи ҳамакора, ҳама кораш нимкора!

Яке аз аввалин НБО-ҳои лоиҳавишуда дар дарёи Панҷ, Даштиҷум мебошад, ки иқтидори он 4000 МВт, ҳаҷми обғунҷоиши обанбор 17,6 млрд м³, баландии сарбанд 320м, НБО аз 12 агрегат иборат буда, истеҳсоли солонаи он ба 15,6 млрд кВт/соат баробар аст. Пас аз сохта шудани НБО-ҳо дар дарёи Панҷ, на танҳо Тоҷикистону Афғонистон, балки мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ то қадри имкон бо нерӯи барқ таъмин карда мешавад.

Обанборҳо захираи оби зиёдро ҷамъ намуда метавонанд, аҳолии Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро бо оби ошомиданӣ ва обёрӣ таъмин намуда, тақрибан 2 млн гектар замин обшор карда шавад.

Аз ин маълумотҳо равшан мешавад, ки даъвои собиқ Ҳукумати ҷумҳурии Ӯзбекистон оиди сарбанди Роғун ва дигар сарбандҳо пуч ва беасос будааст.

Аммо мутаассифона дар ҳоли ҳозир сармоягузорони эҳтимолӣ вуҷуд надоранд.

Чаро?

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s